February 2021

12 February 2021

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил дар бораи мавзӯоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули назар карданд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ашт

10 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар хоҷагии деҳқонии ба номи Д. Қобилови  Ҷамоати деҳоти Ашт ба кишти картошкаи барвақтӣ оғоз бахшид.

Хоҷагии мазкур соли 2007 ташкил шуда, дорои 1,42 га замини корам аст, ки соли ҷорӣ дар 1 гектари он кишти картошкаи барвақтӣ гузарнида мешавад.

Ба иттилои масъулин кишоварзони хоҷагӣ аз тухмии картошкаи маҳаллӣ истифода бурда, интизор доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Читать далее

Ашт. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ниёзмандонро аёдат намуд

10 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ятими кулл Шоҳҷаҳон Раҳимовро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондааст, аёдат карда, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.

Раиси вилоят дар суҳбат бо Шоҳҷаҳони хурдсол, ки айни замон дар тарбияи бобову бибиаш қарор дорад, иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос насозад, зеро давлату Ҳукумат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгири ятимону ниёзмандон буда, барои тарбияву таҳсили онҳо мунтазам кӯмак мерасонад.

Читать далее

11 February 2021

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони ноҳияи Ашт

10 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сокинони ноҳияи Ашт мулоқот намуд.

Дар мулоқот Раиси вилоят нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон рушди тамоми соҳаҳо таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба маротиб беҳтар гардид.

Читать далее

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат кард

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат карда, ҳофизи маъруфро бо ҷашни мавлудаш табрик намуд.

Раиси вилоят ҳунарпешаи шинохтаро, ки соли равон ба синни 80 расид, табрик гуфта, ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ, умри бардавом, дилу шоду илҳоми саршор ва комёбиҳои боз ҳам тозаи эҷодиву ҳунариро таманно кард.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбоновро, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки  дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба рушди тамоми соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ин раванд дар вилояти Суғд низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, барои дастгирии дастаҳо ва рушди футбол аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Читать далее

Маросими супоридани медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ба Клуби футболи “Хуҷанд”

10 феврали соли 2021 дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят маросими супоридани медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба Клуби футболи “Хуҷанд” баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов дар вазъияти тантанавӣ медалҳои нуқрагини Чемпионати Тоҷикистон оид ба футболро ба бозингарон ва ҳайати мураббиёни Клуби футболи “Хуҷанд” супориданд.

Читать далее

Адл аз камоли ақл хезад

Мардуми шарифи Тоҷикистон мисли ҷомеаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мехоҳанд ба[ри а[олии кишвар зиндагии шоиста таъмин гардад.

Аз ин рӯ, аз сидқи дил меҳнат менамояд, мувофиқи зарфият ва донишу маҳорати хеш дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтисодӣ ва иҷтимоиву маданӣ саҳм мегузорад ва умедвор аст, ки подоши ранҷҳои кашидаашро хоҳад гирифт ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Имрӯз кишвари азизамон – Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои мамлакат, яъне ҳам сиёсат, ҳам иқтисодиёт ва ҳам илму фарҳанг зина ба зина пеш рафта,  ба дастовардҳои бузург ноил гардида истодааст, ки барои ҳамагон ва аз ҷумла, ҷаҳониён мусаллам аст. Зиндагии мардум ҳар сол нисбат ба соли пешин хубтару фаровонтар ва гуворотар гашта истодааст. Дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дорад, басо муҳим ва сазовори таҳсин аст

Аммо, мутаассифона, то ҳол касони нотавонбину хоини ватану миллати тоҷик дар гӯшаву канори дунё бо мақсади ноором кардани сул[у субот дар хоку насли аҷдодони худ нафас мекашанд ва барои амалӣ намудани ин нияти ношуданӣ аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонанд, чоҳ ба зери пои хеш мекананд  наҳаросида аз он ки рӯзе худ ба он сарозер фурӯ мераванд. Ба сўи кишвари хеш сангандозb мекунанд, худро “ғамхор”-и миллат меҳисобанд, аммо дар замир андешаи дигар доранд. Мехоҳанд бо туҳмату буҳтонҳои муғризонаи хеш тафаккури ҷомеа, хоса ҷавононро тира сохта, барои амалӣ гардидани ғаразҳои шахсӣ тухми бадӣ мепошанд.

