09 November 2023
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи кормандони милитсия
- Подробности статьи
Бо камоли эҳтиром ва саодатмандӣ роҳбарият, кулли ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бо иди касбӣ - Рӯзи кормандони милитсия сидқан табрику муборакбод гуфта, сиҳату саломатӣ ва дар фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.
Дар ҳама давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст.
Читать далееПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
- Подробности статьи
9 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва ташкили баргузории саммит дар сатҳи баланд изҳори сипос намуда, сарвари давлати мизбони чорабиниро ба муносибати раиси иҷлосияи 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ интихоб шуданашон самимона шодбош гуфтанд.
Читать далееПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
- Подробности статьи
9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима намуданд.
Читать далееТЕРРОРИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ
- Подробности статьи
Аз хабару гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида бохабарем, ки алҳол авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст, зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд. Дасисиву дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ давлатҳои дигарро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд.
Чунончи дар Афғонистон мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротиён қарор гирифтанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз замоне, ки ҳаракти “Толибон” қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, бештар амалҳои террористӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар робита ба ин, мо танҳо таркишҳое, ки дар тули се соли охир дар масчидхои Афғонистон ба амал омадаанд мисол меорем. Аз ҷумла:
-тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд;
-22 апрели соли 2022 пурталафоттарин таркиш дар масҷиди Седӯкони шаҳри Мазори Шариф ҳангоми адои намози зуҳр рух додааст, ки дар он 31 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шудаанд.
-тибқи иттилои расонаи агентии хабарии “Aamaj News” дар ҷараёни намози ҷумъаи 13 октябри соли 2023 дар масҷиди шиаён дар шаҳри Пули Хумрии маркази вилояти Бағлони Афғонистон 17 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 50 нафар ҷароҳати гуногун гирифтаанд. Пас суол ба миён меояд, ки чаро маҳз дар масҷидҳо таркишҳо ба амал меоянд? Ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест. Бояд ёдовар шуд, ки воқеан дини мубини Ислом чун ҳамаи динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зуроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Ба фикри ман мусулмон он одаме, ки дар дил раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, дили пок, фикри рост дошта бошад.
Хулоса, ҳодисаҳои зикршуда бори дигар собит менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Умуман, терроризм барҳамзанандаи амну осоиш аст! Ҳар як шаҳрванди ҷомеаи муосир бар алайҳи терроризиму ифротгароӣ бетараф набошад ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, ба худ хулосаи зарурӣ барорад.
Бо дарназардошти вазъияти ногувори ҷаҳонӣ, бахусус вазъияти баамаломадаи Афғонистон талаб мекунад, ки имрўз бояд ҳар як шаҳрванди боору номуси кишвар ба худ хулосаи зарурӣ барорад, яъне ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Ш. АБДУЛФАЙЗОВА,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ
Читать далееКӯрдилӣ аз беимонист!
- Подробности статьи
Ҷомеаи башарӣ организми мураккабест, ки дар он вобаста ба хусусиятҳои ирсӣ, сатҳи фарҳангу дониш, тарбияи оилаву муҳити зист ва омилҳои дигар фардҳои дорои тафаккурҳои гуногун ташаккул меёбанд. Дар шабеҳи ҷараёни табиӣ, ки донае гар ба замини ҳосилхез афтод, ҳосили хубу босифат медиҳад, дигар дона бошад, вагарна неш диҳад ҳам наметавонад сабзид, ҷомеа низдорои фардҳои номукаммалу кӯрдил, пучмағзу бадтинат, каҷдилу чаласавод, бахилу ҳасудхӯр ва амсоли онҳо мебошад. Маҳз, нафарони ифротпешаи хоинони наҳзатӣ аз ҳамин тоифа ҳастанд.
Тӯдаи наҳзатиёни ватанфурӯш бо сардории Муҳиддин Кабирии мунофиқ дар фазои касифи Аврупо ғарқи бӯҳтону фитна, иғвову шаҳват, нафси бади маблағҳои ҳангуфт, касофати ҳамҷинсгароӣ ва балоҳои дигар гаштаанду ҳатто аз бӯйи гиребонашон бехабаранд. Ин шумқадамон симои инсонӣ дошта бошанд ҳам, хулқу атвор, кирдору рафторашон ҳайвонист. Зеро, онони анинони сиёсат ғайр азқонеъ гардонидани нафси бади худ бо маблағи хоҷагони ифротгаро арзиши дигареро пазируфта наметавонанд.
