06 May 2021

Ба захмиёни даргириҳои мусаллаҳона кӯмакҳои пулӣ супорида шуд

5 майи соли 2021 дар Беморхонаи марказии Исфара ба ҳар кадоме аз захмиёни даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакпулиҳо супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати ҷароҳатдидагони муноқишаҳо ва супоридани кӯмакпулиҳо иброз дошт, ки давлату Ҳукумат барои табобати пурраи онҳо шароити заруриро фароҳам меоварад.

Читать далее

Ба оилаи 19 нафари фавтида кӯмакҳои пулӣ расонида шуд

5 майи соли 2021 тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба манзили шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда ташриф оварда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд.

Раиси вилоят ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба манзили шахсони марҳум, сокини Ҷамоати деҳоти Сурх - Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух - Меҳрӯзиддин Болтаев рафта, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи онҳо изҳори тасаллият намуданд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз манзилҳои харобшудаи сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён

5 майи соли 2021 Раиси вилояти Суғд аз манзилҳои истиқоматие, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, боздид кард.

Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара вазъи кунунии хонаҳои истиқоматиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо соҳибони онҳо суҳбат намуд.

Таъкид карда шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 1 моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд.

Читать далее

БЕ ИЛМ НАТАВОН БА РОҲИ МАҚСУД РАСИД!

Илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарасти, бофтаҳои баъзе диндорони камсавод маҳсуб меёфт. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд гуруҳҳои манфиатҷӯ дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлубро коршиносон дар он мебинад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиноси, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, боиси шомил шадани онҳо ба гуруҳи ифротгарои мегардад. Дар ҷунин вазъият ҳар як фарди соҳибмарифат, хоссатан падару модар ва омӯзгоронро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговарӣ ҷомеа имрӯза терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ин фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ҷомеаи илмӣ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқи танзимкунандаи фаъолияти онҳо мебошад.

Облоқулов В
омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДКМТ

Читать далее

Шумо хоинони миллат – ҳаргиз ба мақсад нахоҳед расид!

Корҳои ободониву созандагиро мардуми шарафманди диёр натиҷаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи он дар меҳани азизамон маънидод менамояд. Бо ин ҳама пешрафту созандагиҳо, ки дар кишвари азизи мо авҷи тоза касб намудааст, бо итминон метавон гуфт, ки рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба замони истиқлолияти давлатӣ алоқамандии зич дорад. Зеро дар замони соҳибистиқлолии кишвар, ки соли равон мо 30-солагии онро таҷлил хоҳем кард, ватани азизамон чунин пеш рафтааст, ки дар тӯли таърихи худ  халқи тоҷик ин гуна пешравӣ ва ободиро надида буд. Аслан 30 сол дар назди таърихи инсоният, баробари як миҷа задан буда, расидан ба чунин дастовардҳо дар ин муддати кӯтоҳ боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Мо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорем, ки ҳаргиз ба шумо хоинони миллат бовар нахоҳем кард. Мо ҳамавақт дар паҳлӯи Ҳукумати Ҷумҳуриамон қарор гирифта, аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем бурд.

Ҷавонони имрӯза ҳамеша пуштибон ва ҳимоятгари ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо ба давлати дӯстию рафоқат, сулҳпарвару оштихоҳ табдил ёфтааст мо ҷавонон намегузорем, ки дубора он ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шавад.

Шумо хоинони миллат ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳед расид.

Изҳороти донишҷӯёни Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои некӣ зарур аст

Солиёни зиёд тоҷикону қирғизҳо дар марзи муштарак кору зиндагӣ дошта, ба якдигар кўмаку ёри мекарданд, ки ин боиси устувор шудани равобити дўсти дар миёна ду халқ буд.

Аммо дар натиҷаи иғво дар масъалаи об моҷаро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ки дар натиҷа вазъият дар марзи тоҷику қирғиз боз муташаннич гардид. Дар даргириҳои ин рӯзҳо аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд. Тарафҳо вазъиятро ба зудӣ ба эътидол оварданд.

Таърихи башарият гувоҳи он аст миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, киҷавҳари он чаҳорчӯбаи принсипи миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон» аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, аз ҷумла Имоми Аъзам нуҳуфтааст, тавонист садди роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҷароҳати он захм сиҳат нагаштааст ва шояд ин ҷароҳат ҳамеша боиси нороҳатии мо бошад, чунки халқи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш бар сари ҳеч қавму миллате ва болотар аз он, бар сари халқи худ теғ накашидааст. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша бо Худои худ дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ дар ҳар шакле, ки набошад ҳамроҳ буд. Муборизаи ӯ аз тариқи камолоти нафсию рӯҳӣ ва фазилатҳои инсонӣ сурат мегирифт.

