February 2021

11 February 2021

Андешаи ифротӣ

Рӯзҳои охир сару садоҳо оиди аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ тариқи Ютуб канали ҷадид паҳн гардид. Баромади навбатӣ аз баромадҳои қаблии ӯ ягон фарқ надорад.

Мисли пештара сангпартоӣ сӯи кишвари худ ва мусичаи бегуноҳ нишон додани хеш.  Онҳо бо ҳар роҳу восита байни мардум иғвоангезӣ кардан мехоҳанд. Амалу рафтори онҳо инро нишон медиҳад. Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш чандин гуна гурӯҳҳоро таъсис доданд, лекин натиҷа надод. Акнун аз давлатҳои Аврупо истода, аз он ҷо иғвоангезӣ намуда истодааст. Барои ин қабил инсоҳо танҳо манфиати шахси вуҷуд дораду халос, манфиати давлату миллат барои онҳо чизи бегона аст.

 Хуб мешуд агар М. Кабирӣ вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро аз соли 1992 то инҷониб барои худ таҳлил менамуд, муқоиса менамуд. Ман бо боварии том метавонам гӯям, ки дастовардҳои кишвари мо дар  давраи кутоҳи таърихӣ ба амал омад. Лекин дар бораи дастовардҳои кишвар ягон даҳан сухан нагуфт. Яъне ин тоифа тавони дидани дастоварду пешравиҳоро надоранд.

Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқи ДДҲБСТ

Читать далее

ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ

Соли сипаришуда ба мардуми кишвар мушкилоти зиёдеро ворид намуд. Ба бӯҳрони бисёр шадиди иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ шудем. Бо вуҷуди таъсири манфии паҳншавии бемории сироятии коронавирус «Ковид-19» амалӣ гардидани тадбирҳои саривақтӣ оромии сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик таъмин гардид. Ба сӯйи қуллаҳои баланди комёбиҳо қадамҳои устувор гузошта шуд. Сулҳу суботу тинҷиву оромии кишварамон як неъмати бебаҳост.

Аз санаи 1-уми феврал амал кардани масҷидҳо мо масъулони масоҷидро вазифадор менамояд, ки ба риояи талаботи санитарӣ-гигиенӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, бо ниқоб ба масҷид омадани намозгузоронро таъмин намоем. Фосилаи иҷтимоӣ риоя карда шавад. Дастури тавсиявии мақомотҳои ҳифзи саломатӣ ва санитарӣ дар амал тадбиқ карда шуда, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19» ва дигар бемориҳои сироятӣ дар масҷидҳо, андешидани чораҳои қатъӣ доир ба гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ ва зидди эпидемикӣ, безараргардонӣ, инчунин фароҳам овардани шароити бехатарӣ муайян ва пешбинӣ карда хоҳад шуд.

Ҳар як фард масъули ташкили корҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ мебошад. Шароити имрӯзаи вазъи эпидемиологӣ тақозо менамояд, ки утоқҳои масҷидҳо бо миқдори кофӣ , маводи безараргардонӣ, собун ва маҳлули зидди уфунӣ (антисептикӣ) таъмин бошанд. Дар даромадгоҳҳои масоҷид гузаргоҳҳои безараргардонӣ ташкил намуда, дар ҷойҳои намоён овезаҳои «Бе ниқоб даромадан манъ аст», «Ба даст салом кардан ва ба оғӯш гирифтан манъ аст» сабт карда шавад.

Зуҳуроти номатлуби  хатарноки терроризму экстремизм ҳар як фарди ватандӯстро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти Тоҷикистони азизамон диққати аввалиндараҷа диҳад. Зеро қарзи шаҳрвандии ҳар фарди солим аст. Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои халалдор намудани вазъияти ором ва барангехтани тафриқаву низоъҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат аз нақшаҳои ғаразноки хеш даст накашидаанд. Аз тамоми воситаҳо истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки оромии кишварро халалдор намоянд.

Ҳифзи суннат ва арзишҳои миллӣ, сулҳу суботу ваҳдат бар дӯши ҳар фарди ватандӯст аст.  Чун фарзанди фарзонаи диёр зираку ҳушёр бошем. Бо омӯзиш  донишу ақлу заковатро бой ва ботини худро пок созем. Фаҳмишу худшиносӣ ва ифтихор аз миллату давлати азизамон Тоҷикистон намунаи ибрати имрӯзу фардои мо бошад.

