08 April 2021

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ, дар маъракаи наврӯзӣ иштирок ва аз намоиши чорвои калони зотию шутурмурғ дар Истаравшан боздид намуданд

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл”-ро ба истифода дода, бо имконияти корхонаи нави саноатӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Умаров бунёд гардида, ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона машғул мебошад. Дар маҷмӯъ дар корхона 25 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ифтитоҳи он имконият медиҳад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон коҳиш дода шавад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар заминро ба истифода дода, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии «Шукрулло» дар Истаравшан оғоз бахшиданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел”,  ”Турсунбой-бобо”-ро ифтитоҳ намуда, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.

Барои обёрии заминҳои 4 хоҷагӣ чоҳи амудӣ аз чуқурии 120 метр канда шуда, бо ҳамин масъалаи таъмини заминҳои мавзеи мазкур бо оби полезӣ пурра ҳалли худро пайдо намуд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхона ва маркази хизматрасонии «Истаравшан»-ро ифтитоҳ намуданд

8 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии “Истаравшан”-ро ифтитоҳ намуданд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи мазкур дар доираи татбиқи амалии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бунёд гардида, бо ба истифода додани он 15 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Кӯдакистони хусусии «Хурсандӣ» оғоз бахшиданд

8 апрел дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” оғоз бахшиданд.

Муассисаи мазкур дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъмории шарқиёна аз ҷониби соҳибкор Аскар Эшонов бунёд гардидааст. Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 0,30 садяк замин доман густурда, аз ду ошёна иборат аст. Кӯдакистон дорои толорҳои машғулият, бозии кӯдакон, мусиқӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар ин муассиса омӯзиш бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Читать далее

ТАЪРИХУ ТАҚДИР ВА СОБИҚАИ МАВҶУДИЯТИ ЗАБОНИ МОДАРИИ МО БЕНАЗИР АСТ

Гиромидошти забони тоҷикӣ барои умри дарозаш мусоидат мекунад

Дар ҳама давру замон забони модарӣ барои миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон буда, воқеан забони тоҷикӣ аз забонҳои ғановатманду бонуфузи ҷаҳон аст.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд».

Воқеан ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад.

Доир ба эҳтироми забон ва тарбияи наслҳо дар руҳияи муҳаббат ба забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, суҳбате доштем бо номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мӯсо Олимҷонов:

-Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифтааст. Имрӯз вазъи ҳифзи забони модариро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Ташаккур! Нахуст барои даъват ва ташкили суҳбат дар мавриди забони тоҷикӣ, ки аз нишонаҳои асосии ҳастии миллат ба шумор меравад, ба Шумо миннатдорӣ изҳор менамоям.

Сониян, дар навбати худ, барои Шумо ва кормандони нашрияи бонуфузи «Ҳақиқати Суғд», ки тарғибгари сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муаррифгари арзишҳои маънавии миллист, барори кор хоҳонам. Дар мавриди суоле, ки ин ҷо гузошта шуд, гуфтаниям, ки агар гӯем, ки истиқлоли тоҷикону Тоҷикистон аз истиқлолияти забони тоҷикӣ оғоз гардид, шояд беҳтар бошад. Масъала ин ҷост, ки тоҷикон дар замони ҳукмронии шӯравӣ дар Осиёи Миёна аз аввалин миллатҳое буданд, ки нимаи дуввуми солҳои 80-уми садаи гузашта масъалаи давлатӣ гардидани забони тоҷикиро ба миён гузоштанд ва муваффақ ҳам шуданд.

Дар натиҷаи талошу пайкорҳои гурӯҳи равшанфикрони Тоҷикистон, мисли академик М.Шакурӣ, профессорон Ш.Рустамов, Р.Ғаффоров, устодон Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор ва дигарон 22-юми июли соли 1989-ум Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳуҷҷатеро бо номи «Қонуни забони РСС Тоҷикистон» қабул намуда, забони тоҷикиро дар ҳудуди Тоҷикистон расман давлатӣ эълон намуд. Давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ корбурди забони тоҷикиро аз маҳдудаи хонаву бозор берун намуда, ба забони расмии давлатӣ табдил дод. Аз ин пас тамоми ҳуҷҷату санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба забони тоҷикӣ таҳия ва тасдиқу корбарӣ мешаванд.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон дар паноҳи давлат қарор гирифтааст. Оғози солҳои 90- уми садаи гузашта, дар рӯзгоре, ки вазъи Тоҷикистон ҳанӯз ба эътидол наомада буд, Сарвари давлат бо ҷуръат эълом доштанд, ки: «Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Маҳз соҳибистиқлолии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ ба сифати забони расмиву давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф гардад. Ба таъбири дигар, забони тоҷикӣ ба рӯйхати забонҳои расмии кишварҳои соҳибихтиёр ворид шуд.

Илова бар ин, забони тоҷикӣ баъд аз соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, чун Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ғайра аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад, ки ин падида, гумон мекунам, боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Ба хотири истеҳкоми пояҳои забони миллӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом ёфтанд ва падидаҳои дигари фараҳбахш дар садади амалӣ шудан қарор доранд, ки соли 2008-умро Соли забони тоҷикӣ эълон намудани Сарвари давлат яке аз он тадбирҳост, ки баробар бо 1150-солагии мавлуди поягузори забони адабии тоҷикӣ устод Рӯдакӣ таҷлил гардид.

