02 November 2023

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуйро ба ҳузур пазируфтанд

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуйро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои  муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

ПАЙМОНИ ХУДСОХТИ НАҲЗАТӢ – ФИТНАКОРУ ИҒВОПЕШАИ ҶОМЕА

Тибқи расонаҳои хабарӣ  ҳамагон бохабаранд, ки имрузҳо раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” дар кишварҳои Аврупо иқомат доранду аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, то ҳол даст накашидаанд. Ин тӯдаи хоинон бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Ин афрод, яъне Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Илҳом Ёқубов, Шавкати Муҳаммад ва думравонаш бо номи Сулаймону Ҷамшеди беору бевиҷдон дар давоми моҳи октябри соли равон, ҳар ҳафта ду маротиба бо навбат тавассути сомонаи ифротӣ “Ислоҳ нет”дар  барномаи “Минабри муҳоҷир” баромад намуда, мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Воқеан, мавқеъгирӣ ва ҳадафҳои муғризонаи раёсати фирории ҲНИ, яъне “Паймони миллӣ” намоён шуда, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад.

Оё ин гуна  рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст.  Ҳадафаш аён аст, ки раҳбарияти кунунӣ Муҳиддин Кабирӣ ва умуман ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт вазъияти кишварро бад карда, мардумро мехоҳад гумроҳ намояд.

Бо боварии комил метвон қайд кард, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол ба иғвою тӯҳматҳо, ғайбату дасисаҳо ва фиребу найрангҳои бадхоҳони дохилию хориҷӣ пайравонаш фирефта нашуда, суханҳои иғвоангезашонро шадидан маҳкум мекунанд. Хоинони миллат бояд донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу Ваҳдати миллӣ чашидаанд, дигар гумроҳ наметавон кард!

Хитобан таъкид менамоем, ки маҳз натиҷаи татбиқи сиёсати дуруст ва созанда дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти кишвар буд, ки дар мамлакати мо марҳилаи таҳияю татбиқи Барномаҳои давлатӣ, Стратегияи рушд, Консепсияи ташаккули давлати миллӣ фаро расид. Ин сиёсат ба раванди аз бўҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд.

 Имрўз ба дастовардҳои бузурги кишварамон ҳам дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва ҳам дар миқёси минтақа назар афканда метавон равшану возеҳ эҳсос намуд, ки муҳимтарин ангезаҳои иқдомҳои бузурги созанда ҳанўз дар ҳамон давраҳои мудҳиш маҳз ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тарҳрезӣ гардида, бо муҳаббату самимияти том дар тўли солиён то имрўз нияти иҷро доранд ва дар ин роҳ ба фитнакору иғвопеша ҷой нест.

М. АХМЕДОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Читать далее

БА ОЯНДА НЕК БОЯД НАЗАР ДӮХТ

Пешрафт, тараққиёти рӯзафзуни кишварро дида, андеша меронам, ки онро нодида гирифтан камоли нодонист. Зеро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дастовардҳою пешрафтҳои гуногуни иҷтимоиию иқтисодӣ ба назар мерасанд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Мардуми тоҷик ба дини мубини Ислом ҳамчун дини таҳаммулпазирӣ, ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва инсондӯстӣ рӯй овардаанд.

Дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурӯҳҳое, ки дар дил ниятҳои нопок доранд, алҳол гӯё як такягоҳ шудааст. Онҳо худро имрӯз дилсӯзи Ватану мардум эълон дошта, байни омма иғвобарангезӣ менамоянд. Агар имрӯз аъзои ТТЭ ҲНИ чун гуфтаҳояшон ватандўсту ватанпарвар мебуданд, ба манфиати кишвари худ ва ҷамъият фаъолият мебурданд, барои ояндаи кишвар ва якпорчагии Тоҷикистон меҳнат мекарданд, аз нӯги нохун чирк намекофтанд.

Мутаассифона, аъзои ин созмони ифротгаро ба ташкили ҳар гуна гурӯҳу гурӯҳчаҳо машғул шуда, даст ба ҷиноят мезананд. Мо дар ин радиф дар роҳи тинҷию оромии давлатамон ҳамчун аъзои ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки мардуми сарзамини мо дигар ба нобасомониҳо роҳ намедиҳад.

 Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем. Бояд баҳри ободии ҷомеа ва гул‐гулшукуфии Ватани азизамон меҳнати содиқона карда, бар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муборизаи беамон барем.

Нагузорем, ки андешаҳои нопоки ифротиён ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба зиндагии орому осоиштаи мо халале ворид созад. Аз ин рӯ, мо ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободию осоиштагии мардуми кишвар, якпорчагии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем. Муқаддасоти кишварро азизу гиромӣ дорем.

Ҳамзалӣ ВАҲҲОБЗОДА,

нотариуси давлатии Идораи

 нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Терроризм – ин хатари ҷаҳони муосир

Терроризм – ин идеологияи зӯроварӣ ва амалияи таъсир ба қабули қарорҳои аз тарафи мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои худидоракунии маҳаллӣ ё ташкилотҳои байналхалқӣ қабулшаванда мебошад, ки бо ба таҳлука андохтани аҳолӣ ва дигар шаклҳои ғайриқонунии амалиётҳои зӯроварӣ алоқаманд мебошанд.