Ҳоҷи Набихони Ярқулзода
Имомхатиби масҷиди ҷомеаи
ҷ/д Шаҳраки ш. Исфара

Читать далее

Ифротгароӣ – амали даҳшатнок

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифта, моҳияти ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Имрӯзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад.

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад,  реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.

Умарова С.И. – сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Читать далее

ЧЕҲРАИ БОЗ ЯК НОХАЛАФ ОШКОР ГАРДИД

Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” бори дигар исбот намуд, ки дар ҳақиқат ҳам агар инсон дар муҳити носолим ба воя расида бошад, носолим инкишоф меёбад ва мағзи носолим ҳаргиз ба арзишҳои инсонӣ ва арзишҳои ҷамъиятӣ қадр намегузорад.

Мард будан, худ  як далели хеле возеҳ ва равшан мебошад.  Қаҳрамони филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” М. Садриддин  як нафарест, ки шаъну шарафи мардиро зери по гузоштааст.

Филми мазкур дар бораи нафаре қисса мекунад, ки имкониятҳои хешро аз даст додаасту  ба маризӣ гирифтор шудааст ва ҳамин маризияш ӯро ҳатто бевиҷдону бешараф гардонидааст, ки худ бехабар мондааст.  Албатта, он чӣ М. Садриддин имрӯз мегӯяд шояд барояш қабул шуда бошад, лек барои ҷомеаи мо ин бешарафӣ аст.

М. Садриддин худро ҳомии дину мазҳаб мешуморад, ки ин амалаш дубора ӯро манқурт ва равонӣ буданашро исбот менамояд. Пас М. Садриддин воқеан ҳам бешарафу бевиҷдон будааст, ки ҳатто бо ин амалаш номи мусалмононро бад кард.

Маълум мешавад, ки инсони бешараф асло парвои арзиши инсонӣ надорад ва мақсади зишту нопок дорад, ки мо инро бараъло дар мисоли М. Садриддини наҳзатӣ мушоҳида менамоем.

Насриддинов,
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Паймони миллӣ макони террористони наҳзатӣ

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди душманони хиёнаткори миллат, амсоли гурӯҳҳову афроди бегонаи ватанфурӯш ба мисли Кабирӣ ва пайравони ӯ мебошад. Зеро аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ифротгароӣ бо мақсади  таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ мубориза мебарад.  Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 90-ум мебошанд.

Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст,  ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд.

Мутаассифона имрӯз бархе аз ифротгароён, хоинони миллат ақидаҳои нодуруст, ҳадафхои нопоки худро мехоҳанд амалӣ созанд ва сулҳу субботи ҷомеаро халалдор намоянд.  Вале ҳоло мардум чеҳраи аслии ин афродро шинохтаанд, ки бештари ин афрод дар  гузашта  чинояткор будаанд.

 Ин гуна афроди хиёнаткор арзиши истиқлолият, ки  волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мебошад,  қадр намекунанд!

Дар паҳнои замонҳо миллати мо дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.Роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намудем. ТТЭ ҲНИ, Кабирӣ ва хоҷагони онҳо, ки   мақсадашон ноором кардани сулҳу суботи кишвари мо аст, ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои худ нахоҳанд расид..

Қадри истиқлолияти давлатӣ, ки  барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад ва ин арзишҳоро  чун гавҳари ноёб  аз ҳар гуна гурӯҳҳову афроди бегонаи давлатфуруш эҳтиёт кард!

Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., дотсенти
кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

Читать далее

АЪЗОИ ҶАМЪИЯТИ ТЕРРОРИСТОН

Ҳоло ҳамон гуна, ки ба ҳамагон маълум аст, М.Кабирӣ яке аз саркардагони ТТЭ ҲНИ  имрӯз, дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурда, бар алайҳи миллати тоҷик иғвобарангезӣ мекунад, ки ин хиёнати маҳз мебошад. Кабирӣ ҳамчун хиёнаткор дар назди миллати тоҷик шинохта шудааст ва хиёнатҳои зиёде кардааст, ки миллати тоҷик ҳаргиз ӯро нахоҳад бахшид.

Имрӯз, вай дар кишварҳои аврупоӣ бар алайҳи миллат дасисабозӣ намуда, мехоҳад обрӯву нуфузи миллатро дар арсаи байналмилалӣ паст занад, ки ин хиёнати нобахшиданист. Кабирӣ нафарест, ки нонро хӯрда ба намакдон ношукрӣ кардааст ва ин амал хоси мардон нест. Танҳо номард қодир аст, ки риояи нони хӯрдааш накунад ва Кабирӣ ҳам ҳаминхел хоин мебошад, ки бар Ватани худаш хиёнат кардааст.

Кабирӣ ҳоло ғуломи охундҳо гардидааст, ки бо амру супориши онҳо хизмат мекунад ва мақсаду маромаш ҳам амали намудани мақсадҳои нопоки ҳамин хоҷагонаш асту халос. Мақсаду нияти Кабирӣ ин душманӣ бар миллати тоҷик мебошаду мехоҳад, мақсадҳои нопоки хоҷагонашро амалӣ гардонад, ки мо ҳаргиз иҷозат намедиҳем, ки хоини наҳзатӣ ба ин мақсади нопокаш бирасад.

Ҷомеа, бояд огоҳ бошад, ки хоинони миллати тоҷик ба мисли Кабирии террорист ва дигар палидони фирорӣ мақсадашон душманӣ бар миллат асту халос.

Д.Давлатов
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Дӯстии наҳзату Кабирӣ бо терроризми байналмилалӣ

Мулоҳизот ба мақолаи «Ҷунбиши ихвонӣ ва ташкилаи назҳатӣ: воқеият ва мушобеҳат (робитаи ҳизби наҳзат ба ташкилотҳои экстремистиву террористии ҷаҳонӣ)».

Воқеан, ҳақ ба ҷониби муаллиф, ки ҷунбиши «Ихвон –ал-муслимин» созмони динии неруманди сиёсии садаи сипаригашта ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он гӯё « эҷоди ваҳдати миёни мусулмонон» мебошад. Онҳо даъво доранд, ки ислом ба сифати дини ҷаҳонӣ пешоҳанги олами муосир бояд бошад. Ихвониҳо ва ихвониҳои нав, аз ҷумла, М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар муборизаи худ усули низомӣ ва сиёсиро истифода мебаранд.

Воқеан, кулли ҷунбиши исломӣ, ки дар минтақа ва олам фаъолият мебаранд, ба василаи хадамоти иттилоотии хориҷӣ тарҳрезӣ шуда, ҳамеша зери назари созмонҳои махсуси абарқудратҳо қарор доранд.

Ҳам созмони «Ихвон-ал-муслимин» ва ҳам ТТЭ ҲНИ ҳадафи ягонаи стратегӣ доранд. Ҳадафи стратегӣ ва бунёдии ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат аз идеологияи ихвонӣ сарчашма мегиранд. Мавриди тазаккур аст, ки ҳам роҳбари вақти «Ихвон-ал-муслимин» Муҳаммад Мурсии мисрӣ зиндонӣ шуд ва ҳам фаъолияти  тақдири ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бад анҷомид.

М. Кабирӣ таҳти сарпарастии пулию молӣ ва маънавии хоҷагони хориҷӣ  фаъолияти худро ба роҳ монда,  ҷилва дар минбар менамояд. Дар асл бошад, ғояҳои ихвониро тарафдорӣ карда, мардумро гумроҳ месозанд. Бояд таъкид сохт, ки наҳзат ҳамон ихвон аст ва идеологияи ихвониро тарғибу ташвиқ менамояд.

Мо фаъолияти ҷунбиши исломии «Ихвон-ал-муслимин» ва тарафдору пайравони онро маҳкум менамоем.

Якубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

10 February 2021

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

9 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи мулоқоту вохӯриҳои аъзои Маҷлиси миллӣ бо аҳолӣ бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.

Раиси вилоят зимни мулоқот нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили дақиқ, натиҷагирии асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас самтҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, аз ҷумла роҳҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва вазифаҳои навбатиро муайян намуданд, ки ҳадафи он татбиқи манфиатҳои миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум аст.

Читать далее

ТАЛОШ БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР

Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи чорабиниҳо таҳти шиори «1300 - рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинӣ ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар ин замина якчанд иншооти таъиноташон гуногун сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамчунин, дар баъзе аз иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, умед аст, ки то таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ ба итмом расад.

Бо мақсади дар кадом сатҳ қарор доштани корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ҷамоати мазкур сафари корӣ анҷом дода, бо масъулини соҳа, аниқтараш бо муовини раиси ҷамоат Шарифҷон Ӯрунбоев ҳамсуҳбат гардидем. Мавсуф аз корҳои ободониву бунёдкорӣ иттилоъ дода, қайд намуд, ки нақшаи чорабиниҳо дар ҳаҷми 27 банд таҳия гардида, имрӯз аз рӯи он корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Бино ба иттилои масъулин алҳол дар ду тарафи роҳи марказии ҷамоат арчаҳои ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд.

Ҳамчунин, масъалаи чароғонкунии ҳудуди ҷамоат ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои наздик дар ин самт корҳои омодагӣ ҷараён мегиранд. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯст сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ва таъмири мактабу бунгоҳҳои тиббӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Таъмири синфхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 31 ва 25, сохта ба истифода додани Маркази саломатӣ аз ҷумлаи инҳо мебошанд. Шарифҷон Ӯрунбоев аснои суҳбат қайд намуд, ки соли 2019 бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Баҳром Шарифов як кӯдакистони замонавӣ сохта, барои тарбияи 120 нафар кӯдак тӯҳфа намуд. Инчунин, якчанд марказҳои хизматрасонӣ аз қабилӣ ошхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва нуқтаи хизматрасонии нақалиётӣ сохта мавриди истифод қарор гирифт.

Дар радифи корҳои созандагӣ маркази ҷамоат ва деҳаҳои он тариқи ҳашари аз партовҳо тоза ва дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади ободу зебо гардонидани ҷамоат ва дар натиҷаи корбариву суҳбат дар байни сокинон ва соҳибкорон ба нақшаи чорабинии тартибдодашуда, 10 банди дигар илова гардида, теъдоди иншооти ҷашнӣ дар ҷамоат зиёд гардид. Зиёд гардидани иншооти ҷашнӣ ва дастгирии соҳиборон далолати хуб қабул намудани муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи шоиста истиқбол намудани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, - гуфт Ш. Ӯрунбоев.

Дар идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ бо дастгирии сохибкорони саховатманд ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ кӯчаҳои марказии деҳаҳои ҷамоат таъмир гардида, сохтмони таҳкурсии парчами давлатӣ дар назди ҷамоат ба нақша гирифта шудааст. Сокинони ҷамоат минбаъд низ шукрона аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи саривақтиву босифати нақшаҳо ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ равона менамоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ИХТИСОСҲОИ МУОСИР ТАЪСИС МЕЁБАНД

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар масъулони сохторҳои донишгоҳ ширкат намуданд. Муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов оид ба фаъолияти солонаи донишгоҳ маълумот дода, аз ҷумла қайд кард, ки дар раванди таълими соли таҳсили 2020 - 2021 ба курси якуми донишгоҳ 3735 нафар донишҷӯ тариқи Маркази милли тестӣ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 181 нафар зиёд мебошад.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факулта ва 80 кафедра ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад. Қайд гардид, ки шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 23130 нафар буда, аз он 10302 нафар (3752 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12828 нафар (1144 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи Президентӣ 870 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 494 нафар духтар мебошанд. Дар соли таҳсили 2019 - 2020 донишгоҳро 4623 донишҷӯ хатм намуданд, ки аз онҳо 1997 нафар шуъбаи рӯзона ва 2492 нафар шуъбаи ғоибонаро хатм намудаанд.

Боиси қайд аст, ки соли равон навгониҳои назаррас дар самти таълим таъсис ва иҷозатнома гирифтан барои фаъолияти ихтисосҳои наву замонавӣ аз ҷумла ихтисосҳои рӯзноманигори телевизион, WЕВ – рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита, танқиди бадеӣ, забонҳои муосири хориҷӣ (тадрис бо (забонҳои арабӣ - хитойӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ - фаронсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ - фаронсавӣ), санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад. Алҳол донишгоҳ бо 7 Муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонид ва дар маҷмуъ, бо 70 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ - тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Дар рафти нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ҳолати санитарию эпидемиологии хобгоҳҳо, дигаргунӣ дар раванди таълимоти фосилавӣ, ташкили ихтисосҳои нав дар кафедраи журналистика, гирифтории кормандони донишгоҳ ба коронавирус, дастгирӣ ва имтиёз ба донишҷӯёни камбизоат ва ятимон, пардохти саривақтии идрорпулии донишҷӯён, асардуздии номзадҳо ва амсоли ин суолу ҷавоб доир гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее