15 April 2021

Шиносоӣ бо рафти кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо рафти корҳои саҳроӣ шинос шуд.

Роҳбари вилоят аз ҷумла бо ҷараёни кишти картошка дар хоҷагиҳои ноҳия ошно гардида,  барои то 10 май ба охир расонидани кишт дар назди масъулини соҳаи кишоварзӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.  Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда масоҳати кишти картошка зиёд карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он низ бештар карда шавад.  Ба иттилои масъулин имсол кишоварзони ноҳия тасмим доранд, ки беш аз 60 000 тонна картошка истеҳсол намоянд.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Шаҳристон сафари корӣ анҷом дод.

Тавре маълум аст ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари вилоят корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷараён дорад. Дар ноҳияи Шаҳристон низ дар ин раванд бунёди иншооти гуногун ба роҳ монда шуда, сокинон дар ободонию хуррамгардонии маҳал саҳми худро мегузоранд.

Читать далее

Бадхоҳон ҳеҷ ба мақсад намерасанд

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогариву дасисабозиҳои сиёсии беасоси бадхоҳону хоинони миллат-роҳбарони гуруҳҳои тундрав, ба монанди ТТЭ ҲНИ пахш мегарданд, ки ақидаҳои дурӯғини худро ба сари мардуми мо таҳмил кардан мехоҳанд. Бо истифода аз воҷаи муқаддаси «ислом» бо роҳи фишор овардан ба ирода ва зеҳни мардум ҳадаф доранд, ки сулҳу суботи кишварро халалдор созанд.

Давлатҳои абарқудрат аз нигоҳи ҷуғрофиёи сиёсӣ бо ҳадафҳои худхоҳона ва дурнамои хеш лоиҳаҳои зиёдеро тарҳрезӣ намудаанд ки тавассути мухолифини  давлатҳо ин ҳадафҳояшонро амалӣ карданӣ мешаванд. ТТЭ ҲНИ низ аз он ҷумлаанд, ки бо супориши чунин хоҷагони хориҷиашон аз тамоми усулу васоит истифода бурдан доранд, то байни мардум иғво ангехта, вазъи  ороми кишвари моро ноором кунанд.

Шояд онҳо дарк нанамоянд, ки ҳадафи аслии ин «хоҷаҳо» чист. Ин тоифаҳо аз куҷо медонанд, ки сулҳу ваҳдати Тоҷикистон бо чӣ уқубатҳо ба даст омадааст? Имрӯз сулҳу ва дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро «Ваҳдат» унвон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар марҳилаи осоишу амният ва созандагию бунёдкорӣ ба сар мебаранду ин нохалафон теша ба ин реша задан доранд! Мо ба ин тоифа мегӯем, ки сокинони кишвар ба қадри сулҳу субот, дастовардҳои истиқлолият, арзишҳои миллӣ мерасанд ва  Ватани худро бо арзиши ҷон ҳифз мекунанд, баҳри бештар кардани дастовардҳои соҳибистиқлолӣ саҳм мегузоранд.

Аскар Акобиров,
устоди ДДХ

Читать далее

СОЗМОНИ ЭКСТРЕМИСТӢ

Вақте рафтор ва гуфтори аъзоёни гурӯҳи 24-ро мебинем, чунин ба назар мерасад, ки гӯё ин бачаҳои гумроҳшуда аз фарҳанг ва маданият хеле дур бошанд, вале чунин дақиқтар менигарем ҳамин қадар хулоса мекунем, ки аъзоёни ин гурӯҳи экстремистӣ  гумроҳшудагоне ҳастанд, ки намедонанд ба кадом роҳ мераванд.

Чунки ҳар як сухан ва баромади ононро вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ба чунин хулоса мерасем, ки дар ҳақиқат ин бачаҳо гумроҳ  гардидаанду чашми дидани ҳақиқатро надоранд.

Дар воқеъ агар ба суханронии ин тоифа таваҷҷуҳ кунем, ҳамин қадар мурод ҳосил мешавад, ки дар ҳақиқат ин хоинон  ақлҳояшонро аз даст додаанду фарқи миллату давлат ва манофеи милливу Ватанро намедонанд.

