11 January 2022

Қадршиносии ғолибони озмуни «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин»

10 январ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ҷамъбаст ва ба ғолибон диплому мукофотпулиҳо тақдим гардид.

Маросими қадршиносии ғолибони озмун бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифта, ба ғолибони бахшҳои озмун Диплому мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми аз 1 000 то 6 000 сомонӣ супорида шуд. Ин озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода эълон шуда буд.

Читать далее

Сокинони вилояти Суғд соли таърихии 2021-ро бо дастовардҳои шоиставу арзанда ҷамъбаст намуданд

10 январи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2021 доир гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷараён гирифта, дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигарон иштирок намуданд.

Читать далее

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Бӯстон

Дар доираи корҳои ободониву кабудизоркунӣ имсол дар шаҳри Бӯстон беш аз ду ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида мешавад. Дар ин бора зимни оғози маъракаи ниҳолшинонӣ, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Раиси вилоят дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, роҳбарияти шаҳр ва масъулини идораҳои марбутаро вазифадор намуд, ки корҳои ободониву кабудизоркуниро тақвият бахшанд. Масъулинро зарур аст, ки маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшида, барои хуррамгардонии муҳити зист аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Читать далее