January 2022

31 January 2022

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди Сада

Сокинони сарбаланди вилоятро ба ифтихори ҷашни Сада, ки аз ойинҳои ниҳоят қадимии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад, сидқан табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, дастархону обод, хотири ҷамъ ва дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Ҷашни Сада моҳиятан таҷассумгари ғояҳои неки башардўстона, дўстию бародарӣ, шодию хурсандӣ ва некиву некўкорӣ буда, мардумро ба заҳмати созанда ва ободонию бунёдкорӣ даъват менамояд. Аз ин лиҳоз, фалсафаи ҷашни Садаро пирўзии гармӣ бар сардӣ, равшанӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, он қосиди сипарӣ гардидани фасли зимистон ва наздик омадани фасли баҳор мебошад.

Читать далее

ФАСЛИ ҶОМАСАФЕДИ ТАБИАТ

Зимистон фасли аз ҳама аҷиб ва ғайриодии сол ба ҳисоб меравад. Сардии шадид, боридани барф ва тамошои бориши барф аз паси тирезаҳои хонаи гарм таскинбахш асту ҳаловати тасвирношуданиеро дорад, гоҳе ки берун меоӣ барфи алмосӣ ба рӯят дона – дона мерезад. Бешак, зимистон фасли муъҷизаҳост.

Агарчи гулу дарахтон муддате аз рустан бозмемонанд, аммо дарахтон ба хоби ноз мераванд, бо омадани фасли баҳор сабзиши худро идома медиҳанд. Шабҳои тӯлонӣ, сукути зебои табиат, покизагии ҳавою ҳавас, яхмолакбозию ҳайёҳуйи кӯдакону наврасон, барфбозии онҳо, яхбандии ҷӯю рӯдҳо, вазидани шамоли тунди машриқ, ба либоси гарм печидани мардум – ҳама аз неъматҳои табиату санҷиши одамон дар ин давра аст. Мо бо суоли «Шумо зимистонро чӣ гуна паси сар карда истодаед?» ба намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа муроҷиат намуда, посух гирифтем.

Наргиса Муҳсинзода – толибилми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Барои нафаре, ки ҳамеша дар омӯзиш асту пайваста дар роҳи эҷодкорию ҷустуҷӯҳост, муҳиту маҳал ва фасли сол фарқ надорад. Амри Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ–Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» чанд сол пеш ба тасвиб расид.Инаст,кибанданиз сесолинҷониб дарозмуни«Китобхонибеҳтарин»иштирок менамоям. Дар даври ноҳиявӣ ҷойи намоёнро ишғол намуда, дар даври вилоятӣ низ донишу заковати худро санҷидам. Тавсияҳои ҷолибу муҳими аъзои ҳакамонро, ки худ иштирокчӣ ва ғолибони ин озмун буданд, қабул намудам. Гуфтаниам, ки сардиҳои зимистонро гармиҳои китобҳои адибон ғолиб аст.

Азимҷон Ахмедов – муовини сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом:

- Фаслисармо низ хусусиятҳоиба худ хос дорад. Кишоварзони конибодомӣ ин муддатро бо ҷамъоварии тухмии картошка, буридани шохҳои дарахтон, яхобмонӣ ва дигар корҳои омодагӣ ба саҳро паси сар менамоянд. Яхоб як навъи обёриест, ки фасли зимистон ба заминикишт ва боғу токзор мемонанд. Дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин хубтар нам мекашад, микроорганизм ва ҳашароти зараррасон нобуд мегардад. Дар фасли зимистон заминҳоро соле ду маротиба яхоб мемонанд. Алҳол 170 гектар замин барои кишт омода мегардад. Барои ин замин пурра шудгор гардидааст, ҳосилхезии замин аз он вобастагӣ дорад.

Мақсадой Ҷумъаева – ҳунарманд:

- Дар фасли зимистон бештар дар гирди сандалии гарм ҳамроҳи наберагонам ба дӯхтани рӯймол машғул мешавем. Дар гузашта модару модаркалонҳои мо дар хонаҳои ҳамдигар ҷамъ омада, китобхонӣ мекарданд ва бо ҳам мазмуни китобҳои хондаашронро муҳокима менамуданд. Афсонаҳои «Ҳазору як шаб», қиссаву ривоятҳои бисёре, ки имрӯз ба наберагонам қисса мекунам, хотиротион давра аст. Дар як вақт ба онҳо ҳунари рӯймолдӯзиро меомӯзонам, ки то ҳанӯз аз байн нарафтааст ва дар тӯю маъракаҳо миёни ҷавонону мардонро зеб медиҳад. Мутаассифона, қариб 2 моҳи фасли зимистон паси сар шуда бошад ҳам, ҳанӯз барф наборидааст ва бачаҳоро аз шодию хурсандии барфбозию яхмолакбозӣ маҳрум сохтааст.

