February 2022

28 February 2022

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони  ҷумҳурӣ  ба  ҳолати  1  январи  соли 2022 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода гузориш дод.

Читать далее

ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ КОРИИ НАВ

Нишасти матбуотии навбатӣ бо иштироки намояндагони ВАО дар муассисаи давлатии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» доир гардид.

Сӯҳроб Зикриёзода ‐ муовини аввали Сардори муассисаи давлатии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» иброз дошт, аз оғози фаъолият дар МОИ «Суғд» 30 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 18 субъекти он ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд. Инчунин, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ дар ин давра 5745,8 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,5 фисад мебошад.

Қайд гардид, ки бозори фурӯши маҳсулоти субъектҳои МОИ «Суғд» ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар кишварҳо, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Олмон, Ироқ, Туркия, Россия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо 105,2 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 –ум 61,7 миллион сомонӣ ё 2,4 маротиба зиёд гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин давра сармоягузорӣ асосан аз ҷониби шаш корхона, аз ҷумла ҶДММ «Оҳан‐ кор», ҶДММ «Азияполитекс», «Филиали Хантана Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҶДММ «Донаи Алмос», ҶДММ «Покзарф» ва ҶДММ «Суғдиёна Агро» таъмин гардид. Дар соли 2021 шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» 774 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум 106 ҷойи кори нав ё 115,9 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин, қайд намуд, ки дар соли 2021 бо назардошти идома ёфтани маҳдудиятҳо вобаста ба бемории сироятии COVID‐19 иштирок дар чорабиниҳои хусусияти сармоягузоридошта асосан маҷозӣ ва тавассути мукотибот баргузор гардид.

Ҳамзамон, бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ‐техникӣ ва омӯзиш», инчунин тақ‐ вияти ҳамкории муассисаҳаи таълимӣ, баргузории сафарҳои корӣ бо иштироки роҳбарони литсейҳои касбии техникӣ, омӯзгорон, кормандони техникии таълимию истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Бохтар, Кӯлоб, Ваҳдат, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати омӯзиш ва шиносоӣ аз рафти истеҳсолот ва технологияҳои муосири саноатӣ дар корхонаҳои саноатии МОИ «Суғд» ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Маъмурияти минтақа корбариро бо субъектҳои кунунии минтақа ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта, татбиқи минбаъдаи бизнес‐нақшаҳо ва лоиҳаи сармоягузориро идома дода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ ба субъектҳои дахлдори минтақа, ҶДММ КМ ТТ «Силкоат Бойя», ҶДММ «Оҳан‐ кор», ҶДММ КМ ТТ «Таҷпроф», ҶДММ КМ ТТ «Фартуна‐Ко» барои даъвати му‐ ассисон, шарикон ва мутахассисони хориҷии онҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба барасмиятдарории раводиди дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

Дар поёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба саволҳои хеш аз масъулини муассисаи давлатии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

24 НАФАР АЗ ҒАРҚШАВӢ НАҶОТ ДОДА ШУД

‐ Соли сипарӣ дар ҳудуди вилоят 10 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта, ҳашт ҳодисаи фаромадани сел дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, як ҳодисаи фаромадани тарма дар Айнӣ ва як ҳодисаи фаромадани ярч дар Деваштич ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 22 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Маблағи уму‐ мии зарари расонидашуда бар асари офатҳои табиӣ дар соли сипарӣ 15 миллиону 415 ҳазору 832 сомониро ташкил дод, ‐ изҳор дошт муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, подполковник Холмаҳмад Холов дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма.

Аҳолии зарардидаи вилоят пайваста аз ғамхориҳои бевоситаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бархурдор шуданд. Соли гузашта дар натиҷаи муноқишаҳои байнисарҳадӣ, ки санаҳои 28‐29 апрели соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағӣ 11 миллиону 959 ҳазору 563 сомонӣ зарар расонида шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара ‐ 16 хона пурра, 4 хона қисман зарар дида, ба 37 хона зарари сабук расонида шуда, 4 иншооти ёрирасон ва 8 дигар иншооти хоҷагии халқ, 20 хона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зарари сабук расонида шуд. Раёсати вилоят ҷиҳати ҳифзи аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ баҳри пешгирии талафоти шаҳрвандони дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Ҷаббор Расулов қарордошта, чорабиниҳои эвакуатсиониро роҳандозӣ намуда, зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии минтақаҳои наздисарҳадиро аз минтақаҳои хавфнок ба минтақаҳои бехавф кӯчониданд.

Ҷихати кам кардани хавфи хатари офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Гулистон, Ашт, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ, ва Айнӣ зиёда аз 105 ҳазор метр корҳои тозакунии заҳбуру заҳкашҳо, каналҳо ва сойҳои селгузар гузаронида шуда, инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Спитамен ва Шаҳристон 148 ҳазору 215 метри мукааб корҳои тозакунӣ ба анҷом расонида шудааст. Вобаста ба пешгирии ҳодисаи ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ аз тарафи Раёсати вилоят чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Аз ҷумла, ҳолати омодагии минтақаҳои истироҳатию меҳнатӣ, санитарию профилактикӣ, варзи‐ шию солимгардонӣ санҷида шуда, баҳри бартарафсозии камбудиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» ва дарёи Сир, дар минтақаҳои барои оббозӣ номувофиқ ва минтақаҳои истироҳатӣ овезаҳои манъкунанда ва иттилоотӣ насб карда шуд.

‐ Новобаста аз гузаронидани чорабиниҳои мазкур соли сипарӣ 29 нафар бо сабабҳои гуногун дар кўлу дарёҳо ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд. Бо сари вақт хабардор намудан 24 нафар аз тарафи наҷотдиҳандагони дастаи вилоят ва бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд наҷот дода шуданд, ‐ иброз дошт муовини сардори Раёсати мазкур Холмаҳмад Холов.

Дар фарҷом байни рӯзноманигорон ва масъулин суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар ҳашари ниҳолшинонӣ

26 феврал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва майдони назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, дар кабудизоркуниву хуррамгардонии шаҳр саҳм гузоштанд.

Читать далее

Беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ба намоиш-фурӯш гузошта шуд

26 феврали соли равон дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар ярмаркаи мазкур таъкид кард, ки ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо дар асоси амри Раиси вилоят гузаронида шуда, ҳадафи аз ташкили он муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии вилоят мебошад.

Читать далее

Миёни вилоятҳои Суғд ва Челябинск созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид.

Дар кори форуми байнипарламентӣ доираи васеи ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва Русия иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласаи пленарӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Читать далее

25 February 2022

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд

25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ» дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардиданд.

Читать далее

НИГОРАҲО - БОЗГӮИ НИЁГОН

Осорхона маконест, ки дар он ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, асбобу ашё ва дигар лавозимоти зебои гузаштагон нигоҳдорӣ мешаванд. Аз гузашта то ин дам қадимтарин ашёву ёдгориҳои таърихӣ барои наслҳои нав ҳамчун мероси гарони миллат ҷамъоварӣ шудааст. Ба мисоли кӯзаҳои қадимӣ, расму нигораҳо, маводи этнографӣ, сиккаву ашёи рӯзгор, либосҳои қадима, китобҳои гаронарзиши қарнҳои пеш.

Дар манотиқи Тоҷикистон низ осорхонаҳои таърихиву фарҳангӣ мавҷуданд, ки ҳамарӯза мардуми одӣ то сайёҳони хориҷӣ аз он баҳра мебаранд. Осорхонаи вилояти Суғд низ ҳамарӯза дарҳои худро барои меҳмонон боз намуда, бо забони фаҳмои ҳар сайёҳ ашёи намоиширо муаррифӣ менамояд. Аслинисо Ёдгорӣмудири шӯъбаи оммавӣ ва фарҳангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қаълаи Хуҷанд” қайд кард, ки соли 2020 ба хотири беҳдошт аз бемории ҳамагир шумораи сайёҳону меҳмонон кам гаштанд, вале бо сабуктар гардидани он шумораи тамошобинони осорхона дар соли 2021 бештар гардиданд. Тибқи маълумоти оморӣ, ки аз масъулони осорхонаи вилоятӣ дарёфтем, дар соли 2021-ум 28778 нафар меҳмони ватаниву хориҷӣ осорхонаро дидан карданд. Аз ин шумора бо 8111 нафар тамошобин 370 адад сайри илмӣ гузаронида шуд.

Осорхона аҳамияти арзишҳои таърихиро ҳамчун мерос барои нигоҳ доштани иртиботи фарҳангу таърихи гузаштагонамон ба наслҳои баъдӣ пайванд мекунад. Воқеан ҳар нафаре, ки осорхонаро тамошо мекунад, ғизои маънавиаш бой гардида, ҳисси эҳтиромаш ба таърих ва аҷдодон боло меравад. Чунки осорхона ҳодисоту воқеоти таърихӣ ва рӯзгори гузаштагонро лаҳзае ҳам бошад, пеши назар аён месозад.

Суман ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

Шоми 24 феврал Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо музокиротро дар доираи мулоқоти хосса оғоз карда, дар сиғаи васеъ бо иштироки ҳайатҳо идома доданд.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин ҷанбаҳои мубрами вазъияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее