05 April 2021

РАВУОИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВАЗЪИ КУНУНӢ ЧИГУНА СУРАТ МЕГИРАД?

Тафсилот дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Дар шароити кунунии пандемиявӣ киҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкони убури сарҳадро дошта, алҳол кадоме аз гузаргоҳу дидбонгоҳҳои қаламрави вилоят амал мекунад ва интиқоли молу маҳсулот чӣ гуна ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати равшанӣ андохтан доир ба ин ва дигар масоили марбут ба равуои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ба масъулини Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат намудем.

Бино ба иттилои масъулин дар асоси протоколи Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии пандемияи коронавирус COVID – 19 дар тамоми ҷаҳон, алалхусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми марти соли 2020 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиснои воридоти бору мол ва ҳайвонот вуруди шаҳрвандон то ба эътидол омадани вазъияти бамиёномада муваққатан манъ гардида буд ва дар асоси дастуру супориши роҳбарии Ситоди ҷумҳуриявии оид ба пешгирии коронавирус ба роҳ монда шудааст, ки ин нишондодҳо далели гуфтаҳои болост.

Қайд кардан бамаврид аст, ки айни замон вуруди шахсон, бору мол ва ҳайвонот тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии минтақаи Раёсат дар самти ноҳияи Мастчоҳ гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод», дар самти шаҳри Исфара гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон», дар самти шаҳри Панҷакент

гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» бе ягон монеаҳои сунъӣ ба роҳ монда шуда, вуруди шаҳрвандон дар асоси дастур ва супориши Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID – 19 ба роҳ монда шудааст.

Тавассути роҳҳои оҳани ҳудуди вилоят бошад, танҳо вуруд ва омаду рафти қатораҳои боркаш ба тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии роҳи оҳани «Нов» дар ноҳияи Спитамен ва роҳи оҳани «Истиқлол» -и шаҳри Конибодом фаъолияти қатораҳои боркаш ба роҳ монда шудааст.

Тариқи гузаргоҳи сарҳадии «Маданият» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов танҳо воридоту содироту бору мол тавассути воситаҳои нақлиёти боркашон ба роҳ монда шуда, то ба эътидол омадани бемории сироятии коронавирус вуруд хуруҷи шаҳрвандон мувақатан манъ гардидааст.

Аз моҳи ноябри соли сипарӣ бо ташаббуси ширкати ҳавопаймоии UTAIR (ЮТЕЙР) Федератсияи Россия аз «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» парвози тайёраҳо ба самти Хуҷанд – Москва ба роҳ монда шуда, танҳо ашхосе, ки дорои ду шаҳрвандӣ (яъне шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия) мебошанд, ба парвоз иҷозат дода мешаванд.

Дар асоси дастуру супориши роҳбари Ситоди болозикр аз моҳи июни соли 2020 тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Қӯштегирмон» дар самти ноҳияи Спитамен танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар деҳаҳои Ҷомӣ, Қардошлик, Бунёдкор, Дӯстлик ва Шабодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд, назорати сарҳадӣ дар асоси рӯихати пешниҳодгардидаи роҳбарияти Ҳукумати шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда, назорати тиббӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа дучанд гардонида шудааст. Воридоту содироти бору мол тибқи «Тартиби муваққатӣ оид ба танзими ҳамлу нақли байналмилалии воситаҳои нақлиёти боркаши автомобилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Бино ба маълумоти сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Абдумавлон Абдуллозода, тибқи дастуру супориши роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавирус, алҳол вуруди – хуруҷи шаҳрвандон дар ҳамкорӣ бо кормандони соҳаи мазкур пурра зери назорат гирифта шуда, иҷозати вуруд танҳо, дар сурати доштани ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба манфӣ будани натиҷаи ташхис бобати бемории сироятии COVID – 19 амалӣ мегардад.

- Ҳангоми воридшавӣ шаҳрвандон ба марзи кишвар онҳо бояд бо худ натиҷаи ташхисро дошта бошанд ва дар сурати набудани чунин маълумотнома шаҳрванд ба беморхонаи сироятии минтақа муддати муайян ба карантин фаро гирифта мешавад, - изҳор дошт мавсуф. 

Боиси тазаккур аст, ки тибқи дастуру супоришоти Ситоди мазкур, донишҷӯёне, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он таҳсил доранд, ҳангоми таҳсил дар сурати пешниҳоди тасдиқкунанда бемамониат ба роҳ монда шудааст.

Албатта, чунин вазъ тақозои замон ва муваққатӣ буда, танҳо ба хотири пешгирӣ ва ҳифзи шаҳрвандон нигаронида шудааст. Бовар дорем, ки дар сурати ба эътидол омадани шароити кунунӣ боз ҳам марзҳо кушода шудаву робитаҳои байнидавлатӣ боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ДАР МЕҲМОНИИ «ПАЁМИ СУҒД»

Чун анъана моҳе як маротиба дар меҳмонхонаи маҷаллаи «Паёми Суғд» бо адибон, шахсони шинохта ва намояндагони аҳли маърифат маҳфили адабӣ баргузор мегардад.

Ин навбат муаррих, таърихшинос Муҳиддин Файзуллоев дар меҳмонии ҳайати эҷодии ин маҷаллаи бонуфуз буд. Сармуҳаррир Толиб Карими Озарахш, публитсист Мавлуда Шарифова, шоирон Адиба, Аъзами Хуҷаста, Гулноз ва дигарон ҳамсуҳбати ин этнограф буданд. Муҳиддин Файзуллоев аз фаъолияти эҷодӣ ва қиссаҳои ҳаётӣ ба аҳли нишаст нақл намуд. Иштирокдорон аз фаъолияти эҷодӣ ва ҳаёту рӯзгори этнографии тоҷик пурсон шуданд.

Ёдовар мешавем, Муҳиддин Файзуллоев дар соҳаи этнография хизматҳои арзанда кардааст. Олими пурмаҳсул, этнографии тоҷик ва нафаре, ки барои осори миллати ниёгон, рушду фарҳанги миллӣ, эҳтирому арҷгузорӣ карда, барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии мардум хизматҳои шоёнро ба анҷом расонидааст, муаллифи якчанд китобу монография ва мақолаҳои илмӣ, фарҳангиву маърифатист.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки моро ба омӯхтани ҳунарҳои қадимии халқӣ водор намуда, имконият фароҳам овард, ки аз расму оинҳои миллати хеш бохабар бошем.

Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доранд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намудаанд ва ба шогирдону наслҳои оянда интиқол медиҳанд.

Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон давоми қарнҳои зиёд матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, сӯзаниҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекунанд.

Ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон, хушбахтона, тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст. Аммо бархе аз ҳунарҳо бебозгашт аз байн рафтаанд. Яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ маҳсулоти сохтаи ҳунармандон ба шумор меравад. Дар бисёр кишварҳои Шарқ бо мақсади рушди туризм соҳаи ҳунармандиро тараққӣ медиҳанд.

Сайёҳон бештар ба маснуоти дастӣ ба монанди заргарӣ, мисгарӣ, кулолӣ, сӯзаниҳо, тоқиҳо, ҷӯробҳои дастибофт таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бо кӯшишу ғамхориҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунарҳои миллӣ, ба монанди атласу адрасбофӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзиву кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ пеш рафта, занону духтарон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.

Анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маросими мардумӣ дар ҳаёти фарҳангиву маънавӣ ва моддиву маишии халқи тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳадафи асосии эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони бекор, бахусус хонашин, кам кардани сафи занони муҳоҷир, пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон ва занону духтарон, ба ин васила муаррифӣ намудани ҳунарҳои миллӣ дар замони нави таърихӣ мебошад.

Нигорахон АЗИМОВА,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Раиси вилоят собиқадори соҳаи маориф Фотима Самадоваро аёдат кард

3 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини шаҳри Хуҷанд, собиқадори соҳаи маориф Фотима Самадоваро аёдат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат бо Фотима Самадова иброз дошт, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмату меҳнати шахсиятҳои фидоӣ ҳамеша арҷ гузошта мешавад. Фаъолияти бенуқсони Фотима Самадова дар соҳаи маориф ва 51 сол саҳмгузориаш дар тарбияи наврасон худ гувоҳи он аст, ки ин зани хирадманду соҳибэҳтиром умри худро сарфи таълиму тарбия намуда, барои ҷомеа хизмати намунавӣ анҷом додааст. Меҳнати собиқадор борҳо бо ҷоизаву унвонҳо қадршиносӣ шудааст.

Читать далее

Дар Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал имрӯз дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир шуда, дар он аз тарафи кишоварзони вилоят ва корхонаҳои саноатӣ маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди аҳолӣ гардонда шуд.

Читать далее