Терроризм шакли ниҳоии пайдоиши экстремизм мебошад. Экстремизм яке аз ҷиноятҳо нисбатан вазнин ба ҳисоб меравад, ки бо тарзҳои хатарноки мақсаднок ба иҷро расонида мешавад(сӯхтор, таркиш, истифодаи маҳсулотҳои заҳролудкунӣ, рабудани одамон, сӯиқасд ба ҳаёт ва куштори шаҳрвандони алоҳида, ҳамлаҳо бо аслиҳа, воридшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои компютерӣ, кашида гирифтани воситаҳои нақлиётӣ ва биноҳо ва ҳоказо).

Аз хотир набояд фаромӯш намуд, ки терроризм ҳаёти одамони бегуноҳро зери хатар гузошта, шарти мӯътадили фаъолияти ҳаётии инсониро халалдор менамояд ва дар байни аҳолӣ тарс, ваҳму таҳлукаро ба миён меорад. Ҳамин тариқ, террористон кӯшиши онро менамоянд, ки ба мақсадҳои ҷиноии сиёсии худ комёб гарданд.

Террористон дар давлати соҳибистиқлоли мо ҳеҷ гоҳ бе ҷазо намемонанд. Ин афроди нохалаф дар вақти амалиётҳои контртеррористӣ маҳф карда мешаванд ва ё мувофиқи Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дода мешаванд.

Терроризм ин расидан ба мақсадҳои сиёсӣ бо ёрии воситаҳои зӯроварӣ мебошад ва решаҳои чуқурӣ таърихӣ дорад. Калимаи “терроризм” – аз калимаи лотинии terror – «тарс», «ваҳму воҳима» сарчашма гирифта, дар баёни муосир охирҳои асри XVIII ба истифодабарӣ шурӯъ шудааст.

Терроризми муосир дар ибтидоии солҳои 60-ум асри гузашта баъд аз пошхӯрии империяҳои мустамликавии абарқудрат пайдо шудааст. Мубориза баҳри озодии миллӣ бисёр бо воситаҳои ҳарбӣ амалӣ карда шуда, амалиётҳои террористӣ яке аз шаклҳои амалиётҳои партизанӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо вобаста аз мъёри тағйирёбии ваъзияти ҷаҳонӣ, терроризм ба тағйиротҳои куллӣ ҳам аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ҳам муносибати ҳарбӣ дучор гардид. Дар охири асри XX амалҳои террористӣ, ки мақсади асосииашон куштори бештари одамон буд, ба воситаи маъмули расидани ба мақсадҳои сиёсӣ мубаддал гардид. Характер ва тактикаи фаъолияти террористӣ низ дигаргун гашт. Террористон бештар аз тактикаи истифодаи таркиш, дуздидани одамон ва куштори чеҳраҳои давлатӣ, гаравгонгирии тайёраҳо рӯ ниҳоданд.

Симои терроризми муосир бениҳоят гуногунҷабҳа мебошад. Коршиноси муосир наздик 200 намуди фаъолияти террористии муосирро қайд мекунанд. Ҳамаи намудҳои терроризм характери сиёсӣ доранд, яъне дар навбати аввал ба мақсадҳои сиёсии террористон хизмат мекунанд.

Терроризми сиёсӣ ба муқобили системаи иҷтимоӣ – сиёсии давлат дар умум ё ягон ҷабаҳаи фаъолият оннигаронида шудааст. Терроризми сиёсӣ чун анъана мақсади ба дастории ҳокимияти сиёсиро дошта ба муқодили сохти давлатӣ нигаронида шудааст.

Терроризм таҳдидкунандаи асосии сулҳ ва амонӣ гардидааст ва несту нобуд намудани он мақсади асосии ҷамъияти ҷаҳонӣ гардидааст.Терроризм ба бехатарии миллии ҳар як давалат таҳдид менамояд ва муқобилияти беамонро бояд давлат, ҷамъият ва ҳар як инсони соҳибмаърифату ватандӯст дошта бошад.

Ҳаминро қайд намудан муҳим аст, ки бояд ҳар як инсони соҳибақлу ватандӯст худашро бояд аз шомилшавӣ ба фаъолияти террористӣ эҳтиёт намояд, чунончи хатари воридшавӣ ба шабакаи ташкилоти террористӣ зери таъсири идологияи зӯроварӣ ва фикронии экстремистӣ мавҷуд мебошад.

Ҳар як фарди соҳибмаърифат, худогоҳ, ватандӯст ҳаргиз ба чунин роҳи нодурусту хонумонсӯз нахоҳад рафт ва ҳамеша ташвиқкунандаи сисёсати хирамандонаи роҳбари давлат буда, барои пешрафт, гул – гулшукуфии кишвари азизамон тамоми ҳастии худро мебахшад ва ҳамеша давлатамонро аз ин чунин шахсони нохалаф ҳифз мекунад.

Низомиддинов С.Ш.-

дотсенти кафедраи барномарезии ДДХ

Читать далее

Наҳзатиҳои банандеш ба мақсад намерасед

Мо ҷавонони ДИС ДДТТ борҳо зимни изҳороту мақолаҳои хеш вобаста ба баромадҳои хоинони миллат анешаҳоямонро баён сохта будем. Ин навбат низ баён сохта қайд менамоем, ки раҳбарият ва ҳаммаслакони созмони ифротии худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” имрӯзҳо аз Аврупо истода аз нақшаҳои шуми худ даст накашида, боз заҳри худро ба кишвари соҳибистиқлоламон расонданӣ ҳастанд. Барои тасдиқи ин гуфтахо мисол меорем, ки ҳар ҳафта, аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин ва бо ҷалби ҳаммаслакону думравони “Паймони миллӣ” бо барномаҳои таҳрезишуда дар сомонаи “Ислоҳ. нет” дар барномаи ифротии “Минбари мухоҷир“ бо навбат баромад доир менамояд.

