January 2021

14 January 2021

Бӯҳтони нави хоинони миллат

Кабирӣ дар навиштаҷоти худ қоил аст, ки вирус иқтисоди тамоми дунёро ба сатҳи поин бурд. Аз он ҷумла, ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсир расонд. Чаро ӯ аз ҷиҳатҳои мусбӣ ва аз пешравии Тоҷикистон чизе нагуфтааст, ё онро нодида гирифтааст. Тоҷикистон аз давлатҳоест, ки дар байни ҳамсоягони худ аз оғози беморӣ гирифторӣ ба ин вирус зиёд набуда, табибон тез роҳи муолиҷаи онро дарёфт намуданд.

Кабирӣ муттаҳамона маҳз мардумро гумроҳ карданист, хол он ки бо кӯшишу талош ва ҷонбозиҳо, умед ба рӯзи нек доштан, ҳамеша покандешӣ ва назари нек доштани мардуми заҳматкаши тоҷик ӯро аз ин бало раҳонд.

То нек нагӯӣ, нек наояд, мегӯяд халқ, аммо ба мисли шумо барин тоифаҳои пастфитрат, ки бад меандешеду ҳамеша бадӣ мехоҳед, имрӯз ба ҳоли мардум нигариста механдед, ки чӣ тавр зиндагӣ дорад. Аммо шумо ва ҳаммаслаконатон хато мекунед, зеро халқи тоҷик ҳамеша бо иродаи қавии худ ҳазорҳо балоро паси сар намуда буд, албатта аз ин бало низ раҳо меёбад. Беҳуда табли шодӣ назанед, ки дигар мардум ба шумо баринхо бовар надорад. Ба мисли худ аҳмақу кӯрнамаконро гумроҳ кардан гиред.

Тоҷикон мардуми босабру таҳаммуланд ва ҳеҷ гоҳ теша ба решаи худ нахоҳад зад.

Аҳли устодони кафедраи
 забони тоҷикии ДДҲБСТ

Читать далее

АЗ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ДАСТ КАШЕД!

Мардуми Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро ҳамчун дурнамои пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат медонад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботи тамоми мардуми кишвар мебошад. Аксари мардуми тоҷик ба Ислом ҳамчун дини таҳаммулпазирӣ, ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ рӯй овардаанд.

Дин ва мазҳаби динӣ имрӯзҳо барои ташкили гурӯҳҳои нопоку иғвоангез такягоҳе шудааст, ки аз он истифода бурда, ҳар гуна равияҳои номатлубу корҳои ноҷоро ба анҷом мерасонанд. Агар аъзои гурӯҳи ТТЭ ҲНИ ватандӯсту ватанпарвар мебуданд, ба манфиати давлати худ фаъолият мебурданд. Вале, сад афсӯс, ки аъзои ин гурӯҳи ифротгаро ба ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб ҳамроҳ шуда, даст ба ҷиноят мезананд. Амалҳои ноҷои ин хоинон хатарҳову таҳдидҳои нав ба навро баҳри ҷомеаи мамлакат ба ҷо овардан мебошад ва мехоҳанд, тинҷиву оромиро халалдор созанд.

Мо бояд барои ҳифзи сулҳу суботи давлатамон, ҷомеаи солими Тоҷикистон кӯшиш намоем. Ҳамеша аҳли ҷамъият, бахусус насли наврасро ба роҳи рост ҳидоят созем, то ки ба ҳар гуна равияву гурӯҳҳои номатлуб ҳамроҳ гашта, ҳаёти худ ва аҳли хонадонашонро ба хатар нагузоранд. Ҳаёт ба касе дуюм маротиба такрор намешавад, ки мо хатогии худро ислоҳ намоем. Бояд баҳри ободии ҷомеа ва гул-гулшукуфии диёри хеш меҳнати содиқона карда, бар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мубориза барем.

Замира КАРИМОВА,
омӯзгори МТМУ №3, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Терроризм ва экстремизм мушкилоти глобалии замони муосир

Терроризм ва экстремизм тӯли солҳои охир чун ҷараёни хатарнок ба кишварҳо ва ҳаёти ҳар як сокини ҷомеаи  ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунад. Давлату ҳукумати мамлакат ҳамеша таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи доғи рӯз ҷалб намуда, барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои оламро ба муборизаи дастаҷамъона дар фазои якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунанд.

Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Руссия, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Минтақахои амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ шуда истодаанд. Дар ин хусус амалхои террористӣ дар Сурия, Ироқ, соҳилҳои Яман, Афғонистон ва минтақаҳои  мухталифи дигар шаҳодат  медиҳанд. Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.

Бо номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву экстремистӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Вале зикр кардан ҷоиз аст, ки террорист ва экстремист ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад, дини мубини ислом ва хусусан мазҳаби таҳаммулгароӣ ҳанафия, ки сокинони кишвари мо пайравони он ҳастем, дини мубини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад. Имрӯз моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиву зиракиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии замони муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин ишора барои он аст, ки аксар вақт зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифта, барои бадном кардани дини мубини ислом сабаб мегардад. Ҳол он ки исломи пок ҳеҷ иртиботе бо тундгароӣ надорад ва кишварҳои ҷаҳон бояд садди роҳи доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад.

Бо таассуф бояд зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳони то ҳол дар бораи худи мафҳуми терроризм ба хулосаи ягона нарасидаанд. Холо он ки бе ин гуна ваҳдати назар ба низом даровардани масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм ғайриимкон мебошад. Дар айни замон баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми байналмилалиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд.

Мисоли одди – ТТЭ ҲНИ аст. Мо медонем, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ин ҳизб бо роҳу воситаҳои гуногун мардуми кишварро гумроҳ намуда, ба ҷойи он ки бо баҳри ободии кишвар саҳм гузорад, бо омода намудани душманону хоинони ватан машғул шуданд. Имрӯз аъзои ТТЭ ҲНИ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор дошта, нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд ба хотир биёрем, ки роҳбарияти ин ҳизб дар фаъолияти худ доир ба пешрафт ва тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон заррае саъю кӯшиши худро нишон надодааст. Фаъолияти роҳбарияти ҳизб омода намудани шогирдони нохалафи худ ва дар онҳо ҷой додани ақидаҳои ифротӣ буд. Дар баробари ин, танҳо барои манфиатҳои худ ва сармоягузорӣ гардиданаш аз тарафи давлатҳои хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳар роҳу восита ба сафи худ дохил менамуд ва ба онҳо ваъдаҳои бардурӯғ медод, оқибати ин фиребу найранг ба чӣ оварда расонид ҳамаи мо огоҳем. Бояд зикр кард, ки дигар мардуми тоҷик чунин сӯистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоҳхоҳ такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд.

Ватану миллатро дӯст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан – модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад ва дар заминаи миллати тоҷик мо соҳиби давлатдорӣ гардидаем. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин ҷанба талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсияи давлат, Кодекси ҷиноятӣ, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд. Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо Барномаи давлатӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифта буд. Хотиррасон бояд кард, ки аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 «Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муковимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 – 2020» қабул шудааст, ки он сенздаҳ қисми муҳимро дар бар мегирад. Ҳамчунин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» дар тахрири нав қабул карда шуд, ки ин амалиёт ҳам барои пешгирӣ ва кам намудани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Ҷумҳури мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад,  ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон ва шаҳрвандро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Хулоса, имрӯз терорризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчи бештари терорризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, мо, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабаби пайдоиши афкори терорристиро амиқ ва пайваста биомӯзем ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

Ш.ВАЛИЗОДА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

Он амалҳое, ки имрӯзҳо Муҳаммадиқболи Садруддин мекунад, интизор меравад ӯ то охири умр овораву ғариб мемонад. Ифшогариҳое, ки М.Садруддин бо дурӯғу даст мезанад, пайомади хуб надоранд. Ноқисиҳои равонӣ дар мавқеъгириҳои Муҳаммадиқболи Садриддин вақтҳои охир баръало эҳсос мешавад. Мавзӯъҳо гуногунро даст зарда, боз анбӯҳи туҳмату ғайбатро бар ба сӯи кишвари худ мерезад. Намедонад, ки ҳама аъмол подош ва мукофот дорад. Парвози фикри Муҳаммидиқбол ба андозае подарҳавост, ки аз мулки бегона истода, ҳукм мебарорад. Ин наҳзатиҳо хаёл мекунанд, ки касе аз ҷавобгирии қонунӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар канор нест.

