14 January 2022

ИҚДОМҲОИ ОҚИЛОНА - БОИСИ РИЗОМАНДИИ МАРДУМ

Чанд сол қабл танқисии об дар баъзе маҳаллаҳои маркази вилоят ва бархе аз мавзеъҳои атрофи он муаммои мубрам буду вазъи обрасонӣ боиси нигаронии ҳамагон гашта буд. Бинобар фарсудашавии қубурҳои обӣ қариб ҳар руз садамае ба вуҷуд меомаду обрасонӣ ба соатҳову рӯзҳо мавқуф гузошта мешуд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ худ шоҳид ҳастем, ки дар самти таъминот бо об аз ҷониби масъулин корҳои созанда амалӣ гаштаву алҳол мардум бо оби ошомиданӣ мунтазам таъминанд.

Таҳлили фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои марбут ба об собит месозанд, ки Тоҷикистон ба туфайли ибтикорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурдиа малҳои фаъолона оид ба истифодаи самаранок ва идомаи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, воқеан мақоми пешсафиро ишғол менамояд.

Дар раванди татбиқи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, бо маблағҳои буҷетӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодааст. Раванди бунёдии соҳаи мазкурро ниҳодҳои гуногун, коргоҳҳои алоҳидаву махсуси он, ки бештар хусусияти иҷтимоӣ доранд, тарҳрезӣ менамоянд. Яке аз чунин коргоҳҳо ба рукни пойдориву зиндагии шоиста мансубиятдоштаи маркази маъмурии вилоят – ин Коргоҳи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал” ба ҳисоб меравад.

Воқеан, аз маълумот аён мешавад, ки ин корхонаи муҳимиҳаёти шаҳриёну шаҳрдорӣ яке аз ниҳодҳои асосии иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, давоми чандин солҳо бо ному таъиноти воқеан ҳаётофаринӣ - таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, сабзу гулзоркунии боғу роҳҳои мавзеи аҳолинишин, таъмини оби полезӣ баҳри гулгулшукуфии хиёбонҳо ва дар умум хуррамиву шоистагии фазои экологӣ, сурури муҳитизисти шаҳриён хизмат расонида меояду фаъолияти муназзам дорад.

Дар суҳбате, ки бо мақсади таҳлили фаъолият ва кору пайкори ҷадиди аҳли заҳмат, мутахассисон ва масъулони паҳлуҳои кори КВД “Хуҷандобуканал” бо сардори ин ташкилоти азими аз ҳар ҷиҳат ба зиндагии мардум зич алоқаманд, мутахассиси замони муосир Носир Ғафурзода суҳбат доштам, барои худ хеле бардоштҳо гирифтам, ки фишурдаи он пешкаши хонандагони рӯзнома мегардад.

-Баҳри беҳбудӣ бахшидан ба самти дастрасӣ ба оби тозаи нӯшидании сокинони шаҳр лоиҳаҳо дар сол-ҳои гуногун амалӣ шудаву имрӯзҳо низ ҷараён доранд ҳаминтавр не?

- Бале, то ин давра бисёр корҳо ба иҷро расидаву алҳол идома доранд. Зеро бо сабаби ретендер эълон гардондани дархостҳои тендерии Лоти 2 “Таъмир ва таҷдиди иншооти партовоббардории асосӣ” ва Лоти 7 “Харидории экскаватор” анҷоми корҳои иҷроиши лоиҳа аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд то 16 – уми октябри соли 2020 тамдид шуд. Бо мақсади пурра аз худ намудани маблағҳо ва ноил гардидан ба ҳадафҳои Барнома санаи 21 – уми декабри соли 2020 аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муҳлати татбиқи лоиҳа то 31 – уми октябри соли 2021 тамдид шуд. Дар ин масир то санаи 1 – уми ноябри соли 2021 ба маблағи наздик 10 миллиону 400 ҳазор доллари амрикоӣ корҳои сохтмонӣ, хариди мол ва хизматрасонии мушовирони хориҷӣ ба иҷро расонида шуд.

- Ин ифодаҳоро чӣ гуна тафсил кардан мумкин аст?

