03 May 2021

Мулоқот бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркуҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара

Рӯзи 2 май Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркуҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар оғози мулоқот аз ҳодисаҳои охир, ки дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи муноқишаҳо гирифта шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон борҳо мулоқоту музокирот намуда, дар рафти гуфтушунидҳо масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламрави сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.

Читать далее

Ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагони муноқишаҳои марзӣ кӯмакҳои моливу пулӣ расонида мешавад

3 май дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок доштанд.

Дар машварат вазъи бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Вобаста ба ҳолати кунунии корҳо муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода гузориш дод.

Читать далее

ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ КАРТОШКА БЕШ АЗ САД ҲАЗОР ТОННА

Иқлим ва обу ҳавои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариш ва истеҳсоли картошка мувофиқ буда, сокинон дар ин самт таҷрибаи бойи деҳқонӣ доранд. Ноҳия аграрӣ буда, сокинонаш асосан ба кишоварзӣ, махсусан картошкапарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Сарчашмаи асосии пешбурди зиндагии мардум аз ҳосили бадастовардаашон ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои Баромад Ҳаётзода, сардори идораи кишоварзии ноҳия, майдони умумии заминҳо дар ноҳия 3 ҳазору 80 гектарро ташкил медиҳад. Мувофиқи дурнамо, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2 ҳазору 851 гектар кишти картошка ба нақша гирифта шуда, ҳоло дар майдони 600 гектар кишт гузаронида шудааст. Ҳамасола кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт намуда, ҳосили баланд мерӯёнанд.

Тавре деҳқонон изҳор менамоянд, асоси ба даст овардани ҳосили баланди картошка аз тухмии хушсифат ва саривақт пошидани нуриҳои минералӣ вобастагии калон дорад, мегӯяд номбурда. Тибқи маълумоти масъулин соли гузашта дар ноҳия беш аз 95 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол шуда, ба бозорҳои дохилӣ бароварда шуданд. Имсол кишоварзон ният доранд, ки истеҳсоли картошкаро дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба беш аз 100 ҳазор тонна расонида, дар сабади истеъмолӣ саҳм гузоранд. Дар ноҳия ҳар ваҷаб замин самаранок истифода шуда, заминҳои санглоху то имрӯз обёринашуда ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешаванд.

Соли 2020 зиёда аз 68 гектар замин аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ба гурӯҳи заминҳои кишоварзӣ ворид карда шуд, ки ин иқдом дар оянда низ идома дода мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳосилнокии картошка дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳисоби миёна аз 350 то 900 сентнериро ташкил медиҳад. Аз ҳама ҳосили баланд дар деҳаҳои Ронҷ, Имбеф, Арнохун, Арсович, Ярм ва Худгифи Боло ба даст оварда мешавад. Хоҷагидорон дар баробари кишти картошка боз гандум, ҷав, боқила, сабзӣ, пиёз ва дигар намуди зироати кишоварзиро кишт карда истодаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони қариб 76 гектар гандуми тирамоҳӣ, 53 гектар ҷав ва 55 гектар сабзавот кишт кардаанд, ки айни ҳол нашъунамои он хуб ба назар мерасад. Аз майдони умумии заминҳои корам 2 ҳазору 438 гектари он обӣ мебошад. Солхои охир ҳиссаи майдони кишти ғалладона, зироатҳои хуроки чорво кам гардида, майдони кишти картошка, меваҷот ва сабзавот зиёд шуда истодаанд.

Сабаби асосии кам гардидани майдони кишти ғалладона ва зироати хӯроки чорво ин зиёд намудани кишти картошка дар ноҳия мебошад. Чуноне, ки маълум аст обу ҳавои ин минтақа ба парвариши картошка мувофиқ мебошад аз ин лиҳоз кишти ин намуди зироат бештар ба роҳ монда мешавад. Боғдорӣ низ яке аз бахшҳои муҳим ва даромадноки ноҳия маҳсуб ёфта, ҳамасола меваҳои шаҳдбори аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда мешавад. Агар дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят меваи зардолу барвақт ғунучин шавад, ҷамъоварии зардолу дар ноҳия аз моҳҳои август то сентябр давом меёбад. Ҳосили имсолаи дарахтон фаровон буда, сокинон умед доранд, ки меваи хуб гирифта, ба бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд.

Бояд гуфт, ки майдони бештари боғҳоро зардолу ва себ ташкил медиҳад. Айни замон майдони боғҳои мевадиҳанда дар ноҳия 591 гектар буда, дарахтон пур аз мева мебошанд. Дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» майдони боғҳои мевадиҳанда зиёд карда мешаванд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ соли 2016 дар майдони 16,2 гектар боғи нав бунёд ва дар соли 2019, бошад, майдони боғҳои нав ба 21 гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб панҷ гектар зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, аз соли 2016 то соли 2019 дар ноҳия қариб 80 гектар боғи нав бунёд карда шуда, соли 2019 дар ноҳия бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 5 гектар боғи интенсивӣ бунёд шуд.

Аллакай ниҳолҳои шинонидашуда ба ҳосил даромада, кишоварзон ният доранд, аз он ҳосили баланди себ ба даст оранд. Бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сол ба сол ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад. Дар ноҳия ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин, ба даст овардани ҳосили дилхоҳи зироати кишоварзӣ, махсусан картошка тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, ҳамасола истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда мешавад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Хуҷанд Кӯҳистони Мастчоҳ Хуҷанд

Читать далее

Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон

1 май дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон К.Ташиев доир гардид.

Ҳангоми баррасии вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳарду ҷониб аз ин ҳодиса изҳори таассуф намуда, ба оила ва наздикони қурбониён изҳори тасаллият баён доштанд. Изҳор карда шуд, ки ба сурат гирифтани чунин ҳодиса дар оянда роҳ дода наҳоҳад шуд.

Читать далее