Муҳамадиқболи овора намедонад, ки давлату давлатсозӣ ҳавсалаву дониш ва таҷриба металабад.

Тоҷик халқи якдилу муттаҳид аст, ин 30 нафар ифротии хоин, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, ба ин ҳисоб шомил нестанд. Намешавад, ки бо тақдири миллат бозӣ кард. Мардум ба шумо ҳамчун хори мағелон менигараду шуморо як абзори хориҷӣ медонад.

Кадом давлатро дидӣ, ки аз муҳоҷирони мусаллаҳаш даъват ба амал мебарорад, ки баргардед, бо ҳаёти осоишта машғул бошад.

Вале шумо, ношукрҳо ба қадри рӯзгори осуда, ба қадри Ватан нарасидед.

Таҳлили фаъолияти ин хиёнаткор нишон медиҳад, ки ба таври нохудогоҳ алайҳи навовариҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи сияҳдилӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки наметавонад тафаккури худро тағйир диҳад.

Табаралӣ Сайвалиев,
таҳқиқгар, сокини шаҳри Бохтар

Читать далее

Паймони паймоншиканон

Ҷаҳони муосирро таҳдидҳои ҷиддӣ пеш омадааст, ки ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳо эҷод менамоянд. Аз ҷумлаи чунин хатарҳо радикализм, терроризм (ифротгароӣ), экстремизм мебошад, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудааст ва бадбахтона, бо вуҷуди муборизаи шадид он тавсеа меёбад. Воқеан ҳам, чун ба даҳсолаи охир назар афканед, тамоми ранҷу азоб ва кулфати мардум маҳз бо радикализм, терроризму ифротгароӣ иртибот мегирад. Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Созмон ва ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ дар асоси барномаҳои ташкилотҳои террористӣ ва ё давлатҳои алоҳидаи абарқудрат ташкил ёфтаанд, ки дар ниҳоди худ идеологияи муқтадири ҳадафмандонаро дар ниқоби ислом амалӣ менамоянд.

Аз кору амалҳои роҳбарони ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо ҷаҳониён хеле хуб огоҳанд ва хушбахтона Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби террористиро дар вақташ таҳлилу баррасӣ намуда, фаъолияташро манъ намуд. Ҳамаи он бадбахтиҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи охундҳои кишвархои хорич ва роҳбарони дар Тоҷикистон буда буд, ки ин санадро Суди олии Тоҷикистон ба таври мушаххас баррасӣ намудааст...

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшаваи Полша, ки аз баргузории он зиёда аз як сол гузашт, душманони давлату миллати тоҷикон Ассотсиатсияи ғайриқонунӣ ташкил намуда, ба худсафедкунӣ, дасисабозӣ, хоинию ватанфурӯшии худ шиддат бахшида дар сомонаи интернетӣ сару садоҳо баланд карданд. М. Кабирӣ аз се ташкилоти ба таври сунъӣ сохтаи худ “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷикон”, “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” ба ном “Паймони миллӣ” таъсис дод. Ин паймон танҳо аз чаҳор нафар иборат Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов иборат асту халос. Кабирӣ талош дошт, ки дар Варшава Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷикони Аврупо ба ӯ пайваст шаванд. Аммо онҳо пайвастан ба як ҳизби бадномшуда ва чанд шахсияти беобрӯгаштаро ба худ ор донистанд. Додоҷон Атоуллоев баёния пахш намуд, ки “бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳам баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд”. Тири Кабирии нохалаф боз хок хӯрд. Масъулони САҲА дар рафти ҷаласа намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро маҳз барои бетартибӣ, аксбардориҳои беиҷозат, гуфтугӯи баланди байниҳамдигарӣ, бемаврид иваз намудани ҷои нишасти худ аз толор берун намуданд.

Ба дасти ман шеъре афтод, ки ҳама гуфтаҳои болоиро бо асноду далел тасдиқ менамояд.

Бо гуноҳи он Кабирии палид,

Аскари тоҷик бишуд чанде шаҳид.

Ӯ раиси назҳати исломӣ буд,

Дар ҳама кирдору кораш хомӣ буд.

Эй касифи номуборак доимо,

Баҳри давлатдорӣ мекард иддао.

Ӯ ба ин миллат хиёнат кардааст,

Рахна бар дину диёнат кардааст...

Сарпарасти ин хиёнаткори шум,

Будаанд хориҷиён баҳри ҳуҷум.

Косалеси аҷнабиён гашта буд,

Аз ҳама халқи Худо баргашта буд...

Хулоса, ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан ба ҷавонон лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар атрофи Пешвои маҳбуби худ муттаҳид шаванд ва барои боз ҳам ба шоистагиҳо расидани Тоҷикистони дунявӣ талош варзанд. 

Б.ХУШБАХТӢ

сокини шаҳри Хуҷанд

 

Читать далее

Ғайбату тӯҳматҳои беасос

Тавре маълум аст, соли 2020 дар таърихи инсоният соли вазнинтарин ва фоҷиабор гардид, ки дар натиҷаи бемории коронавирус COVID -19  беш аз миллион нафар фавтиданд. Ин беморӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва моддӣ таъсирӣ худро расонид, ки он дар саҳифаҳои матбуот ба таври расмӣ эълон карда шуд.

Дар табрикоти солинавии худ раиси ТТЭ ҲНИ Кабирӣ оиди оқибатҳои фоҷиабори COVID -19 ҳарф зада кӯшиш намудааст, ки дар ҷомеа тухми кинаву адоват ва ғайбатро пош диҳад.

Ба чунин табрикоту суханҳои тӯҳматангез М.Кабирӣ кӯшиш намудааст, ки диққати ҷомеаро ба худ ҷалб намуда, худро хамчун ғамхору дилсӯзи миллат нишон диҳад. Воқеан М.Кабирӣ дигар ягон чизи дигари гуфтани надорад ва тӯҳмату ғайбат пешаи асосии ӯ мебошад.

Бояд зикр кард, ки имрӯз мавқеи ТТЭ ҲНИ ва шахсон М.Кабирӣ дар хориҷа дар байни сарпарастонаш коҳиш ёфтааст ва ӯ бо ҳар роҳ кӯшиш намуда истодааст, ки бо иғвою тӯҳматҳои нав мавқеи худро дар хориҷа устувор намояд.

Албатта, чунин тӯҳмату ғайбатҳо асос надорад ва он боиси дастгирии ҷомеа нахоҳад гардид. Зеро имрӯз дар натиҷаи фазои сулҳу оромӣ дар ҷумҳуриамон тағйиротҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба амал омада истодааст. Дар ҷумҳурӣ имрӯз истеҳсоли семент, ангишт, мехҳо, масолеҳи рангубор ва дигарҳо афзоиш ёфта, ба хориҷа онҳо содир карда шуда истодааст.

Ҳамчунин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳони муосир дар натиҷаи таклифҳои башардӯстона торафт пойдору устувор гардида истодааст.

Бинобар ин аз дастовардҳои кишварамон душмани миллат Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ ба изтиробу ташвиш овардааст. Мо хуб медонем, ки ҳамаи изҳоротҳою баромадҳои Кабирӣ мақсади ҷудоихоҳиро дорад ва тамоми ҷомеаи солими Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он нафрат хонда маҳкум менамоянд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

13 January 2021

ФАРОВОНӢ - АЗ БАРАКАТИ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН

Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ теъдоди хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ зиёд гардиду замин имрӯз дар дасти деҳқон аст. Кишоварз дар киштукор ва парвариши зироатҳои гуногун озод мебошад. Ислоҳоти кишоварзӣ ва соҳибихтиёр будани кишоварз дар интихоб ва кишти зироатҳо сабаб шуд, ки имрӯз фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои вилоят таъмин ва нархи маҳсулот танзим гардад.

Солҳои пеш дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят гаронии нархи помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот ба назар расида, аксари сокинон ба он дастрасӣ надоштанд. Имрӯзҳо арзон гардидани нархи сабзавоти тару тоза дар фасли зимистон сокинонро хушҳол намуд. Ҳоло дар бозорҳои вилоят як килограмм помидор аз 8 то 10 сомонӣ ва бодиринг бошад, аз 10 то 12 сомонӣ арзиш дорад.

Баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии ҳарчӣ бештари маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳамаи фасли солро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш барои ташкили гармхонаҳои замонавӣ якчанд имтиёз муқаррар намуданд, ки он деҳқононро хеле руҳбаланд гардонид.

