February 2021

22 February 2021

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Читать далее

АҲМАД ЗИЁ РАҲБАРИЯТИ НАҲЗАТИРО БА ТАҲЛУКА ОВАРД

Ахиран, як изҳороти ҷониби Афғонистон раҳбарияти ТТЭ ҲНИ-по сахт ба таҳлука овард. Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 18-го февраля феврал зимни суханронӣ оид ба натиҷа террористои "Конфронси минтақаии мубориза мубориза алайҳи терроризм" узур доштанизии дои ҳузур доштанизии доиҷ узур доштанизии доиҷ Тибқи изҳороти вай, аз от 6 до 10 азор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар мавҷуданд, ки дар миёни онҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ низ ҳастанд.

Читать далее

РАҲБАРИ РАЁСАТИ УМУМИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН ҲУЗУРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТИРО ДАР КИШВАРАШ ТАСДИҚ КАРД

Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал зимни суханронӣ оид ба натиҷаҳои "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" ҳузур доштани дастаҳои ҷангии ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро дар ҶИА тасдиқ кард. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла сомонаи радиои «Озодӣ» 19 феврали соли ҷорӣ  хабар доданд. Тибқи иттилои мазкур, раҳбари мақомоти амниятии Афғонистон аз мавҷудияти 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтааст, ки дар миёни онҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ  низ ҳастанд.

Читать далее

Ятимов ба мансабдорони аврупоӣ аз ҲНИТ шикоят кард

Ятимов таъкид сохт, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиорҳои дуруғин, баҳонаҳои бофта, бо ҳуҷҷатҳои қалбакиву сохта дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданианд

Читать далее

Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи мақомоти марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 19.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврали соли ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин  Ятимов бо ҳайати баландпояи хадамотҳои марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо: Анджей Якубшек — директори раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии мақомоти марзбонии Полша, Лоте Лавиня ван дер Маде — мудири бахш оиди ба бозпасгардонӣ ва Эдита Скибинска — масъули аршади тамос оид ба бозпасгардонӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.

Читать далее

АЗ ИЗҲОРОТИ АҲМАДЗИЁ СИРОҶ НАҲЗАТ БА ДАҲШАТ ОМАД

Аз як изҳороти ҷониби Афғонистон саркардаи наҳзати террористӣ ба даҳшат омад ва аз ноилоҷӣ як баёнияи дуруғинеро паҳн кард, ки касе ба он бовар надорад. Гап сари он аст, ки раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, Аҳмадзиё Сироҷ, дар суханрониаш вобаста ба натоиҷи "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" ҳақиқатеро гуфт, ки он ҳоли саркардаи наҳзат ва ҳаммаслакони уро бад кард кард.

Читать далее

Хуҷанд: Беш аз 1 миллиону 200 ҳазор бех ниҳолҳо ба ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба фурӯш гузошта шуд

Дирӯз  дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз намоиши ниҳолу кӯчат ва дастранҷи боғдорон аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ярмаркаи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварон ва сокинону меҳмонони шаҳр гардид.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазир, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд

19 феврал дар бинои Ҳукумати мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба маъракаи кишту кори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, баррасӣ гардида, ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Читать далее

Татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани ҳолати партовкашонӣ дар шаҳри Бӯстон ва воридсозии техникаҳои нав

Дар доираи ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ барои баровардани партовҳои маишӣ дар шаҳри Бӯстон чор адад техникаи нави партовкашонӣ ворид карда шуд.

Зимни муаррифии техникаҳо ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки масъулини ҶДММ “Билол-2017” бо хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр шартномаи ҳамкорӣ баста, бо истифода аз техникаҳои нав хизматрасонии коммуналиро ба роҳ мемонад.

