14 April 2021

Гаронии нарх - муаммо ва мушкилот

Сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳад шуд. Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баробари фаро расидани моҳи Шарифи Рамазон аксар мекӯшанд, то ба ниёзмандону муҳтоҷон, беморони барҷомондаву ятимону бепарасторон корҳои хайру савобро ба ҷо оранд. Иқдоми мазкур як андоза баҳри беҳ гардидани рӯзгори ниёзмандон кӯмакрасон хоҳад буд.

Дар ин моҳи муборак аксар рӯза мегиранду барои давоми рӯз бардам будан хӯроки серғизо истеъмол мекунанд. Ҳастанд нафароне, ки аз имконияти хуб истифода карда, нархи маҳсулоти ниёзи аввалро ба маротиб боло мебардоранд. Ин ҳолат дар мағозаву бозорҳои вилоят баръало ба чашм мерасад.

Имрӯз вазъияти нарх дар бозору мағозаҳо чӣ гуна аст? Барои дарёфти посух аз бозори марказии «Панҷшанбе» ва мағозаҳои «Оазис», «Амид» ва «Анис» дидан намудем.

Бозору мағоза пур аз харидорон асту ҳар нафар вобаста ба шароити худ маҳсулоти заруриро харида истодаанд. Яке сӯи гӯшти моҳӣ мераваду дуюмин сӯи биринҷ ва сеюмин мекӯшад то нархи гӯшти чорворо арзон харидорӣ кунад.

Самандар Тошпӯлотови 65 сола барои харидани гӯшту биринҷ омадааст. Ӯ аз як дӯкони гӯштфурӯшӣ ба дигараш бо умеди арзонтар дастрас кардани гӯшт равон шуд.

- Ба тааҷҷуб меоям, ки чаро нархҳо ба осмон дакка задааст. Чаро як кило гӯшти лаҳми гов 70 - 75 сомонӣ аст? Болоравии нархро аз воридшавии маҳсулот аз хориҷи кишвар баҳона мекунанд. Чорворо чӣ? Магар он ҳам аз хориҷ ворид мешавад, ки нархаш он қадар гарон шудааст? Магар нархи бозорро ягон нафар назорат намебарад?, - гуфт бо таассуф ӯ.

Сабаби болоравии нархи гӯштро фурӯшандаи гӯшти гов Абдурозиқ – қассоб чунин маънидод кард:

- Баробари фарорасии моҳи шарифи Рамазон талабот нисбат ба гӯшт зиёд гардид. Боиси таъкид аст, ки харидорон бисёр табъи нозук доранд. Яке гӯшти лаҳм мехоҳаду дигаре гӯшти бе равған, вале харидорон як чизро дарк карда наметавонанд, ки моле, ки мо мехарем, аслан равғандору устухондор аст ва мо онро бо вазни пуррааш нархгузорӣ мекунем. Равғану устухонро дар алоҳидагӣ фурӯхтан ғайриимкон аст. Хеле хуб мебуд, ки харидорон баробар гӯшти устухондорро интихоб кунанд. Вале нарх ҳоло мисли пешин аст, шояд бархе аз фурӯшандагон аз фурсати муносиб истифода карда, нархро каме бардошта бошанд.

Ҷамила Аҳмадова низ ба бозор барои харидории маҳсулоти ниёзи аввал омадааст. Ӯ мегӯяд, ки нархи бозори «Панҷшанбе» бо супермаркет баробар шудааст.

- Маошам барои харидани картошка, сабзӣ, орд, равғани офтобпараст, биринҷ, нахӯд, мош, шакар ва гӯшт басандагӣ накард, зеро нархҳо хеле боло рафтаанд. Даромади асосии оилаи мо аз маблағи равонакардаи шавҳарам аз муҳоҷирати меҳнатӣ буд, вале бо сабаби авҷ гирифтани бемории сироятии коронавирус ва маҳкам шудани сарҳадҳо имконияти рафтанро надоранд. Аз ин лиҳоз, то ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шавҳарам бо музди моҳона, ки он ҳам барои пардохти хизматрасониҳои комуналӣ ва маҳсулоти ҳаррӯза пешбинӣ шудааст, басанда набошад ҳам, қаноат карда истодаем.

Мо низ ҳамчун харидор ба назди растаҳои фурӯшандагон рафта, аз нархи бозор огоҳ гардидем. Нархи гӯшти гов - устухондор 60 сомонӣ, лаҳм 70 - 75 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 70 сомонӣ, гӯшти парранда 26 сомонӣ, гӯшти моҳӣ 30 - 35 сомонӣ, равғани офтобпараст (як литр) 25 сомонӣ, равғани растанӣ як килояш 20 - 21 сомонӣ, биринҷ 10 - 13 сомонӣ, мош 15 сомонӣ, нахӯд 16 сомонӣ, лӯбиё 15 сомонӣ, маҳсулоти хамирӣ (макарон) 10 сомонӣ, сабзӣ 2,5 - 3,5 сомонӣ, картошка 4,5 - 5 сомонӣ, пиёз як сомонӣ, шакар 11 - сомонӣ, тухм – 1,20 - 1,30 сомонӣ, орд 5 - 5,5 сомонӣ арзиш доранд. Боиси қайд аст, ки агар як харидор маҳсулоти дар боло номбаршударо танҳо як килоӣ харидорӣ кунад, 250 - 300 сомонӣ лозим аст, ҳол он ки ҳар нафар лоақал аз се то панҷ килограмӣ маҳсулот мехарад. Худ қазоват кунед, ки барои як моҳ як оила танҳо барои хӯрдан чӣ қадар маблағ сарф мекунад.