Усанов Р.Т.,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Фитнаи навбатии наҳзатиён

Ҳар як шахс бояд дар зиндагии худ дар ватани худ барои осоиштагии худ тадбирҳо ҷўяд ва ин тадбирҳоро на аз дигарон ёбаду ба онҳо такя кунад. Ҳар яки мардуми шарифи Тоҷикистон мусалмон аст, ҳамаи мардум дар бораи чӣ будани дини ислом, гуноҳу савоб, неку бадро хуб медонанд. Ҳарчанд давлат сохти демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ бошад ҳам, мардуми тоҷик аз рукну одатҳое, ки доранд ҳаргиз дур намешаванд.

Мо умедворем, ки хамаи кишварҳои ҳамсоягон аз пайдоиши дини ислом дўсту ҳамфарҳанг буданд, боз дўстию рафоќати худро гум накунанд ва барои  пешравии ин ду кишвар ҳеҷ чиз монеъа нашавад.

Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст. Аз ин лиҳоз аз ТТЭ ҲНИ мо зиёиёни кишвар ҳамчоя хоҳиш дорем, ки ба фаъолияти давлате, ки манфиатҳои худро баҳри ободии халқ, дар сулҳу салоҳ зиндагӣ доштан, равона карда истодааст халалдор нашаванд. Мардуми кишвари Тоxикистон боз аз нав сохтро дигар кардан намехоҳад, чунки дар азнавбунёдкунӣ боз табаддулот мехоҳад. Дар ин ҷода боз мардуми азияткашида дар азоб мемонад. Боз ҷангу ҷидол, кашкашаю бар манфиат кор кардани ашхосе ба ҳеҷ кас лозим нест. Аз ин сабаб ба кулли мардумоне, ки ин ҳизбро дастгирӣ мекунанд аввал аз ёди мардум кунед, то ба коре даст задан!

Мирсаидов С.А. – д.и.и., мудири кафедраи
маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

Читать далее

КАБИРӢ- ТЕРРОРИСТИ ҲАРЗАГӮЕ ДАР СОМОНАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, мақсадҳои нопоки худро бар алайҳи миллат  равона созанд ва ҳамин аст, ки як қатор манқуртҳо ва беномусонро ба мисли зархарид ғуломи худ сохтаанду ба воситаи онон мехоҳанд ҳадафҳои нопокашонро амалӣ созанд.

Яке аз чунин зархаридони бевиҷдон ва ватанфурӯшу молпараст Кабирии хоин ва террорист мебошад, ки пайваста бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебарад ва талош мекунад, то ҷомеаро ба роҳи нодуруст бараду мақсадҳои душманонаи хоҷагони хориҷияшро амалӣ созад, ки ин хиёнат мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи Кабирии террористро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!

ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ
ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКАИ ДКМТ

Читать далее

Ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мост!

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат новобаста аз миллату наҷод ва мавқеи иҷтимоиву сиёсӣ баҳри ҳифзи марзу буми Ватан бояд ҳаматарафа омода бошанд. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли наздик ба 30-соли истиқлолияти давлатии худ пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, марзу буми онро сарҳадбонони шуҷои мо ба таври омодабошӣ ҳимоя мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии азизамон ҳамрадифи истиқлолу озодӣ аст ва дар ин шароити ҳассоси геополитикӣ бо техникаву лавозимоти ҷангӣ пурра таъин гаштаанд. Ҳамаи намуди қӯшунҳои ҳарбии давлати мо имрӯз ҳимояи Ватан ва ҳифзи якпорчагии онро на танҳо масъулияти шаҳрвандӣ, балки қарзи имониву виҷдонӣ ҳисобида, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд то ягон нохалаф сарҳади давлатиро ва муқаддасоти миллиро зери по накунад.

