02 April 2021

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори маркази тиббии “AKFA Medline”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Камола Мирзалиева

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори маркази тиббии “AKFA Medline”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Камола Мирзалиеваро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи нигаҳдории тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилоят дар оғози суҳбат таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳким ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи тиб низ равобити дуҷониба мавҷуд буда, табибони тоҷику ӯзбек аз таҷрибаи ҳамдигар истифода мекунанд.

Читать далее

АЗМИ ҶАЗМИ КИШОВАРЗОНИ ЗАФАРОБОД истифодаи самараноки замин - тақозои замон

Дар ҳама фасли сол дар манотиқи вилоят сокинон аз заминҳои наздиҳавлигии худ самаранок истифода намуда, дар он ҳама намуди сабзавот ва меваҷотро кишт менамоянд. Кишоварзону сокинон ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаашонро оқилона истифода намуда, зиндагии худ ва бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо сабзавоти тару тозаи ватанӣ таъмин менамоянд.

Махсусан ин амал дар ноҳияи Зафаробод хуб ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати оқилона ва самаранок истифода намудани замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ кишоварзон ва сокинони ноҳияи мазкур аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд ва барои гирифтани ду ва зиёда ҳосили хуб аз заминҳои наздиҳавлигӣ кӯшиш доранд.

Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия дар соли 2021 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 31028 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 5550 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо, 14850 гектар пахта, 440 гектар картошка, 815 гектар сабзавот, 1525 гектар полезиҳо ва дигар намуди зироат кишт мешаванд. Дар ноҳия ҷиҳати аз як замин ба даст овардани ду – се ва зиёда аз он ҳосили дилхоҳ кӯшиш намуда истодаанд. Аз ин лиҳоз то имрӯз дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ пурра иҷро гардид, ки кишоварзон пас аз гирифтани ҳосили он ният доранд боз дигар намуди зироатро кишт намоянд. Онҳо мекӯшанд, ки бо ин роҳ даромади оилавии худро таъмин намуда, баҳри пешрафти рӯзгорашон худ ҳиссаи арзанда гузоранд.

Сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ имсол 190 гектар картошка, 280 гектар сабзавот, 25 гектар полезиҳоро кишт хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар зери пилёнкаҳо ва гармхонаҳои хурд кишти сабзавот хуб ба роҳ монда мешавад.  Суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем» - ро кишоварзон ва сокинони ноҳия хуб дарк намудаанд.

Сокини ноҳия Абдусамад Солиев дар замини наздиҳавлигии худ кишти ҳама гуна сабзавот ва кабудиҳоро ба роҳ мондаст. Пас аз ҷамъоварии он миқдори лозимаро барои худ нигоҳ дошта, боқимондаашро ба бозор ба фурӯш мебарорад.

Ҳангоми суҳбат бо ин марди деҳқон маълум шуд, ки дар марҳалаи дуюм кишти помидору бодиринг, карам ва дигар анвои сабзавотро ба роҳ мемонад ва ба ин васила дар таъмини оилаи худ ва бозорҳо бо маҳсулоти хушсифат нақши худро мегузорад.

Дар умум имрӯз кишоварзони ноҳияи Зафаробод кишти тирамоҳии ғалладонагӣ ва картошкаи барвақтиро иҷро намудаанд ва барои саривақт гузаронидани кишти пумбадона ва дигар зироатҳои кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳия барои ҳосили хуб ба даст овардан аз корҳои агротехникӣ хуб истифода намуда, мекӯшанд баҳри дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

 “Ҳақиқати Суғд” 

Читать далее

АШТ: ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ БА КОР ОМОДААНД?

Азму суботи миробҳо баҳри рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва маданияти заминдорӣ

-Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои марбутаи соҳавӣ оид ба омода намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими обёрии соли равон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст, - гуфт дар суҳбат сардори раёсат А.Абдуллозода.

Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон, бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳисоби буҷетӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо гардидани 1,6 миллион сомонӣ маблағ ва 20 тонна сӯзишвории дизелӣ, аз он ба ноҳияоҳи Зафаробод – 700 ҳазор сомонӣ, 10 тонна сӯзишвории дизелӣ, Мастчоҳ – 300 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ашт - 600 ҳазор сомонӣ ва 10 тонна сӯзишвории дизелӣ, барои омода намудани шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ ҷудо гардид, ки он барои таъмиру омода намудани насосҳои обрасонӣ мусоидат менамояд.

Дар ин самт аз санаи якуми октябри соли 2020 корҳо оғоз гардида, то санаи 30 - юми марти соли ҷорӣ ҷиҳати ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ мутахассисони соҳа ба пуррагӣ сафарбар шуда, дар миқёси вилоят тибқи нақша аз 432 адад дастгоҳи обкашӣ 419 адади он ба пуррагӣ омода шудаанд, ки 97 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

Тоза намудани хатти шабакаҳои обёрӣ бошанд 100,16 фоиз, нақша – 621,0; иҷро 622 ҳазор м3, тоза намудани хатҳои заҳбуру заҳкаш 115,2 фоиз, нақша – 219,0; иҷро 252,2 ҳазор м3 иҷро гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз масоҳати умумии заминҳои кишоварзии обёришаванда 215 ҳазор гектараш аз манбаъҳои мухталифи обрасонӣ, идораҳои беҳдошти замин ва обёрии навоҳии вилоят хизматрасонӣ мешавад ва дар ин самт дар ҳамаи шаҳру навоҳии агросаноатӣ 215 адад Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо идораҳои обрасон тариқи бастани шартнома ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, оилавӣ ва инфиродӣ обрасноӣ менамоянд.

Тибқи маълумоти бадастомада ҳамаи иншооти обкашиву обрасонии идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят ба оғози мавсими обрасонӣ бояд то санаи 1 – уми апрели соли ҷори ба пуррагӣ омода бошанд.

Бо мақсади то кадом сатҳ омода будани иншооти обрасонӣ мо аз пойгоҳи обкашии ноҳияи Ашт дидан намуда, бо сардори идора Иброҳимҷон Воҳидов ҳамсуҳбат шуда, аз кору пайкори миробҳо огоҳӣ пайдо намудем.

Боиси зикр аст, ки дар бобати омодагӣ ба мавсими обрасонӣ то имрӯз дар самти тоза намудани хатҳои обрасонӣ, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири дастгоҳҳои обкашиву чоҳҳои амудӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Бино ба иттилои номбурда имрӯз дар ноҳия 20 пойгоҳ ва 80 адад дастгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, дар якҷоягӣ бо чоҳҳои амудӣ замини ноҳияро шодоб мегардонанд.

Кишоварзони ноҳия барои таъмин гаштан бо оби полезӣ ҳаққи хизмати обрасониро соли 2020 пурра пардохт намуда, барои соли равон пешпардохт низ кардаанд.

Таъмини фаровонҳосилӣ аз фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ вобаста буда, кишоварзон имрӯз бо дили гарм ба корҳои саҳроӣ машғуланд.

Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят минбаъд низ дар якҷоягӣ бо ташкилоту идораҳои марбутаи соҳавӣ, баҳри пешбурди фаъолияти соҳа тамоми саъю кӯшиши худро барои омода намудани иншоти обрасонӣ ба мавсими обёрии соли 2021 ва таъминоти оби полезӣ ба кишоварзонӣ вилоят равона менамоянд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,

 Истамҷон НАҶМИДДИНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Албиони ширину манфиатбор – қулфинайпарварон дар ин ақидаанд

Алҳол дар тамоми ҷаҳон соҳаи аграрӣ басо рушд ёфтаву яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Алалхусус яке аз шохаҳои он, парвариши анвои мухталифи меваи қулфинай бо истифода аз таҷрибаҳои нави муосир имрӯзҳо дар маркази таваҷуҳи хосаи мутахассисону кишоварзон қарор дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти аграрӣ дар кишвари мо низ басо таҷдиди куллӣ ба миён омада, алҳол деҳқон соҳиби замин буда, озодона онро истифода мебарад ва маҳсулоти бо заҳмат рӯёнидаашро ба мағозаву бозорҳои маҳалливу берун аз он ба фурӯш мебарорад. Дар ин раванд бо риояи омилҳои асосии ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ саривақт гузаронидани корҳои агротехникӣ таъминот бо ғизоҳои зарурӣ дар мадди аввали хоҷагидорон буда, сол аз сол серҳосилии заминҳои кишти марди деҳқон ба назар мерасад, ки ин худ шаҳодати заҳматҳои шабонарӯзии онҳост.