Читать далее

19 February 2021

Баҳри таъмини волоияти қонун

Дар нишасти матбуотӣ прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ оид ба фаъолияти ин мақомоти муҳими давлатӣ дар соли 2020 гузориш дода, изҳор намуд, ки дар сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ 1558 маротиба санҷиш гузаронида шуда, 25233 қонунвайронкунӣ ошкор гардиданд. Баҳри бартараф сохтани ин қонунвайронкуниҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои поймолгардидаи шаҳрвандон, корхонаҳо ва давлат 4334 амр дода, 2286 пешниҳод бароварда, 2909 эътироз оварда, 891 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, эътироз оварда, 891 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз онҳо 77 адад оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.

Дар асоси санадҳои эътиноии мазкур инчунин, 219,9 миллион сомонӣ маблағи зарар, аз ҷумла 115,2 миллион сомонӣ ба фоидаи буҷет, 56,7 миллион сомонӣ ба коргарон ба сифати музди меҳнат, 2,1 миллион сомонӣ маблағи нафақа ба нафақахӯрон ва 45,9 миллион сомонӣ ба манфиати корхонаҳо барқарор карда шудааст. Дар давоми соли 2020 ҳамагӣ 1619 адад парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди муфаттишони мақомоти прокуратура қабул гардида, тафтиши 1016 адади он ба итмом расонида, аз онҳо 959 адад барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо фиристода шудааст. Кормандони мақомоти прокуратураи вилоят анҷоми баррасии 2496 адад парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла, 42 адад оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнин ва 498 адад оид ба ҷиноятҳои вазнин дар судҳои марҳалаи якум ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ иштирок намуда, барои қабули ҳукмҳои қонунан асосноки судӣ ҳамаҷониба мусоидат намудаанд.

Дар ҳамин давра ба 70 адад ҳукми судҳо то ба қувваи қонунӣ даромадан эътирозҳои кассатсионӣ оварда шуда, то охири сол 59 адади он баррасӣ гардида, 58 адад қонеъ гардонида, бо санадҳои коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди вилоят қонунвайронкуниҳои судҳои марҳалаи якум бартараф карда, ҳукмҳои онҳо ба талаботи қонунҳо мутобиқ гардонида шудаанд. Fайр аз ин, ба 43 адад санадҳои судҳои марҳалаҳои якум ва кассатсионӣ ба президиуми Суди вилоят аз тарафи прокурори вилоят 43 эътирози назоратӣ оварда шуда, то охири сол ҳамаи онҳо баррасӣ гардида, 30 ададашон қонеъ гардонида, қонунвайронкуниҳои судҳои поёнӣ бартараф карда шудааст. Аз ҷумла, дар асоси эътирозҳои кассатсионӣ 7 ҳукм ва бо эътирозҳои назоратӣ 12 ҳукму таъиноти судҳои зинаҳои якуму дуюм бекор карда, 19 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ба баррасии нави судӣ фиристода шудаанд. Дар соли ҳисоботӣ кормандони мақомоти прокуратураи вилоят инчунин, ҳангоми баррасии 630 адад парвандҳои граҷданӣ, аз ҷумла 24 адад оид ба барқарор намудан ба ҷойи кор, 82 адад марбут ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ ва 3 адад вобаста ба ҷуброни зарари ба ҳаёту саломатӣ расонидашуда дар судҳои шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, баҳри тасвиби санадҳои қонунӣ хулосаҳои асоснок додаанд. Аз тарафи мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ҳамагӣ 3244 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, 722 адад ё 22,3 фоизи онҳо қонеъ гардонида, вобаста ба онҳо 302 санадҳои эътиноӣ (эътироз, амр, пешниҳод) бароварда, 287 (299) адад қарори мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор карда, 117 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 58 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар як вақт ҳуқуқу манфиатҳои 554 нафар шахсони воқеӣ ва 96 адад шахсони ҳуқуқӣ барқарор карда шудааст. Дар охир рӯзноманигорон оид ба вазъи сарҳади Тоҷикистону Қиғизистон, вазъи ҷинояткорӣ дар тӯли як соли ҳисоботӣ, афзудани таълими ғайриқонунии динӣ ва дигар муаммоҳои дохили кишвар суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд

Читать далее