13 January 2022

ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ФАРЗАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нисбат ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки насли ҷавон ояндаи кишвари мо мебошанд. Барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҳукумати кишвар тамоми шароити моддиву маънавиро баҳри ҷавонон фароҳам овардааст. Далели гуфтаҳои болоӣ бунёди даҳҳо муассисаи таълимиву томактабӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои омӯзишӣ ва ҳунармандӣ, таъсиси омӯзишгоҳҳои касбӣ шуда метавонанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир гашта, ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ қадам гузоранд.

Боиси дастгирист, ки Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз оғози соли 2021-ум фаъолияти хешро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №377 аз 1 - уми августи соли 2008 «Дар бораи таъмини ҳифзи ҳуқуқи кўдак», Низомномаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак аз 25 - уми январи соли 2017, №29 ва Низомномаи мақомоти васоят ва парасторӣ аз 25- уми январи соли 2017, №30 ба роҳ монда, бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдаки Созмони Милали Муттаҳид,татбиқи «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон барои солҳои 2020-2024» ташкили чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои беназоратии ноболиғон, қонуншиканӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб байни наврасон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор, ки маҳз бо масъалаҳои марбут ба кўдакон кор мебаранд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд. Баробари чунин дастгириҳо мутаассифона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро на ҳама волидайн ба таври ҷиддӣ риоя менамоянд.

Бобати мавзӯи мазкур мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мадинахон Салимзода иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботии соли 2021 ба унвони Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки шаҳру навоҳии вилоят 1705 аризаи хаттӣ, 2522 адад муроҷиати шифоҳӣ, 1663 мактуб ворид гашта, дар 157 ҷаласаи комиссия мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи қарори раисони шаҳру ноҳияҳо 118 нафар кўдак ба васоят ва 76 нафар ба парасторӣ гирифта шуданд. Дар асоси ҳалномаҳои судӣ 319 кўдак ба фарзандхонӣ қабул шуданд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят 442 нафар кўдаки ятими кулл, аз онҳо 225 нафар духтар ба қайд гирифта шуда, мунтазам аз ҷониби масъулини Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки шаҳру ноҳияҳо мавриди аёдат ва назорат қарор доранд.

Бо мақсади таҳти ҳимоя ва ғамхорӣ қарор додани кўдакон 14 нафар кўдаки дар вазъи ногувори зиндагӣ қарор дошта ва аз таҳсил дур монда барои офиятгардонӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кўдакон”-и шаҳри Хуҷанд аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Зафаробод ва Ашт ҷойгир карда шуда, ба онҳо кўмакҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ расонида шуда истодааст. Дар раванди ҷаласаҳои комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ба волидони ин кўдакон муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба таври бояду шояд фаҳмонида шуд, - иброз дошт мавсуф. Инчунин, дар ҳудуди вилоят 14 муассисаи таълимии типи мактаб-интернат фаъолият мебарад, ки дар он 1296/431 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз ин шумора кўдакони имконияти маҳдуддошта 739 нафар, ятими кулл 26 нафар, 35 нафар бепарастор мебошад. Алҳол дар Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кўдак”- и шаҳри Хуҷанд 35 нафар кўдак тарбия гирифта истодаанд, ки аз ин шаш нафар кўдаки волидонашон дасткашида, 18 нафар тибқи қарори комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак муваққатан ҷойгир карда шуда, як нафар дарёфтшуда мебошанд. Соли 2021- ум 16 нафар кўдак ба оилаи худ баргардонида ёздаҳ нафар ба фарзандхондӣ дода шуданд.