- Мушаххас, аз ҷумла аз ҳисоби қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба маблағи 3 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҳисоби гранти Ҳукумати Шветсария ба маблағи 5340,21 ҳазор доллари ИМА. Лоиҳа ба ду қисмат тақсим карда шуд: якум қисмати мушовирӣ ва дуюм – қисмати инвеститсионӣ. Баҳри иҷрои қисмати мушовирӣ ду ширкат бо таври тендерӣ ғолиб дониста шуданд, ки онҳо – Ширкати давлати Шветсария “Оид ба татбиқи лоиҳа ва ёрии амалӣ ба гурӯҳи иҷрои лоиҳа”. Ҳамин тавр, санаи 18 –уми июли соли 2016 дар асоси қарордод байни КВДК “Хуҷандобуканал” ва ширкати мазкур бо маблағҳои гуногун ба амал омада, то 1 – уми ноябри соли 2021 ба маблағи беш аз 1 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА корҳо ба иҷро расонида шуд. Дар натиҷа 14 ҳуҷҷати тендерӣ омода карда, 16 қарордод ва 6 қарордоди иловагӣ таҳия шуданд ва ба имзо расиданд. Ғайр аз ин ширкати мазкур лоиҳаҳоро таҳия намуда, аз экспертизаи давлатии сохтмонӣ ва экологӣ гузаронид ва корҳои сохтмониро таҳти назорати муаллифӣ қарор дод ва онҳо ба пуррагӣ ба итмом расонида шуданд. Ҳамчунин, Ширкати давлати Британияи Кабир “Оид ба беҳтаргардонии шароити молиявии коргоҳ ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ” байни КВДК “Хуҷандобуканал” ба маблағи 480 ҳазор доллари ИМА ба мувофиқа расонида шуда, дар натиҷа Барномаи беҳтар намудани шароити молиявии коргоҳ омода гардид. Созишномаи байни МИҲД - и шаҳри Хуҷанд ва КВДК “Хуҷандобуканал” оид ба хизматрасонии оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб омода ва тасдиқ гардид. Санҷиши фаъолияти молиявӣ – хоҷагидории коргоҳ дар солҳои 2016 –2017 аз тарафи аудиторон гузаронида шуд.

Бизнес – плани коргоҳ барои солҳои 2018 –2028 ба тасвиб расонида, тасдиқ гардид. Ширкати мазкур кори худро ба пуррагӣ ба итмом расонид.

 – Чуноне ки далелҳо шаҳодат медиҳанд, лоиҳаи хеле муҳиму замонавӣ соли 2021 низ ҷараён гирифт. Дар ин хусус чӣ гуфтаниҳо доред?

– “Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳалаи 3” то санаи 1 –уми ноябри соли 2021 роҳандозӣ гардид. Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа басо мушаххасанд. Бояд қайд кард, ки тибқи нақша, оғози лоиҳа соли 2016 ва анҷоми он июли соли 2019 муқаррар шуда буд, вале бо назардошти вазъи эпидемиологӣ аз моҳи октябри соли 2020 расо як сол тамдид гардид. Арзиши умумии лоиҳа 10,40 миллион доллари амрикоиро ташкил кардааст. Самтҳои фаъолияти лоиҳа аз инҳо иборат мебошанд: таъмир ва таҷдиди иншооти партовбардори асосӣ, ивази қубурҳои фарсудашудаи шаҳр, ҳамчунин қубурҳои фарсудашудаи магистралӣ ва кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, харидории таҷҳизот барои истеҳсоли гипохлорид, харидории таҷҳизот ва ташхисгоҳи оби нӯшокӣ ва партовоб, харидории мошин ва механизмҳо, харидорию насби обченкунакҳои калонҳаҷм, таъмир ва таҷдиди иншооти обдиҳӣ, партовоб ва қубурҳои об - гузар бо таҷҳизонидани обченкунакҳо дар деҳаи “Обшорон” – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷалби мушовирон.

Шаҳри Хуҷанд рӯз ба рӯз симои наву замонавӣ ва тарҳи тоза ба худ мегирад. Ва он таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро ба худ мекашад. Тадбирҳо аз соли 2016 то соли 2021 дар асоси муътамад, воқеӣ ва санҷидашуда роҳандозӣ шуда, натиҷаҳои дилхоҳро ба бор оварданд. Мақсади асосии ин ҳамкориҳо бо ширкатҳо ва субъектҳои ваколатдор, ки баҳри иҷрои лоиҳаҳои қабулшуда, аз экспертизаҳои давлатии сохтмонӣ ва экологӣ гузаронида шудаанд, корҳои сохтмониро пеш бурдаву таҳти назорати муаллифӣ қарор гирифт ва онҳо ба пуррагӣ ба итмом расидаанд.

Қарордодҳо байни КВДК “Хуҷандобуканал” бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ– Шветсария ва Британияи Кабир бо фарогирии маблағҳои муайян баста шуда, дар марҳалаҳои аниқ корҳо ба сомон расонида, натиҷагирӣ гардидааст. Дар натиҷа аввали моҳи ноябри соли гузашта дар ҳудуди хадамоти диспетчери соҳили рост сохтмони бино барои кормандони шуъбаи абонентӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар як қатор кӯчаҳои шаҳр қубурҳои обгузар нав карда, ҳолати обрасонӣ беҳтар ва баҳри оқилона ва самаранок истифода бурдани оби ошомиданӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.

Баҳри тозагии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист тадбирҳои амалӣ андешида шуданд: таҷҳизот барои истеҳоли гипохлорид ба миқдори ду адад аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Инчунин як ададӣ автокран ва экскаватор аз давлати Чин бо қисмҳои эҳтиётиаш ворид ва аз ҷониби аъзои комиссияи корхона қабул карда шудааст. Ва монанди ҳамин мошини гидродинамикӣ бо қисмҳои эҳтиётиаш аз Россия, як адад нақлиёти боркашон аз Чин, 12 адад қубури гуногун аз давлати Ҷопону Олмон дастрас карда шуд. Дигар таҷҳизот – барои санҷиши оби тоза ва партовоб, мизу курсӣ лавозимоти техникии корӣ ворид карда шудааст.

- Кормандону мутахассисони КВДК “Хуҷандобуканал” аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, минбаъд низ хизматрасонии соҳавиро ба мардум боз ҳам беҳтар ба роҳ мемонанд, - иброз дошт дар фарҷом роҳбари корхона н.Ғафурзода.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни
давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» фармон медиҳам:

Читать далее

Оғози бунёди боғҳои нав дар ноҳияи Деваштич

13 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич ба бунёди боғҳои нав оғоз бахшида шуд.

Аъзои хоҷагии деҳқонии "Абдурашидбобо" -и деҳаи Қалъаи Эшони ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим доранд, ки соли равон дар 5 гектар боғи нав бунёд намоянд.

Читать далее

Шиносоӣ бо фаъолияти фермаҳои мурғпарвариву чорводорӣ дар ноҳияи Деваштич

13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич бо фаъолияти фермаҳои мурғпарвариву чорводорӣ шинос гардид.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, дар фермаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ҳоҷӣ Рауф” беш аз 16 ҳазор сар парранда барои истеҳсоли тухм нигоҳубин карда шуда, дар соли гузашта 858 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Фермаи мазкур аз се қисмат (корпус) иборат буда, ҳар се қисмат ба пуррагӣ фаъолият дорад ва дар он 7 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят​ бо сохтмони иншооти нав дар ноҳияи Деваштич

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич аз ҶДММ “Спитамен” боздид карда, ҷараёни бунёди сехи нави истеҳсолии корхонаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

ҶДММ “Спитамен” бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои дар ноҳия фаъолияткунанда бо масолеҳи сохтмонии оҳаксанг таъсис дода шуда, иқтидори солонаи истеҳсолии он 5400 тонна мебошад. Корхона бо назардошти талабот мавсимӣ – аз моҳи март то моҳи декабр фаъолият мебарад ва дар он 27 нафар кор мекунанд.

Читать далее

Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Деваштич

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич рӯзи 13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Нусратпошшо Тӯраева ва Дилбар Бурҳонова хабар гирифт.

Нусратпошшо Тӯраева ҳамсари собиқ раиси ноҳияи Деваштич Абдумалик Қаюмов аст. Абдумалик Қаюмов солҳои 1994-2002 дар вазифаи раиси ноҳия кору фаъолият намуда, барои хизматҳои шоистааш бо як қатор мукофоти давлатӣ қадршиносӣ шудааст. Мавсуф соли 2011 аз олам даргузашта буд. Нусратпошшо Тӯраева ва Абдумалик Қаюмов соҳиби 6 фарзанд, 18 набера ва 4 абера мебошанд ва ин бонуи соҳибтаҷриба фарзандону наберагони худро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатпарастӣ тарбия намудааст.

Читать далее

Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои баландошёнаи иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик”​

13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен рафти сохтмони бинои иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Бинои иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бунёд шуда истодааст. Сохтмони иншоот моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, айни ҳол корҳои пардозии дохили бино ҷараён дорад.

Читать далее

Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар ноҳияи Спитамен

13 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен комплекси варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акмал Юлдошев соли 2020 оғоз гардида, охири соли 2021 ба охир расонида шуд.

Иншооти мазкур дорои як бинои дуошёнаи толори варзишӣ барои машқу тамрини ҷавонон, ҳамчунин ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишии футбол, басткетбол, воллейбол, теннис буда, гирду атрофи иншооти варзишӣ ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифта шудааст.

Читать далее

Раиси вилоят собиқадорони меҳнат Абдусаттор Абдусамадов ва Ӯғилҷон Одиловаро аёдат кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен собиқадорони меҳнат Абдусаттор Абдусамадов ва Ӯғилҷон Одиловаро аёдат кард.

Роҳбари вилоят аз хизматҳои собиқадорон дар рушди хоҷагии халқи ноҳия ёдовар шуда, ба пирони кор саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Читать далее

Дар ноҳияи Спитамен имсол 100 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд хоҳад шуд

13 январи соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Уяс”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен шинос гардид.

Тавре зимни боздид аён гардид, аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар фасли сармо низ ба корҳои саҳроӣ машғул буда, барои бунёди боғи нав меҳнат намуда истодаанд.

Хоҷагии деҳқонии “Уяс”-и Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Тоҷикистон” соли 2006 ташкил шуда, дар он 62 саҳмдор фаъолият намуда истодаанд. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 70 гектар замин буда, аз он 23,41 гектар заминҳои кормаи обӣ, 2 гектар боғот ва 44,5 гектар заминҳои корами лалмӣ мебошад.

Читать далее