January 2021

14 January 2021

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, сохтмони иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.

Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ иттилоъ дода шуд, ба пешвози ҷашни таърихӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар ноҳия бунёди 394 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз бошад 309 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Читать далее

Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дошта, сокинон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихӣ аҳлона меҳнат намуда истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ аз ноҳияи Спитамен боздид намуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, соли 2020 дар ноҳияи Спитамен рушди соҳаи саноат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 668 млн. 687,9 ҳазор сомониро ташкил дод.

Читать далее

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД аз 6 январи соли 2021, №02

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД 

аз 6 январи соли 2021, №02, шаҳри Хуҷанд

Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони

Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо назардошти хизматҳои бузург ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, бо мақсади қадршиносӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо ба муносибати 76 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дархости сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз 25 декабри соли 2020, №831, ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят вазифадор карда шавад, ки аз 1 январи соли 2021 ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба ҳар яке ҳар моҳ дар ҳаҷми 200 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2021 ба ин мақсад пешбинишуда кӯмакпулӣ пардохт намуда, истифодаи мақсаднок ва босамари маблағи ҷудошударо таъмин намояд.

2. Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вазифадор карда шавад, ки барои сари вақт пардохт гардидани кӯмакпулӣ дархостро то санаи 5-уми ҳар моҳ ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

3. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 январи соли 2020, № 2 «Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида» аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва Анвар Яъқубӣ гузошта шавад.

 

Раиси вилоят             Раҷаббой АҲМАДЗОДА

Читать далее

ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ ДАР САРДХОНАҲО КОФИСТ

Соли гузашта кишоварзони вилоят майдони кишти зироатҳоро бештар намуда, бо талошу заҳмати худ ҳосили фаровон руёнида, имрӯз ҳосили дастранҷи худро пешниҳоди аҳолӣ намуда истодаанд.

Аз ин рӯ, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои судманд андешида, дар ин замина Раёсати иттифоқи матлуботи вилоят ва бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор шуданд, ки маҳсулоти кишоварзиро захира намоянд.

Иброҳим Мутуллозода, сардори Раёсати Ҷамъияти иттифоқҳои матлуботи вилоят гуфт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилоят ва инчунин нақшаи тарҳрезишудаи Иттифоқи Тоҷикматлубот дар бораи захира ва харидорӣ намудани маҳсулоти кишоварзӣ аз шахсони инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ Иттифоқи матлуботи вилоят як қатор корҳоро ба сомон расонид. Бояд гуфт, ки аз моҳи сентябр ва инчунин аз моҳи октябр захираи маҳсулоти кишоварзиро оғоз намуда, ҳамаи анборҳое, ки зертобеъ ҳастанд, безарар гардонида, дар асоси нақша зиёда аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира намуданд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ ва дар маҷмуъ дар он минтақаҳое, ки зертобеи матлубот ҳастанд, 100 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ захира шуд. Маҳсулоти захирашуда, аз қабили пиёз, картошка, сабзӣ, себу ангур ва дигар намуд мебошад, - гуфт номбурда.

Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони имсола тадбирҳои судманд андешида шудааст. Дар анбори нигаҳдории маҳсулоти иттифоқи матлуботи ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон якчанд тонна пиёз захира шуда, илова бар ин дар минтақаҳои дигари ноҳия ба қадри зарурӣ картошка нигоҳдорӣ ва пешниҳоди аҳолӣ гардонида хоҳад шуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Деваштич барои самарабахш гузаронидани тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 барои боло нарафтани нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба қадри зарурӣ дар анбор пиёз захира шудааст ва дар минтақаи Калининобод 40 тонна картошка дар сардхона нигаҳдорӣ карда мешавад.

Масъулини иттифоқи матлуботи ноҳияи Деваштич бар он боваранд, ки дар ҳар хонадон мардум аз 1 то 100 тонна картошка ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзиро захира намуданд.

Дар ноҳияи Шаҳристон бошад, барои захираи картошка ва мева сардхонаҳои нав бунёд гардиданд. Дар бунёди ин гуна сардхона талаботи муосир барои нигоҳдории ҳаҷми зиёд ва усулу анъанаҳои миллӣ ҷорӣ шуданд.