Аҳмадҷон Турсунов – донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд:

- Зодаи деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар - дари ноҳияи Айнӣ ҳастам. Дар таътили зимистона ба зодгоҳ рафтам, бо умеде, ки даврони кӯдакӣ ва шӯхиҳои бачагиамонро ба ёд оварда, барфбозӣ мекунем. Аммо чанд соли охир дар мавзеи кӯҳистони мо низ бориши барф кам ба назар мерасад ва ё борад ҳам, хеле тунук буда, ба замин намеистад. Замони кӯдакиям, бели чӯбин доштам, кипадарам барои ману бародарам сохта буданд. Вазифаи мо ҳар субҳ барвақт аз хобхеста, аз тӯдаҳои барф тоза кардани рӯи ҳавлӣ, боми хона, роҳрав ва роҳи калон то мактаб буд. Барои тоза кардани роҳи байни ҳавлиҳою мактаб тамоми деҳа ба ҳашар мебаромад. Шуғли дӯстдоштаи мо, кӯдаконион давра аз баландии теппа бо сатилҳо пошидани об ва то саҳарии рӯзи дигар интизор шудан буд. Баробари кафидани чашми рӯз моро касе аз хоб бедор намекард, ҳамаи бачагон дар мавзеи яхмолакбозӣ ҳозир мешуданд. Ҳатто аз модаронамон барои субҳона накарданамон сарзаниш мешунидем. Зимистони имсолаи кӯҳистон ҳарчанд бебарф аст, аммо хунук мебошад. Захираи ангиште, ки дар ҳар хонадон дида мешавад, гоҳо кофӣ нест. Вазифаи мо, ҷавонони деҳа дар ин айём кафондани кундаҳои дарахтон ва саривақт таъмини оташдону печҳои бухорӣ бо ҳезуми тайёр аст.

Наҷмиддинзода Манучеҳр – донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, сокини ноҳияи Деваштич:

- Шуғли ҳамарӯзаи насли калонсол дар чойхонаҳои сарироҳӣ ҷамъ омадану ба дидорбинии ҳамдигар рафтан, маҳфилҳои гаштак ташкил кардану муҳокимаи корҳои саҳроӣ, маслиҳатгирӣ барои баргузории тӯю маъракаи якдигар ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти деҳа ва ободонии он ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин мардум аҳлона барои омода кардани заминҳои кишти картошка ва ҷудо кардани навъҳои гуногуни тухми он омодагӣ мебинанд. Пешаи аксари мардум дар ин фасл асосан чорводорист.

Азбаски дар оғози фасли зимистон ҳар оила бо забҳ кардани чорво барои хонадони худ  гӯшту равған захира мекунад, ин мавсим барои кӯдакону наврасон фурсати қулай барои бурида гирифтани порчаи пӯсти бузу гӯсфанд ва сохтани ланкаю бозии он аст. Зиёда аз ин бозии дӯстдоштатарини кӯдакону наврасон дар ин давр бо «чанаи муина» рӯи ях давидан ба ҳисоб меравад. Занону духтарони деҳа бо пухту пазии хӯрокҳои гуногуни серғизо, шириниву кулчақанд ва таомҳои хамирӣ машғул шуда, дар як вақт ҳунарҳои қадимаи мардумиро аз модару модаркалонҳо меомӯзанд.

Агар яке ин давраро фурсати қулай барои омӯзиши ҳунару касби дӯстдошта шуморад, барои дувумӣ мавсими истироҳату фароғат баъди анҷоми корҳои деҳқонӣ ва ҷамъ кардани қувва барои корҳои минбаъда мебошад. Бо вуҷуди ин зимистон дӯстдоштанӣ ва фасли ҷомасафеди табиат аст.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МУБАЛЛИҒИ АРЗИШҲОИ ВАТАНДӮСТОНА

Чилу ду сол қабл дар ҳамин рўз, яъне 29-уми январи соли 1980 барои рўзномаи «Ҳақиқати ленинобод» рўзи хотирмону фараҳбахш буд.

Бахшида ба ҷашни 50-солагии рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати ленинобод» ҷарида санаи 29-уми январи соли 1980 бо қарори Президиуми Совети Олии СССР бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд.

Хабари хуш - фармони Президиуми Совети Олии СССР дар саҳифаи аввали шумораи №28 (11840) «Ҳақиқати ленинобод» аз 8-уми феврали соли 1980 дарҷ шудааст, ки онро айнан меорем:

УКАЗИ Президиуми Совети Олии СССР

Дар бораи бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонидани газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод»

Газетаи «Ҳақиқати Ленинобод» барои корҳои босамараш дар тарбияи коммунистии меҳнаткашон, ба иҷрои вазифаҳои сохтмони хоҷагию маданӣ сафарбар кардани онҳо бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шавад.

Раиси Президиуми Совети Олии СССР Л.Брежнев

Котиби Президиуми Совети Олии СССР М.Георгадзе.

Москва, Кремл. 29 январи соли 1980

Аз ҳамин шумораи «Ҳақиқати Ленинобод» то соли 2015 акси «Нишони фахрӣ» дар шиносномаи рўзнома ҷой дошт ва баъдан ин нишон ба саҳифаи чорум кўчонида шуд. Дар зарфи ним аср, рўзнома санаи 25 –уми марти соли 1980-ум 11870 шумора аз нашр баромад. Дар ин сол тиражи рўзнома 41159 ҳазор нусха буд.

29-уми январи соли 2022 шумораи 18474- уми рўзнома дастраси хонандагон шуд.

 «Ҳақиқати Суғд», ки таърихи беш аз 90 сола дорад, ҳоло ҳам дар фазои расонавии вилоят, бахусус, матбуоти хусусиву давлатӣ, ҳарфи аввалро мегўяд. Рўзнома тарғиби сиёсати давлату Ҳукумат, неъматҳои Истиқлоли давлатӣ, меҳанпарастӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, раванди босуръати бунёдкориҳоро дар ҷумҳурӣ ва қаламрави вилоят рисолати бунёдии худ мешиносад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва бозтоби расонавии аввалин иқдомҳо дар роҳи эъмори давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёду дунявӣ «Ҳақиқати Суғд» ҳамчун рўзномаи ормонгаро бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷўёнаи Роҳбари ормонии халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мафкураи аҳли ҷомеаро ба ҷониби рўшноӣ самт мебахшад.

Рўзнома аз 25 - уми марти соли 1930 то кунун борҳо табдили ном кард, вобаста ба таҳаввулоти забонӣ шаклу усулҳои фарқкунандаи нигоришро пазируфт, вале дар ҳифзи мавқеъ ва ҳадафҳои миллии худ ҳамчун минбари бедории фикриву мубаллиғи арзишҳои ватандўстона устувор монд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

30 January 2022

30 January 2022

28 January 2022

Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара аз ҳолу аҳволи захмиёни даргирии охир дар марз бохабар гардиданд.

Ба ҷароҳатбардоштагон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моливу пулӣ расонида шуд. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки табибони варзида ва мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят саломатии захмиёнро барқарор намуда истодаанд.

Читать далее

Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ сафар намуда, аз наздик бо вазъ шинос шуд.

Дар натиҷаи муноқишаи марзӣ, ки санаи 27-уми январ ба амал омад, манзили зисти сокинони деҳа зарар дидааст.

Зимни суҳбат бо аҳолии Чоркуҳ таъкид гардид, ки хонаҳои зарардида дар муҳлати кутоҳ барқарор карда мешавад.

Читать далее

Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара ба манзили зисти Обидҷон Тӯйчиев, ки бар асари муноқишаи марзӣ фавтидааст, ташриф оварда, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуд.

Таъкид карда шуд, ки вазъи баамаломада зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Гуруҳи корӣ гуфтушунид анҷом дода, сабабҳои рух додани муноқиша омӯхта мешавад. Раиси вилоят гуфт, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат дар паҳлуи сокинон қарор дошта, барои ҳалли масоили мавҷуда аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Читать далее

Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

Дар шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида истодааст.

Ҳайати Тоҷикистонро  фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд.

Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни мулоқот изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар марз аст. Мардуми наздисарҳадӣ бояд бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ва ҳамзистии осоишта кору зиндагӣ намуда, минбаъд пеши роҳи чунин даргириҳо гирифта шавад.

Читать далее

Пресс-центр пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /НИАТ «Ховар»/. 27 января 2022 года примерно в 18:40 на перекрёстном пути Зарафшони и в махалле Сомониён сельского джамоата Чоркух города Исфары между пограничниками Республики Таджикистан и Кыргызской Республики произошел вооружённый конфликт, сообщает пресс-центр Пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан.

В результате пограничного конфликта с таджикской стороны 10 человек получили ранения, из которых 6 военнослужащих и 4 из числа гражданского населения.

Кроме того, двое граждан Республики Таджикистан – Туйчиев Обидджон, 1986 года рождения, житель сельского джамоата Ходжаи Аъло, был убит в результате взрыва миномётного снаряда, выпущенного кыргызскими военнослужащими в его дворе, а также Шарипов Абдулатиф Рабиевич, 1964 года рождения, водитель отдела первичной медицинской помощи больницы города Исфары, погиб при спасении гражданского населения села Ходжаи Аъло от взрыва миномёта кыргызской стороны.

28 января 2022 года в 01.00 на территории сельского джамоата Сурх города Исфары состоялась встреча рабочей группы компетентных органов Таджикистана и Кыргызстана.

Стороны после рассмотрения и обсуждения вооруженного пограничного конфликта пришли к соглашению об объявлении прекращения огня до 08:00 часов 28 января 2022 года, чтобы все дополнительные силы и техника возвратились с линии государственной границы на место постоянной дислокации.

В настоящее время ситуация на государственной границе Таджикистана и Кыргызстана стабильная, совместной комиссией соответствующих структур обеих сторон изучаются причины и факторы пограничного конфликта.
https://khovar.tj/rus/2022/01/press-tsentr-pogranichnyh-vojsk-gknb-respubliki-tadzhikistan-soobshhaet-10/

Читать далее