Дар назди Хонаи кўдаки шаҳри Хуҷанд дар асоси оинномаи муассиса тибқи иҷозатномаи маркази санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд аз моҳи сентябри соли 2021-ум гурўҳи будубоши кўтоҳмуддат таъсис дода шуд, ки дар он 46 нафар кўдаки имконияти маҳдуддошта ба тавонбахшӣ фаро гирифта шуданд. Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз вазъи таълиму тарбия ва шароити нигоҳубини кўдакони ятиму бепарастор МД “Маркази дастгирии оила ва кўдак”-и МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, МД “Маркази дастгирии оила ва модар”- и шаҳри Истаравшан, МД “Мактабинтернат барои кўдакони ятим ва бепарастор”-и МИҲД-и вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон ва “Мактаб-интернат”-и шаҳри Истаравшан мавриди омўзиш қарор дода шуда, ба масъулини соҳа бобати шартҳои дурусти нигоҳубин ва таълиму тадриси кўдакон тавсияҳо дода шуд. Дар соли 2021 Хадамоти огоҳонӣ, пешгирӣ ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи ҳамкорӣ бо Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки шаҳру навоҳии вилоят 2209 амалиёти муштарак доир намуд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 –уми феврали соли 2017-ум №835 “Дар бораи андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” имрўзҳо дар 18 шаҳру навоҳии вилоят 1530 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, аз ин шумора 137 адад дар сатҳи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва 1169 адад дар назди муассисаҳои таълимӣ мебошад. Комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолияти худро тибқи Низомнома ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри иҷрои нақшаҳои корӣ дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар заминаи ин тадбирҳо ҷаласаҳои комиссияи ҷамъиятӣ баргузор гардида, 942 қарори дахлдор қабул гардид. Аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятӣ дар байни аҳолӣ 1819 чорабинии тарғиботиву ташвиқотӣ бобати муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” доир гардид. Тибқи нақшаи кории комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади расонидани ёрии методӣ фаъолияти комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак ва комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бўстон, Гулистон ва Истаравшан мавриди омўзиш қарор дода шуд.

Ба масъулини комиссияҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани кор дар самти ошкор, ҷо ба ҷокунии кўдакон ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт таклифу пешниҳодот дода шуд. Комиссияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт, пешгирии ҳолатҳои зўроварӣ дар оила нисбат ба кўдакон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолияти пурсамар бурда истодаанд. Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади татбиқи “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024”, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноятсодиркунӣ, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар байни ноболиғон, мунтазам бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мондааст. Дар заминаи ин тадбирҳо бо мақсади ба шуғл фарогирии кўдакон ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар байни ноболиғон имрўз дар ҳудуди вилоят 28 марказҳои таҳсилоти иловагӣ, 1861 маҳфил бо фарогирии 24000 кўдак фаъолият мебаранд.

Қобили зикр аст, ки тибқи “Барнома оид ба ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кўдакон барои солҳои 2017- 2021” ва бо мақсади такроран содир накардани ҷиноят наздик ба 16 маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кўдакон ҷалб шудаанд. Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, минбаъд низ бо мақсади беҳдошти ҳаёти кўдакон нақша – чорабиниҳои худро вусъат бахшида, баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024” ва ташкили чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои беназоратии ноболиғон, қонуншиканӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар байни наврасон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор, чораҳои мушаххас хоҳад андешид, - иброз дошт Мадинахон Салимзода. Мақсади қонуни мазкур пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баҳри дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба воя расонидани фарзанд, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Истаравшан

12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни азнавсозии бинои шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан шинос гардид.

Бино ба иттилои масъулин шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан дорои 50 кат буда, соли 1965 сохта шудааст. Бинои мазкур то имрӯз таъмири асосӣ нашуда буд ва бо назардошти ин ба азнавсозӣ фаро гирифта шудааст.

Читать далее

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Раиси вилоят аз ҷумла собиқадори соҳаи тандурустӣ Икром Холбоев ва деҳқони соҳибтаҷриба Соатқул Очиловро аёдат кард.

Икром Холбоев  87 сол дошта, аз соли 1962 то соли 2009 ҳамчун табиб ва ревмотолог дар Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан кор кардааст. Хизматҳои ӯ бо як қатор мукофоти давлатӣ қадр гардида, айни замон зиндагии осоишта дорад.

Читать далее

Шиносоӣ бо васлу насби таҷҳизот дар ҶДММ “Шарафи рӯз”-и шаҳри Истаравшан

12 январи соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст аз ҶДММ “Шарафи рӯз” боздид карда, бо рафти муҷаҳҳазсозии корхонаи истеҳсолӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар корхона истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад таҷҳизоти замонавӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин бо маблағи 3,7 миллион сомонӣ харидорӣ гардидааст.

Читать далее

Терроризм - таҳдид ба ҳаёти осоиштаи инсоният

Имрўзҳо падидаи номатлуби терроризм ва гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси нигаронии кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рў, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба кирдору амалҳои ин гуна ташкилотҳо бетараф набошанд.

Яке аз масъалаҳои доғи рўз дар ҷаҳони муосир ин ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шудани ҷавонон мебошад, ки сабаби асосии он ҷаҳонбинии танг, яъне ноогоҳии онҳо мебошад.

Ҷаҳони имрўзаро дар баробари пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар дастовардҳои илмиву техникӣ пайдоиши зуҳуроти номатлуб ба ташвиш овардааст. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини Ислом иртибот надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд.

Имрўз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз ҷониби гурўҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд, боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегарданд, водор мекунад, ки барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус аз ҷиҳати сиёсӣ ҷаҳду талош намоем. Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм дар сатҳи паст қарор доштани дониши дунявии ҷавонон аст. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин вазифаи ҳар як нафар шаҳрванди баору номуси миллат мебошад.

Терроризму экстремизм ва оқибатҳои даҳшатбори он ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Бинобар ин мо мардуми баору номуси Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаро зарур мебошад, ки бар зидди ин падидаи номатлуб дастҷамъона мубориза бурда, баҳри тинҷиву осоиштагӣ ҳамаҷониба муттаҳид бошем. Мо бояд шукронаи тинҷиву осоиштагии кишвари худро намуда, вазифадор ҳастем, ки арзишҳои муҳими давлатдориро ба наслҳои ояндаи хеш боқӣ гузорем.

Дилбар МУҲИДДИНОВА,
омўзгори Гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Аз таърихи пайдоиши терроризм ва роҳҳои пешгирии он

Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст.

Дар моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” омадааст, ки “Терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба  шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба  шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёсӣ ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.”

Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Экстремизм аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад) – фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад.

Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.

Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳаққиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст.

Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда,  ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.

Сабабҳои пайдоиши  терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: – сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ; – сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ; – моддӣ; – идеологӣ; – хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;– пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; – ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; – коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; – хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; – поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; – дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; – фаъолияти динимуболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон, истифодаи васеъи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Маҳз хоинони миллат низ ба монанди М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба фиреб намудани мардуми Тоҷикистон даст зада, садҳо ҷавонони Тоҷикистонро гӯё барои таҳсил, вале дар асл барои ҷанг ба хориҷи кишвар сафарбар намуда буданд, ки қисми зиёди онҳо бедарак гаштанд. Айни замон дар қайди ҳаёт будани онҳо маълум набуда, наздиконашон онҳоро ҳамеша бо гиря ёд мекунанду халос.

Вобаста ба он, ки ҳоло ҳам ин хоинони миллат аз мақсадҳои худ даст накашида, ба воситаи баромадҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардуми моро фиреб намудани мешаванд, бояд мо ба суханҳои ин иғвогарон ҳаргиз бовар накунем. Зеро онҳо баъди содир намудани чунин ҷиноятҳо аз худ мусичаи бегуноҳе сохтанӣ мешаванд. Вале,  хушбахтона мо онҳоро хуб мешиносем ва ҳаргиз намегузорем, ки ин хоинон ба мақсадҳои нопоки худ расанд.

Барои пешгирии шомил гардидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти ҷавонону наврасон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем ва барои њимояи он  ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.

Одинаев А.
– дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Зидди терроризму экстремизм муборизаи дастаљамъона мебояд

Дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳое мавҷуданд, ки бо роҳи дуруғпароканӣ  кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар фазои маҷозӣ ба зеҳнҳои одамон таъсиргузорӣ намуда, афкори пучи роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ-ро дар баъзе сомонаҳои ифротии бо забони тоҷикӣ интишоршаванда, ки фаъолияти иғвобарангеза ва сиёҳкорӣ доранд тарғиб намоянд.

Аксари ин нафарон он қадар  беномусанд, ки бо ҷиноятҳои бешумори анҷомдодаашон бо шурӯъ кардани ҷанги дохиливу зери хатар гузоштани ҳастии  давлату миллат дар солҳои 90-уми қарни гузашта ва дубора  даст задан ба исёнандозиашон дар соли 2015 ибрат нагирифтаву боз бешармона  аз манофеъи миллӣ ва адлу инсоф аз минбарҳои баланди нишастҳои ҷаҳонӣ чун нишасти ҳуқуқи башар дар хориҷи кишвар ҳарф мезананд. Имрӯз дастандаркорони ин ҳизби террористӣ гӯё ба истилоҳи худ даъво аз манофеи миллӣ мекунанд, худ то куҷо ин мафҳумро шинохтаву дарк кардаанд. Магар ҳаминҳо набуданд, ки солҳои 90-ум ноамнию бесуботиро эҷод кардаанд ва вуҷуди Тоҷикистонро ба ҳайси давлат зери суол бурданд.

Ҳол он ки Муҳиддин Кабириву пайравонаш хуб медонанд, ки мафҳуми миллат фақат ба дин ва ё мазҳаб ба анҷом намерасад, зеро он фаротар аз ин мафҳумҳо буда, дин метавонад танҳо ҷузъи унсуре дар сохтумони миллат бошад ва табиати як миллат наметавонад бовару эътиқодҳои мухталиф дошта бошад. Вобаста ба ин бе ҳеҷ ваҷҳ ҳизби динӣ, ки чорчӯбаи фаъолияти хешро дар асоси назарияҳои динӣ таъсис медиҳад, наметавонад ҷавобгӯи манфиатҳои як миллат бошад ва онҳоро дар субот нигаҳ дорад. Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ низ таҷрибае вуҷуд надорад, ки азҳоби сиёсие, ки аз дидгоҳи диниву мазҳабӣ баромад мекунанд, тавониста бошад миллатро гӯё ва шукуфо намоянд, зеро назариёти догматикии  эшон наметавонад,  ҳамаи пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯзаи инсониро таъмину инкор намояд.

Аз ин рӯ, дар ҳар кишваре, ки низоми сиёсии динӣ ҳоким аст, дар он ҷо ҳарф задан аз озодию демократия ва таъмини ҳуқуқҳои инсон ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки чи дар тӯли таърих ва чи дар низоми сиёсии ҷаҳони муосир сабуктарин низомҳо, низоми сиёсии динӣ мебошад.  Дар чунин навъи низом дигарандешӣ, озодандешӣ, баробарҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Хушунат, вопасгароӣ, беҳуқуқӣ, бадгаронӣ хоси ин гуна кишварҳои дорои низоми исломист.

Аз тарафи дигар нафаре ё ҳизбе, ки дастури давлатҳои дигарро анҷом медиҳад бо пулу сармояи бегонагон фаъолияти хешро анҷом медиҳад, чӣ гуна метавонад дифо аз манфиатҳои миллӣ дошта бошад? Чунин нафарон ҳатман на аз манфиатҳои миллии худ, балки аз манофеи хоҷагону сармоягузорони хориҷиашон ҳимоят менамояд, ки ин дар зиндагиномаи Кабирӣ ва пайравонаш аз ТТЭ ҲНИ бараъло ҳис шуда истодааст.

Дар ҳоле, ки барои чунин нафарон (наҳзатиҳо) азму иродаи озод вуҷуд надорад ва худашон ба тафсили дасти бегонагон табдил ёфтаанд, чӣ гуна метавонанд дигаронро бо озодӣ ва демократия раҳнамун созанд? Дастандаркорони ТТЭ ҲНИ боре воқеиятро тавассути расонаҳо иброз намедоранд, ки дар онҳо иродаи озод вуҷуд надорад, зеро иродаи озод дар ҳизб ё гурӯҳе вуҷуд дошта метавонад, ки он аз назари молиявию иқтисодӣ худкифо бошад.

Бечоранолӣ, худро мазлум нишон додан ба хотири ҷалби бештари тарафдорон ва барои расидан ба ҳадаф барои сарварони ин ташкилоти террористӣ муҳим аст, вагарна бӯе аз гуманизму инсонсолорӣ надорад, зеро дар таърих бадтарин ва қабеҳтарин кушторҳо ба дасти гурӯҳҳое сурат гирифтааст, ки хешро бардурӯғу ҳомии дину мазҳаб  нишон  ва аз боварҳои мардум сӯиистифода намудаанд. Вақте чунин нафарон аз миллат ҳарф мезананд, дурӯғ мегӯянд, зеро барои ин қабил фаҳмиши миллате, ки мутобиқи замон муосир мебошад, вуҷуд надорад.

Барои наҳзатиҳо таҳти сарварии Муҳиддин Кабирӣ дин ва бовариву эътиқоди мардум як навъ бизнес ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ шак нест, агар онҳоро дӯкондорони дин биномем. Барои дӯкондорони дину миллат бовару эътиқодашон ва манфиату ҳайсияти фардиашон аст. Гоҳе ки аз демократия ва ҳуқуқи башар ҳарф мезананд, боз ҳам дурӯғ мегӯянд ва маккорӣ мекунанд, афроде, бо чунин тафаккури террористӣ ҳамеша пайгири ҳукуматҳои истибдодиянд.

Аз ин рӯ, аз ҳуқуқи башар ҳарф задани сарварони ин ташкилоти террористӣ, гул задани ҷомеаи ҷаҳонист. Ришу дасторро канор задани роҳбарии ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва галстуку шиму кастюм пӯшиданаш ҳам як навъ маккорист, ки бо ҳилла мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки як марди ҳозиразамон ҳастанд. Ҳол он ки ин марди ҳозиразамон дар андешаи он ҳаст, ки ҳар рӯз бояд чандин амалҳои террористӣ ташкил намуда, садҳо нафаронро ҳалоку захмӣ намояду давлати исломие, ки мақсад паст задани ҳуқуқи инсон аст барпо намояд.

Аз ин рӯ, даъвоҳое, ки фирориёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар роҳандозӣ мекунанд, гӯё онҳо демократия, ҳуқуқи башар ва адолати иҷтимоиро мехоҳанд, ҳарфҳои фиребгаронаю дурӯғпардозонае беш нест. Онҳо танҳо аз ин роҳ мехоҳанд мағзҳои содабоварро ба худ моил гардонанд. Аз тарафи дигар онҳо на ҳомии манфиатҳои миллӣ, балки ҳомии пардаҳои сиёсии хоҷагони хориҷии хеш мебошанд.

Туразода Ҷ. А. – дотсенти кафедраи
иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

Зуҳуротӣ номатлуб ва таъсири он ба ҷомеа

Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ташфишовар буда, паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм диққати ҳамагонро ҷалб намудааст. Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад, зарур аст, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ аз фаъолияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва ба воя расонидани кадрҳои баланд- ихтисос инчунин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватаншиносиву хештаншиносӣ вобастагии мустақим дорад.

Дар расонаҳои  интернетӣ мунтазам оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир маълумотҳои  мухтасар баррасӣ мегарданд аз ин рӯ мо бояд хулоса барорем, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, ба аксари мамолики тараққиёбанда, инчунин мамоликҳои кӯчак низ таъсири калон расонад. Яъне, ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст.

Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм, ки  дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма гирифта буд, бисёр ҳодисаҳои нохушро ба сари мардум овард.

Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои ифротї дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ расонданї мешаванд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳои террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм дар маҷмўъ ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.

Бархе њодисаҳои рухдода бевосита ба терроризм ва экстремизми динӣ марбут ҳастанд ва маҳсули  зуҳуроти номатлуб ҳисоб меёбанд. Хатарнокии ин омил дар он аст, ки аксари аҳолии кишвари мо ба дини мубини ислом эътиқод доранд, онро парастиш мекунанд ва фарҳанги зиёда аз ҳазору чорcадсолаи исломӣ ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Қувваҳои  душман ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ аз дини мубини ислом истифода бурда истодаанд.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки  гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия (шаҳрҳои Москва, Челябинск, Уфа, Краснодар, Екатеринбург) аз ҳисоби шаҳрвандони , ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум заданашон мумкин аст.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст ва дар ин бобат мақоми ҷомеъаи шаҳрванди роли муҳимро мебозад. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бедор намоянд.

Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Ҳамаи ин саъю кушишҳо барои он аст, ки сатҳи маърифатнокии ҷавонони мо баланд гардад, чунки  созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористи имрўз мекушанд, ки ҳар чи бештар ҷавононро ба доми худ кашанд. Аз ин рӯ, саводнокии ҷавонон,  зиракиву ҳушёрии онҳо, бохабар будан аз равандҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза бениҳоят зарур аст. 

Акмалова М.А.
-декани факултети сиёстшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқ
ии ДДҲБСТ

Читать далее

Дасисабозиҳои нави ифротгароён

Имрўз аз дасисабозиҳои нави ифротгароёни маккор мехостам фикру андешаи худро баён намоям, ки дар ҳақиқат ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хубӣ дарк намудаанд, ки  ин хоинони миллат ба ҷуз иғвоангезӣ ва хоинӣ дигар коре аз дасташон намеояд. Лекин  нигаронкунанда он аст, ки ин ашхоси ватанфурўш аз ҳисоби  ҷавонони гумроҳ мехоҳанд гурўҳҳои нави ифротӣ ташкил кунанд ва аз истифодаи маблағҳои хоҷаҳои хориҷиаш кайфу сафо карда гарданд.

Ман ба ҷавонони бо нангу номус ва  ватанпарвари кишвари  азизамон муроҷиат карда гуфтаниам, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба чунин ашхос гўш надиҳанд ва гумроҳ нашаванд, аз њадафњои нопоки онон огоњ бошанд  ва бо хизмати худ як гўшаи ин сарзаминро обод намоянд.

Барои шахсе, ки худро тоҷик меҳисобад ва Тоҷикистонро Ватани хеш медонад новобаста аз он, ки дар дохили кишвар ё берун аз он истиқомат ва кору фаъолият менамояд, ҳама вақт бояд обрўву эътибори Ватан аз ҳама боло истад ва барои ободиву осоиштагии ин кишвар ҷони худро дареғ надорад. Мо рафтори инонро маҳкум мекунем, ки каме маблаѓи бедардимиён инсонро метавонистааст чигуна беинсоф ва бевиҷдон гардонад.. Чунки ин хел шахсон дар назди пулу мол падару модар, бародар, хоҳар ва даркор шавад оилаи худро низ мефурўшад.

Аз ин лиҳоз, боварии комил дорам иғвогарону дасисабозон наметавонанд ба мафкураи мардуми бафарҳанги миллати тоҷик таъсир расонанд.

 Дадоматов Д. Н.
– мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

Читать далее

ХИËНАТ БА ВАТАН – ХИСЛАТИ НОБАХШИДАНИСТ

Бадхоҳону бадандешони миллати мо талош бар он доранд, ки дар ин кишвари сулҳпарвару  осоишта  ва  фазои ваҳдатборро бо фитна ва ноадолативу разолат, ки дар тинати онҳо ҷой гирифтааст пур кунанд.

Ҳарчанд аз кишварҳои дур истода санги маломат ба миллати худ мезананд ва  хостори нооромии кишвар њастанд, ҳаргиз мақсаду мароми онҳо ҷомаи амал нахоҳад пўшид, зеро ҳар нияте, ки бунёдаш бад аст ва нияти ғаразноке дар ниҳодаш мепарварад, ба ҳадаф расидани он амрест маҳол.

Маълум аст, ки дар охирҳои асри 20 ва оғози асри 21 падидаи наве бо номи гурўҳи ифротӣ, ё худ терроризм ва ифротгарої, ки идеологияи номатлуби замон аст, падидор гашт ва дар ҷавори худ шахсиятҳои пастфитрат ва ноогоҳ аз ҳақиқатро ҷалб намуда, бархе аз шањрвандонро дар доми фиреби худ қарор додааст.

Ин боди номатлуби асри навин шахсиятҳои ноогоњро ба доми худ кашидааст ва баҳри нооромию бесуботии кишварҳо онҳоро ҳамчун воситаи барангезандаи чунин нооромиҳо омода сохтаанд.

Аз ВАО ва расонаҳои бурунмарзӣ барало ба чашм мерасд,ки талоши ин шахсиятҳои  носипос ва пастфитрат то ҳол давом дорад ва онҳо хоҳони он ҳастанд, ки ин идеологияи нодурустро идома дода, ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб афкананд ва барои пули ночиз шуда, фазои ороми кишварро ғуборолуд кунанд, вале фикру таҳаммул намекунанд, ки: «ҳар карда ҷазо дорад» ва ҳеч амали баде бемузд ва подош намемонад. Зеро аз роҳ боздоштан ва  ба доми худ афкандани як инсон масъулияти азиме бар душ гирифтан аст. Вале сад афсус чунин шахсони  ба доми фиребафтода ҳаргиз фикр намекунанд, ки фардо ҷавоби он дар гардани онҳо аст.

Пешрафти Тоҷикистони азиз ва идеологияи пешгирифтаи мамлакат ниҳоят мустаҳкам ва побарҷо аст, ки ҳаргиз ягон мақсаду мароми ин шахсони  нопок ба ҳадаф расида наметавонад ва инҳо бояд дуруст дарк намоянд, ки ин роҳи пешгирифтаашон танҳо беномусиву бешарафиро барои онҳо овардаасту халос.

Бо тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ба ин саркардагон танҳо ба љуз нафрат хондан посухи дигаре надорад.

Ашуров С.Х.- дотсент,
декани факултети бизнес  ва идоракунии ДДҲБСТ

Читать далее