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз анборҳои мавҷуда ва сардхонаҳои нав истифода мебарад.

Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара сардхонаи нав сохта, қисми бештари маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст. Мусоидати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба захираҳои молиявӣ аз роҳҳои хариду захираи маҳсулот аз кишоварзон мебошад.

Дар Бозори марказии шаҳри Истаравшан зимни суҳбат бошандагон изҳор доштанд, ки фаровонии ҳосил ба поён рафтани нархи молу маҳсулот таъсир гузоштааст.

Бино ба гуфти Сафар Шодиев - сокини шаҳр, соли гузашта як килограмм пиёз аз 1 сомонию 80 дирам то 2 сомонӣ арзиш дошт. Имсол бошад, ин маҳсулот аз 1 то 1 сомониву 30 дирам нарх дорад. Бино ба иттилои Бахтиёр Саидзода - директори Бозори марказии шаҳри Истаравшан бозори марказии шаҳр, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 100 тонна пиёз, 35 тонна картошка захира намудааст. Зимни омӯзиши ин мавзуъ дар анбори Иттифоқи матлуботи шаҳр захираи 20 тонна пиёз ва 10 тонна картошка ба назар расид. Бо мақсади сари вақт захира намудани маҳсулот иттифоқи матлуботи шаҳри Истаравшан бо се хоҷагии деҳқонӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, тибқи ин қарордод, 10 тонна картошка захира карда шудааст.

Роҳбарияти Ҷамъияти иттифоқи матлуботи вилоят бар он боваранд, ки зарфият ва имконоти зерсохтори ҷамъият дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақсаднок истифода шуда, молу маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад. Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» сохта шудани сардхонаи замонавӣ имкон дод, ки қисми ҳосили боғоти муассиса захира карда шавад. Масъули Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» гуфт, ки мо сардхонаро дар се марҳала истифода мебарем. Алҳол барои давраи зимистон сардхонаҳоро барои нигоҳдории меваю сабзавот баҳри таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои тару тоза истифода бурда истодаем.

Тибқи иттилои Анвар Обидҷонов - раиси Иттифоқи матлуботи ноҳияи Спитамен анбори нигоҳдориро тоза ва безарар намуда, 15 тонна пиёз ва 10 тонна картошка захира намудаанд. Тавре ки зикраш рафт, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон яке аз масъалаҳои муҳим дониста шуда, тибқи вазифагузориҳо, дар баробари сохторҳои дахлдор иттифоқи матлубот, бозорҳо, инчунин мардум низ бояд ба қадри зарурӣ маҳсулоти ниёзи аввалияро захира намоянд ва давраи сарморо бе мушкилӣ паси сар созанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БАШОРАТДЕҲИ РОҲИ МУНИРИ ФАРДО

Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамому чораву тадбирҳои заруриро ҷиҳати рушди соҳоти гуногуни кишвар, аз ҷумла маориф ва фарҳанг равона карда истодааст.

Воқеан, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии насли навраси кишвар тақозои замон ва шарти аслии рушду инкишофи давлат дар замони муосир мебошад. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷавобгӯи сатҳу сифати ҷаҳонӣ будани мутахассисони ҷавон имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хешро муайян ва муаррифӣ кунад. Чунонки Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ояндаи Тоҷикистон дар дасти насли нав мебошад, тарбияи дуруст ва додани дониши ҷавобгӯи талаботи замони муосир бошад, вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар, насли калонсоли ҷомеа аст.

Дар раванди бемайлони ҷаҳонишавӣ муҳимтарин омили пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ин рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш мебошад. Расидан ба ин шинохт танҳо тавассути донишу хирад ва касби илм муяссар мешавад.

Сарвари давлат дар Паёми хеш ба ин нукта ишора намуда, таъкид намуданд, ки барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон дониши баланду хиради муосир зарур ва ҳатмӣ мебошад. Албатта, дар ин замина омӯхтани забонҳои хориҷӣ барои ҳар нафари худогоҳ шарти нахустини рушд ба ҳисоб меравад. Бинобар ин баҳри такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати тақвияту густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 3280 нафар омӯзгори забони русӣ ва 2814 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият доранд. Тавсеаи марказҳои забономӯзӣ дар маркази вилоят ва шаҳру навоҳии дурдаст низ аз самараи таваҷҷуҳи махсуси масъулин ба рушди забономӯзӣ мебошад.