Аммо аз замони Шӯравӣ барои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз муаммоҳои ҳалношуда ин масъалаҳои сарҳадӣ байни ин давлатҳо ба шумор меравад. Муноқишаҳои сарҳадӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Қирғизистон солиёни зиёд аст, ки роҳи ҳалли худро наёфтааст. Дар ин минтақаҳо аксар вақт низоъву зиддиятҳои марзӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Масоили марзӣ Тоҷикистону Қирғизистон тӯли наздик ба 3 даҳсола то ҳол нуқтаи охирини худро наёфтааст. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ-ҷуғрофие, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тасвир ёфтааст, агар объективона назар афканем, аксари нуқтаҳои ба ном баҳсбарангези байни тоҷику қирғиз аслан заминҳои Тоҷикистон буда, бо сабабҳои номаълуми субъективӣ ба ҷониби ҳамсоя дода шуда буд. Ин раҳмдилии тоҷиконаро халқи қирғиз сӯиистифода намуда, зина ба зина заминҳои таърихан ба миллату давлати мо тааллуқдоштаро аз худ карда то ҳатто даъвоҳои нав ба навро нашармидаву наҳаросида рӯи кор меоранд. Тайи 3 рӯзи амалиёти ҳарбие, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доир гашт беш аз садҳо нафар маҷруҳ ва даҳҳо объектҳои хоҷагии халқ зарар диданд. Ба андешаи аксари коршиносон қафои ин амалҳои ҳарбӣ “дасти сеюм” ва “гурӯҳи манфиатхоҳ” пинҳон аст. Ин турфа инсонҳои пастфитрат, мардуми ҳар ду тарафро ба ҷангу хунрезӣ далолат карда, худ аз боло тамошобин мешаванд.

Агар умдатан ба муноқишаҳои сарҳадӣ бо диди фарохтар назар афканем, ҷониби Қирғизистон дар вақти айёми кишту кор бо баҳонаҳои сохтаву бофтаи худ ба мисоли чаппа кардани роҳи оби дарё ва ё гузаштани чорвои тоҷикон ба заминҳои баҳснок муноқишаро оғоз мекунанд. Дар ҳама ҳолат тӯли наздик 17-18 соли раванди музокироти наздисарҳадӣ ҷониби Тоҷикистон бисёр дипломатона ва эҳтиёткорона ба масъала нигоҳ мекунад ва ҷонибдори он аст, ки дар марз муноқиша сар назанад. Иҷозати расмӣ додан барои сохтмони роҳи мошингарди қирғизҳо ин гузашти калони ҷониби давлати мост, ки баҳри эҳтирому ҳамсоягарӣ анҷом дода шуд.

Дар ин вазъияти басо ҳассос бояд ҳарду ҷониб таҳаммулпазирии худро дар ҷои аввал гузоранд. Ба ибораи дигар ҳамсоя ин туҳфаи Худованд аст ва эҳтироми ҳамсоя дар шариати ислом авлавиятҳои худро дорад. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳама ҳолат манфиатҳои давлату миллатро дар ҷои аввал мегузоранд ва марзу буми сарзамини аҷдодиро мардонавор ҳимоя мекунанд. 

Ҳ.ҚУРБОНОВ,
ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар аст, вале

Аз қадимулайём гуфторе ҳаст, ки “Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар аст”. Мавзӯи ҳамсоядорӣ аз мавзӯъҳоест, ки дар Шарқ ҳама вақт дар зиндагии мардум  мавқеи калидӣ дошт ва дар пешрафту ободии ҳар маҳаллу хиёбону шаҳре  саҳми бориз мегузошт.

Рафоқату эҳсоси масъулияти ҳамсояи вафодор ба андозае дар ҷараёни зиндагии мардуми мо нақш дошт, ки дар ҳама маврид- ҷашну сур, хонасозӣ ва мотам гирди ҳам омада, масъулияти ин ва ё он корро бар дӯши яке аз ҳамсояҳо вогузор менамуданд. Ин анъана то ба замони мо омада расидааст ва мардуми тоҷик халқи меҳмондӯсту ҳамсояпарвар аст. Вале баъзе  нафароне пайдо мешаванд, ки дорои ин гуна хислатҳо нестанд. Дар замонҳои пеш мардуми қирғизу тоҷик бо ҳам дӯсту тифоқ буданд, муносибати хешутаборӣ доштанд рафту омад, доду гирифт мекарданд, дуҷониба савдо мекарданд, шерикона ҳосил мекоштанд.

Вале воқеаҳое, ки рузҳои охир байни сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон рух дода истодаанд ҳамагонро ба ташвиш овардааст.  Мо, тоҷикон тоҷикон мардуми сулҳхоҳ ҳастем ва Ворух ин як ҷузъи хоки Тоҷикистон аст ва ба касе дода ё иваз карда намешавад ва мо намегузорем, порае аз хоки моро дигарон соҳиб шаванд. Бояд сокинони минтақаҳои назди марзӣ донанд, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд. Вақте, ки кор бо гуфтушунид дар фазои орому осоишта ҳал мешавад ҷанҷолу муноқиша чӣ лозим? Аз рафти кор ин боз иғвокориҳои Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки аз берун истода мардумро ба таҳлука андохта истодаанд.

Биоишаи Назар,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Читать далее