Ҳангоми боронидани санги маломат ба сӯйи макони аҷдодиашон ҳатто андеша намекунанд, ки дар хоки ин сарзамини биҳиштосо ҷасади волидону авлодашон хок шудаасту барои инсони солимақл мебояд макони муқаддас бошад. Гӯё наҳзатиёни палиди худозадаи кӯрнамак аз кадом сайёраи дигаре маҳз ба Замин омада бошанду чун баъзе растаниҳои ноҷинс аз ҳаво ғизо мегиранду реша надоранд. Дар асл Кабирию ҳаммаслакони чоплуси ӯ махлуқоте ҳастанд заминиву решаи худ бурида, сарсону муаллақ байни замину осмон қарор доранд! Зеро, онон на одамӣ ҳастанду на инсу ҷин, балки балозадагони олами инсонианд!?
Симои Кабирию думравони таамаллуқкораш дар назар афту башараи рӯбоҳи маккору айёрро мемонад. Вале, ботини онҳо аз ҳайвони номбурда зишттару сиёҳранг аст, ки аз он амалҳои қабеҳи номардиашон гувоҳӣ медиҳад. Ин ифротзадагони разилро мебояд пеш аз оғози сухангӯиву эътироз, эродҳои ба сӯи Ватани маҳбуби мо гиребони худ бӯй кунанду даркнамоянд, ки ягон заррае манфиат ба ҷомеа наовардаанду чени донаи арзан дар байни мардум қадре надоранд. Гарчанде, ки худро донову босавод меҳисобанд, дар аслгумроҳу балозадаи касиф ҳастанд ва мақсади нопокашон низ гумроҳ сохтани баъзе фардҳои зудбовару ба мушкилоти зиндагӣ рӯ ба рӯ гашта мебошад.
Аслан, ҷомеаи созандапешаю бунёдкори моро ба ин тоифаи палидони наҳзатӣ коре нест, зеро онҳо ба нерӯи муқовимат сарф кардаи мо намеарзанд. Аммо, ин касофатзадогон берун аз хоки кишвар майнаю тафаккури ҳазорон тоҷикони муҳоҷир, хусусан насли ҷавонро бо ғояҳои ифротӣ олуда сохтанианд. Бинобар ин, месазад, ки ҳар як фарди солимақлу баномуси ватандӯст бар зидди ин тӯдаи муғризони палиду разил муборизаи беамон барад. Вагарна, ба тақдири чандин нафар ҷавонони гумроҳшуда зомин хоҳад буд.
Собиров М.С.-дотсент,
мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати
факултети геоэкология ва туризми ДДХ
Читать далееФИРЕФТАИ АФКОРИ ИФРОТИЁН НАШАВЕМ
- Подробности статьи
Ҳадафи қувваҳои пешбар, хатарзо ва таҳдидовари терроризм, намояндагони зархариди ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиандоз ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкумшудаю эътирофнашуда, даҳшатафканию куштор, ифротгарию тундгароӣ, зӯрию тахрибкорӣ аст. Аз садою симо,воситаҳои ахбори омма мо ҳар рӯз шоҳиди манзараҳои қатлу ғорати бачагон,занону духтарон, аҳолии осоишта, ваҳшонияту кирдорҳои бешарафонаи ин гӯрӯҳҳо мегардем. Новобаста аз он ки ин доираҳои экстремистӣ ба тамоми инсоният хатарҳо эзод кардаанд, иддае аз ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба сафи онҳо мепайванданд.
Аламовар он аст, ки чунин ашхос дидаву дониста фирефтаи шиору мақсадҳои нопоки гӯрӯҳҳои даҳшатафкан гаштаанд .Ба назари мо камсаводию нодонӣ, роҳи дурусти зиндагиро надонистану наёфтан ,ба душвориҳои муваққатию муқаррарии ҳаёт тоб оварда натавонистан, нокомиҳои зиндагӣ,набудани ҷойи кору ихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, роҳи осони кор кардани маблағ, яккаву танҳо мондан рӯ ба рӯӣи мушкилот, рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан омилҳои асосии пайвастани ҷавонон ба гӯрӯҳҳои моҷароҷӯю ифротианд.
Ҷавонон набояд ба роҳи хато раванд, чаро ки роҳи нодуруст ба хорию зорӣ, мутеъгӣ, коҳши ёфтани шаъну шараф, аз даст рафтани обрӯю эътибори худи шахс, оилаю хешу ақрабо,парешонию нотинҷии оилаҳои хушбахт, боиси тарки Ватан, ҷудоию бадбахтии фарзандон, гирифтори ғарибӣ, ихтиёран хешро ба коми оташ партофтан, ниҳоят ба марги ногузиру маҷбурӣ мебарад.
Дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хавфноку ҷиноятпеша дар қатори ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ мактаб низ муаззаф аст. Касе ҷинояткор таваллуд намешавад. Ҳамаи фирефташудагон дар оилае, мактабе таълиму тарбия гирифтаанд. Аз ҷамъият низ дур набуданд. Шояд ягон ҷиҳати тарбияи фиребхӯрдагон аз доираи назари мо берун мондааст, дар ҳалли дурусти масъалае дар ғафлат мондаем ё ба иштибоҳе роҳ дода бошем.
Талаба аз рӯзи қадамҳои аввалинро ба остонаи мактаб гузоштан бояд аз ҷиҳати маънавӣ сиёсӣ, ҷисмонӣ, илмӣ ва иттилоотӣ ба таълиму тадрис фаро гирифта шуда бошад. Мактаб бояд дар ҳамкорию ҳамбастагӣ бо оила дар тарбияи зеҳнӣ ва ахлоқии бачагон мавқеъ ва мақоми созгор дошта бошад. Ҳар соату дақиқа дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзию нисфирӯзӣ, дар дарсҳо, соатҳои тарбиявӣ ва корҳои тарбиявӣ, дар ҷамъомаду маҳфилҳо, вохӯриҳо бо падару модарон бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ,баромадҳои омӯзгорони собиқадору пуртаҷриба назди талабагону волидайн, ҳангоми сӯҳбатҳои инфиродӣ бо хонандагони душвортарбия ва беҳудагард доштани алоқаи зич ва ҳамкорӣ бо кумитаи падару модарон ва хонаводаҳои осебпазир бояд пешорӯи фаъолияти ҳаррӯзаи омӯзгорону мактаб қарор гиранд.
Бачагон ҳангоми мактабхонӣ ба касбу ҳунаромӯзӣ, интихоб ва аз худ кардани ихтисосҳои гуногун ҳангоми мактабхонӣ имкон доранд.Агар хонанда аз ҷиҳати сиёсию ахлоқӣ обутоб ёфта бошад, ҳеҷ вақт ба равия ва ташкилотҳои хатарнок майл намекунад. Зеро медонад, ки оқибати амали нодурусташ ба костагии ахлоқ, хиёнат ба Ватан, маҳрумӣ аз озодӣ ва маҳрумиятҳои дигари маънвавию иқтисодӣ оварда мерасонад.
Насимова Манижа,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
Читать далееПАЙМОНИ ХУДСОХТИ НАҲЗАТ – ИФРОТГАРИ ХАБИС
- Подробности статьи
Пӯшида нест, ки солҳои охир паймони худсохти наҳзати ифротгари хабис бо номи “Паймони миллӣ” дар кишварҳои Аврупо бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд ва намехоҳанд мардуми Тоҷикистони биҳиштосо оромона зиндагӣ умр ба сар барад. Имрӯз ин ифротгари палид ва думраваш “Гурӯҳи 24” аз нияти хабиси худ нагаштаанд. Асосан мақсадашон ноором кардани кишвар ва дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.
Аз рафтору гуфтори гурӯҳу созмонҳои хабисӣ маълум аст, ки барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати моро ба ночизтарин маблағ фурўшанд. Имруз ягона роҳ барои фаъолияти “Паймони миллӣ” ва “Гуруҳи 24“ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мемонад, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми кишвар мефаҳмонида бошанд. Ин афроди хабиси фирориву хоини ифротгар ангуштшуморанд, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Чунончи, яке аз дастпарварон ва пасмондаҳои ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин мубаллиғини иҷтимоии наҳзати наҳс мебошад, ки дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”, бештар дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо раҳбарияту пайравони “Паймони миллӣ” бо навбат баромад намуда, кушиш доранд мардумро бори дигар ба ноамниву яъсу ноумедӣ раҳнамоӣ намоянд.
Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки санаи 18 октябри соли равон М. Садриддин тавассути сомона ва барномаи дар болозикршуда бо ҳамроҳии М. Кабирӣ баромади ифротӣ доир намуд. Ин навбат низ ин афроди хабисӣ нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тўҳмат карда, тухми кинаю адоват пеша кардаанд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ аст, аммо бо шаклу намуди дигар. Зимни баромадаш Кабирӣ бо қаҳва нӯшидан худро Аврупоӣ намоиш дода, дар ҷаласаи навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок намуданаш, такаббур зоҳир намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки қаблан наҳзатиҳо бадном кардану ҳақир нишон додани кишвару миллати тоҷикро тариқи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, монанди САҲА ба роҳ монда буданд. Онҳо туҳмату буҳтон ва дурӯғу дасисаҳояшонро мехоҳанд, ба гунае тариқи ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ расмӣ намоянд. Баробари ин, таъкидан қайд менамоем, ки САҲА танҳо барои ҳимояи хифзи ҳуқуқу бехатарии шаҳрвандон, алалхусус амнияти кишвар мебошад на ин ки барои ҳимояи гуруҳҳои терористию ифротгароӣ. Хулоса наҳзатиҳо бо ин рафторашон муддаиянд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо онҳо ҳамчун созмон, ҳизб ва ташкилот дар ин нишасти солонаи САҲА сари як миз ба музокира бинишинад, аммо ин тахаюли хоми наҳзатиҳост.
Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки наҳзатиҳо ё паймониҳо ё ҳар чизе, ки набошанд ва чӣ номеро, ки ба худ нагирифта бошанд, дигар дар рақобати сиёсӣ ҷойгоҳ ва мавқеъ надоранд ва ҳамчун ташкилот шинохта ҳам намешаванд. Умуман бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида ба хулоса омада, қайд менамоем, ки воқеан таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори раҳбару пайравони худсохти наҳзатӣ-“Паймони миллӣ” ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем.
Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткорони миллат ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони “Паймони миллӣ”дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва минбарҳои ташкилоти байналмилалӣ нисбат ба роҳбарияту кормандони кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем.
М. ҶӮРАЕВ,
устоди ДИС ДДТТ
Читать далееАЗ САНГПАРТОИИ БЕБУНЁД ЧӢ СУД?
- Подробности статьи
Ба ҳамаи мо аз расонаҳо маълум аст, ки як гурӯҳи хоинони давлатамон дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бар зидди кишвари худ санггпартоӣ мекунанд. Ва ҳаммаслакони худро ба кор меандозанд. Ин нохалафон дар шабакаҳои интернетии ютубу дигар сомонаҳо ба паҳн кардани ҳар гуна хабару иғвоҳо ва суханрониҳои беҷоя машғуланд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони бонагу номуси тоҷик гуфтаҳои иғвоангези хоинони миллат аҳамият намедиҳанд ва намегузоранд, ки ба миллати хеш газанде бирасад.
Ифтихор аз он дорем, ки миллати тоҷик мо бо нангу номус ва ҷасорату матонати худ марзу буми хоки аҷдодии хешро ҳифз менамоянд ва намегузорем, ки нохалафе тинҷию осудагии моро халалдор намоядМо тоҷикон миллати сулҳдӯст, меҳмондӯст бомадинияту бомаърифат мебошем
Тоҷикон дар тамоми дунё мақоми арзанда дошта, бо таърихи куҳан ва фарҳанги воло шӯҳратёб гаштааст. Мардуми ноҳияи Шаҳристон хеле бо якдигар иттифоқ мебошанд. Дар ноҳия миллатҳои ӯзбек, қирғиз ва қазоқ зиндагонӣ мекунанд, ки онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд ва бо тоҷикон муносибатҳои хешутаборӣ дошта, байни ҳамдигар ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе хусумат ва бе адовати миллӣ зиндагонӣ мекунад. Қирғизҳо дар деҳаи Фирдавсии минтақаи ҷанубии ноҳия истиқомат мекунаду бо чорводорӣ мағул мебошанд. Нооромии сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон мардуми қирғизнишини ноҳияи Шаҳристон вокуниш ва ақидаи ибрози худро оиди ин нооромии марзӣ баён намуда, мегӯянд, ки мо ҳама як инсон ҳастем, як бародару як қавм буда, байни худ набояд кинаву ғараз дошта бошем ва ҳалли масъалаҳои сиёсиро набояд бо силоҳу хунрезӣ, балки бо гуфту шунидҳои сулҳовар байни намояндагони ду миллат ҳалу фасл намоем.
Чи тавре ки шоири ширинкаломи мо М. Турсунзода овардаанд.
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рузафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.
Дар ҳақиқат,хотири ҷамъи падару модарон ва зиндагии осудаву хоби ороми кӯдакон ин худ як барқарориву мавҷудияти сулҳу амонӣ маҳсуб мешавад.
Маҳмудова Фароғат Мирзонасриевна,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
Читать далееСафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
- Подробности статьи
9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Читать далееХуносоёни безот!?
- Подробности статьи
Муҳаққиқони табиатшинос исбот намудаанд, ки дар олами мавҷудоти зинда, ғайр аз организмҳои наринаву модина ҷузъе аз организмҳо бо сабабҳои мухталифи ирсиву мутагенези генӣ хусусиятҳои ҷинсҳои нарина ва ҳам модинаро касб кардаанд, ки онҳоро бо истилоҳи гермофродит ё хуносо ифода менамоянд.
