13 April 2021

САЙЁҲӢ. СОҲА РУШД ХОҲАД КАРД

Ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани соли 2018-ум “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баъдан солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастрасии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя ва омода кардани кадрҳои болаёқат ҳанӯз соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, бо қарори дахлдори Раиси вилоят дар сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шуъбаи рушди сайёҳӣ ва дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент бахшҳои рушди сайёҳӣ таъсис дода шудаанд, ки он баҳри амалисозии сиёсати давлатӣ дар маҳалҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Мусоҳибаи мо бо мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов сурат гирифт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.

- Аз эълон шудани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аллакай муддати зиёд сипарӣ шуд. Айни замон сайёҳии кишвар самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон шудааст. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва сердаромади иқтисодиёти ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар аксари мамлакатҳо дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда мебозад. Маълум аст, ки сайёҳӣ ба инкишофи соҳаҳои асосии иқтисодиёт, ба мисли нақлиёт ва комуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва ғайра таъсири мусбат мерасонад.

Дар ин раванд Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ - рекреатсионӣ буда, барои рушди ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд. Яке аз онҳо дар ҳудуди кишвар мавҷуд будани захираҳои оби ошомиданист. Бояд гуфт, ки зиёда аз 50 фоизи захираи обии давлатҳои Осиёи Марказиро пиряхҳо, дарёҳои кӯҳӣ ва кӯлҳои Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар ҳудуди мамлакат қариб 200 чашмаи минералӣ амал мекунад, ки дар заминаи онҳо сайёҳии санаторию курортӣ инкишоф ёфтааст. Машҳуртарини онҳо курорти “Хоҷа Оби гарм”, осоишгоҳҳои “Шоҳамбарӣ”, “Оби гарм”, “Зумрад”, “Ҳавотоғ” ба шумор мераванд. Дар осоишгоҳу курортҳои Тоҷикистон барои сайёҳон ва дигар эҳтиёҷмандон хизматрасонӣ оид ба табобати бемориҳои гуногун муолиҷа пешниҳод мешавад.

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 90 меҳмонхонаю осоишгоҳ, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 2 осорхонаи вилоятӣ, 9 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 6 хона-осорхона ва мавзеъҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ҳучанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.

Солҳои охир сохтмон ва аз навсозии Осоишгоҳи «Баҳористон», Маркази истироҳатии солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» дар шаҳри Гулистон, маркази истироҳатии солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, осоишгоҳи “Авис сити” дар шаҳри Истаравшан, меҳмонхонаи «Ҳуҷанд гранд ҳотел», «Хуҷанд делюкс» дар шаҳри Хуҷанд, «Нури Раҳмон» дар ноҳияи Айнӣ, «Сипеҳр» ва «Шоҳкант» дар шаҳри Бӯстон, маркази фароғатии «Суғд», маҷмааи фаввораҳо, пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Ҳуҷанд ва ба монанди инҳо ба истифода дода шуданд, ки барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ саҳми бориз доранд.

- Ҳар сайёҳ, албатта, ёдгориҳои маданию таърихиро тамошо кардан мехоҳад. Ҳамин тавр не?

- Бале, ёдгориҳои маданию таърихӣ яке аз сарватҳои беназири мамлакат ба шумор мераванд. Вобаста ба нишонаҳои асосиашон ёдгориҳои маданию таърихиро метавон ба гурӯҳҳои таърихӣ, археологӣ, шаҳрсозӣ, санъат ва ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ ҷудо кард. Ба ёдгориҳои таърихӣ – бино, иншоот, мавзеъ ва ашёҳои хотиравие, ки ба воқеаҳои гуногуни таърихии халқу миллат вобастаанд, ворид мешаванд, ки намунаи олии он Қасри маданияти “Арбоб”-и хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад.

