February 2021

24 February 2021

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст бо рафти сохтмони тарабхонаи замонавӣ ошно гардид. Ин иншоот дар Ҷамоати шаҳраки Навкат ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкор Фурқат Абдуҷабборов сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии бинои мазкур 420 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур якошёна буда, пас аз ба охир расидани сохтмон ва ба истифода супоридани тарабхона 10 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, бо мулоқоти корӣ пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима карданд.

Читать далее

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисмҳои низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Муссалаҳ табрик намуд

23 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қисмҳои ҳарбии 051056 ва 01972 ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сарбозону афсарон иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамасола бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил мекунанд.

Читать далее

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони соҳаи мудофиаро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде аз собиқадорони соҳаи мудофиаро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла аз ҳоли Эҳсон Ғанихӯҷаев, Абдуалӣ Абдушукуров ва Солеҳҷон Ҷӯраев хабар гирифт. Зимни суҳбат бо собиқадорон Раиси вилоят аз хизмати фидокоронаи онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки маҳз бо матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номус барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.

Читать далее

23 February 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Читать далее

Таҷлили Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 феврали соли 2021 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ суханронӣ намуда, собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Читать далее

22 February 2021

Бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ аз 1-уми март оғоз меёбад

Гурӯҳи кории Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон дар вилояти Суғд қарор доштанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ҷихати рӯшанӣ андохтан ба ҳадафҳои сафари корӣ ва низоми кори марказ дар марҳалаи қабули ҳуҷҷатҳо бо Парвиз Саидзода, сардори раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате доштем, ки онро манзури хонандагони азизи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» мегардонем.

-Чанд рӯз аст, ки дар вилояти Суғд қарор доред, мақсад ва ҳадафи сафари хешро баён медоштед?

- Тибқи нақша-чорабиниҳои Маркази миллии тестӣ дар моҳи феврал, дар баробари фаъолияти дигари марказ дар ҳашт минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ барои интихоби кормандони муваққатии давраи бақайдгирӣ идома дорад. Аз ҷумла, рӯзи сеюм аст, ки дар шаҳри Хуҷанд барои онҳое, ки ба нӯқтаҳои бақайдгирӣ дар вилояти Суғд сафарбар карда мешаванд, семинарҳои омӯзишӣ баргузор шуда истодааст.

 Бояд гӯям, ки тибқи эълони пешакӣ, ки электронӣ сурат гирифт ва 174 хоҳишманде, ки хоҳиши иштирок дар семинарро доштанд, ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Баъд аз таҳлилу санҷишҳое, ки бевосита аз тарафи кормандони Маркази миллии тестӣ гузаронида шуд, 138  нафар ба семинарҳо ҷалб шуданд ва аз ин ҳисоб 56 нафар ба кори муваққатӣ тавсия дода мешаванд.

Тибқи барномаи семинарии омӯзишӣ иштирокчиён пеш аз ҳама дар бораи мақсад ва вазифаҳои маркази миллии тестӣ  ва сипас дар бораи мазмун ва муҳтавои низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, яъне паҳлӯҳо, марҳалаҳо ва татбиқи онҳоро аз худ мекунанд. Сипас довталабон ба тарзи амалӣ чӣ тавр аз қайд гузаронидани довталабонро меомӯзанд.

-Ба хоҳишмандонн, ки ба кори муваққатӣ  ба Маркази миллии тестӣ ҷалб шуданӣ ҳастанд, чӣ талабот мавҷуд аст ва ба киҳо афазалият дода мешавад?

- Талаботи асосӣ ин аст, ки кормандони муваққатӣ пеш аз ҳама бояд дар соҳаи маориф фаъолият намоянд, чун хатмкунандагон дар мактабҳо таҳсил доранд ва сипас  синну сол ба эътибор гирифта мешавад. Яъне аз 20 сола то 50 сола ба кор ҷалб карда мешаванд. Таҷрибаи фаъолияти омӯзгорӣ хеле муҳим аст. Муносибат ва рафтори кирдори онҳо бояд ҷавобгӯи принсипҳои Маркази миллии тестӣ бошад.

- Лутфан, принсипҳои Маркази миллии тестиро равшан  мекардед.

-Маркази миллии тестӣ дар асоси чор принсип амал мекунад, ин ҳам бошад,  якум адолат, дувум шаффофият, севум мувофиқатӣ, яъне стандартӣ ва чаҳорум дастрасии баробар мебошанд.

Мақсад ин аст, ки довталаб бояд тамоми фаъолияти худро назорат карда тавонад. Вақте, ки ҳуҷҷатро ба марказ супорид дар заминаи сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ ба ӯ як кабинети инфиродӣ кушода  мешавад, ки бо даровардани рамзи худ, ба кабинети инфиродиаш даромада, тамоми раванди фаъолият аз ҳуҷҷатсупорӣ то тақсимотро назорат намояд.

Шаффофияти имтиҳонот боз дар он  аст, ки тамоми рафти имтиҳонот бо камераҳои назоратӣ назорат карда мешавад ва дар толорҳои маркази имтиҳонот телевизорҳо гузошта шуда, ҳаряк падару модар метавонад рафти имтиҳонро назорат кунад.

- Лутфан мегуфтед, ки имсол кай бақайдгирии довталабон оғоз мегардад ва кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

-Тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабон аз 1-уми март оғоз меёбад. Аллакай фармоиши Вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид, ки дар соли ҷорӣ дар 34 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нуқтаи бақайдгирии  доимамалкунанда фаъолият хоҳад кард.

Инчунин, тибқи талаботи ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо дар 25 шаҳри дигар, яъне дар он минтақаҳое, ки нуқтаи доимамалкунандаи бақайдгирӣ мавҷуд нест, нуқтаҳои бақайдгирии сайёр, ба мӯҳлати як ҳафта ду ҳафта таъсис дода мешавад, яъне агар дар умум гирем, соли 2021 дар 59 шаҳру ноҳия 65 нуқтаи бақайдгирӣ таъсис дода мешавад.

Нуқтаи сайёр асосан дар навоҳии дурдаст таъсис дода мешаванд, масалан, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ба эътибор гирифтани  дурии роҳ  давоми ду ҳафта нуқтаи  сайёри бақайдгирӣ фаъолият хоҳад кард.

 Дар мавриди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гуфтаниям, ки довталаб бояд шиносномаи миллӣ, маълумотнома аз ҷои таҳсил (бо сурат ва мӯҳр), ки дар ҳақиқат айни замон дар муассисаи таълимӣ таҳсил намуда истодааст, пешниҳод намояд. Имсол як навгонии дигар ба низом дохил шудааст. Солҳои пеш довталабони мо расид (квитансия) аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пешниҳод менамуданд, имсол бошад, бо ба интобат гирифтани яке аз стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили ҳукумати электронӣ аст ва имрӯз Бонки давлатии амонатгузорӣ низ ҳамаи маблағгузории худро тариқи электронӣ ба роҳ монда истодааст, аз ҷумла супоридани маблағ аз тарафи довталаб низ  тариқи электронӣ ба роҳ монда мешавад ва довталаб пас аз супоридани маблағ дар дилхоҳ марказҳои хизматрасонии «Амонатбонк» рақами расид (на худи расид!)-ро  ба мо пешниҳод мекунад, ки аз 8 рақам иборат аст.

 Довталабоне, ки соҳиби имтиёз ҳастанд, аз ҷумла ятимони кулл,  бепарасторон, маъюбони гурӯҳои 1 ва 2,  кӯдакони маъюб ва фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки  ҳангоми хидмати ҳарбӣ вафот кардаанд, бояд ҳуҷҷатҳои хешро пешниҳод намоянд.

Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, онҳое, ки дар соҳаҳои варзиш ва санъат дастовардҳо онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сол хидмат кардаанд, бояд  ҳуҷатти хешро пешниҳод намоянд.  

-Дар ҳамин маврид суоле доштем.  Оё он нафароне, ки бо медали тилло муассисаҳои таълимиро хатм месозанд, имтиёз доранд?

- Озмуни «Медали тилло» аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад ва он нафароне, ки бо медали тилло мактабро хатм мекунанд бе имтиҳон тариқи суҳбат ба ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.

-Имсол ба ҷуз пешниҳоди рақами расид, ки зикр шуд, боз чӣ навгониҳо дар назар аст?

-Ҳамасола баъд аз имтиҳонҳо Маркази миллии тестӣ моҳҳои октябр - ноябр дар миёни донишҷӯёни курсҳои аввали донишгоҳҳо насарсанҷӣ баргузор менамояд. Фикру ақидаҳои онҳо вобаста ба фаъолияти марказ дар 20 савол пурсида мешавад.

Дар асоси ин пурсишҳо марказ сол ба сол фаъолияти хешро беҳтар карда истодааст ва яке аз онҳо ҳамасола афзудани теъдоди нуқтаҳои бақайдгирӣ мебошад. Агар дар оғози фаъолият, соли 2014 дар ҷумҳурӣ 20 нуқтаи бақайдгирӣ бошад, имсол ин теъдод ба 40 нуқта расидааст. Дар баробари ин марказҳои имтиҳонӣ низ афзуда истодааст. Соли аввал 40 маркази имтиҳонӣ буд, имсол 50 маркази имтиҳонӣ ба нақша гирифта шудааст.

- Довталабон дар кадом ҳолатҳо ҳуқуқи навиштани аризаи апеллятсионро доранд?

-Довталаб дар ду ҳолат метавонад, ки аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд. Якум, агар дар рӯзи имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ раванди имтиҳон халалдор шуда бошад. Агар дар супоридани имтиҳон ба довталаб ягон нафар  халал расонад, ӯ метавонад аризаи апеллятсионӣ нависад, ки  ба рафти имтиҳон халал эҷод шуд. Дар сурати тасдиқ шудани эътирози довталаб ба ӯ имкон дода мешавад, ки дар имтиҳони иловагӣ  иштирок намояд.