Чунончи дар давоми моҳи октябри соли равон, аз ҷумла, санаи 29 октябр М.Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромади ифротӣ намуд. Зимни оғози суханаш М.Садриддин асосан оид ба масоили таъмини оби нушокӣ дар шаҳри Душанбе, маҳдудияти барқ ва нисбати рахбарияти олӣ, аз ҷумла оид ба фаъолияти Сарвазири кишвар андешаи носолимашро баён сохт, ки он асосе надорад. М.Садридини бадкирдору хоин, ки фикри баду забони бадаш худашро заҳролуд кардаасту думравонашро низ!

Бояд қайд кард, ки дар барномаи навбатӣ ҳаммаслаку думравонаш, аз ҷумла Илҳом Ёқубов ва афроде бо номи Сулаймон ва дигаре Ҷамшед суханҳои кабеҳро пеша намуда, дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлоли кишварро нодида гирифта, ба мисли Кабирию М.Садриддин ҳамагонро ба ошӯб даъват намуданд. Дашному ҳақорат ва ғайбату тӯҳмати беасоси зикршудагон, аз ақли солим надоштанашон дарак медиҳад. Афроди номбаршуда шогирдони Кабирию М.Садриддин мебошанд. Хулоса, ба ин хоинони миллат бори дигар такроран гуфтанием, ки бо ин дасисаву суханбозиҳои навбатиатон чӣ мехоҳед?! Мард бояд якрӯву якзабон бошад. Шумо чанд рӯву чанд забон доред?! Агар мардона рафтор мекардеду миёнбанди тоҷикона дӯхташударо маҳкамтар мебастед, дар паҳлӯи мардони майдон истода, тамоми ҳастии худро ба ояндаи Тоҷикистон ба ободии рӯзгори мардуми хасташуда сарф мекардед. На гурезаву сарсону дарбадари мисли гадоён. Баробари ин, ҳаминро гуфтан мехоҳем, ки воқеан шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!

Дар интиҳои изҳороти хеш мо- ҷавонони даврони соҳибистиқлол суханҳои иғвоангезони М.Садриддин, Илҳом Ёқубов ва думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем. Ин душманони миллат бояд дарк намоянд, ки ҷомеа кайҳо руи ҳақиқии онҳоро шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ пайрави онҳо нахоҳанд буд. Боварӣ дорем, ки ҳар як фарди худогоҳи тоҷику тоҷикистонӣ сафедро аз сиёҳ, бадро аз нек, дӯстиро аз душманӣ фарқ мекунад, дигар бозичаи дасти хоинону ватанфурӯшон намегарданд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳама сарҷамъу паҳлӯи ҳамдигар истода, намегузорем бадхоҳони миллат байни мо тафриқа ангезанд ва ҳамаи он мақсаду ниятҳои нопокашонро, ки дар ботин мепарваранд, барҳам зада, онҳоро қотеона маҳкум менамоем.

ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавони ДИС ДДТТ

оид ба дасисаву суханбозиҳои навбатии

хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Читать далее

Танбалӣ ба фасодкорӣ меоварад!

Хислатҳои мухталифи инсонӣ дар алоқамандӣ бо сатҳи ақлу заковат, фарҳанг, тарбия ва маърифат боиси падидаҳои мусбату манфӣ дар ҷомеа мегарданд. Ба сифати мисоли аёни таъсироти манфӣ ба мафкураи ҷомеа метавон танбалию фориғболии фардро инъикос намуд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвари соҳибистиқлоламон миллионҳо нафар толибилмон ба ҷустуҷӯи илму дониш машғуланд. Ҷомеаи муқтадири омӯзгорону устодон ба ин толибилмон дарс мегузаранд. Дараҷаи таъминоти иқтисодии муассисаҳои таълимӣ, хусусан дабистону кӯдакистонҳо бошад, алҳол дар дараҷаи қаноатбахш буда таваҷҷӯҳ ба онҳо торафт бештар мегардад. Муқаррар карда шудааст, киташкили қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо тариқи Маркази миллии тестӣ боисиаз байн рафтани зумрае аз амалҳои коррупсионӣ ба мисли порадиҳӣ, ришваситонӣ, хешбозӣ, дахолати мансабдорони воломақом ва ғайра гаштааст. Аммо, тоифае аз толибилмон баъд аз қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рафтору кирдори худ куллан тағйир медиҳанд ва бевосита барои зуҳуроти ҳолатҳои коррупсионӣ сабабгор мешаванд.