- Андешаҳои Шуморо роҷеъ ба риояи меъёрҳои забони адабӣ донистан мехостем.

- Меъёр ё худ норма маҷмӯи қоидаҳои талаффуз, навишт, калимасозиву ибораороӣ ва қолабҳои ифодаи фикр аст, ки он аз тарафи аҳли сухан ба низом дароварда мешавад. Аз дигар тараф, меъёр догма ё худ қолабҳои шахшуда нест, яъне он тағйирпазир аст. Дар маҷмӯъ, мушоҳида мешавад, ки дар матбуоти даврӣ, дар телевизиону радио меъёри забони адабии тоҷикӣ риоя мешавад, вале дар забони гуфтугӯӣ ҳоло ҳам риоя нагардидани меъёри забони адабӣ ва боло гузоштани лаҳҷаву шеваҳои маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон мушоҳида мегардад. Сабаби асосии ин амал, ба гумони мо, дур шудан аз сарчашмаи асосии забономӯзӣ - китоб аст.

Дар натиҷаи ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-уми садаи гузашта як гурӯҳ наврасон аз мактаб дур шуда монданд, ки хоҳу ноҳоҳ дар маънавиёти онон таъсири манфии худро гузоштааст. Ин ҷо беҳтар аст, ки аз сабақи устод Айнӣ ёд намоем. Устод Айнӣ солҳои 40- уми садаи гузашта ба нависандаи ҷавону боистеъдод Пӯлод Толис эрод гирифта буд, ки қаҳрамонҳои ҳикояи мавсуф - Маъруф, Сокина ва Санавбар, ки таҳсилоти миёна доранд, бо забони вайрони лаҳҷавӣ ҳарф мезананд, ки ҳаргиз мумкин нест. Бадбахтона, дар ҷомеаи мо аксар ҷавононе, ки дар мактабҳои олӣ мехонанд, дар нутқи худ шеваву лаҳҷаро болотар аз забони меъёр мегузоранд, ки, ба таъбири устод Айнӣ, «ин камбудӣ… дар забони адабии тоҷик халали куллӣ мерасонад».

 Гумон дорам, имрӯзҳо дар натиҷаи беҳтар гардидани вазъи мактабу маориф ва ҷалби наврасон ба таълими ҳатмии миёна, доирнамоии озмунҳое, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва монанди ин чорабиниҳои маънавӣ имкон медиҳанд, ки маданияти гуфтори соҳибзабонон, махсусан насли наврас беҳтар гардад.

- Дар замони ҷаҳонишавии муосир омилҳои асосии таъсиррасон ба коҳиш ёфтани забони модарӣ дар чӣ зоҳир мешавад?

- Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонист ва баробар бо дигар кишварҳо рӯ ба пешравиву ободкорӣ қадам мезанад. Чун дар дигар давлатҳо мафҳуми ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия вориди забони тоҷикӣ гардида, имрӯзҳо зиёд садо медиҳад. Бо вуҷуди он ки тавассути чаҳонишавӣ омезиш ва ё таъсири байниҳамдигарии фарҳангҳо бештар ба назар мерасад, фарҳанги миллии тоҷикӣ аз ҳастии худ дарак медиҳад. Чунончӣ, бо ибтикори Сарвари давлат иди Наврӯз байналмилалӣ эълон гардид ва воҷаи сирф тоҷикии “Наврӯз” ба лексикаи аксар забонҳои хориҷӣ ворид гардид ва серистеъмол ҳам шуд. Ин ва дигар падидаҳои хушоянд моро бовар мекунонанд, ки забони тоҷикӣ, ки таърихи беш аз сеҳазорсолаи хаттӣ дорад ва хосатан осори гаронмояи устодони бузурги сухани порсӣ, чун устод Рӯдакиву Фирдавсӣ, Камолу Ҳофиз ва дигарон муҳофизи забони миллии мо хоҳанд буд.

Бо вуҷуди ин барои арзи ҳастӣ намудани фарҳанги миллӣ тафаккури солим ва созандаи соҳибзабонон бояд мусоидат намояд. Соҳибзабонон бояд аз воситаҳои маҷозии иттилоот, мисли интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бошуурона истифода карда, афкору орои худро ба забони адабии тоҷикӣ ироа намоянд; дар баробари фарҳанги бегона аз фарҳанги миллии хеш ҳифз намоянд ва ғайра, Мутаассифона, гоҳо мушоҳида мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳибватанон нисбати овозҳои хоси тоҷикӣ, мисли ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ беэътиноӣ зоҳир намуда, кӯшро аз куш ва... фарқ намекунанд ва ё бо таъсири филмҳои хориҷӣ, махсусан туркӣ дар байни тоҷикон гоҳо номҳои ғайр, мисли Элнур, тарғибу истифодаи сарулибоси хориҷӣ ва ғайра мушоҳида мешавад, ки бегумон, монеи рушди фарҳанги миллӣ мегардад.

- Васоити ахбори омма то куҷо метавонад дар рушди забони тоҷикӣ саҳм бигирад?

Андешаҳои шумо дар мавриди забони ВАО, хоса матбуоти муосир. - Васоити ахбори омма маҳсули пешрафти илму техника маҳсуб ёфта, дар Тоҷикистон дар ибтидои садаи ХХ ба вуҷуд омадааст. Аз оғози зуҳури рӯзномаву маҷаллаҳо то фаъолияти интернет ҳама зиёиён ин падидаи рӯзро ҷонибдорӣ ва хуш истиқбол намуданд. Чунончӣ, Шумо хуб огоҳед, ки устод Айнӣ мақолаи машҳури худ «Қавми тоҷик ва рӯзнома»-ро чунин оғоз намуда буд: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад».

Ин баҳои баланди устод Айнӣ, маҷмӯан, ба матбуоти даврӣ ва радиову телевизион низ дахл дорад. Худи устод Айнӣ дар талоши он буд, ки забони матбуот ҳамафаҳм ва орӣ аз ғалатҳо бошад. Чунонки болотар таъкид гардид, устод Айнӣ дар мисоли нависандаи ҷавон Толис ба тамоми эҷодкорон муроҷиат мекунад, ки беҳтарин дороиҳои забони модариро тавассути осори худ барои соҳибзабонон пешниҳод намоянд. Мактуби устод ба нависандаи ҷавон, вале боистеъдод Пӯлод Толис то ба имрӯз омӯзандаву боиси пайравист…

Аз ин дидгоҳ масъулини ВАО бояд кӯшиш кунанд, то маводе, ки садо медиҳад ва ё интишор меёбад, мутобиқ ба меъёри забони адабии тоҷикӣ бошад. Мутаассифона, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион то ба имрӯз ғалатҳо, аз ҷумла ибораҳои вайрони вақтҳои корӣ, ҷойҳои корӣ, корҳои сохтмонӣ, техникаи рӯзғорӣ ва ғайра мушоҳида мешаванд. Илова бар ин, риоя нагардидани мавридҳои навишти ҳарфи калон, надонистани ҷой ва мавқеи навишти и-и заданок (-ӣ), дар мавқеи муносиб истифода нашудани пасванди калимасози «-ӣ», имлои калимаҳои мураккаб, дар ҷой ва мавқеи мувофиқ нагузоштани аломатҳои китобат, махсусан вергул ва ғайра бештар дучор мешаванд. Аз ин дидгоҳ, агар забони матбуоти даврӣ, радиову телевизион ҳар қадар бехатову нуқсон бошад, ба рушди забони адабии тоҷикӣ ва умумишавии меъёрҳои он мусоидати бевосита мекунад.

Дар ҳоли акс, вақти ислоҳи хато соҳибзабонон маводи ВАО-ро шоҳид хоҳанд овард. Хоҳанд гуфт, ки ин калима (таъбир, ибора, ҷумла)-ро дар фалон барномаи радио (телевизион) ва ё матни рӯзномаву маҷалла ҳамин гуна, ки мегӯянд, сабт намудаанд. Дар ин сурат ислоҳи ғалатҳо душвор гардида, рушди забонро ба қафо хоҳад кашид.

 - Навиштаву овезаҳои шаҳр то куҷо ба талаботи меъёрҳои забони адабӣ ҷавобгӯ ҳастанд?

-Яке аз масъалаҳои доғи рӯз сифати шиору овезаҳои тоҷикӣ дар миқёси Тоҷикистон аст, ки диққати аксар зиёиён ва махсусан академик М.Шакуриро ҷалб намуда, доир ба ин масъала борҳо гуфтаанду навиштаанд. Ба гумони мо, дар шаҳри Хуҷанд, ки маркази маъмурии вилояти Суғд аст, дар маҷмӯъ, сифати шиору овезаҳо давра ба давра беҳтар гардида истодааст.

Агар пештар ғалатҳои дағал ба мушоҳида расанд, хушбахтона, ин гуна саҳвҳоро имрӯз намеёбем ва ё хеле ба қудрат дучор мешаванд. Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки шиорҳои мо саросар дуруст ва беғалатанд.

Ҳоло ҳам гоҳо дар шиору овезаҳо ғалату лағзишҳо ба чашм мерасанд. Чунончӣ, дар чаҳорроҳаи, ба истилоҳ, «Кооператор» шиори зер насб шудааст: «Аз ин марди Худо, эй ҳамватан шукрона бояд кард». Шиори мазкур як ғалати ҷузъӣ дорад: азбаски мухотаб дар байни матн (ҷумла) омадааст, он бояд аз ду тараф бо вергул ҷудо шавад, яъне: «Аз ин марди Худо, эй ҳамватан, шукрона бояд кард». Дар истгоҳи «Панҷшанбе» як шиор ба ду шакл сабт гардидааст: дар болои бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ ба ин тарз: «Пешвои миллат - ифтихори халқи тоҷик».