Хурсандиовар аст, ки бо илҳом аз ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиру барно ба илму дониш ва китобхонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда истодаанд. Диққати аввалиндараҷа додан ба мутолиаи китоб ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ, саъю талоши ҷавонон моро хушбин месозад, ки Тоҷикистони азиз дар ояндаи наздик бо мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гашта, хидмати фарзандон ба ободии кишвар дучанд мегардад.

Албатта, то имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тараққиёти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар ин замина татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш низ шоистаи зикр аст.

Дар Паёми гузашта Сарвари давлат таъкид намуданд, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Имрӯз мо мушоҳида мекунем, ки воқеан дар ин самт корҳо хеле хуб ҷараён дорад: Ҳукумати кишвар ва соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд дар амалӣ шудани ин нақшаҳои пешбинишуда талоши пурбор доранд. Зимнан гуфтанист, ки дар вилояти Суғд бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Раиси вилоят аз 14-уми марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуданд. Бо гузашти наздик ду сол мо муҳимият ва саривақтӣ будани ин қарори Раиси вилоятро эҳсос мекунем. Тадбирҳое, ки дар доираи шиори “1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” амалӣ шуданд, ба низом ва баракати кор мусоидат кард. Иншооти зиёди ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар соли 2020 –ум низ бо вуҷуди соли вазнин будан корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифтанд. Новобаста аз он, ки пандемия ба буҷаи давлат хисороти ҷиддӣ овард, нақшаҳо бо низом амалӣ гаштанд. Чуноне аз ҳисоботи Раиси вилояти Суғд бармеояд, танҳо дар 11 моҳи соли 2020 барои 660 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, барои 510 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Давоми соли 2020-ум баҳри таҳкими корҳои ободониву созандагӣ бо маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи ватанӣ чандин иншооти ҷашнӣ бунёд гардиданд, ки дар ин миён мактабу кӯдакистон кам набуданд. Чунончӣ, соли гузашта кӯдакистони хусусии соҳибкорон Н.Ғафурова ва И.Исроилов барои 150 кӯдак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 барои 640 хонанда дар ду баст дар деҳаи Нови Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ барои 1280 хонанда дар ду баст, дар ноҳияи Спитамен, дар Ҷамоати деҳоти Саразм, дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда дар ду баст дар маҳаллаи Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён, кӯдакистони хусусии «Насли Ориё» барои 120 кӯдак бо 15 ҷойи нави корӣ, дар маҳаллаи «40-солагии Дилварзин»-и Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, бинои нави сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 барои 720 хонанда дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт ва ғайраҳо сохта, ба истифода дода шуд.

11 муассисаи таълимии садамавӣ барқарор гардида, дар 15 бинои садамавии муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ҳамзамон, таъмиру таҷдиди 228 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст ва то ҳол 199 муассисаи таълимӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар 26 муассиса корҳо идома доранд. Ин тадбирҳои амалӣ ва ғамхории пайвастаи давлат моро рӯҳбаланд сохта, ҳидоятгари ободиву созандагиҳои нав ба нав мегардад.

Боиси хурсандист, ки ҳар сокини бонангу ори кишвар дар бунёду таҷдиди муассисаҳои маориф ва фарҳанг саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд. Устодон назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, ба наврасону ҷавонон барои мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ раҳбалад гашта, анъанаи устодиву шогирдӣ таҳким ёфта истодааст. Ин амал, албатта, қобилияти эҷодии насли ҷавонро тақвият мебахшад.

Бояд қайд кард, ки дар Паёми хеш Сарвари давлат ба таълиму тадриси чуқури фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар замони муосир аҳамияти аввалиндараҷа доданро ба фанҳои дақиқ амри зарурӣ унвон намуданд. Аз ин ҷост, ки бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуд.

Дар соли нахустини бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ мо аллакай аз самараи ин ташаббуси бесобиқа баҳравар шуда истодаем. Таваҷҷуҳ ба фанҳои даққиқ боиси афзун шудани корҳои созанда ва ташаббусҳои нек дар ин самт шуда истодааст. Дар макотиби оливу миёнаи кишвар озмунҳои гуногунҷабҳа аз фанҳои дақиқ баргузор гардида, истеъдодҳои нав ба навро пайдо карда истодааст. Мутмаинем, ин 20 сол барои Тоҷикистон олимони забардасти фанҳои дақиқро омода хоҳад сохт.

Сарвари давлат арзиши илмии ин ташаббусро ниҳоят бузург арзёбӣ намуда, тазаккур доданд, ки бо заҳмати чандинсолаи мо дар ин самт барои насли оянда меваи шакарбор хоҳад овард.

Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, ба илмҳои дақиқ, ба ободиву созандагӣ ва густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар ин робита роҳбарону масъулони соҳа низ ба сатҳу сифати таълим аҳамият дода, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда истодаанд. Дар ин ҷода диққати бештар додан ба тарбияи насли наврас боиси хушнудист. Баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз рӯи се самт: якуммиёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон, ки ҳамасола баргузор шуда, натиҷаҳои қонеъкунанда дода истодааст башорати роҳи мунир аст, ки миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами хеш интихоб кардааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд

Имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз раванди бунёди як қатор иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуд.

Нахуст Раиси вилоят дар маҳаллаи Мевағул бунёди маркази  савдои «Амид»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири савдою хизматрасонӣ аз бо маблағгузории ҶДММ «Амид» аз тарафи  сохтмончиёни ҶДММ «Тиниал» бунёд шуда истодааст.

Читать далее

РУШДЁБИИ КИШВАР ИФТИХОРИ МО

Ҳаёти ҷомеа раванди мураккаби таззодҳоест, ки танҳо ҳалли оптималии онон ҷомеаро ба пеш мебараду ҳаёти инсонҳоро пурфайзу шавқовар ва дилгарму месозад. Дар заминаи ҳаёти осудаи пурҷӯшу хурӯш кашфиётҳои сершумори илмӣ-техникӣ имконпазир гаштааст, ки ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти инсонро беҳтару хубтар мегардонад. Вале, дар ҷомеа баъзе шахсон бо нигоҳ мусбӣ (оптимистӣ) фаъолият менамоянду гурӯҳи дигар бо назару мавқеи манфӣ умр ба сар мебаранд. Агар, тоифаи аввали одамон танҳо барои ҳаллу фасли мусбии мушкилоти мавҷудаи ҳаёт талош намоянд, тоифаи дуюм худ ғайрату ҷасорате надоранду маъюсонаю бефарқ дар ҳаёти ҷомеа мавқеи бетарафиро касб менамоянд, ки метавон ин одамонро дар ҷомеа чун ҷисми нозарури пуркунанда балласт ном бурд. Ин раванди ҳаётиро метавон дар замони муосир низ мушоҳида кард, ки ба мисоли мардуми дар рӯҳияи созандаву бунёдкорона меҳнату зиндагӣ доштаи кишвар ва баръакс, нафарони  нотавонбин - аъзои ТТЭ ҲНИ таҳти саркардаи Муҳиддин Кабирӣ мебошад.

Мардуми тоҷик бо хиради азалии хеш дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихии солҳои 90–уми асри гузашта бидуни тарсу ҳарос бо иродаву матонат алайҳи нерӯҳои мухолиф истоданд. Бо заҳмату талоши роҳбарияти кишвар сулҳ барқарор гардида, гурезагонро аз хориҷ ба Ватан баргардонида, бо мухолифин гузашт кардаву дар мамлакат сулҳу субот пойдор ва мустаҳкам карда шуд. Имрӯз шукрона, ки мушкилоти  сершумори пешомада бартараф, иқтисодиёти кишвар мустаҳкам, Ватанамон ободу зеботар шудааст. Раванди мусбии давлатдорӣ алҳол низ идома ёфта истодааст боз рушд хоҳад ёфт.

Маълумотҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз бӯҳрону муқовиматҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, пандемияи COVID-19, амалҳои муғризонаи душманони дохилию хориҷӣ тадриҷан ба пеш рафта истодааст. Агар, дар давраи аввали Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидани се ҳадафи стратегӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти пурраи озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро нотавонбинони пешрафти ҷомеаи мо ҳадафҳои ғайриимкон мешумориданд, имрӯз мебинанд, ки талошҳои пайваста, заҳмати сокинони кишвар бори накӯ овардааст. Пешниҳод гардидани ҳадафи нави стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва гузариш аз иқтсодии аграрию саноатӣ ба саноатию аграриро кулли ҷомеаи кишварамон хуб пазируфт. Ва аллакай дар ин самт бисёр корҳо анҷом дода шудаанд.

Ш.ВАЛИЗОДА

сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

МО ШУКРИ РЎЗГОРИ ОСОИШТА МЕКУНЕМ

Шумо, хоинони Ватан  боз иғвоандозиро давом дода истодаед. Ба дилатон назад? Дар дунё барои ҷавонмард кор бисёр аст, на ин ки иғвою тӯҳмату сиёҳкорӣ.

Суханҳое, ки шумо навиштаед, касро ба ҳайрат мегузорад. Наход, ки кас дар ҳазорҳо километр аз Тоҷикистон дур истода, аз мардуми тоҷик бештар маълумот дошта бошад. Шумо биёед ба Ватан, бо чашми худ бинед, ки мардум чӣ гуна зиндагӣ доранд. Мардум давраҳои пандемияи коронавирусро, ки тамоми дунё азият кашид, нисбатан хуб аз сар гузаронид ва то ҳол гузаронида истодааст. Хушбахтона талафоти ҷонӣ кам аст. Беморхонаҳо аз касалиҳои коронавирус ва илтиҳоби шуш холӣ шудааст. Сатҳи сирояти беморон нисбат ба давраҳои пешин кам афзуда истодааст. Баръакс ба ин хурсанд шудан лозим аст.

 Сабр кардан ба баъзе мушкилиҳо вақтинча аст, албатта мардуми тоҷик ба мақсад мерасад.

Маълумотҳое, ки шумо овардаед, ин “фейк” аст ва касе ба шумо онро фурӯхтааст. Байни шумову ҳаммаслаконатон доимо хариду фурӯши иттилоот ва иғвоандозӣ аст. Иттилоотро санҷед, обрӯи худро нарезонед, аз ҳар кӯчаю тангкӯча носанҷида сухан накунед. Бас аст сиёҳкорӣ. 

Хоинони миллат, шумоён таърих ва воқеиятро сохтакорӣ накунед. Зеро шоҳидон ҳоло зиндаанд. Шумо худ зархарид ҳастед ва корҳои карда истодаи шумо маҳз барои пулу мол аст. Дар ин шароити муташаниҷи касалии эпидимикӣ, ки кулли оламро фаро гирифтааст, вақти бозиҳои сиёсӣ нест. Шумо аз кардаҳои худ пушаймон шаведу рўй ба амали нек оред. 

Мо, мардуми тољик ҳаёти осоишта мехоҳем. Магар аз ин қадар ободиву тинҷию амонии Тоҷикистон ношукрї мекунем?

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

Азимова Н. – н.и.п., дотсент мудири кафедраи
 фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Читать далее

ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ

Дар шабакаҳои иттилоотӣ имрӯзҳо намояндагони ТТЭ ҲНИ хеле фаъол гаштаанду аз минтақаҳои гуногун истода, хизмати хоҷагони хориҷиро иҷро карда, бар ивази пули ночизе бо ҳар гуна тӯҳмат оромиву сулҳу суботи кишварамонро халалдор карданӣ мешаванд. Бо ин амалҳои номатлуби хеш хоинони ватан бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ гашта, дар амалигардии мақсаду ҳадафҳои нопок ҳиссагузор мешаванд. Ҳар яки ин хоинон, ки имрӯз ба сӯи зодгоҳи худ санг мепартоянд, то ҳол нафаҳмидаанд, ки худро ба доми бадбахтӣ гирифтор сохта истодаанд. Зеро фардо баҳри пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа насли ояндаи чунин авлод ҷиҳати манфӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун зодаи оилаи хоинҳо шинохта мешавад.