Дар қатори дигар мавҷудоти зинда популятсияи инсонӣ низ аз ин ҷараён орӣ нест ва мисоли аёни онро дар мавҷудияти тӯдаи ЛГБТ – чиён метавон мушоҳида кард. Болоравии нуфузи ҳамҷинсгароён дар мамлакатҳои баъзе қитъаҳои олам мансуб ба он аст, ки баъзе хуносоён то сатҳи роҳбарияти давлат расидаанду ҳампешагони худро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд. Хушбахтона, таҳқиқотҳонишон медиҳанд, ки хуносоён бо сабаби надоштани қобилиятӣ наслдиҳӣ афзоиш ёфта наметавонанд. Лекин, баъзе дастовардҳои соҳаи тиб имкон медиҳад, ки тавассути ҷарроҳӣ теъдоди ҳамҷинсгароён зиёд карда шавад.
Мебояд хотиррасон кард, ки ҳамаи дину мазҳабҳои ҷаҳонӣ ҳамҷинсгароёнро маҳкум ва зуҳуроти ғайридинӣ мешуморанд. Мутаассифона, алҳол арзишҳои динӣ ва ҳам тамаддунӣ коста гардидаасту хуносоёни тобеъи нафси шайтонии шаҳвонӣ бештар шуда истодаанд ва мебояд ҳар фарди солимтану дорои ақлу тамиз ба ин ҷараён муқовимати шадид нишон диҳад.
Мисоли аёни наҳсу касофат, муғризу палид будани ҳамҷинсгароӣ ё хуносоӣ тӯдаи наҳзатиёни ифротзада мебошанд, ки дар саҳнаи Аврупо бо думҷунбонӣ ҷавлон зада истодаанд. Кабирии фосиқ бо симои иблисона, Иқболбии савдоии аблаҳ ва чоплусону думравони камшумори кӯтоҳандеш пайваста бо эҷоди фитнаву иғвоҳои нав машғуланд. Ҳатто аз ҳалоки магасе дар Тоҷикистон ҳангомаи оламгир бофтанианд. Беақлони наҳзатӣ, ки побанди нафси шайтонӣ ва мутеи хоҷагони аҷнабӣ ҳастанд, чун саги думбурида мехоҳанд вафодории худ исбот кунанд. Лекин, хоҷагони маблағгузорашон аллакай аз феълу хӯйи хоиниву ватанфурӯшии онҳо хулоса кардаанд, ки рӯзе мерасаду наҳзатиёни палид барои маблағ омодаанд пойи соҳибашон газида бошанд. Аз ин лиҳоз, хоҷагонашон ин сагони маркабфеълро дар масофаи муайян дуртар медоранд.
Ҳайратовар аст, ки тӯдаи муртадони наҳзатӣ аз зеҳну дониши худ лофи зиёд мезананду ақлашон намерасад, ки бенасиб аз муқаддасоти азалӣ – обу хок, ҳавои соф, табиати беҳамто ва фазои гуворои Ватан – Модар мондаанд. Шояд, сабаби ин ҳол дар он бошад, ки ботинаш пур аз сиёҳиву ғализӣ, майнаашон бо фитнабофиву иғвогарӣ пур шудаасту ба арзишҳои олии инсонӣ дар танашон ҷой намонда бошад?! Эҳтимол меравад, ки чунин ҳол ҳақиқат асту феълу атворашон муносиби хуносоӣ шудааст. Вагарна, аллакай аз бӯҳтону иғво, макру фиреб, иғвогарию палидкорӣ даст мекашиданду ба макони аслӣ бармегаштанд.
Ҷомеаи заҳматқарини зарофари кишвари соҳибистиқлоламон тӯдаи наҳзатиёни палид ва нафарони дигари ифротзадаро кайҳо боз аз қатори инсонҳо хати батлон кашидааст. Мардуми шарифи кишвар бо азми қавӣ сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии Ватани азизамонро ҷонибдорӣ намуда, тамоми нерӯи тавонои худ баҳри амну субот, созандагиву бунёдкорӣ равона кардаанд. Муқовимат бо наҳзатиёни палид лоиқи шаъну шарафи ҷомеаи мо набуда, беҳтар аст, ки бо заҳмати ободонии Ватан машғул бошем. Зеро, дар урфият омадааст, ки “саг меҷакаду корвон мегузарад” ё мақоли дигар таъкид менамояд, ки “аз хуносо набояд насл рӯяд”, яъне нобудияти наҳзатиёни худозадаи касиф дер намепояд.
Собиров М.С.-дотсенти ДДХ
Абдухолиқзода М.А. – дотсент,
декани факултети геоэкология ва туризми ДДХ
Читать далее