Дар ин самт кишоварзони меҳнатқарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят дар самти истифодаи пурсамару оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва майдонҳои хоҷагии деҳқонии хеш басо заҳмат мекашанду баҳри гирифтани ду-се ҳосил дар мавсими кишти зироатҳо тадбирҳои муҳим меандешанд.

Лутфулло Акрамов, сокини Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз аввалин хоҷагидороне аст, ки бо аҳли оила дар майдони беш аз се гектар замини хоҷагии деҳқони худ қулфинайи навъи Албионро парвариш намудааст.

Мавсуф изҳор дошт, ки худ маълумоти олии иқтисодӣ дошта бошам ҳам, деҳқонӣ шуғли авлодӣ буда, чандин сол инҷониб оилавӣ фориғ аз кор бо касби деҳқонӣ, алалхусус парвариши қулфинай сару кор дорад.

- Моҳи октябри соли 2017 тибқи шартномаи тарафайн дар асоси лоиҳаи “Омӯзиш ва парвариши навъи нави қулфинайи калифорнӣ бо истифодаи технологияҳои нав” Фонди қарзи хурди “Имон” ба хоҷагии мо беш аз 2500 бех кӯчати қулфинайи навъи Албион ва 2500 бех навъи Е-22 дастрас гардид. ҳамзамон дар оғози кор бо кӯмаки роҳбарияти Фонди қарзи хурди “Имон” Муяссар Пулотова ба маблағи дар маҷмӯъ 34 ҳазор сомонӣ муҷаҳазонидани майдони кишти қулфинай пурра бо таҷҳизоти муосир омода карда шуд. Ҳарчанд парвариши қулфинай, тарзи шинонидан ва нигоҳубуни онро дар умум медонистам, аммо оид ба парвариши навъи Албионро, ки хеле нозук ва ба пастшавии ҳарорати ҳаво хеле ҳассос аст, таҷрибаи кофӣ надоштам. Аз ин лиҳоз дар семинарҳои фонди мазкур, ки аз ҷониби мутахассисону коршиносони соҳа ҷараён мегирифт, ширкат варзида, дар муддати муайян ҳамаи нозукиҳоро дар самти парвариши ин навъи қулфинай омӯхтам ва дар пайи овардани ин намуди қулфинай шудам, – иброз дошт зимни суҳбат сарвари Хоҷагии деҳқонии “Акрамиён” Лутфулло Акрамов.

- Сипас бевосита дар сари майдон бо истифода аз таҷрибаҳои ҷадид корро бо самти нав оғоз карда, соли аввал ба як қатор муаммоҳо рӯ ба рӯ шудем. Азбаски дар ҷараёни корҳои омодакунии майдони кишт маблағҳои зиёд сарф шуда буд, то пухта расидани ҳосил хеле дар изтироб будам, ки оё ҳосили дилхоҳ ба даст оварда хароҷотро рӯйпӯш карда метавониста бошам. Хушбахтона, заҳмати шабонарӯзиамон самараи хуб дод ва аз ҳар як бех кӯчати қулфинайи навъи Албион аз 1кг то 1,5 кг ҳосил рӯёнидем, – нақл кард Лутфулло Акрамов.

Бино ба маълумоти мутахассисони соҳа, қулфинайи навъи Албион аз зумраи меваҳоест, ки иқлими гарму нури офтобро хеле дӯст медорад ва ниҳоят таъму бӯю аҷоибу гуворо дорад. Ватани ин навъи қулфинайро ба штати Калифорнияи ИМА марбут медонанд. Қулфинайи «Албион» ҳанӯз соли 2004 аз ҷониби олимони амрикоӣ кашф гардида, тибқи нишондодҳои мутахассисон ин навъи қулфинай қодир аст аз моҳи июн то моҳи сентябр, яъне чор маротиба ҳосил диҳад.

- Воқеан чанд сол инҷониб бо парвариши навъи маҳаллии қулфинай сару кор дошта бошам ҳам, лекин ҳосил наонқадар хуб буду ҳам аз ҷиҳати андоза ва ҳам сифат дилхоҳ набуд. Меваҳои навъи Албион дар ҳаҷму андоза баробар ҳастанду намуди зоҳирии басо зебову диққатҷалбкунандаро дороянд. Аз ин лиҳоз барои парвариш ва фурӯш хеле мувофиқ асту дар талабот нисбатан зиёдтар аст, - таъкид дошт Лутфулло Акрамов.

Ба гуфти Лутфулло Акрамов нигоҳубини қулфинай наонқадар заҳматталаб буда, нисбат ба навъҳои маҳаллӣ аллакай пас аз 4 моҳи кишти ниҳолакҳои он давоми се сол ҳосил медиҳад. Дар хоҷагии деҳқонии мо барои таҷриба ду намуди онро парвариш намудем, қисман тариқи обёрии қатравӣ ва қисман бо тарзи бобоӣ ба роҳ монда шуда, дар гармо ҳафтае 3-4 маротиба ва дар фасли сармо 2 маротиба об дода мешавад. Ин намуди қулфинай ба аксар бемориҳо тобовар буда, барои ҳифзи маҳсулот аз таъсири ҳар гуна ҳашароти зараррасон ва хуб пухта расидани он нуриҳои минералиро фаровон истифода бурда, обёрии қатрагӣ бо витаминҳои барои афзоиши қулфинай заруриро таъмин менамоянд. Мавсими ҳосиландозии қулфинайи навъи Албион 4 маротиба, яъне агар моҳҳои апрел мавсими гулкунии бехҳо ба назар расад, пас он моҳи май, июн ҳосил дода, аз моҳи июл якуним моҳ дам гирифта, аз август ва дар тирамоҳ моҳҳои сентябр то боридани барф ҳосил медиҳад.

Бо назардошти ин омилҳои манфиатбори болозикр қулфинайпарварон иброз намуданд, ки навъи нав аз ҷиҳати ҳосилнокӣ, ширинию болаззатӣ бартарияти бештар дошта, мехоҳанд боз ҳам бештар ин таҷрибаи ҷадидро пайгирӣ намоянд. Аз ин лиҳоз соли равон бино ба иттилоъи Лутфулло Акрамов, майдони кишти ин навъи маҳсулотро ба 6 гектар расонидааст.

Доир ба раванди фаъолияти фонди мазкур, сабаби интихоби маҳз ин мавзеъ ва ҳадафи пайгирии афзоиши майдони қулфинайи навъи навро роҳбари Фонди қарзии хурди “Имон” Муяссар Пулотова чунин шарҳ дода, афзуд, ки сараввал ин лоиҳа дар вилояти Хатлон бо дастгирии барномаи USAID амалӣ гардид.

- Чанд сол қабл дар ифтитоҳи бинои нави фонди мо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, дастур дода буданд, ки ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии молиявии деҳқонон, беҳдошти шароити онон чораҳои зарурӣ бояд андешид. Лоиҳаи мазкур, яъне парвариши навъҳои қулфинайи нав дар вилояти Хатлон роҳандозӣ мешуд ва дар ин раванд баҳри дастгириву кӯмаки кишоварзони шаҳру навоҳии вилояти Суғд мо ба масъулини ин ташкилот муроҷиат намудем, то дар минтақаҳои вилоят низ ба таври таҷрибавӣ омӯзиши кишту парвариши онро ба роҳ монем. Чун ҳамагон воқифанд, минтақаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 30 сол инҷониб ҳамчун макони аз ҷиҳати иқлим ва хокаш мутобиқ ба парвариши қулфинай муносиб дониста шудааст. Бинобар он зарур донистем, ки таҷрибаро дар ин мавзеъ оғоз намуда, пас аз ҳосили дилхоҳ гирифтан сафи ҳам деҳқононро боз ҳам зиёд намуда, парвариши онро васеъ ба роҳ монем. Ҳадафи асосӣ дастгирии деҳқонон тариқи пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди кишоварзӣ ва ҳамзамон таъмини бозору мағозаҳои маҳаллӣ бо маҳсулоти навъҳои хуштаъму баландсифат мебошад, - қайд намуд М.Пулотова.

Аз рӯи гуфти масъулин, сол аз сол ба соҳаи парвариши қулфинай бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад, ки ин худ бозгӯи беҳтар шудани дониши иқтисодии кишоварзони маҳаллӣ мебошад. Ва интихоби ин намуди қулфинай ва парварии он дар ҳақиқат манфиату афзалияти бештару хубтарро дорост. Хусусияти нигоҳдошти меваи он дар сардхона то 7-9 рӯз таъму лаззати худро нигоҳ медорад, аз ҷиҳати интиқолшавандагӣ низ бартарият дорад ва ин навъ нисбат ба навъи маҳаллӣ аз лиҳози иқтисодӣ низ камхарҷу сердаромад мебошад.

Воқеан замона тақозо дорад, ки деҳқонону кишоварзон бо шукргузорӣ аз чунин даврони тинҷиву осудаҳолӣ, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ марди деҳқон соҳиби замин гардидааст, шаборӯз меҳнати суботкоронаву шоиста намоянду ҳар порчаи онро бо манфиату пурсамар истифода баранд. Ва бовар дорем, ки аҳолии ин минтақа воқеан чи дар майдонҳои хоҷагӣ ва чӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии худ дар баробари боғдориву сабзавоткорӣ, ба парвариши маҳсулоти мухталифи кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши намудҳои нави қулфинай, ки ба ин иқлим басо мувофиқ аст ба роҳ монда, барои беҳдошти шарту шароити зиндагии хеш ва фаровонии дастархони мардум саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Маъмурахон САМАДОВА, 

“Ҳақиқати Суғд”

 

Читать далее

Хуҷанд: Дар хиёбони Раҳим Ҷалил 140 бех дарахти Магнолия шинонида шуд

Дирӯз дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, соҳибкорони номвари шаҳр ва сокинони маҳаллаи Сирдарё ба маъракаи бузурги ободонӣ ҳусни оғоз бахшида шуда, дар шоҳроҳи хиёбони мазкур беш аз 140 бех ниҳолҳои 6 метраи нодири навъи Магнолия шинонида шуданд.

Таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик хиёбони Раҳим Ҷалили маркази вилоят бо назардошти талаботи замони муосир ба яке аз гулгаштҳои намунавӣ дар шаҳр мубаддал гардида, марҳила ба марҳила ҳусни тамоми хиёбонҳои шаҳр бо чунин усул шукуҳ бахшида мешавад.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок мулоқот намуданд

1 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни сӯҳбати самимӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистону Корея мароқ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо, баррасӣ карданд.

Читать далее

Эксперт қирғиз амалдорининг Ворух ҳақидаги баёнотини савиясиз, деб атади

Александр Князев: «Ташиевнинг баёноти иғвогарона ва қабул қилиб бўлмасдир».

Читать далее

02 April 2021

专家称吉尔吉斯斯坦官员就沃鲁赫地区所做的言论是无根据的。

亚历山大·科尼亚泽夫称:塔西耶夫的言论是具有挑衅性和无法接受的。

Читать далее

02 April 2021

الكساندر كنیازف: “اظهارات تاشیف تحریک آمیز و غیرقابل قبول است. کارشناس بیانیه رسمی قرقیزستان را بی کفایت خواند

دوشنبه، 01.04.2021 /”خاور”/. الكساندر كنیازف گفت:  اظهارات کامچبیک تاشیف، رئیس کمیته دولتی امنیت ملی قرقیزستان در مورد واروخ اساسا تحریک آمیز است.

Читать далее

02 April 2021

خبير يصف بيان المسؤول القيرغيزي بشأن واروخ بأنه غير كفء

الكسندر كنيازيف: “تصريح تاشييف استفزازي وغير مقبول”

Читать далее