Мадамин Ҷӯраев, сокини Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом ҳашт сол инҷониб бо аҳли хонадонаш ба кишоварзӣ машғул буда, дар 5 сотих замини наздиҳавлигиаш се гармхона ташкил намуда, дар он аз се то чор ҳосил ба даст меорад.

Ҳангоми боздид аз гармхонаи ин деҳқон аён гардид, ки дар як гармхона лимӯ, мандарин, апелсин, кивӣ, банан барин меваҳои ситрусӣ ва дигар намуди сабзавот парвариш намуда истодааст ва рӯзҳои наздик ҳосили онҳоро ҷамъоварӣ ва пешкаши шаҳрвандон менамояд.

- Дар соли 2021 низ ният дорем, майдони гармхонаро зиёд намуда, кишти дигар сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, бозорҳои шаҳру навоҳиро бо сабзавоти тару тоза таъмин гардонем. Чунки ҳар сол аз гармхона беш аз як тонна лимӯ мегирем, ки аз он хеле хурсандем, - гуфт М. Ҷӯраев.

Ҳамчунин, дар шаҳри Конибодом бо ҷараёни бунёди якчанд гармхонаи навбунёд, аз ҷумла аз гармхонаи соҳибкор Фарҳод Тӯрақулов шинос гардидем. Бояд гуфт, ки гармхонаи нав дар Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев ҷойгир буда, он бо истифода аз технологияи истеҳсоли Корея сохта мешавад. Тибқи нақша, масоҳати гармхона як гектар буда, дар он парвариши помидор ва бодиринг бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ба роҳ монда хоҳад шуд.

Инчунин, дар деҳаи Санҷидзор аз гармхонаҳои соҳибкор Фарҳод Холиқов боздид намудем. Масоҳати умумии гармхонаҳо 0,70 гектар буда, айни ҳол дар 0,20 гектар парвариши помидор ба роҳ монда шуда, гармхона дигар ба масоҳати 0,50 гектар дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дошта, дар он моҳи январи соли 2021 кишти помидор ва бодиринг ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон, бо тарзи истифобарии замини наздиҳавлигии сокини деҳаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Ҷаҳонзеб Абдурашид Ахмедов ошно гардидем. гардидем. Оилаи Ахмедовҳо қитъаи замини наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда, дар 0,02 гектар гармхонаи хурд ташкил намудаанд, ки дар он лимӯ парвариш меёбад. Аҳли ин оила барои давраи зимистон низ маҳсулоти кофии ғизоӣ захира намуда, аз маҳсулоти гармхонаи хеш – лимӯ даромади иловагӣ ба даст меоранд.

Айни ҳол дар шаҳри Конибодом 54 гармхона дар масоҳати 3,31 гектар мавҷуд буда, дар масоҳати 3,21 гектари он кишт гузаронида шудааст, ки аз он дар 0,84 гектар помидор, 0,22 гектар бодиринг ва 0,39 гектар дигар намуди сабзавот кишт шудааст.

Дар давоми соли 2020-ум 9 гармхонаи нав дар масоҳати 1,28 гектар ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта масоҳати гармхонаҳо ба 0,88 гектар зиёд аст.

Боиси зикр, ки дар вилоят дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ шуда, дар ёздаҳ моҳи соли равон дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти 456 гармхона ба роҳ монда шуд, ки аз он 286 навъи хитоӣ ва 4 гармхонаи инноватсионӣ мебошанд.

Аз ин миқдор, дар 287 гармхона парвариши сабзавот ва дар 169 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 24,86 гектар расонида шуд, ки аз он 16,46 гектар помидор, 3,99 гектар бодиринг ва 4,41 гектар дигар зироатҳо мебошанд. Илова бар ин, масоҳати гармхонаҳои лимӯпарварӣ ба 9,49 гектар ва кӯчати гулҳо ба 3,46 гектар расонида шуд. Аз гармхонаҳои вилоят то ин давра 305,4 тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол шудааст. Аз ҷумла, 162,5 тонна помидор, 85,5 тонна бодиринг ва 57,4 тонна дигар намуди сабзавоти тару тоза дастраси аҳолӣ гардида, илова бар ин, 124,5 тонна лимӯ ба бозори дохилию хориҷӣ ба фурӯш бароварда шудааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

 “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ЛОЛАҲО САР МЕКАШАНД ЗИ МАСРУРӢ...

Табиат дар ҳар фасли худ аз зебоӣ дарак медиҳад, бо чашмрабоӣ касро мафтун месозад. Бештар ин дилрабоиро дарахтони гуногуни ороишӣ ва гулҳои рангоранги шаклашон беназир ва ҳам аз рӯи дизайни махсус ҳадя месозанд.

Фасли сармо қариб ним шудаву алҳол мавсими шинонидани пиёзаки гули лола ба итмом мерасад. Гулкорони чирадасти вилоят, махсусан, кормандони Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд тамоми корҳои омода сохтани заминро барои парвариши гули лола ба анҷом расонида, имрӯзҳо дар майдонҳои боғи мазкур пиёзаки гули лола мешинонанд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳам шаҳру навоҳӣ давоми солҳои охир тамоми манотиқи вилоят симои муосири меъмориву шаҳрдорӣ касб намуда, бо бунёди боғҳои истироҳативу гулгаштҳои замонавӣ таваҷҷуҳи ҳар бинанда, махсусан, меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Бояд илова намуд, ки вобаста ба парвариши гули лола ҳанӯз пештар аз мавсим корҳои омодагӣ дар боғу гулгаштҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуда, аз тарафи мутахассисони соҳа дар мавзеъҳои алоҳида дизайн ва композитсияҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ, бахусус, бо гули лола тасвиргардида роҳандозӣ карда мешавад. Дар навбати аввал зиёда аз 30 ҳазор дона пиёзакҳои гули лола шинонида шуда, барои сари вақт ва беталаф сабзидани онҳо корҳои агротехнологӣ анҷом дода мешаванд.

–Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ фарогири 8 гектару 45 сотих буда, дорои 2900 бех дарахту буттаҳои ороишӣ аст. Айни ҳол анвои гуногуни пиёзакҳои гули лола шинонида шуданд, ки миқдори онҳо дар ин боғи фароғатӣ то ба 300 ҳазор расонида мешаванд. Ин ба омодагӣ ба Фестивали «Сайри гули лола» буда, озмуни мазкур дар аввали фасли баҳор гузаронида мешавад,–гуфт дар суҳбат Абдусалом Шодибеков, директори Боғи Камоли Хуҷандӣ.

Зимни суҳбат мушоҳида кардем, ки 9 нафар боғбондухтарони зебоиофар ба побел кардани дарахтон, шинонидани боқимондаи пиёзакҳои гули лола ва пошидани доруҳои минералӣ машғул буданд.

 –Имсол нисбат ба солҳои пешин омодагии мо ба озмун боз ҳам ҷонноктар аст, зеро ин навбат низ бо ороиш ва дизайни махсус пиёзакҳои гули лоларо шинонида истодаем. Баъди шукуфтани гулҳои лолаи голландӣ сафи сайёҳон низ зиёд мегардад, –афзуд номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсола беш аз 3 миллион дона пиёзаки гули лола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинонида мешаванд. нонида мешаванд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МАСОИЛИ МУБРАМ БАРРАСӢ ШУД

Аз санаи 2 – юми январи соли 2021 дар шаҳру навоҳии вилоят вохӯрии сокинон бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ фаҳмонидани моҳияти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода намудани неруи барқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар масъалаҳо мебошад.

Дар Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13 Гулбаҳор Назирӣ доир гардид.

- Бо сабаби сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» пеш омадааст. Ҳоло сатҳи обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр паст аст, - гуфт Гулбаҳор Назирӣ.

Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки дар Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва як силсила неругоҳҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ шуданд. Вале захираи об дар кишвари мо то ҳанӯз фақат ҳамин обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» мебошад. Дар баробари ин талабот ба барқ дар мамлакат сол то сол меафзояд.

Дар мулоқоту вохӯриҳои доиргардида Гулбаҳор Назирӣ доир ба дастоварди даврони истиқлол ҳарф зада, зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар баробари Ваҳдати миллӣ, Ватан, ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси миллии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад.

Чунин мулоқот дар Кохи «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд низ баргузор шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода, Раъно Бобоҷониён ва Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади худ роҷеъ ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, мубориза алайҳи ифротгароӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки мақсади ҳамагон расидан ба ҳадафҳои олии роҳбарияти давлату ҳукумат, ки асоси он зиндагии шоистаи мардумро ифода менамояд, мебошад.