Ҷавонони имрӯза бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои расидан ба зиндагии аз ин ҳам шоистатар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Беш аз пеш ба омӯхтани илму ҳунар рӯ оранд, бо технологияҳои инноватсионӣ ошно гарданд, забон омӯзанд ва дар таъмини зиндагии шоиста дар Ватани худ саҳмгузор бошанд.

Маҳмудҷон МУРТАЗОҚУЛОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ

Чӣ хеле ки дида истодаем, дар саросари бештари кишварҳои ҷаҳон бесарусомониҳо ба вуқуъ омода истодаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳар гуна баҳонаҳои ночиз  ёфта мехоҳанд байни мардум бо намоишҳои зархаридонаи худ норозигӣ  ба вуҷуд оранд ва тухми низоъ бикоранд.

Пӯшида нест, ки сиёсати Аврупо ҳамин аст, бо дасти худи мардуми ҳамон давлат сар занонидан ва ба як вайронахона табдил додани ҳамон кишварҳост. Ин таҷрибаро онҳо дар даҳҳо кишварҳо аллакай истифода бурда натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.

Мо набояд дар канор бошем. Аз ин бадбиниву бадхоҳӣ ягон кишвар амин нест, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ.

Мо, шаҳрвандони кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ин гапи холӣ нест.

Мо бояд аз ҳарвақта бештар ҷавонон ва насли навраси худро дар зери назорати ҷиддӣ қарор диҳем, чунки онҳо қисми осебпазири ҷомеаи мо буда,  ба зудӣ метавонанд раҳгум шаванд.

Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд. Бояд моён шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оид ба корҳои зишти гуруҳҳои манфиатҷӯй сӯҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гуруҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.

Муковимат бар зидди терроризму эктремизм натанҳо вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратист, алайҳи ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона мебояд. Ва дар сафи пеши он бояд чавонон карор дошта бошанд. Зеро маҳз насли наврасу чавон ҳамчун кувваи пешбарандаи чомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки ҳар давлату миллат дар дасти онҳост.

Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.

 Бояд пеш аз ҳама насли ҷавонон ҳушёр бошанд, нагузоранд, ки ин бехалафон, онҳое, ки аллакай виҷдону номуси худро фурӯхтаанд, онҳое, ки дини мубини Исломро танҳо ба манфиати худ истифода мебаранд, ононро васваса карда ба роҳи шармандагиву бешарафӣ баранд.

Бо чашми сар бинед, ки гавҳари нодиртарин ин пулу мол нест, ин сулҳ аст.  Ҷомеаи имрӯзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.

Валиева М.Н.
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Фарҳанги миллиро нигоҳ дорем!

Имрӯзҳо дар мамлакати ободу озоди мо ҳама хушу хурсандона зиндагӣ доранд. Лек бархе аз занону духтарони  мо либосҳоеро, ки  ба фарҳанги мо бегона аст, ба бар мекунанд.

Ин сару либосҳои бегона, аз бегонапарастӣ ва бехабар будан аз фарҳанги сару либоспушии занон шаҳодат медиҳад. Магар бегонапарастӣ ин озодиву маданияти сару либоспӯшиаст, ки онҳо худро ҳамчун шахси бомаданият мехисобанду тақлид бар либосҳои фарҳанги дигар миллат мекунанд. Фарҳанги либосдории миллати тоҷик аз қадимулайём яке аз фарҳангҳои зеботарину оламшумор ба ҳисоб мерафт.

Занон  аз фарҳанги пушидани сару либоси миллати худ бояд истифода бурда ба ҷаҳониён дарак аз он кунанд, ки мо тоҷикони ҷаҳон сару либоси худро дорем ва аз он пайваста ифтихор дорем. Маҳз дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ба воя расидани ҷавонони мамлакат барои рушду пешрафти кишвар пояи асосӣ мегузорад, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд.

Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим расму анъанаҳои худро ҷиҳати ба бар кардани сару либосҳои миллӣ вобаста ба минтақаи худ дошт ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳамин лиҳоз гуфтан ҷоиз аст, ки ҷавонону занҳои мардуми мо набояд тақлид аз бегонагон кунанду фарҳанги либоспӯшии мардуми бегонаро дар байни ҷомеа паҳн кунанд. Бар акс мо бояд фарҳанги сару либоспӯшии мардуми худро дар байни ҷомеъа бояд эҳё намуда аз анъанаҳои миллии худ васеъ истифода барем ва  ҷавононро дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ тарбия кунем.

Дониёров М.Р. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо
ва соҳибкории ДДҲБСТ

Читать далее