Намунаи ёдгории археологии кишвар дар баробари димнаҳо (боқимондаҳои осори қадима, харобаҳои биноҳои қадимаю вайрона), боқимондаи шаҳру деҳаҳои қадима, муҷассамаҳои сунъӣ, қабристонҳои қадима, ашёҳои қадима ба ҳисоб рафта, Аҷинатеппаю Саразм мисоли гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Муҷассамаҳои ороишӣ ба ёдгориҳои санъат шомил буда, саноатҳои мақомоти давлатӣ ва идоракунии ҳуҷҷатҳои хаттӣ, кинофилмҳои ҳуҷҷатию дастурҳои қадима ба гурӯҳи ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ номнавис мегарданд.

Алҳол ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур ба ҳалли масъалаҳои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ба роҳ мондани муколама ва шарикии давлату бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкориҳои самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ ва ба сайёҳон алоқаманд, тақвият бахшидан ба фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, коркард ва интишори маводи иттилоотӣ ва тарғибу ташвиқи он, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори сарироҳӣ, инчунин тарбияи мутахассисон барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ диққати зарурӣ дода шудааст.

Имрӯз дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 10 ширкат, Панҷакент 23, Айнӣ ва Истаравшан 2 тогӣ ва Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон , Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон -1 ширкатӣ фаъолият мебаранд.

- Оё дурнамои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст?

- Соҳаи сайёҳӣ дар марҳалаи муосир аз рукнҳои ҷараёни ҳамгироии ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имкон дорад, равобити судманди байни кишварҳоро таъмин намояд. Маъмулан, сайёҳӣ ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ; табодули мол, ҳамлу нақл, хизматрасонии марбут ба сармоягузорӣ, равобити илмиву технологӣ ва иттиолотӣ мусоидат карда, ба дипломатияи мардумӣ тақвият мебахшад ва дар натиҷа ба наздикшавии маънавӣ ва фарҳангии миллатҳо замина мегузорад.

Самтҳои ояндадори соҳаи сайёҳӣ дар кишвар сайёҳии тиббӣ (табобат ва истироҳат дар осоишгоҳу дармонгоҳҳо); кӯҳнавардӣ, сайёҳии варзишӣ ва экологӣ; сайёҳии таърихӣ ва этнографӣ ва рафтинг, варзиши лиҷаронӣ дар кӯҳистон ва шикор буда, дар мамлакат алалхусус, сайёҳии экологӣ рӯ ба рушд дорад. Зеро 22 фисади масоҳати ҷумҳурӣ минтақаҳои табиии махсусҳифзшаванда мебошанд. Ҳар гиёҳу парандаи ин мавзеъҳо барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб хоҳад буд.

- Оид ба намуд ва хусусиятҳои сайёҳӣ чанд сухан мегуфтед?

- Дар ҳама гуна кишвар намудҳои сайёҳӣ ба хусусиятҳои инъикоси натиҷаҳои молиявӣ ба буҷети мамлакат ё минтақаҳои он вобаста аст. Аз рӯи ин аломат ду намуди сайёҳӣ – сайёҳии фаъол ва ғайрифаъол муайян карда шудааст. Сафари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ё сайёҳони ватанӣ ба минтақаи муайян сайёҳии фаъол ба шумор рафта, боиси воридоти маблағи муайян ба мамлакат ё минтақа хоҳад шуд. Сафари сокинони як мамлакат ба давлати дигар ва ба саёҳат рафтани сайёҳон аз як минтақаи мамлакат сайёҳии ғайрифаъол номида мешавад.

Барои он ғайрифаъол аст, ки ба баровардани маблағи муайян аз мамлакат ё минтақа мусоидат мекунад. Шаклҳои сайёҳӣ боз ба навъҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Ба онҳо ҳадафи асосии сафар, хусусияти ташкили он, шумораи сайёҳон, давомоти он, хусусияти синнусолии сайёҳон, истифодаи навъҳои нақлиёт ва усулҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мансубанд. Ҳамчунин, навъҳои гуногуни сайёҳӣ вобаста ба ҳадафҳои асосии он ба сафару саёҳат бо мақсадҳои истироҳату табобат, сайёҳии маърифатӣ, илмӣ ва тиҷоратӣ тақсим мешаванд, ки ҳар яке хусусият ва мақсадҳои гуногунро дорост. Инчунин, сайёҳӣ вобаста ба миқдори фурӯши роҳхатҳои сайёҳӣ ба сайёҳии мавсимӣ ва доимӣ ҷудо карда мешаванд.

Сафару саёҳати нисбатан мунтазами сайёҳон ба минтақаҳо ифодагари мафҳуми сайёҳии доимӣ мебошад. Дар мавриди сайру саёҳат ва сайёҳӣ метавон соатҳо ҳарф зад. Имрӯз мутахассисони ширкатҳои сайёҳӣ доир ба ҳар як намуди сайёҳӣ маълумоти муфассалеро ба ҳар як сайёҳ дода метавонанд. Зиёда аз ин дастури муфассалеро бо унвони “Сайёҳӣ: имконият, шароит ва дурнамо” омода ва ба тамоми ширкатҳои сайёҳӣ дастрас намудаем.

Китоби мазкур самтҳои асосии рушди соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба сайёҳон, роҳҳои ташкили саёҳатҳои мухталиф баҳс мекунад ва дастури рӯимизии тамоми кормандони шуъбаю бахшҳои сайёҳӣ, ширкату ҷамъиятҳо хоҳад буд.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Мусоҳиб
Шоира КАРИМЗОДА

Читать далее

ЗАФАРОБОД. ДУРНАМОИ КИШТИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

Кишоварзони ноҳияи Зафаробод аз оғози соли 2021 баҳри самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, сари вақт таъмин намудан бо об ва ҳосили дилхоҳ ба даст овардан кӯшиш намуда истодаанд.

Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, дар асоси нақшаи пешбинигардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 31028 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карданианд, ки аз он 5550 гектар ғаллагиҳо ва лӯбиёгиҳо, 14850 гектар пахта, 2328 гектар зироатҳои техникӣ, 440 гектар картошка, 815 гектар сабзавот, 1525 гектар полезӣ ва 5520 гектар зироати хӯроки чорво мебошад.

Аз миқдори умумии 31028 гектар замин 29023 гектарашро майдони хоҷагиҳои кишоварзӣ ташкил дода, дар нақша аст, ки дар майдони 4740 гектар ғаллагиҳо ва лӯбиёгиҳо, дар 14850 гектар пахта, 2208 гектар зироатҳои техникӣ, 250 гектар картошка, 235 гектар сабзавот, 1500 гектар полезӣ ва дар майдони 4940 гектар зироатҳои хӯроки чорворо кишт намоянд. Соли сипаригардида сокинони деҳот аз ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигиашон самаранок истифода бурда, аз ҳосили гирифтаашон вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хешро беҳтар сохтанд.

Ҳамчунин, бо тайёр кардани консерваю хӯришҳои гуногун аз помидору бодирингу сабзавоту дигар анвои хӯрданӣ ба мавсими зимистон низ омодагии хуб диданд. Мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ дар умум заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентии ноҳия ҳамагӣ 2005 гектарро ташкил медиҳанд. Аз рӯи нақшаи пешбинигардида сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар майдони 810 гектар ғалла ва лӯбиёгиҳо, дар 190 гектар картошка, 80 гектар сабзавот, 25 гектар полезӣ, дар 580 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво ва дар майдони 120 гектар зироатҳои техникӣ кишт карданианд.

Бо вуҷуди сардии обу ҳавои имсола аҳолии ноҳия баҳри самаранок истифодабарии замин чораҳои зарурӣ андешида, дурнамои кишти картошкаи барвақтиро аллакай иҷро намуданд. Ҳоло заминҳои боқимондаро ҳамаҷониба омода сохта, сабзавот, ба монанди помидор, бодиринг, сирпиёз, инчунин лӯбиёгӣ ва ғайраҳо кишт карда истодаанд. Дар баробари аҳолӣ хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия низ кишти ғалладона ва картошкаи барвақтиро иҷро намуданд.