Аз ин рӯ, ба ҷавонон такя намуда, ҳамин қадар илова менамоям, ки ба сафсатаҳои ин хоинон асло таваҷҷҷуҳ накунанду бо чашми дил ба пешрафтҳои кишвар бингаранд ва худ хулоса бароранд. Кӯшиш намоянд, ки  баҳри пешрафти сарзамини худ саҳм гузоранд.

Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Читать далее

Амалҳои ноҷавонмардонаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар

Ҳамзамон, дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир ба роҳ монда шудааст.

Вале, мутаассифона дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ТТЭ ҲНИ аст, ки берун аз марзи кишвар истода, ба сӯи кишвари худ сангандозӣ мекунанду суботи ҷомеаи моро халалдор карданӣ мешаванд. Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТТЭ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Масъулини ТТЭ ҲНИ  домони аврупоиҳоро гирифта, бо ҳар роҳу васила мехоҳанд ба амалишавии ҳадафҳои нопоки абарқудратон мусоидат кунанд.

Аммо ин гуруххо ба хадафи нопоки худ нахоханд расид, зеро мардум ҳакикати вокеиро дарк намуд. Шахрвандони Точикистон аксар ба ТТЭ ҲНИ эътимод надоштанду надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машакати хазорон нафар сокинон гардид, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур ба амал омада буд. Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб гардид. Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Акобир Мақсудӣ, устоди ДДХ

Читать далее

Хиёнат ба Ватан баробари хиёнат ба модар аст

Ватан-муқаддастарин дороии ҳар як шахс ва бани башар аст. Хуш ба ҳоли онҳое, ки соҳибватан мебошанд ва онро бо ҳама буду набудаш чун модар азиз ва гиромӣ медоранд. Бино ба қавли маъруф “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Пас нафаре, ки ба Ватан аз таҳи дил хизмат мекунад ва обу хоки онро азиз медорад, ҳикмати мазкурро адо мекунад. Лозим ба зикр аст, ки дар баробари ашхоси зиёди ватандӯсту ватанпарвар, мутаассифона дар ҳар давру замон афроде ба назар мерасанд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо намерасанд ва бар ивази хизмат ба Ватан ба он хиёнат мекунанд. Он нафаре, ки эҳтироми Ватан, давлат, забон, миллат ва муқаддасоти дигари кишвар намекунад, бешак наметавонад эҳтироми азизони худ- падар, модар, ҳамсару фарзандони худ ба ҷо орад. Шоҳиди ин калом филми “Хиёнат” аст, ки ҳар як бинандаи он- пиру барно нисбат ба хоинони Ватан- саркардагону аъзоёни ТТЭ ҲНИ нафрат пайдо мекунад.

Бешак, озодӣ, истиқлолият, сулҳу ваҳдат беҳтарин неъмат аст. Мардуми тоҷик ба қадри ин неъматҳои бебаҳо баъд аз воқеаҳои хунину даҳшатбори солҳои навадум бештар расид. Аз филми “Хиёнат” равшан мешавад, ки воқеаҳои пур аз даҳшату ваҳшонияти ибтидои солҳои навадум низ сохта ва амали хоинону душманони ин миллат будааст. Зарари моддиву маънавие, ки дар ин даврон мардуми кишвар дид, беҳисоб аст.

Гуруҳе аз хоинон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз ин ҳама зиёну харобӣ ва кушторҳо панд нагирифтанд ва то ба имрӯз берун аз кишвар мехоҳанд, амну осудагии кишварро халалдор созанд. Пас аз тамошои ин филм кас дар таҳайюр мешавад ва мегуяд, ки наход одамӣ то ин дараҷа нисбати Ватан, бузургони миллат ва ҳамзабонони худ хиёнатро раво бинад. Барои пулу моли андак ба обу хок, хонавода, азизону пайвандони худ хиёнат намояд ва берун аз Ватан бар зидди Ватан ва ҳамватанони худ душманӣ кунад. Маҳз ҳамин амалҳои нопоки хоинони миллат боис шуд, ки наздиктарин шахсон ва пайвандони онҳо аз онҳо рӯй тофтанд ва номи онҳоро на чун пайванду хеш, балки душману хоини миллату Ватан ва давлати соҳибистиқлол ба забон мегиранд.

Филми “Хиёнат” тавонистааст, бо далелҳои раднопазир чеҳраи аслии хоинон ва душманони миллатро ба намоиш гузорад ва ҳар фарди ватандӯсту ватанпарварро аз амалҳои нопок ва кушторҳои бераҳмонаи онҳо ошно созад.

Мо ҷавонон ин амали ноҷавонмардона ва кушторҳои бераҳмонаи хоинони миллатро дида, бори дигар нисбаташон нафрат пайдо кардем ва ба он боварем, ки на танҳо имрӯзиён, балки таърих ва фардоиён низ онҳоро чун хоин ва хиёнаткор ном хоҳанд бурд. Хоини Ватан мисоли хоини модар ва азизони худ аст.

Шамил Назарзода

Читать далее

М. САДРИДДИН-хоини ватан

Борҳо шудааст, ки М. Садриддинро, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои иғвобарангезӣ мебарад ба дурӯғгӯйӣ ва хиёнату фиреби мардум доштаанд ва борҳо қаллобияшро ошкор намудаанд, аммо ҳанӯз ҳам инон  талош мекунанд, то ҷомеаро  фиреб диҳанду гумроҳ гардонанд, ки ин як хиёнати маҳз мебошад.

Ҳарчанд дигар тамоми ҷаҳон медонад, ки аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ хоину зархариданду барои хоҷагони хориҷияшон кӯшиш мекунанд, то ҷомеаро ба роҳи нодуруст равона гардонанду мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд, ки ин як хиёнати маҳз ва душмании ошкоро мебошад.

Чӣ хеле, ки мебинем М. Садриддини хоинест, ки дар муҳити носолим ба воя расидаасту талош мекунад, то бардурӯғ мардумро гумроҳ гардонад ва сафсатаҳояшро ба мардум таҳмил кунад, ки ин амал дигар аз рӯйи ҷавонмардӣ нест.

Аз ин рӯ, ҳамватанони мо бояд кӯшиш кунанд, то ба фиребу найрангҳои ин тоифа дода нашаванд.

Самадова Г.
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Читать далее

Терроризм ва экстремизми динӣ –падидаи номатлуб

Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мо, сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиямонро эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Барои абарқудратҳо фарқ надорад, ки дар кишвари мо чӣ гуна низом барқарор мешавад. Барои онҳо муҳим он аст, ки моро аз решаҳои таърихӣ, илмиву фарҳангии хеш дур намоянд.  Дар ин шароити имрӯза ҳифз ва пешбурди манфиати миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи худи ҳар як миллат аст. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст».

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунуни ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Омӯзиши ин падидаҳои номатлуб корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳониёнро ба ташвиш андохтааст. Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешаванд.  Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад.

Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносони муътамад дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Хамасола дар асари терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад. Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад. Дар ин радиф хатарноктарин навъи дигари ҷиноят қочоқи маводи мухаддир мебошад, ки тибқи маълумоти сершумор яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалиётҳои террористӣ гаштааст.

Муборизаи қотеъ бар зидди ин падида мисли терроризм иқдомоти дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад ва ба таҳияву татбиқи консепсияи ягонаи мубориза алайҳи он ниёз дорад. Возеҳ аст, ки терроризми муосир, ки хислати оммавӣ ва фаромиллӣ касб кардааст, зимни равандҳои ҷаҳонишавӣ имконпазир гардид. Як қатор омилҳои айние вуҷуд доранд, ки бо ин равандҳо иртиботи ногусастанӣ дошта, ба сурат ва сирати амалиёти терроризми муосир таъсир мегузоранд.

Аскар Раҳимов,
устоди ДДХ

Читать далее

Садоқату хиёнат созишнопазиранд

Роҳбари ТТЭ ҲНИ барои он ки ба ҳадафҳояш ноил шавад, дар парлумон курсӣ гирифт, вале баҳри пешбурди кишвари худ хидмате анҷом надод. Чун  ба Аврупо рафт, аз баҳри калимаи «ислом» дар номи ҳизб гузашт ва акнун онро ба таври худаш  Паймони миллӣ меномад..

Гуфтаҳои боло бори дигар тасдиқ менамоянд, ки мардуми хирадманду фозил ва сабури тоҷик имрӯзҳо низ  шоҳиди он мегарданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро, ки зери як «Паймон» аҳд бастаанд ва аз реҷими пешгирифтаи хеш, ки поймол намудани ҳуқуқҳои фитрии инсон иборат аст, ҳоло ҳам даст кашиданӣ нестанд.