Донишҷӯён аз пайи ҳавою ҳаваси ҷавонӣ бо кӯчагардиву тамошо банд мешаванду вазифаю супоришҳои устодонро саривақт, дар ҳаҷми пурра иҷро намекунанд. Танбалӣ, иродаи сусти донишҷӯ, набудани таҷрибаи истифодаи самараноки вақти фориғ аз таҳсил, назорати ғайрикофиипадару модарон ва омилҳои дигар ба он оварда мерасонад, ки донишҷӯ аз устод наметавонад маҷмӯи қаноатбахши холҳоро ба даст оварад. Чунин тоифа барои дарёфти холҳои зарурӣ ба омӯзгор бо зорӣ муроҷиат мекунанду пешниҳоди маблағи муайянбаҳри халосӣ аз ҳолати баамаломада мекунанд. Танбали рӯирост бо истифодаи бемасъулиятию баднафсии омӯзгор ба ин намуди муносибат одат мекунаду танбалиаш боз ҳам авҷ мегирад. Падару модари донишҷӯ, ки назорати пайвастаи фаъолияти ҳаётии ӯро надоранд, бо талаби маблағ барои зиндагӣ ба фарзанд маблағро медиҳанд. Донишҷӯи танбал бошад, тадриҷан ба амалҳои зикрёфта одат мекунад ва ҳам дар давраи донишҷӯӣ аз илму дониш бебаҳра мемонаду ва ҳам хислати палиди раҳоёбӣ аз ҳама вазъиятро бо роҳи ришвадиҳӣ пайдо мекунад.

Оқибати ғамангези ҳолати қайдгашта боиси дар ҷомеаи солим зоҳир гаштани фасодкорон, яъне донишҷӯ ва омӯзгор мегардад. Омӯзгори ришвагир бошад, маблағи ришваро барои хӯронидану пӯшонидани фарзандони худ харҷ менамояд. Дар ин ҷараёни манфӣ беихтиёр фарзандони омӯзгор низ ҷалб мешаванд, ки бо “луқмаи ҳарому фасод” – и ришва ба камол мерасанд. Баъдан, худи донишҷӯи танбали одаткардаи фасодкорӣ фарзандони худро низ дар рӯҳияи ҳалли мушкилотҳои ҳаёт бо воситаи маблағ тарбия менамояд. Ин ҷараёни инъикосёфта собит месозад, ки аз амалҳои оддитарини хусусияти коррупсионидошта занҷири бефосилаи узви ҷомеа зарар мебинанд. Осеби ин тоифа ба ҷомеа хеле таъсиррасон буда, баркандани решаҳои он хеле мушкил аст ва вақти тӯлонӣ металабад.

Дар радифи маънии ҷараёни зикрёфта метавон хулоса кард, ки танбаливу фориғболӣ боиси зуҳуроти амалҳои коррупсионӣ гардида ба ҷомеа зарари маънавии пурдавоми носолим мерасонад. Аз ин лиҳоз, мебояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба зидди зуҳуроти амалҳои хусусияти коррупсионидошта муборизаи беамон баранд ва кӯшанд, ки дар насли ҷавон танбалию фориғболӣ бо кӯшишу ғайрат, нерӯи эҷодкорӣ иваз гардад. Дар ин раванд, хосатан мебояд мавқеи зиёиёни кишвар, омӯзгорон назаррасу пешсаф бошад. Бо доштани нафси худ ва маҷбур сохтани донишҷӯ ба донишандӯзӣ ӯро аз танбалӣ ва ҳам шомили амалҳои ноҷоя наҷот бахшанд. Зеро, касби омӯзгорӣ пуршарафтаринва муқаддастарин касб – тарбиятгари ҷомеаи солим буд, ҳаст ва боқӣ мемонад!

Собиров М.С,

Абдухолиқзода М.А –

дотсентони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ҳамдиливу ҳамраъйӣ мебояд!

Зиддияту муқовимати байни давлатҳо дар заминаи манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва ғайра арзи вуҷуд мекунад., ки дар замони мазкур авҷи тоза ва бисёрҷабҳа касб намудааст. Ба сари давлатдорӣ расидани нафаре ё гуруҳи тундгарои бадандеш боиси оқибатҳои нохуш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, алахусус ба ҳамсоядавлатҳо мешаванд. Мутаасифона, рӯзҳои охир, яъне 7 октябри соли равон ҳамагон шоҳиди ноҷавонмардонаи давлати Исроил бо кӯмаки аблаҳони абарқудрат ба сарзамини азиятдидаи Фаластин гардиданд. Натиҷаи муқовимати шадид ба ҳалокати беш аз 7- 8 ҳазор нафар, захмбардории беш аз 15- 20 ҳазор кас шудаасту теъдоди мардуми хонахаробу муҳоҷири иҷборӣ беш аз 1 миллион нафар гаштааст. Кадом фарди солимақл дар ин лаҳзаҳои ҳассос метавонад ором бошаду канораҷӯӣ ихтиёр намояд?

Манфиатхоҳони абарқудрат доимо байни мамлакатҳои кӯчак низою иғво ангехта худ бо “ширҷӯшӣ” аз ин амалҳо машғуланд. Бехонумони ҳазорон нафар мардум, аз ҷумла занону кӯдакон, пиронсолонро парво надоранду ҳадафҳои геополитикии худро пиёда намуда истодаанд. Намесазад, ки солимандешон дар канор бошанду нафарони бефард оромона зиндагонӣ намоянд! Зеро, чунин рафтору ноҷинсона ба давлатҳои дигар низ таҳдид менамояд ва оқибатҳои ҳалокатбор меоварад. Мисоли аёни чунин пайомадҳоро метавон дар мамлакатҳои замоне орому осуда, вале имрӯз ноорому ҷангзадаи Афғонистону Сурия, Ироқ ва ғайра мушоҳида кард.

Дар ин радиф аз ҳамаи солимандешону соҳибхирадони ҷомеа даъват карда мешавад, ки мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ нишон диҳанд ва бетарафу бефарқ набошанд. Агарчӣ нобуд сохтани созмони террористӣ баҳонаи оғози ҷангҷӯӣ мебошад, набояд давлати адолатхоҳ бори вазнини кулфатоварро ба сари мардуми оддӣ бор карда бошад. Алалхусус, қатъ кардани интиқоли нерӯи барқ, оби ошомиданӣ, сӯзишворӣ ва дигар манбаҳои ҳаётан муҳим, бар замми он бомбаборон кардани бемористон амалҳоест, ки мебояд қотеёна маҳкум кард. Дар акси ҳол, хавфи истифодаи аслиҳаи қатли ом низ аз эҳтимол дур намегардад, ки оқибати онро ҳатто наметавон тасаввур кард.

Амалҳои ҷангҷӯёнаи ҷониби расмии Исроил ва террористони Фаластинро якдилона маҳкум намуда дар радифи сиёсати одилона, хирадмандонаи роҳбарияти олии кишварони соҳибистиқлоламон аз ҷонибҳо талаб мекунам, ки оташбаси умумӣ эълон намоянд. Кӯшанд, ки ҳаёти осоишта барқарору барпо гардаду хашму хусумат аз байн бардошта, давлатдорон муқовиматҳои мавҷударо сари мизи музокирот ҳаллу фасл кунанд. Вагарна, ояндаи башарият зери хатар асту гузаштагону насли оянда низ чунин ҷангҷӯёнро маломат хоҳанд кард.

Собиров М.С. 

устоди ДДХ

Читать далее

ГАПҲОИ БАРДУРУҒУ ФИТНАҲОИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир собит менамоянд, ки ифротгароӣ ва терроризм ба омили идеологияи душмансозӣ мубаддал гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани ҷомеаи ҷаҳонӣ, асосан Осиёи Марказӣ равона шудааст. Масалан паймони худсохти наҳзати – “Паймони миллӣ” тибқи идеологияи тундгароии динӣ амал карда, давоми даҳсолаи охир фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро бо истифода аз он ҷиҳати сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ кўшиш намуда истодааст. Диққати асосии тарғиботи онҳо ба бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҷомеаи имрӯзаи мо равона карда шудааст.

Чунончи раҳбарияту ҳаммаслакон ва пайравони “Паймони миллӣ” дар давоми моҳи октябри соли равон, аз ҷумла Муҳҳаммадиқболи Садриддин ҳафтае ду маротиба дар сомонаи иҷротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби пайравонаш бо навбат баромад намуда, ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. Ин навбат санаи 29 октябри соли равон Муҳамамадиқбол бо ҳаммаслакаш Илҳом Ёқубов ва думравонаш ашхосе бо номи Сулаймон ва Ҷамшед бо мақсади ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Тоҷикистон, дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлоли кишварро нодида гирифта, ҳамагонро ба ошӯб даъват намуданд.

Зимни баромадҳои ифротиашон тавре мебинем, хоинон бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо бофта, мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд ва Тоҷикистони воҳидро дубора пора-пора созанд. Онҳо имрӯз на танҳо аз ҷавҳари ҷавонмардиву оини мусалмонӣ дуранд, балки шарти инсонӣ ҳам, ки диду амали нек аст, бегонаи онҳост.

Бадхоҳони миллат бехабаранд, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90- ум аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро аз ҳам ҷудо карда метавонанд.

Хулоса, гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии хоинони миллат аён аст! Мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхосон мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба Тоҷикистони биҳиштосо таъсир расонанд. Имрӯз қариб 10 миллион нафар аҳолии мушкилнописанди Тоҷикистон шукронаи ин Ватани ободу шукуфо мекунанд.

Натиҷаи азхудгузаштанҳо, заҳматқариниву синасипаркарданҳо ва ҷасорату бунёдкориҳои раҳбараш буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар домани паҳновари Осиё ҳамчун нигини саодату сарбаландӣ ва ободию фаровонӣ шуълавар гардид ва бар дилу дидаҳо гармиву рўшноӣ бахшид. Бо дидани ин ҳама воқеияти зиндагӣ ҳар соҳиби дидаи бино ва ҳар нафари дилогоҳ бо шукрона аз неъмати бебаҳои озодӣ барои ободию шукфоӣ талош меварзад. Муқаддастарин сарзамин-Ватани худро дуст медорад. Аз ифтихори соҳибватанию соҳибдавлатӣ то фалак сар мефарозаду меболад. Меболад, ки ў ба Тоҷикистон ва Тоҷикистон ба ў тааллуқ дорад. Меболад, ки агар дар анбўҳи миллионҳо сайёраву ситора Замин нигини коинот бошад, Тоҷикистон-Ватани азизи ӯ гӯшае аз биҳишт дар ин сайёраи зебост…

Р. АНВАРӢ,

устоди ДИС ДДТТ

Читать далее

Боғи бахил беҳосил!

Дар урфияти миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, куҳанбунёди тоҷик панду андарз ва зарбулмасалҳои сершуморро метавон дучор омад, ки саропо ҳикматҳои қавӣ ва фалсафаи маъниро доро ҳастанд. Давоми ҳаёту фаъолият маротибаи зиёде аз ин мақолҳои пурҳикмат истифода кардааму аз натиҷаи мусбаташ бархурдор шудаам. Зарбулмасали маъмули “ боғи баҳил беҳосил” – ро бисёр шунидаву қиёси зиёдашро мушоҳида баррасӣ ва хоҷат ба исбот надоштани онро дарк кардаам. Аммо, ҳеҷ вақт ин ҳикмати пурмаъниро дар қиёси нафарони палиду наҳзатиёни ифротзада истифода набурда будам.

Таҳлилу шиносоӣ бо саропои амалу гуфторҳои тӯдаи хоинони наҳзатӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ин тоифаи ҳаромпешаи ватангадо пайваста бо иҷрои дархосту фармоишҳои хоҷагони маблағгузори хориҷӣ дар пайи олудасозии мафкураи ҷомеа бо ғояҳои ифротӣ, буҳтонбофӣ, иғвогарӣ, фитнаангезӣ, макру фиреби соддалавҳони дучори мушкилотшудагон ва амсоли онҳо ҳастанд, ки ба ҳудуди рафторҳои инсонӣ нағунҷад. Хусусан, чоплусону думбардорони Кабирии муртаду мунофиқ аз сардорашон фисқу фуҷур то андозае омӯхтаанд, ки чун мори бадзаҳр ҳамеша хоҳони заҳрпошиву бадандеши нисбати сарзамини орому осуда, шукуфо, мардуми созандаю бунёдкори кишвари соҳибистиқлоламон мебошанд.

Ин тӯдаи наҳзатӣ дар алам, ҳасудиву бахилиро қарор гирифта, дастовардҳои муваффақонаи Ватани маҳбубамонро тавассути заҳмати мардуми зарофараш бунёд гардидааст, дида наметавонад. Гӯё биноӣ ва қалби разили онҳоро аз комёбиҳои сарзамини зодаашон хоре мехаладу безобита мекунад. Чун ақраби бадзишт омодаи заҳрпошӣ ба макони парвардаашон будани наҳзатиён инъикоси ботини палиду ноҷавонмардии наҳзатиёни ватанфурӯш мебошад. Баъзан ҳайрон мегардам, ки чӣ сон ин қадар заҳр дар як тани наҳзатиён меғунҷида бошад? Метавон пай бурд, ки наҳзатиён кайҳо боз танфурӯшанду соҳиби аслии тани наҳзатиён хоҷагони ифротиашон ҳастанд!

Наҳзатиёни палиду разил, хиёнатпешаро метавон ба нафаре шабеҳ дод, ки “аз дар рондаву аз чизи дигар монда” бошад. Зеро, аллакай макони зодаашон хиёнат кардаву ватангадо имконияти бозгашт ба Ватанашро гум кардаанд. Аз ҷониби дигар бошад, дар мулки бегона чени саги дайду қадру манзалате надорад ва ҳамчун тӯби футбол аз ҷониби чандин бозингарон шоистаи пойзанӣ шуда мемонанд.

Тааҷубовар аст, ки ин тӯдаи худозадагони наҳзати аз ҳаёти ночору пур аз тарсу ҳарос, ташнаи заҳрпошиҳои нав ба нав ҳатто дарк карда наметавонанд, ки умри бахшидаи Офаридгорро зоеъ сохтаанду, ба насли минбаъдаи худ беномусиву хиёнатпешаӣ, нокасиву маҳруми аз оғуши Ватанро мерос гузоштаанд.

Итминони комил дорам, ки дере нагузашта авлодони наҳзатиён амалҳои волидони худ маҳкум мекунанду худро аз ному насаб, амалу кирдорҳои қабеҳи падарони наҳзатиашон канор мегиранд. Зеро дарахти бахил боровар набуд, нест ва намешавад!

Собиров М.С.-дотсент,

мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати

факултети геоэкология ва туризми МДТ

“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад.

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоваранд, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошанд. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқият, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал миллати соҳибсавод, соҳибдавлат, соҳибтамаддун ва соҳибмарзу соҳибватан буд. Миллати сарбаланди тоҷик дар ҷодаи ватандорӣ бо ватандӯстию хештаншиносӣ фарҳанги хоса ва эътирофшудаи худро дорад. Ватандорию ватансозӣ, ватандӯстию ба қадри соҳибватанӣ расидан фазилати нек ва фарҳанги ибратомӯзи халқи қадимаи тоҷик ба шумор меравад. Дар радифи сифатҳои олии ахлоқии шахсият тарбияи ватандӯстӣ, меҳру муҳаббати хоса доштан нисбат ба зодгоҳи худ, дӯст доштани муқаддасоти миллии халқи худ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои суннатӣ, эҳтироми ному пайкори фарзонафарзандони сарзамини аҷдодӣ, ки барои эҳё ва пойдории Ватан қаҳрамонии бемислу монанд нишон додаанд, дар мадди аввал қарор дорад.

Дар “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар доранд”.

Фарзанди тоҷикро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва муҳофизати Ватан тарбия менамоянд. Агар ба таърихи ибратбахши халқи қадимаи тоҷик назар афканем, он саропо таълим, тарбия ва фарҳанги пурғановат аст. Ниёгонамон ҳангоми тарбияи фарзандон ба хулқу атвор, дӯст доштани Ватану миллат, эҳтироми забону арзишҳои миллӣ эътибори махсус медоданд. Чи хеле ки академик Лутфуллоев М. қайд менамояд, “дар бобати муносибат ба замин, ватану ватандорӣ, мустақиливу пойдории оила, ба қадри инсон расидан, фарҳангу маданият, сулҳу оштӣ, касбу ҳунар, афрӯхтани тухми дониш халқи мо мисл надорад”.

Дар фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ба тарбияи муҳаббат нисбати Ватан таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст. Ин эҳсос сараввал дар оила, баъдан дар ҷомеа ташаккул меёбад. Таассуроти аз табиати ватан дар синни кӯдакӣ гирифта, бозиҳо, муошират бо забони модарӣ, сурудҳои халқӣ, мусиқӣ, ҳикмати халқӣ, осори ҳунармандони мардумӣ, ривоятҳо дар бораи қаҳрамонии таърихи халқи тоҷик дар мубориза бо душманон – ҳамаи ин воситаҳое мебошанд, ки инсонро ба зодгоҳи худ, ки онро Ватан меноманд, пайванд менамоянд. Ҳанӯз педагоги машҳур Сухомлинский В.А. қайд карда буд, ки “Эътиқоди ватандӯстӣ, шӯру изтиробҳои ватандӯстии дили ҷавон – ин аст ҳадафи олии тарбия”.

Насли имрӯзи тоҷик ифтихор аз он мекунад, ки Ватани азизаш фарзонафарзандони худ, мисли Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигаронро дар оғӯши гармаш ба камол расонидааст. Онҳо ин Ватани азизро ба воситаи қаҳрамонии ҷавонмардонаю нангпарварона ба оламиён муаррифӣ карда, бо далерию мардонагии худ марзу буми онро аз ҳуҷуми аҷнабиён дифоъ намуда, барои имрӯзиён боқӣ гузоштаанд. Боиси ифтихор ва шараф аст, ки номи нек, қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ, башардӯстии онҳо дар тарбияи ҷавонон, дар шароити имрӯзаи кишвари мо мавқеи ниҳоят калон мебозанд. Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби хеш “Тоҷикон”навиштааст: “Спитаман ба коре муваффақ шуд, ки касе аз уҳдаи он баромада натавониста буд: ӯ дар муҳориба як қисми қӯшуни мақдуниро маҳв намуд” . Садриддин Айнӣ дар очерки таърихии худ “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” овардааст, ки дар миёнбанди Темурмалик халтачае ёфтанд, ки дар он як каф хок ва як порча коғазе, ки чунин навиштаҷот дошт, пайдо намуданд:

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.

Мафҳуми ватанпарастӣ, ҳисси муҳаббат ба Ватан, садоқат ва омодагӣ барои хидмат ба Ватан, аз ҳар гуна таҷовузҳои беруна муҳофизат кардани онро ифода мекард. Педагоги шинохта К.Д.Ушинский чунин навишта буд, ки “муҳаббат ба Ватан хислати хоси одамонест, ки Ватанро натанҳо хангоми таҳдид кардан, балки бо хизмати софдилона дар ҳаёти осоишта дӯст медоранд”.

Асоси маданияту анъанаҳои халқи тоҷикро арзишҳое ташкил медиҳанд, ки ҳамчун воситаи ҳифз, такомул ва тақвияти маънавият баромад менамоянд. Тавассути онҳо аз насли калонсол ба насли ҷавон меъёрҳои рафтори инсон, нерӯи зеҳнӣ ва эҷодӣ, талаботҳо нисбати шахсият интиқол меёбанд. Дар таҷрибаи тарбиявии насли калонсол анъанае вобаста ба эҳтироми ниёгон ва иззату арҷгузорӣ ба қавму авлоди худ бо донистани таърихи ниёгон, решаҳои авлодии худ, инчунин ривоятҳо ва анъанаҳои марбут ба аъмоли неки гузаштагони худ мушоҳида мешавад. Муҳаббат ба ниёгони худ барои шинохтани ҷаҳон, такомули шахсӣ, саҳми муайян доштан дар баланд бардоштани мақоми авлод тавассути тарбияи маънавӣ, таҳсил, такмили шахсият кӯмак мерасонад. Чунин дилбастагӣ ба ниёгон, ба хонаи падар, ба оила дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбати авлод, сокинони ҷомеа ва дигар миллатҳо мусоидат мекунад.

Агар рӯ ба адабиёти классикиамон оварем, шоире нест, ки васфи меҳру муҳаббати Ватан накарда бошад, ҳарчанд мувофиқи шарҳи ҳоли аксарияти шоирон онҳо дур аз Ватану ёру диёр умр ба сар бурдаанд ва ҳатто дар фироқи Ватан ҷон додаанд. Шоири ширинкаломи форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Саъдиё, ҳубби Ватан гарчӣ ҳадисест шариф,

Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.

Ибораи “ҳубби ватан” маънои муҳаббати Ватан, меҳри Ватанро дорад ва он ки ба Ватан меҳру муҳаббат дорад, ӯро ҳуббулватан мегӯянд”.

Гузаштагонамон хоки Ватанро ба ҷое мерафтанд, як мушт ҳамроҳ мебурданд, онро эҳтиёт мекарданд, ба боигариҳо, яъне зару зевар иваз намекарданд. Зарбулмасалҳои “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар”, “Қурбони Ватан бош, ки қурбонат шаванд”, “Шахси бе Ватан – булбули бе чаман”, “Аз ҷон маҳрум шудан, беҳ аз Ватан маҳрум шудан аст”, “Касе, ки дар Ватан зиндагӣ намекунад, ӯ лаззати зиндагиро намедонад”, “Дӯстдорони Ватан, дӯстдорони халқанд” ифодагари меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан, диёр ва хонадону оила мебошанд.

Ин аст, ки дар анъанаҳо ва эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик васфи Ватан ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Тарбияи шахси ватандӯсту меҳанпараст дар эҷодиёти даҳонакии халқ баръало намудор мегардад. Шахс дар ғарибию дурӣ аз Ватан лаззату ширинии Ватанро зиёдтар эҳсос мекунад. Масалан, дар рубоии зерин бо истифода аз санъати талмеҳ Ватан чунин васф шудааст:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош, гадо будӣ, ба Канъон хуштар.

Ё ин ки:

Бечора касе, ки аз ватан канда шавад,

Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад.

Чархи фалако гардаду ояд ба ватан,

Гар мурдаи садсола бувад, зинда шавад.

Ин рубоиҳо ҳазорон ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, онҳоро дар мубориза бар зидди истилогарон рӯҳбаланд кардаанд. Дар педагогикаи этникии халқи тоҷик вобаста ба бедор намудани ҳиссиёти меҳанпарастиву ҳифз кардани марзу бум ба паҳлавонони ҷасуру шуҷоъ аз достонҳои асотирӣ, ба монанди Рустам, Сиёвуш, Спитаман, Ғурак, Сумбоди Муғ, Дивоштак, Темурмалик ва дигарон такя мекарданд. Рустам аз ҳамин гуна паҳлавонони ҷасур, далер ва нотарс буд, ки барои ҳимояи ватани азизу халқи заҳматкаш ҷонашро дареғ намедошт. Рустам ҳамчун паҳлавон ва ҳомии халқу ватан табиист, ки аввал байни мардум аз даҳон ба даҳон машҳур мешавад ва баъд ба ҳайси қаҳрамони марказӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик, аз ҷумла дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ такомул ёфтааст. “…дар ёду хаёли Рустам танҳо ватан асту халқи азизаш. Барои ҳимояи Ватан аз баҳри ҳама чиз мегузарад”.

Зебоипарастӣ ва дӯст доштани Ватан дар эҷодиёти Фирдавсӣ мавқеи муҳим дорад. Мафҳуми “Ватан” дар ашъораш бо номҳои “кишвар”, “марз”, “бум”, “хок”, “замин” омадааст. Барои Фирдавсӣ зебоии Ватан зебоии табиат, анъанаҳои таърихӣ, корнамоиҳои қаҳрамонон баҳри озодии меҳан мебошад.

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Маълум аст, ки мафҳуми “Ватан” дар худ арзишҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ ва эстетикиро таҷассум менамояд ва мафҳуми “озодӣ” бошад, дар “Шоҳнома” ҳамчун зебоипарастӣ, одоби ҳамида низ истифода бурда шудааст. Чи хеле ки Сухомлинский В.А. қайд карда буд “тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ шурӯъ аз он мешавад, ки инсон шодии зиндагиро дар хидмат ба мардум бубинад. Маҳз дар бачагӣ, вақте ки инсон ҳаёти атрофро кунҷковонаю ҳарисона дарк мекунад, аввалин бор аз зебоии чизе мутаассир мешавад, ки худ барои одамон, сараввал барои наздикону хешонаш офаридааст”.

Дар урфият мегӯянд, ки меҳри Ватан аз аллаи модар сар мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки ибораи “Ватан-модар” маъмул гаштааст. Ҳисси ватандӯстӣ дар хурдӣ пайдо шуда, то охири умри инсон боқӣ мемонад. Ватандӯстӣ ё меҳанпарастӣ – ин дар назди Ватан ва миллат масъулият доштан, ба манфиати Ватан зистану меҳнат карда, ба тараққиёти он ва баланд шудани эътибори миллат ҳисса гузоштан аст.

Ҳамин тавр, панду андарзҳо, ки баёнгари содиқ будан ба Ватан мебошанд, дар таърих ва адабиёти мо зиёданд ва онҳо метавонанд манбаи тарбияи ватандӯстӣ, далерию қаҳрамонии намояндагони халқамон гарданд. Насли имрӯза бояд бифаҳмад, ки миллати тоҷик барои ишғоли кишварҳои дигар ҳеҷ гоҳ лашкар накашидааст. Он амалҳое, ки бегонагону аҷнабиён ба зӯри қувваю шамшеру туфанг мекарданд, бо фитрату бо ақли мунаввар тавассути сулҳу гуфтугӯ анҷом медод. Набояд фаромӯш кард, ки ғояҳои баланди маънавию ахлоқӣ, таълимию тарбиявӣ, хештаншиносию ватандорӣ, инсондӯстию таҳаммулпазирӣ ба мо аз ниёгони шарафмандамон мерос мондааст. Вазифаи виҷдонӣ ва имонии ҳар як бошандаи кишвар дар шароити имрӯза азиз нигоҳ доштани ин ҳадяи ниёгон ва боз ҳам нерӯмандтар ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақому соҳибобрӯй гардонидани он бояд бошад. Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна

н.и.ф., дотсенти Донишкадаи иқтисод

ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Читать далее