Пайравони ин гурӯҳҳои номатлуб нахаросида, аз минбари баланд  суханронӣ намуда, аз чунин созмонҳои террористӣ ва гуруҳҳои тундрав пуштибонӣ менамоянд. Бо ин амалҳои худ дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ҳамчун ҳимоятгари муҳоҷирони сиёсӣ дар хориҷи кишвар муаррифӣ менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишварро зарур аст, ки барои пешгирӣ кардан аз амалигардонии мақсадҳои нопоки ин ифротгароён кӯшида, дар раванди фош сохтани ҳадафҳои аслии онон иштирок намуда, ҳиссагузори таъмини устувории истиқлолияи кишвар бошанд.

Файзуллоева Мавлуда,

омӯзгори МТМУ №3, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Пешравиҳоро нодида гирифтан гуноҳ аст

Ҷаҳониён давлати моро дар самти ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об эътироф кардаву дар ин самт ҷиҳати эълон гардидани “Соли 2003 - соли умумиҷаҳонии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” давоми солҳои 2005-2015-ум, “Соли 2013 - соли ҳамкории байналмилалӣ дар ҳифзи захираҳои об” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” давоми солҳои 2018-2028-умро ғояҳои оламшумули тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд. Чунин мусбиятҳо бошад, муаррифгари миллату халқи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонист, ҳар як фарди соҳибдилу ватандӯст бо ин дастовардҳо ифтихор менамояду қаноатманд аст.

Қабул гардидани буҷети кишвар барои соли равон шаҳодати сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти кишвар мебошад. Зеро, дар он даврае, ки сарони давлатҳои ҷаҳон ҷиҳати раҳоӣ аз касодии буҷети мамлакатҳояшон чораҷӯӣ доранд, буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзоиши ҳаҷми он нисбат ба соли пешин то 6,1 фоиз қабул шудааст ва зиёда аз 47 фоизи он барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Гузоштани ҳадафҳои баланд ва кӯшиши расидан ба қуллаҳои нави таърихӣ шаҳодати сиёсати оқилонаи Ҳукумати кишвар аст, ки ҳар як фард мебояд ба он иқрор шавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон итминони комил доранд, ки дар натиҷаи заҳматҳои дастаҷамъона ва ваҳдати миллӣ ҳадафҳои пешбинигардида ҳатман амалӣ мешаванд.

Вале, бархе аз хоинони нотавонбин, ки бар ҷазои хиёнатпеша буданашон азоби ватангадоӣ мекашанд, то ҳанӯз аз мақсаду ғаразҳои нопокашон даст накашидаанд. Бо сарфи маблағи хоҷагони хориҷӣ ин тоифаи нобакорон дастовардҳои ҷомеаи Ватани аҷдодиашонро нодида мегиранд. Дур аз Ватан дар паноҳи аҷнабиён ҷой гирифта тӯҳмату бӯҳтон мебофанд ва сулҳу суботи кишварро ноором карданӣ мешаванд. Бехабаранд, ки хоҷагонашон ононро ба лӯхтаки  худ табдил додаанд. Аз дилсиёҳиву кинаву адоват, бахилию ҳасадхӯриашон бехабаранд, ки ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори хоса дораду сиёсатмадорони олам суханҳои бофтаи иғвоангези ононро хоҳиши шунидан надоранд. Ҷаҳониён дарк кардаанд, ки ҳақиқат дар куҷост. Зеро, чашми биною ақли солим доранду дида истодаанд, ки дар миқёси олам Тоҷикистон мусбӣ муаррифи гаштааст ва халқи соҳибфарҳангу тамаддунофараш ба заҳмати суботкоронаи ободу зебо гардонидани кишвар машғуланд. Ягон фарди соҳибақлу боидроки Тоҷикистон дигар фирефтаи фиребу найрангҳои ин ифротгароён намешаванд.

Тоҷикистону тоҷикистониён ҳамеша бо якдилию ваҳдат ва сарҷамъона бар зидди ифротгароён мубориза мебаранд.

Ш.ҶАББОРӢ

сокини шаҳри Хуҷанд

 

Читать далее