Тавре аз тариқи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ дорем, ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш ба амалҳои иғвоангезӣ ва мардумфиребонаи худ идома дода истодаанд.

Ташкилу роҳандозии чунин “тазоҳурот” аз ҷониби роҳбарону аъзои ТТЭ ҲНИ идомаи ҳамон равандест, ки онҳо дар солҳои аввали истиқлолият бо ин гуна ҳамоишу гирдиҳамоиҳо мардумро дар дохили кишвар ба бесарусомонӣ, бенизомӣ ва ҷангу ҷидол кашида, имрӯз ба ин кирдорҳои нангини худ дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд.

Ин бадхоҳон мехоҳанд мардумро, махсусан ҷавонони моро фиреб дода, ба доми худ андозанд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар роҳу васила истифода менамоянд. Зеро пешаи онҳо чунин аст.

Хушбахтона мардуми шарифи тоҷик аз симои ҳақиқии ин ҳизби ба ном “исломӣ” ва дар асл ифротӣ ва амалҳои номатлуби он огоҳӣ пайдо намуд. Имрӯз ободиву пешрафти кишвари азизамон дар тамоми самтҳо ва сарҷамъиву муттаҳидии миллати тоҷик ба чашми онҳо мисли хор мехалад ва онҳо тавони дидани онро надоранд. Аз ин рӯ, бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ободиву осудагии ватани маҳбубамон сокинони кишвар, бахусус насли ҷавонро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи иғвову дасисаҳои ифротгароёну тахрибкороне ба мисли аъзоёни ТТЭ ҲНИ нагарданд.

РаҳматоваЗ.М. – н.и.ҳ., дотсенти
кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

 

Читать далее

КӮРДИЛОНИ НОТАВОНБИН

Хиёнатро мардум ҳар гуна баҳо медиҳанд ва таърифҳои гуногун дорад, аммо хиёнаткор ҳамон як хел дониста мешавад ва таърифаш ҳам хиёнаткор аст. Яъне, касе ба хиёнат даст зад, дигар дар ҷамъият ба унвони хиёнаткор дониста мешавад ва касе дигар намехоҳад, ки бо ӯ робита дошта бошад.

Аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом низ ҳамин хел хиёнаткор мебошанду борҳо хиёнат кардаанд, аммо имрӯз дигар ҷомеа ононро намепазирад ва ин наҳзатиёни хоин ва террорист ба хотири ба дили ҷомеа роҳ ёфтан аз макру ҳилла ва найранг истифода мекунанд, ки ба ин макри онон танҳо инсонҳои ноогоҳ аз ҳақиқат дода мешаваду зуд гумроҳ мегардад.

Яке аз чунин ҳиллагарони наҳзатӣ, хоин ва бадкеши наҳзатӣ М. Садриддини хоин ва палид мебошад, ки бо ҳиллаву найранг мехоҳад мардумро гумроҳ созад. Ин М. Садриддини террорист аз хурдсолӣ дар гирдоби найрангу фиреб ва макр ба воя расидааст, ки имрӯзҳо бештар талош менамоянд, то ҳамин амали номатлубашро идома диҳаду бар миллат хиёнат намояд ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо чандин барномаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ намудааст, то ҷомеаро аз ҳамин роҳ ба роҳи хато тела диҳад.

“Минбари муҳоҷир” аз ҳамон барномаҳои хоинонаи наҳзатиёнест, ки ба хотири фиреби ҷомеа ва гумроҳ сохтани мардуми ноогоҳ имрӯзҳо аз ҷониби М. Садриддини хоин роҳандозӣ шудааст.

Аз ин лиҳоз, бояд мардум донанд, ки ин наҳзатиёни хоини душмани миллат ва хоинони бадкеш буданд, ки хуни миллатро мерехтанд ва имрӯз бо ин барномаҳои иғвобарангезонаи худ мехоҳанд, ҷомеаро ба нооромӣ кашанд, ки ин амал дигар хиёнати маҳз мебошаду ҷавонон бояд ба сафсатаҳои ин хоинон дода нашаванд.

Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Читать далее