11 November 2023
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ
- Подробности статьи
Бисмиллоҳи раҳмони раҳим,
Муҳтарам Раис, Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд, Валиаҳд ва Раиси Шӯрои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ,
Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо!
Мо ташаббуси Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ – Аълоҳазрат Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудро ба ҳайси Раиси кунунии Саммити исломӣ оид ба даъвати ҳамоиши изтирории имрӯза ҷиҳати баррасии вазъ дар навори Ғазза саривақтӣ ва муҳим медонем.
Читать далееПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ иштирок намуданд
- Подробности статьи
11 ноябр дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд
- Подробности статьи
11 ноябр дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.
Қаноатмандии ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Бонки Исломии Рушд таъкид гардида, саҳми Бонк дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда шуд.
Читать далееПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
- Подробности статьи
11 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Риёз бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Аз вазъи кунунии ҳамкории судманд бо Фонди рушди Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, зарурати идомаи он барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон таъкид гардид.
Читать далееСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд
- Подробности статьи
11 ноябр дар ҳошияи Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардид.
Читать далее