Баъзеҳо имконияти ба бозор рафтанро надоранд ва гумон доранд, ки нархи бозор аз нархи мағоза фарқияте надорад. Дар ин замина, мо ба мағозаҳои номдор, аз ҷумлаи «Анис», «Оазис» ва «Амид» равон шудем. Дар мағозаҳои мазкур низ харидорони зиёде ҷамъ омадаанд ва аробачаҳои ҳар яке аз маҳсулоти ниёзи аввал пур карда шудааст.

Мағозаи «Анис» низ аз харидорон холӣ набуд. Хусусан, пас аз анҷоми соати корӣ харидорони зиёде ба ин ҷо меоянд.

Каромат Маҷидова ба мағозаи мазкур пас аз анҷоми кораш омадааст. Ӯ мегӯяд, ки дар ин мағоза харид кардан барояш қулай аст.

- Ман аксар вақт аз ин мағоза маҳсулот харидорӣ мекунам, зеро нарх нисбат ба дигар мағозаҳо арзонтар аст. Ҳатто, баъзе маҳсулоташ ба нархи бозор баробар аст. Ман инро борҳо санҷидаам. Хокаҳои ҷомашӯӣ, гӯшти парранда ва шакару тухмро маҳз аз ҳамин ҷо мехарам, - гуфт ӯ.

Дарвоқеъ, харидорон зиёд буданду дар назди хазина нафарони зиёде бо аробачаҳои пур дар навбат истода буданд. Вақте бо нархномаи маҳсулоти бозори «Панҷшанбе» муқоиса кардем, он қариб якхела буд. Фарқият танҳо дар дирам эҳсос мешуду бас.

Вале нарх дар мағозаҳои «Оазис» ва «Амид» нисбат ба «Анис» ба маротиб баланд буд. Дигаргунии нарх асосан дар маҳсулоти гӯштӣ, тухм, шакар ва равған эҳсос мешуд. Новобаста аз ин харидорони зиёде низ аз ин ҷо маҳсулоти дилхоҳро ба даст меоварданд.

Аз таҳлилҳои болоӣ бармеояд, ки имрӯз сокинон нисбат ба сатҳу сифати маҳсулот ва вобаста ба имконияти иқтисодии худ аз бозору мағозаҳо маҳсулот агарчи нарх дар ҳама ҷо гарон аст. Болоравии нархро фурӯшандагон дар қурби асъор ва мушкилоти воридшавии молу маҳсулот медонанд, аммо масъулин дар ин бобат чӣ ақида доранд?

Вобаста ба масъалаи мазкур муовини раиси Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салоҳиддин Холиқзода чунин гуфт:

- Нархи хӯрока дар вилоят нисбат ба соли сипарӣ каме боло рафт, алалхусус болоравии нарх дар сӯзишворӣ, шакар ва равғани растанӣ бештар эҳсос мешавад. Ин номгӯи маҳсулотест, ки ба пуррагӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Нархи маҳсулоти воридшуда аз давлате, ки онро истеҳсол мекунаду ба мамлакатҳои дигар содирот мешавад, вобаста аст ва мо барои тағийр додани он имконият надорем. Масалан, дар мавриди болоравии нархи сузишворӣ чанд моҳ пеш таҳлил гузаронида будем. Аз ин ҷост, ки сӯзишворӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия ворид мешавад, алҳол нархи сузишворӣ аз 30 то 35 фоиз дар давлатҳои истеҳсолкунанда боло рафт.

Дар бобати болоравии нархи равғани растанӣ ва офтобпараст Салоҳиддин Холиқзода гуфт, ки 90 - 92 фоизи талаботи истеъмолии мардум аз ҳисоби воридот аст. Он асосан аз Федератсияи Русия оварда мешавад. Истеҳсолкунандагон то 40 фоиз нархи офтобпарастро боло карданд. Дар мавриди равғани пахта ҳаминро бояд гуфт, ки истеҳсоли равғане, ки аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ тайёр мешавад, танҳо 8 - 9 фоизи талаботи аҳолиро қонеъ мекунаду халос.

- Болоравии нархи шакар ҳам, ки асосан аз Федератсияи Русия, Украина ва Белоруссия ворид мешавад, вобастагӣ дорад. Дар бозор дигар маҳсулоти ниёзи аввал мисли солҳои пешин боқӣ мондааст. Боиси таъкид аст, ки ҳар ҳафта дар маркази шаҳрҳои саноатӣ - Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстон ярмарка - фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил мешавад, ки дар он ҷо маҳсулот то 30 фоиз аз нархи бозор арзон аст, - гуфт номбурда.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Суҳайлӣ ҒАФУРОВ,

таҷрибаомӯзи «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Баргузории семинари вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах

12 апрели соли 2021 дар шаҳраки Сайҳун семинари вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах доир гардид.

Семинари мазкур бо мақсади таъмини иҷрои амри Раиси вилояти Суғд “Дар бораи таъсис додани Ситоди вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон” аз 20 январи соли 2021 ва нақшаи кории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадаф аз он эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо ва чарогоҳҳо аз ҳашароти зараррасони малах, баланд бардоштани сифат ва ҳосинокии зироатҳои кишоварзӣ ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир маҳсуб меёбад.

Читать далее