Ҳамзамон дар Кохи фарҳанги “Истиқлол”- и шаҳри Гулистон низ мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №18 «Мастчоҳ» Ғайрат Азиззода доир ба фаъолияти вакилии худ дар давоми соли 2020 иттилоъ дод. Мавсуф аз дастоварди муҳими Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад ва мазмуну моҳияти соҳибистиқлолиро ба ҳозирин шарҳ дод. Инчунин, Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик»-ро доир ба самаранок истифода бурдани неруи барқ ба иштирокчиён расонид.

- Сарфаи ҳар як киловат неруи барқ ба манфиати худи мардуми Тоҷикистон аст. Фарҳанги истифодабарии неруи барқро бояд ба мардум фаҳмонид, зеро он ҳама ба манфиати иқтисодиашон мебошад, - гуфт ӯ.

Ҳамзамон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода роҷеъ ба самтҳои фаъолияти парлумони мамлакат, дастовардҳои даврони истиқлол, эҷоди қонунҳои нав, ҳадафҳои стратегии давлат, дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои рӯзмарраи кишвар ҳарф заданд.

Дар мулоқот бо вакилон аз ҷониби иштирокдорон дархосту пешниҳод ва саволҳо дар бобати самтҳои фаъолияти вакилон, масъалаҳои доғи рӯз, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва омодагиҳо ба пешвози ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

 Сармутахассиси бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Набӣ Ҷӯразода аз иштирок дар мулоқот рӯҳбаланд гардида гуфт, ки мулоқоти баргузоршуда натиҷагирии дастоварду комёбиҳои назаррас мебошад.

- Аз мулоқоти доиршуда қаноатбахш гардидам, зеро дар он маълумоти муҳиму муфид бароямон гуфта шуд. Боиси қайд аст, ки вакилон Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик»- ро ба мо расониданд, ки он дар бобати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар фасли сармо буд. Муроҷиатнома барои мардуми вилоят саривақтӣ ва муфид аст, зеро сарфакорона истифода кардани неруи барқ ба иқтисодиёти сокинон таъсири мусбат хоҳад гузошт, - гуфт Ҷӯразода Набӣ.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

КОРБАРИИ ҲАДАФНОК ВА САМАРАБАХШ

Бо мақсади таҳкими истиқлолияти кишвар, таъмини амнияту манфиатҳои миллӣ, ҳифзи суботу оромӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми апрели соли 2018, таҳти рақами 1042 “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” қабул шуд.

Мақсади Консепсияи мазкур таҳкими робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, татбиқи кафолатҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон, таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ, пешгирии паҳншавии ғояву ақидаҳои ҳаракату равияҳои тундрав дар муҳити динӣ ва ба вуҷуд овардани фазои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Дар ин раванд бо дастуру супоришҳои Раиси вилоят якҷоя бо масъулони дахлдор баҳри корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бобати пешгирии қатъии ҳолатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ байни ноболиғон дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Суғд иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои супориши мазкур дар соли 2020-ум масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намудаанд.

Вале, мутаассифона, новобаста аз гузаронидани мулоқоту вохурӣ бо сокинон аз ҷониби масъулини дахлдор 46 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динии ҷавонону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо давоми соли 2020-ум аз ҷониби сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ошкор шуданд.

Дар ин тадрисҳои илми динӣ бе иҷозат 38 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ ҷалб шудаанд, ки нисбат ба волидайни онҳо чораҳои профилактикӣ ва маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳо ҷаримабандӣ шуданд. Дар асоси талаботи моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риоя накардани тадриси илми динӣ бе иҷозат нисбат ба шахсони ба ҳуқуқвайронкунӣ дастзада парвандаҳои маъмурӣ аз ҷониби масъулини дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тартиб ва баррасӣ шуда, онҳо ба маблағи 18,676 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Ҳуқуқвайронкунандагон ҷаримаҳои таъиншударо мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ пардохт намуданд.

Корбарӣ ҷиҳати пешгирии қатъии ҳолатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, даст ба худкушӣ задани ҷавонону ноболиғон ва ҷиноятсодиркунии занону духтарон дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуда, чунин ҳолатҳо пешгирӣ карда мешаванд, иброз дошт Меҳрафкан Мирзоҳофизиён.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее