January 2021

21 January 2021

Дону нодон баромадани Кабирӣ

Воқеан сомонаи «Рисолат.тҷ» ба манфиати Паймони миллӣ ва ҳамчун пойгоҳи иттилоотии интернетии мухолифини кафангадо хидмат менамояд. Ҳақ ба ҷониби хабарнигори мустақил Султонов Шодиҷон, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба инқилоби исломӣ даст зада 150 ҳазор хонаводаи тоҷикро ба ғаму андӯҳ мувоҷеҳ сохт. Бояд «Рисолат.тҷ» ба паҳлуҳои дигари «қаҳрамониҳои» ҳизби номбурда таваҷҷӯҳ намояд.

Чуноне, ки аз ақидарониҳои ба истилоҳ «сиёсатзадаҳои Амрикову Аврупо» бармеояд, онҳо дар мавриди тафсири қавонини интихоботӣ, дар бораи муборизаи сиёсӣ дар Парлумон, нақши «аслии» муҳоҷир дар фазои сиёсӣ ва интихоботӣ дону нодон суханони сатҳиву ғаразноку аз воқият дур гуфтаанд. Маълум мешавад, ки пасмондагони  мухолифини тоҷик боз аз минбари маъракаи сиёсии интихоботи парламентии Тоҷикистон сӯистифода карда, муҳоҷирони меҳнатиро ба «муборизаҳои сиёсии» ғаразноку ҳадафноки худ сафарбар кардан мехостанд. Барҳақ, бе иддаои онҳо ҳам насли ҷавони  муҳоҷири тоҷик ҳаққи иштирок дар маъаракаҳои сиёсии кишварро доранд. Гап дар сари он аст, ки душманони миллат аз камсаводию ноогоҳии муҳоҷирони ҷавон истифода бурда, онҳоро ба банди гурӯҳҳои тундраву радикалии динию мазҳабӣ афтонда, ба хидматкори созмонҳои террористию экстремистӣ табдил додан мехоҳанд. Ҳар муҳоҷире, ки ба доми онҳо афтад, чун бозича дасто ба даст мешавад. Гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва созмонҳои зиддимиллӣ муҳоҷиронро ба худ ҷазб карда, ба гирдоби моҷароҳои сиёсӣ мекашанд. Муҳоҷирони ҷавон бояд хуб бидонанд, ки доираҳои махсуси хориҷӣ бо барномаҳои вижаи мағзшӯӣ ҷавононро роҳандозӣ намуда, бо зеҳнияти онҳо бозӣ мекунанд. Доираҳои сиёсии наҳзатӣ бо истифода аз политтехнологияи махсус, яъне сафарбар кардани неруи ҷавонон роҳ пеш гирифта, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ карданиянд.

Бояд таъкид намоем, ки дар Тоҷикистон интихобот комилан озод аст ва ҳар як ҷавон ҳуқуқи иштирок ба онро дошта, номзади сазовору беҳтаринро интихоб карда метавонад.

Мо ҳаргиз ба таҳлилу хулосабарориҳои «Рисолат.тҷ» ва роҳбари ба истилоҳ Паймони миллии Тоҷикистон Кабирӣ розӣ шуда наметавонем, онҳо комилан беасос мебошанд. Тоҷикистон маҳбумамон пайваста ва зина ба зина, сол ба сол рӯ ба самти рушд қарор дорад. Бо итминон гуфта метавонем, ки мувафақиятҳои солҳои охир худ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон давлати рӯ ба ҷониби тараққиёт тамоюлдошта, мардумсолору қонунмеҳвар мебошад.

Яқубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Терроризм ва хатарҳои он

Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст.

Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намудааст. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта доираи амалиётҳо васеъ гардиданд. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм (аз ҷумла кибертерроризм) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад. Имрузҳо хамагон хуб огоҳ хастем, ки хоинонии миллат бо тариқи шабакаҳои интернетӣ фаъолияти нопоки худро давом дода истодааст. Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳалӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун рӯҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо ва танҳо иснод овардан мебошад. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷалаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, дар шароити муосир созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои фитнаафкану моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд. Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул гардидаанд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд. Имрӯзҳо доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм зиёд ҳарф мезананд, менависанд ва тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима менамоянд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамояд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ онҳо пайравӣ менамоянд. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд.

Хар яки мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Мо омузгорон бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии чавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем. Бетараф набошем, ки терроризм ва экстеримизм кушандаи хамаи сохаҳо ва тарраққиёт аст.

Лек бояд ин наҳзатиён донанд, ки харгиз бо он андешаи разилонае, ки дар солҳои 90- ум мардумро гумроҳ карда буданд, дигар наметавонанд, ба миллат хиёнат кунанд. Зеро имрӯз миллат дигар он тавр нест, ки аз амалҳои ТТЭ ҲНИ огоҳ набошад. Имрӯз хамма аз ин воқеиятҳо огоҳанд ва хуб медонанд, ки наҳзатиён бо фармони кӣ даҳон мекушоянд.

Алибоев Абдусалом
омӯзгори фанни забон ва адабиёт МТМУ 6
нохияи Шахристон деҳаи Чашмасор

Читать далее

Неши наҳзат, на аз паи кин аст…

Роҳбарияти олии Тоҷикистон баҳри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба нерӯҳои мухолифин бовар кард ва имконияти васеи кору фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиро баъди имзои Созишномаи сулҳу оштӣ фароҳам оварда, ҳамкории боэътимоди дуҷонибаро ба роҳ монд.

Лек хиёнаткорони замон боз ҳамон хиёнату гумроҳии худро такрор намуда, даст ба амалҳои хунин заданд. Ташкил, тарҳрезӣ ва маблағгузории табаддулоти ҳарбии соҳи сентябри соли 2015 аз ҷони ТТЭ ҲНИ ва ба воситаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода амалмӣ карданӣ буданд. Хушбахтона нағшаву нияти нопоки онҳо шикаст хӯрд. Мақомотҳои қудратӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳлатҳои камтарин ҷонибдорон ва тарафдорони табаддулоти ҳарбиро фош карданд. Аммо роҳбарияти ҳизби ифротӣ аз хориҷи мамлакат қарор гирифта чунин даъво дорад, ки гӯё «кишвари мо аз соли 2000 то 2010 дар фазои ором ва ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯ қарор дошт, ки захмҳои  ҷанги шаҳрвандиро шифо мебахшид». Аммо  Кабирӣ нагуфтааст, ки бевафоӣ ва дилҷудоӣ аз кӣ шуд? Паймоншиканӣ аз кадом тараф сар шуд? Фазои орому ҳамдигарфаҳмиро ки вайрон карданӣ сохт. Ба наҳзат даст додем, аммо онҳо аз гиребон кашиданд.

Дар урфият мақоле ҳаст, ки “дили одаткарда балои ҷон аст”. Аз мӯҳтавои баромадҳои онлайнии на танҳо Кабирӣ, балки муридони ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Гурӯҳи 24 ва дигар касу нокасон ба чунин хулоса метавон баровард, ки онҳо “хона шерӣ майдон ғарибанд”. Вақте дар Тоҷикистон ҳама чӣ доштанд, бизнесу савдо, пулу мол, вазифаву курсиҳои нарм қариб, ки ба даҳон об гирифта буданд. Аммо акнун дар хориҷа аз худ “қаҳрамонтарошӣ” мекунанд. Хандаи кас меояд.

Ҷавобан ба даъвоҳои беасоси Кабирӣ ва шогирони ӯ мегӯем, ки Тоҷикистон воқеан ба як кишвари пешрафтаи иқтисодӣ мубаддал гаштааст ва аз ин дида боз ҳам устувортару амнтар мегардад. Агар Шумо тарафдори ҳамин халқ ва ҳамин давлат бошед, ман роҳбарияти сиёсиро дар назар надорам, барои рушди ҷомеа саҳмгузор бошед. Барномаҳое пешниҳод намоем, ки мардум аз он баҳра барад ва сатҳи зиндагиаш хуб шавад. На ин ки ранги инқилобхоҳиву майдоннишинӣ.

Мардуми мо тӯли ин 30 соли истиқлолияту озодӣ ба қадри неъматҳои илоҳӣ, пеш аз ҳама тинҷиву ороӣ ва ваҳдати миллӣ мерасад ва расида истодааст. То замоне, ки авзои сиёсии ҷомеа орому осуда набошад, аз рушди дигари соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳ гардидани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа сухан кардан умуман хато аст.

Қурбонов Ҳ. – ассистенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

20 January 2021

Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад

19 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо лоиҳаи майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ шинос гардида, ба бунёди қасри фарҳанг санги асос гузошт.

Зимни муарифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди майдон муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад.

Дар ҳудуди ин макони фарҳангиву истироҳатӣ ҳамзамон таваққуфгоҳ барои нақлиёт, фаввораҳо, айвонҳои миллӣ, пул, ошхонаву нуқтаҳои хизматрасонӣ, қаҳвахона, толор, майдони хурд барои бозиҳои футбол, баскетбол, теннис, шоҳмот, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон, атраксионҳои гуногун бунёд хоҳад шуд.

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Истаравшан

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Боиси зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар    Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”  бинои нав бунёд шуда истодааст.

Читать далее

Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

19 январ дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзод ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳр санги асос гузошта шуд.

Тибқи лоиҳа бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан аз се ошёна иборат буда, лоиҳаи иншооро Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” омода намудааст.

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди боғчаи бачагона дар шаҳри Истаравшан

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафаи корӣ ба шаҳри Истаравшан дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол бо ҷараёни бунёди боғчаи бачагона шинос шуд.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, лоиҳаи он аз ҷониби  мутахассисони «Суғдшаҳрофар» омода гардидааст.

Читать далее

Дар Истаравшан бинои истиқоматии бисёрошёна ва маркази савдо ба истифода дода шуд

19 январ дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳр бинои истиқоматии бисёрошёна ва маркази савдо мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои истиқоматии бисёрошёна бо маркази савдо дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Фирдавс Абдураҳимов бунёд гардида, аз 46 ҳуҷраҳои истиқоматӣ иборат аст. Лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Меъмор-М» таҳия шуда, корҳои сохтмониро сохтмончиёни ҶДММ “Ободкор-2014” ба иҷро расонидаанд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Адл”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо фаъолияти ҶДММ “Адл” шинос гардид.

Дар корхонаи “Адл” барои кӯдакон якчанд номгӯи бозичаҳо, аз ҷумла мошинчаҳои бачагона, сечарха(велосипеди кӯдакона), аробачаҳои чорчарха (коляска), роҳпаймо (ходоног) ва навъҳои гуногуни велосипеди дучарха истеҳсол карда мешавад. Дар корхона аз пластмассаи махсуси сифатнок маҳсулоти босифат ва бехатар истеҳсол мегардад, ки серхаридор мебошад.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Истаравшан

19 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст ба манзили Бобоев Насимҷон, сокини Ҷамоати деҳоти Зарҳалол ташриф оварда, бо захираи маводии ғизоии ин оила шинос шуд. Оилаи Бобоевҳо аз ҳашт нафар иборат буда, замини наздиҳавлигии онҳо 0,08 га мебошад. Бобоев Насимҷон ва аҳли оилаи ӯ аз қитъаи замини наздиҳавлигии худ самаранок истифода бурда, дар ҳавлии хеш гармхонаи хурд ташкил намудаанд, ки дар он кӯчати помидор, қаламфури булғорӣ ва кабудиҳо парвариш карда мешавад.

Читать далее