Ҳолати дувум баъд аз эълони натиҷаи имтиҳонот. Агар довталаб ба натиҷаи имтиҳони супоридааш ба шубҳа ояд, бо даъват шудани мутахассисон  аз берун  ариза баррасӣ  ва муаммои пешомада равшан карда мешавад.

- Дар ин замина боз як суоли дигар ба миён  меояд. Довталабоне, ки бо сабабҳои узрнок рӯзи таъиншуда ба имтиҳон ҳозир шуда натавонистанд, чӣ кор мекунанд?

-Дар ҳақиқат ин масъаларо низ Маркази миллии тестӣ ба инобат гирифтааст. Агар довталаб ба рӯзи имтиҳон омада натавонад, имкон дорад, ки ба маркази имтиҳонсупорӣ омада,  ариза нависад.

Тибқи ариза довталаб ба имтиҳони иловагии пешбинишуда роҳ дода мешавад. Имтиҳони иловагӣ рӯзи 12-уми июли соли 2021 баргузор мешавад.

-Пас, рӯзҳои имтиҳон аллакай маълуманд, ҳамин тавр?

-Бале, имтиҳонҳо аз 1-ум то 7-уми июл, имтиҳонҳои иловагӣ 12-уми июл баргузор мешаванд. Эълони натиҷаи имтиҳонот 20-уми июл аст. Натиҷаи тақсимот бошад, рӯзи  24-уми июли 2021 эълон мешавад.

-Мо дар мавриди баргузор намудани мониторингҳо аз ҷониби Маркази миллии тестӣ суҳбат кардем, дар ҳамин замина марказ давоми 7 сол аз кадом корҳо даст кашид ва дар кадом самтҳо дигаргуниҳо илова шуданд?

-Солҳои пеш довталабон дар заминаи синфи 11-ум ду имтиҳон месупориданд. Баъди назарсанҷиҳо, таҳлилҳо дархост ва пешниҳодҳои шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар, ки мо бо онҳо ҳамкориҳои зич дорем, Маркази миллии тестӣ тарҳи нави маҷмӯи саволу масъалаҳои тестиро таҳия намуд ва дар натиҷа аз ду имтиҳон ба як имтиҳон гузашт. Довталаби имрӯзаи мо дар доираи 4 фан як имтиҳон месупорад.

Инчунин, рӯзҳои эълони натиҷаи имтиҳон тибқи дархосту пешниҳоди шаҳрвандон кӯтоҳ шуд.

Дар назар аст, ки дар шаҳри Душанбе, бо зиёда аз 100 компютер маркази хизматрасонии кампютерӣ ташкаил шавад. Имтиҳонсупорӣ тариқи кампютер  ба таври озмоишӣ рафта истодааст. Баъди омодагиҳои ҳаматарафа марказ дар нақша дорад, ки имтиҳонотро тариқи компютер баргузор намояд.

 -Чун дар мавриди истифодаи кабинети инфиродӣ, компютеркунонии имтиҳонот дар ояндаи наздик сухан рафт, мехоҳам ба як масъалаи бисёр ҷиддӣ  рӯ орам, ин ҳам бошад, дониши техникӣ ва истифодаи компютер, дастрасӣ ба интернет аз ҷониби довталабон дар як сатҳ нест. Мутаассифона, хатмкунандагони манотиқи дуртари кишвар айни ҳол ба таври бояду шояд бо компютер сару кор гирифта наметавонанд. Маркази миллии тестӣ дар ин замина чӣ тадбирҳо андешида истодааст?

- Айни замон Маркази миллии тестӣ 107 нафар таблиғгарро, аз ҳисоби фаъолони Раёсати маорифи шаҳру навоҳии кишвар  омода кард. Баъди  семинарҳои омӯзишӣ ва гирифтани маълумоти муфассал доир ба фаъолияти марказ  онҳо ба макотиби шаҳру навоҳӣ рафта, бо хатмкунандагон, падару модари онҳо ва устодон вохӯрда, роҷеъ ба фаъолияти марказ суҳбат баргузор менамоянд.

Тамоми низоми фаъолияти марказро аз оғоз то анҷом мефаҳмонанд. Дар ин замина ҳамчунин, кор бо кабинетҳои инфиродӣ фаҳмонида мешавад.

 - Ташаккур, суҳбати самимӣ буд  ва иттилои ҷолиб дарёфт намудем!

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳамасола санаи 23-уми феврал дар тамоми қаламрави кишвари азизамон Рўзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад.

Вобаста ба ин, собиқадорон, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд ва кулли кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми бузург мегузоранд, сидқан таҳният менамоям.

Читать далее

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмун тадбир андешанд.

Читать далее

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.

Читать далее