10 November 2023
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд
- Подробности статьи
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Амири минтақаи Риёз ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Читать далееСафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ
- Подробности статьи
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Читать далееСуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ
- Подробности статьи
Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ!
Дар ибтидо ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорон ва ҳар яки шумо – ҳозирини гиромиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузошта истодаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик мегӯям.
Читать далееПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
- Подробности статьи
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъди иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиёни паради низомӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон — Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик намуданд.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуданд
- Подробности статьи
10 ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуда, бо маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити фароҳамшуда дар бинои хобгоҳи сарбозони баталёни фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Читать далее