Алҳол барои сари вақт гузаронидани кишти пахта ва дигар зироатҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. - Ғайр аз ин, - иттилоъ дод сармутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳия Асадулло Умаров, - баҳри самаранок истифодабарии заминҳо ва аз ҳар гектари он гирифтани зиёда аз ду ҳосил чораҳои саривақтӣ андешида шудааст. Дар нақша аст, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғаллагиҳои тирамоҳӣ дар майдони зиёда аз 3000 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида мешаванд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҶАҲОНИШАВӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ШУУРИ ҶАВОНОН

Аксар вақт ҷаҳонишавӣ ҳамчун омили таъсирбахши ҳаёти одамон дар заминаи иқтисодӣ ё иҷтимоӣ баррасӣ карда мешавад.

Аммо ҳеҷ кас инкор намекунад, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти шахсии одамон, аз ҷумла, ташаккули арзишҳои оилавӣ таъсири бузург дорад.

Ин таъсир чӣ гуна амалӣ мешавад? Мо айни замон дар давраи ҷаҳонишавии куллӣ зиндагӣ дорем, ки аз бисёр ҷиҳат дониш ва ҷаҳонбинии моро тағйир медиҳад, самти рушди тамоми ҷомеаи ҷаҳонро муайян мекунад. Ин ба ҳамаи кишварҳои дорои низоми гуногуни иқтисодӣ ва сиёсӣ дахл дорад.

Бисёр кишварҳо ва шаҳрвандони онҳо бо баъзе сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ба ҷаҳонишавӣ омода нестанд. Ҷаҳонишавӣ ба тамоми ҷанбаъҳои ҳаёти мо, яъне соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, оила, амният ва ҳаёти иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Бо пайдоиши сомонаҳои интернетӣ сарҳадҳо дар муҳити иттилоотӣ аз байн рафтанд. Ҷаҳон бо афзоиши бемайлони технологияҳои нав, фароҳам овардани ҷойҳои нави иқтисодӣ ва тағйир ёфтани сохтори қувваҳои истеҳсолкунанда ба марҳалаи ҳамгироии рушди нав дохил шуд.

Дар баробари ин, муносибати ҷавонон ба зиндагӣ, арзишҳои моддиву маънавӣ ва равандҳои муошират тағйир ёфта, ниёзҳои моддӣ мақоми аввалро гирифт. Минбаъд ҷавонон фаъол шуда ва муҳимтар аз ҳама, ба ин раванд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Бисёре аз ҷавонон забонҳои хориҷиро меомӯзанд, ки ин монеаҳои забонро аз байн бурда, имкон медиҳад, ки дар ҳама ҳолатҳои низоми ҷаҳонӣ бо ҷавонон муошират кунанд. Ҷаҳонишавӣ ба ҷавонон, мутобиқшавии онҳо ба ҳаёти муосир ва дар ниҳоят, ба иҷтимоӣ ва шуури онҳо чӣ таъсир дорад?

Ҳангоми гузаронидани пурсиш оид ба омӯзиши некӯаҳволии иҷтимоӣ маълум шуд, ки ҷавонон ба таври умум равандҳои ҷаҳонишавиро маъқул медонанд ва онро як дастовард барои ҷомеаи муосир меҳисобанд. Ҷавонон чунин мешуморанд, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳар яке аз онҳо имкон медиҳад, ки ҷаҳонбинии худро васеъ ва ба ҳама гуна маълумот дастрасӣ пайдо карда, сатҳи фарҳангии худро баланд бардоранд. Айни ҳол беш аз 20 фоизи пурсидашудагон ба чӣ будани ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳ надоранд ва намедонанд, ки он ба зиндагии мардуми оддӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?

Мутаассифона, чунин тоифаҳо зиндагии худро доранд мушкилоти рушди ҷомеа ва равандҳое, ки берун аз олами ботинии шахсиашон ба амал меоянд, онҳоро ба ташвиш намеоранд. Шароити нави зиндагӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ қоидаҳои худро барои ҷавонони имрӯза муайян мекунад. Биёед, хусусиятҳои асосии тавсифкунандаи арзишҳо ва иҷтимоигароии насли наврасро қайд намоем: Сатҳи фарҳанги маънавӣ паст шудааст. Ба тағйироте, ки дар оилаи муосир ба амал омада намуди зоҳирӣ ва ҳадафи аслии худро паси сар кардаанд, мусоидат мекунад; Иерархияи арзишҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ хароб карда мешавад.

Афзалият ба дигар тамоюлҳо ва равияҳои мусиқӣ ва адабиёти муосир дода мешавад, ки инро сомонаҳои интернетӣ, кино ва адабиёти муосир фаъолона таблиғ мекунанд; Ҷавонон тавассути сомонаҳои интернетӣ, телевизион ва васоити ахбори омма эпизод саҳнаҳои зӯроварӣ ва бераҳмиро ҷойгир мекунанд, бозиҳои видеоӣ низ ҳамин нақшро мебозанд, дар натиҷа дар вуҷудашон ҳисси бераҳмӣ пайдо мешавад. Воситаҳои ахбори омма дар иҷтимоигароии инсон нақши бузург доранд. Дуруст аст, ки рақобат бо сомонаҳои интернетӣ ва телевизион барояшон душвортар мешавад.

Ҷавонон хоҳиши нашрияҳои чопшударо надоранд, балки онҳо аз васоити электронӣ истифода мебаранд. Акнун на хондан ва таҳлил кардан, балки гирифтани матнҳои тайёр дар шакли фишурдашуда осонтар аст. Ҳамаи ин ба шуури ҷавонон таъсир расонида, дар ниҳоят ба иҷтимоигардонии ҷавонон ва тарбияи насли оянда таъсир мерасонад. Ҷаҳонишавӣ ба бисёр одамони сайёра манфиат меорад, аммо дар баробари ҳамин мушкилоти зиёдеро низ ба вуҷуд меорад.

Мушкилоти асосӣ барои ҳар як давлат тарбияи шаҳрванд, яъне ҳимоятгари Ватан ба воя расондан мебошад. Амнияти мо ва давлат дар маҷмӯъ аз одамоне, ки зиндагӣ мекунанд, пеш аз ҳама аз оила вобаста аст. Оила асоси давлати моро ташкил медиҳад. Мо чӣ гуна оила дошта бошем, чунин шахсро тарбия хоҳем кард. Иҷтимоигардонии ҷомеаи ҷавон дар оила ва зери таъсири ВАО сурат мегирад.

Нигораҷон РАҲИМОВА,

Дилфуза ОХУНОВА,

устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ИНТИЗОМИ ПИЁДАГАРДОН ДАР РОҲ БЕҲБУДӢ МЕТАЛАБАД!

Вақтҳои охир вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар қаламрави вилоят ташвишовар гардидааст. Дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят 39 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 19 нафар ба ҳалокат расида, 45 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Аз шумораи умумии садамаҳо 16 ҳодисаро пахши пиёдагардон ташкил медиҳад, ки бар асари он 4 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии афзоиши чунин вазъ, ин риоя накардани оддитарин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи пиёдагардон мебошад. Новобаста аз он, ки кормандони БДА бо пиёдагардон ҳамарӯза дар мавзеъи бозори “Панҷшанбе” ва назди “Дорухонаи марказӣ” корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, вале мутаассифона, аксарияти пиёдагардон аз гузаргоҳҳои бехавфи зеризаминӣ истифода намебаранд.

Мувофиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардани пиёдагардон ё аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузаштан, огоҳӣ ва ё ба андозаи 7 сомонию 50 дирам ҷарима таъйин карда мешавад. Тибқи нақша - чорабиниҳои мақсадноки “Назорат”, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохила тасдиқ шудааст, бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан, пиёдагардон ва паст гардонидани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо, аз санаи 2 март то 2 -юми апрели соли 2021, дар қаламрави вилоят, амалиётӣ мақсадноки “Пиёдагард” гузаронида шуд.

Раҳимзода Карим Раҳим,

сардори ШТТ ШБДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд,

подполковники милитсия

Читать далее