Дар сутунпояи калони болои роҳ ба ин шакл: «Пешвои миллат ифтихори халқи тоҷик». Пас, меҳмонон ва ё соҳибзабонон вақте ин ду навъи навишти як шиорро мебинанд, табиист, ки мепурсанд: - Кадоме дуруст аст? Дар ин маврид гунаи аввали шиор дуруст аст. Чун аз ҷумла ҳиссаи феълии хабар тахфиф ва ё ихтисор шудааст, байни сараъзоҳои ҷумла тире гузошта мешавад. Дар болои дорухонаи марказӣ ин шиор насб шудааст: «Меҳнати бунёдкоронаи мо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Шиори мазкур низ беғалат нест: чун дар муайянкунандаи «сисолагӣ» шумора бо рақам ифода шудааст («30»), байни рақами «30» ва ҳиссаи дувум - «солагӣ» бояд нимтире гузошта шавад. Гумони мо, шакли дурусти шиор ин аст:

«Меҳнати бунёдкоронаи мо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Ба ин монанд ғалатҳоро дар дигар шиору овезаҳо низ мушоҳида намудан мумкин аст.

- Пас, чӣ бояд кард, ки шиору овезаҳо беғалат бошанд?

-Ба пиндори мо дар идораи рекломтайёркунӣ бояд як воҳиди кории махсус, ки аз ҳисоби мутахассиси забону адабиёти тоҷик бошад, ҷудо гардида, бар дӯши ӯ назорат ва ислоҳи шиору овезаҳо гузошта шавад. Дар ҳолати иҷрои ин амал на фақат матни шиору рекламаҳои шаҳри Хуҷанд, балки тамоми вилоят беҳтар мешавад.

Чанд муддат пештар мо - як гурӯҳ бо роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забони тоҷикии МДТ-и «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» профессор Абдуҷамол Ҳасанзода вазъи иҷрои Қонуни забонро дар муассисаҳои тобеи идораи маорифи ноҳияи Спитамен тафтиш намудем. Вақте аз ғалати матни шиору овезаҳо сухан ба миён меомад, масъулони соҳа таъкид мекарданд, ки шиору овеза аз Хуҷанд дастрас шудааст, онҳо аз ғалати он огаҳ нестанд ва ба ин монанд фикрҳо…

Пас, илоҷи воқеа дар ҷалби мутахассиси соҳа дар идораҳои рекломист, вагарна ғалатҳо такрор меёбанд. - То имрӯз дар забоншиносӣ чӣ пажӯҳишоти судманд анҷом ёфтанд, чӣ китобҳои хуберо барои хонандагони рӯзнома дар мавриди забони модарӣ тавсия медиҳед?

-Ташаккур. Забони тоҷикӣ, чунонки қаблан ишора гардид, аз куҳантарин забонҳои ҷаҳон аст ва бо ифтихор метавон гуфт, ки забонеро, ки таъриху тақдир ва собиқаи мавҷудияти забони моро дошта бошад, кам пайдо метавон кард. Ба шаҳду зарби забони мо бузургтарин суханварону мутафаккирони олам, мисли Гётеву Гегел ва даҳҳо дигарон сари таъзим фуруд овардаанд.

Аз ҷумла, Гегел, агар ғалат нанамоям, гуфтааст, ки дар байни тоҷикон садҳо бузургоне мавҷуданд, ки агар метавонистам, пайкараи онҳоро аз тилло месохтам ва худ остонбӯси дари онҳо мешудам... Ин аст, ки таъриху тақдири забони тоҷикӣ диққати олимони зиёди ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб намудааст ва доир ба ин масъала осори зиёди илмӣ рӯйи кор омадааст. Айни замон барои соҳибватанон ба забони тоҷикӣ метавонем, асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо номи «Забони миллат - ҳастии миллат», ки аз ду китоб иборат буда, солҳои 2016 (китоби якум бо номи «Ба сӯйи пояндагӣ») ва 2020 (китоби дувум бо номи «Забон ва замон») аз нашр баромадааст, тавсия намоем. Ин асари гаронмоя, ба истилоҳи муаллиф, «китоби ҷомеи ҳамахон» буда, таърихи забони тоҷикиро аз ҳазораи дувуми пеш аз милод (аз оғози зуҳур) то ибтидои садаи ХХ муаррифӣ менамояд.

Асари дигари Сарвари давлат «Чеҳраҳои мондагор» низ хонданиву омӯзанда аст. Илова бар ин асарҳои зерин, гумон дорам, дар худшиносиву худогоҳии миллӣ суде фаровон доранд. Чунончӣ, асари хурд, вале пурмазмуни устод Айнӣ «Маънии калимаи тоҷик», «Намунаи адабиёти тоҷик», китобҳои академик М.Шакурӣ «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», «Забони мо ҳастии мост», «Хуросон аст ин ҷо», асари академик А.Турсон (Турсунов) «Эҳёи Аҷам» ва ғайраҳо барои инкишофи маънавияти ҳар як соҳибзабон ва боло рафтани фарҳанги сухан мусоидат менамоянд.

- Ташаккур барои суҳбати муфид.

- Саломат бошед!

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҶИЛОИ НАВАД РАНГИ АТЛАСИ ХУҶАНД

Атласи тоҷик таърихи қадима дорад. Мо дар кадом аср пайдо шудани атласбофиро муайян карда наметавонем, зеро дар ин марвид ривоятҳои зиёде мавҷуд аст. Матои атласро аксар халқиятҳо моли тоҷикон мешуморанд, зеро аз даврони пеш занони тоҷик либоси зебову шинами атласро ба бар мекарданду мекунанд. Аслан номи матои атлас аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш ҳамвор аст, яъне матои атлас маънои матои ҳамвор ва ҷилои дурахшонро дорад.

Ривояти пайдоиши матои ранга…

Ривоятҳои аҷибе оид ба пайдоиши атлас мавҷуд аст. Зани тоҷики 85 сола Бихалича Аҳмадова ривоятеро, ки аз бибикалонаш шунидааст, нақл кард:

- Зане танҳо умр ба сар мебурд, ӯ фарзанд надошт. Зиндагии фақиронае аз сар мегузаронд. Ӯро бадбахт меҳисобиданд. Рӯзе ҳаво сард буд, ӯ либосе надошт то ба бар кунад. ҳайрону ларзон мегашт. Нохост чашмонаш ба партови зиёде афтод, ки дар он ҷо як тӯда ресмонҳои рангоранг мехобид. Ресмонҳоро аз замин бардошта, ба кулбаи сарду торикаш оварду ба бофтан шурӯъ кард. Байни ду- се рӯз ресмонҳои бофтааш тайёр шуд. Онро аз назар гузаронд. Он рангорангу зебо буд. Хурсандона ба танаш пӯшид. Аҳли маҳалла либоси дӯхтаи занро писандида ресмонҳои рангоранг оварданд. Аз зан хоҳиш карданд, ки ба онҳо ҳам дӯзад. Бо ҳамин роҳ он зани ғариб зиндагии хешро бо меҳнати ҳалол ба даст меоварад.

Ин ривоят аз хотири Бихалича Аҳмадова намеравад, зеро, - мегӯяд ӯ, - либоси атласро хеле дӯст медоштам, вале барои харида дӯзонидани матоъ шароити кофӣ надоштам. Имрӯз шукрона аз даврони Истиқлолият мекунам, ки ҳама ҷо аз матоъҳои гуногун, аз ҷумла адрасу атлас фаровон шудаасту ҳар яке имконияти харида, пӯшидани онро дорад. Бале, дар ҳақиқат матои атласу адрас хеле шинаму зебо буда, ба зани тоҷик ҳусни наверо зам мекунад.

Таърихи пайдоиш ва парокандагӣ…

Соли 1872 дар шаҳри Хуҷанд фабрикаи пиллакашӣ ба фаъолият оғоз кард, ки мошини буғияш қувваи 10 асп дошта, 73 дастгоҳро ба ҳаракат медароварду 78 нафар банди кор буданд. То соли 1913 дар Хуҷанд аллакай 5 коргоҳ амал мекарданд. Аз рӯи маълумоти соли 1917 дар Хуҷанд 209 артели косибӣ фаъолият дошт, ки онҳо ба маблағи 382 ҳазор сӯми маҳсулот истеҳсол мекарданд.

Аввали солҳои 20 – ум дар Хуҷанд аввалин артели косибон бо номи «Бофанда» ташкил шуд, ки ҳазорон бофандаи шаҳрро муттаҳид намуда, матоъ истеҳсол мекард.

Кооператсия кардани косибон дар Хуҷанд моҳи сентябри соли 1920 сар шуд. Соли 1921 - ум ҳафт артели нахустин, ки 200 аъзо дошт, ташкил гардид. Дар уезди Хуҷанд охири соли 1926 наздик 3500 косиб муттаҳид шуданд. Солҳои 1927 – 1928 дар Хуҷанд якумин фабрикаи шоҳибофӣ бо номи «Бофандаи сурх» ташкил гардид.

Дар асоси Қарори райпромсоюз ва фармони артели рақами 1 аз моҳи феврали соли 1931 артели бофандаҳо ва фабрикаи шоҳибофӣ муттаҳид карда шуд. Аз ин ҷост, ки фабрикаи «Атласи Хуҷанд» соли 1931 ташкил шуд. Соли 1932 номи фабрика ба артели бофандаҳои «Бофандаи сурхи Хуҷанд» табдил дода шуд. Соли 1940 маҳсулоти артел 10 баробар зиёд гардид.  

Дар солҳои ҷанг новобаста аз он, ки ашёи хом кам буду мутахассисони баландихтисос аз кор рафтанд, нақшаи истеҳсолӣ иҷро мешуд. Дар солҳои вазнини ҷанг, вазифаи асосии артел ин ҷалби васеи занон ба кор буд, зеро мардон ба фронт рафта буданд. Яке аз аввалин зане, ки ба кор омад Темурой Ахмедова буд. Сафи занон торафт меафзуд ва онҳо корро муваффақона ба иҷро мерасониданд.

Соли 1974 дар асоси Қарори Вазорати саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона васеъ карда шуд ва то соли 1990 дар ин ҷо то 1000 нафар кор мекарданд. Матое, ки мебароварданд, тақрибан 2 миллион метр дарозӣ дошт. Дар шаҳр барои ривоҷу равнақи кирмакпарварию пиллапарварӣ корхонаи «Грензавод» фаъолият мебурд, ки вазифаи асосии кормандони он зиёд кардани кирмак ва ҳар сол дар вақти зарурӣ кирмакҳоро ба колхозу совхозҳои ҳудуди вилоят таъмин кардан буд. Баробари ин комбинати шоҳибофӣ аз пилла абрешим гирифта, аввал барои корхонаи худ истифода мекарданд, баъдан абрешими тайёршударо ба корхонаи «Хуҷандатлас» равона месохтанд. Барои равнақ ёфтани ин коргоҳ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Туркманистон ва Гурҷистон абрешим оварда мешуд. Ин омилҳо сабаби то соли 1990 ривоҷу равнақ ёфтани коргоҳ гардид.

Тавлиди ҶДММ «Атласи Хуҷанд»

Пас аз соли 1990 муносибатҳои давлатҳо дигаргун гашт. Аз Федератсияи Россия дастгоҳҳо ворид намешуданд. Охирин дастгоҳи воридшуда соли 1974 дастрас шуда буд. Баробари ин аз Белорусия маводи кимиёвӣ, алалхусус рангубор барои матоъ оварда мешуд. Аз оғози соли 1990 шумораи кормандони корхона кам гардид, истеҳсоли матоъ низ торафт кам мешуд. Коргоҳ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд. Истеҳсолот паст рафта, тамоман аз кор монд. Соли 2005 он хусусӣ гардонида шуд.

Аз моҳи январи соли 2008 коргоҳ номи ҶДММ «Атласи Хуҷанд» - ро гирифт ва то имрӯз фаъолият мебарад. ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ягона корхонаест, ки дар ҷумҳурӣ бо истеҳсоли саноатии атласу адрас машғул аст. Дар солҳои замони шӯравӣ матоҳои атлас дар тамоми ҷумҳурӣ шӯҳратёр буд ва имрӯз низ қиммати худро гум накардааст.

- Азбаски соли 2005 коргоҳи мазкур шахсӣ гардонида шуд, мо корро аз сохтмону таъмир оғоз кардем, ки шароити хуби корӣ ба кормандон муҳайё шавад. Ҳамчунин дастгоҳҳои мавҷударо аз таъмир баровардем. Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки имрӯз корхона ба пуррагӣ фаъолият дорад. Дар коргоҳи мазкур аз 100 фисади кор 70 фисадаш дастӣ буда, 30 фоизи кор тариқи дастгоҳҳои механикӣ сурат мегирад. Ба ғайр аз истеҳсоли матои атлас истеҳсоли матои адрас низ ба роҳ монда шуд. Он аз пахта тайёр мешавад, - гуфт роҳбари корхонаи ҶДММ «Хуҷандатлас» Азимҷон Ғафуров.

Боиси қайд аст, ки то омода шудани матоъ 22 амал ба иҷро расонида мешавад, аз ҷумла тар кардани калобаи абрешим, ресандагӣ, тобандагӣ, буғдиҳӣ, калобаресӣ, пухтани абрешим дар барқ, даврагирӣ, кашидани нақшаи матоъ, аврбандӣ, рангуборкунии торҳои асосии басташуда, кушодани ҷойҳои басташуда, чинак, кушояк, қаткушо, гузарондани нахҳои асосӣ, юрма, шона ва бастани нахҳои кандашуда, гузарондани нахҳо аз ғӯлаҳо ва теғ, найчаандозӣ, бофандагӣ, буридан, дарзмол кардан, ченак ва борпеч, ҳамчунин супоридани маҳсулоти тайёр ба анбор мебошад. Боиси қайд аст, ки то ба иҷро расонидани тамоми амалҳо коргарон масъулияти зиёдро эҳсос мекунанд.   

- Ҳоло коргоҳ истеҳсоли намуди атласу адрасро ба роҳ мондааст. Кормандон дар як баст фаъолият дошта, дар як сол то 50 ҳазор метри тӯлонӣ атласу адрас истеҳсол мекунанд. Айни замон коргоҳ 120 намуди нусхаи матои атлас ва 34 намуди  адрасро ба аҳолӣ пешниҳод мекунад. Дар коргоҳ 51 нафар коргар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд, - гуфт Азимҷон Ғафуров.

Кормандони асил ва дӯстдорони касби хеш

Дар коргоҳи мазкур бештар нафароне фаъолият мебаранд, ки аз даврони Шӯравӣ фаъолияти кориашонро оғоз кардаанд. Ин нафарон бо ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ва шукронаи даврони Истиқлолият умри пурбаракати хешро баҳри меҳнати пурмашаққат равона кардаанд.

Зӯҳро Шоҳидова тӯли 50 сол инҷониб ба ҳайси бофанда кор мекунад. Ӯ аз субҳ то шом дар назди дастгоҳи бофандагӣ истода, адрасу атласи зебо мебофад.

- Мекӯшем, барои духтарону бонувони зебо адрасу атласҳои босифату шинамро пешниҳод кунем. Ҳоло намудҳои наву гуногуни адрасу атлас бофта истодаем, то харидорон барои худ нақши ба табъу завқашон муносибро дарёфта бошанд. Барои фаъолияти корӣ бошад, шароити хуб муҳайё аст, - гуфт Зӯҳро Шоҳидова. 

Баҳри зебову рангоранг ва гуногуннақш истеҳсол гардидани матои адрасу атлас саҳми нақшофар хеле калон аст. Зеро маҳз тахайюлоти бою рангини ӯ метавонад матоъро ҷаззобу зебо гардонида бошад. Ҳоло дар коргоҳи мазкур Толиб Шарифов аз соли 1980 инҷониб фаъолият мебарад. Ӯ нақшофар аст ва мегӯяд, ки нақши зебо офаридан ва чизи наверо ба сокинон пешниҳод кардан кори саҳл нест. Соатҳои тӯлонӣ бояд машаққат кашид, то нақш аз ҳамдигар фарқ дошта бошад.  

- Кори нақшбанд дар назари аввал мушкил аст, вале вақте касби худро дӯст медоред ва ба умқи он ворид мешавед, метавонед дар тахайюлоти худ матои шинамро тасвир ва онро дар амал иҷро кунед. Гуфта наметавонам, ки кори нақшбанд осон аст, вале агар ҳар корро бо масъулият ва муҳаббат ба иҷро расонидан хоҳем, албатта, мушкилиро сарфи назар хоҳем кард, - гуфт Толиб Шарифов.

Боиси қайд аст, ки ҷомеаи меҳнатӣ аз нафароне иборат аст, ки ба касби худ содиқ ҳастанд. Вақте коргоҳ пурра аз фаъолият бозмонд, ҷомеаи меҳнатӣ пароканда гардид, вале роҳбари кунунӣ ҳар якеро аз нав сарҷамъ карда, дубора ба меҳнат ҷалб сохт.    

Таъкид ба ёдоварист, ки ҶДММ «Атласи Хуҷанд» бо корхонаҳои дохилии ҷумҳуриявии КМ «Ресандаи Тоҷикистон», ҶСП «Олим Текстайлз», ҶДММ «Неку Хуҷанд», КМ «ВТ Силк» ва ширкати хориҷии LTD «Bezema» – и давлати Швейтсария ҳамкорӣ дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки намудҳои атлас чӣ дар даврони Шӯравӣ ва то ба имрӯз дар коргоҳ истеҳсол мешуданд, дар рафти истифодабарӣ, яъне дар об шуста намешуданду танҳо бо роҳи кимёвӣ (химчистка) тоза карда мешуд. Аввалин маротиба бо истифодаи технологияи нави рангуборкунӣ 48 намуди атлас истеҳсол гардид, ки либосҳои аз онҳо дӯхташуда шуста мешаванд. Ин кор бо ҳамкорӣ бо намояндагони ширкати LTD «Bezema» - и давлати Швейтсария ба роҳ монда шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони шаҳри Истаравшан туҳфаҳо тақдим карданд

Дар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Чойхонаи «Чаманоро»-и маркази шаҳр ба 110 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Туҳфаҳои Роҳбари давлат аз сару либоси маҷмӯии баҳорӣ, аз ҷумла шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, боронӣ, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ иборат буд. Кӯдакон аз ин туҳфа, ки барояшон арзиши муҳими моддию маънавӣ дорад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Читать далее

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан»

8 апрел дар рӯзи дуюми сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти таълиму тарбия дар он шинос шуданд.

Читать далее

ЗОҲИРФИРЕБ НАБОШЕМ!

Мутаассифона, дар ҷомеа нафароне пайдо мешаванд, ки дар натиҷаи паст будани донишҳои сиёсиву динӣ фирефтаи суханҳои дурӯғини созмонҳои ифротгароӣ гардида, бо онҳо ҳамкорӣ менамоянд.

Магар айб нест, ки баъди фурсати тӯлонӣ боз гардидани дари масҷидҳои кишвар баъзе имомхатибон ба ҷои машғул шудан ба вазифаи асосии хеш, яъне даъвати мардум ба амалҳои неку созанда ва роҳи хайру эҳсон ба фаъолияти гурӯҳҳои ғайриқонунии экстремистию террористӣ мепайванданд. Оё ин ношукрӣ нисбат ба шароити имрӯзаи кишвар ва фазои сулҳу оромии ватан нест?

Чунин рафтори баъзе аз имомхатибон далели он аст, ки мутаассифона, дар байни руҳониён то ҳол шахсони амалҳои созмонҳои экстремистию террористиро ҷонибдор ҳастанд. Ҳоло ҳам онҳо ба андешаву ақидаи чунин созмону ҳаракатҳое, ки аз номи дину Худо сухан мекунанд, эътиқоди баланд доранд ва онҳоро ҳамчун наҷотдиҳандаи мардуми гумроҳ мепиндоранд. То ҳол бехабар аз онанд, ки дар дунё кам нестанд созмонҳое, ки аз ҳар гуна воситаҳо, аз ҷумла динро ҳамчун шиор барои расидан ба мақсадҳои хеш истифода менамоянд. Зеро аксари мардуми боимон ба гуфтори диндорон эътиқод намуда, мубаллиғони ин роҳро барои худ ҳамчун шахси дилсӯз қабул менамоянд. Сухани онҳоро чун ҳақиқати ҳол қабул намуда, омода ҳастанд ҳамаи гуфтаҳояшонро дар амал татбиқ созанд ва ҳарчи аз дасташон меояд, ба онҳо кӯмак менамоянд. Бехабар аз онанд, ки ин гуфтаҳо барои ҷалби одамон баҳри амалӣ сохтани мақсадҳои нопок ва душманона нисбати давлату миллат мебошад.

Душманони дар хориҷи кишвар қарордошта танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезананд, ки ягон асос надорад. Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мукшилӣ надошта бошад? Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Куҷо расад Тоҷикистон, ки имсол ба истиқлолияти он сӣ сол мешавад ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд.

Мутаассифона, на ҳама шароити имрӯзаи кишварро бо солҳои 90-ум муқоиса мекунанд, ки он вақт мо чӣ шароит доштем ва имрӯз ба кадом сатҳи зиндагӣ расидем? Аммо душманон ҳамеша аз нуқсону камбудии кишвар ҳарф мезананд ва боре ҳам дар бораи комёбии соҳаҳо ва пешрафти Тоҷикистон сухан намекунанд. Чун онҳо мехоҳанд, мардум аз шароити ҳол ҳамеша норизо бошанд ва талошу кӯшиши Ҳукумату давлатро камарзиш нишон диҳанд.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ-ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ МАНФУР ВА ВАБОИ АСР

Яке аз муаммоҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ мебошад. Инчунин ин падидаи номатлуб кишвари моро низ ба ташвиш оварда боиси нооромиҳо гардидааст.

Омили асосие, ки имрӯз ҷавононро ба дому ифроту ҷаҳолат кашида истодааст, ин ҷанги иттилоотӣ, пахши ғояҳои ифротгаро ва моҷароҷӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Бояд фаромуш насохт, ки “Терроризм дин, миллат ва ватан надорад”. Гурӯҳи манфиатхоҳ бо ҳар гуна роҳу васила нақшаву ниятҳои нопоки хешро бо амалҳои террористӣ ба мисли тарконидан, ба асирӣ гирифтан, қатлу куштор мехоҳанд амалӣ намоянд. Таърих нишон медиҳад, ки ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод менамояд. 

 Дар сиёсати давлатдории имрӯзаамон диққати ҷиддӣ дода мешавад барои решакан кардани ин падидаи номатлуб. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашудаистода, ҳоло мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки пешрафту субот, сулҳу ваҳдат, оромиву тинҷӣ ва осудагиву саодатмандии халқи шарифамонро нодида гирифта, нақшаи нооромии авзои ҷомеа, гумроҳ сохтани мардум ва вайрон кардани мафкураи ҷавононро тарҳрезӣ намуда истодаанд.

 Аз ҷумаи чунин хиёнатпешагону тангназарон аъзо ва пайравони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом, паймони миллӣ ва дигарон маҳсуб меёбанд. Хоинону бадхоҳони миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлоли кишвар аъмоли зишту хиёнаткоронаеро мехоҳанд амалӣ гардонанд,

 Тарк кардани давлат ва шомил шудан ба чунин созмону ҳаракатҳо амалӣ хоинона ва нобахшиданӣ маҳсуб меёбад.

 Дар замони ҳозира муайян аст, ки ҷавонон табақаи осебпазир буда, аксар ифротгароён ҷавононро ба гумроҳӣ кашиданӣ мешаванд. Омилҳои хеле зиёде мавҷуд ҳастанд, аз қабили пешравии технологияи иттилоотӣ, паст будани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, паст будани маърифати динии ҷавонон, аз ҷиҳати сиёсӣ мукаммал набудани ҷаҳонбинии ҷавонон, ки метавонад боиси ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил гардидани ҷавонон гардад.. Ҳаракатҳои ифротӣ ин омилҳоро хуб дарк намуда аз пешравии технологияи иттилоотӣ истифода намуда, бо воситаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои ташвиқотии худро паҳн менамоянд. Ҷавонон аз ин таблиғотҳо аксаран бемақсадона истифода бурда, чӣ гуна ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил шуданашонро нофаҳмида мемонанд.

 Бинобар ин, ҳар яки мо шаҳрвандони боақллу бофаросати кишвар, ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда бирасем, зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем бар зиддӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа, азҷумла терроризму экстремизм мубориза барем ва сайъу кӯшиш намоем, ки сулҳу суботи тоҷикон то абад пойдор бимонад.

 Ҷавононро ба омӯзиши илму фарҳанг ҳидоят намоем. Зеро ҷавонон ояндаи миллатанд. Баҳри решакан намудани ин вабои аср ҳама гурӯҳҳои иҷтимоӣ якҷоя бояд мубориза барем. Мо ҳама вақт маҳкумкунандаи терроризм ҳастем. Умед дорем ин хатари ҷаҳони муосир пурра аз байн рафта ҷоҳони имрӯзро сулҳу амният доимо фарогиранда бошад.

Б.О.ҚУТБИДДИНОВА,
 устоди ДКМТ дар шаҳри Бӯстон

Читать далее