15 November 2023

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли иродат, самимият ва эҳтироми бепоён фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанони азиз, бахусус сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрику таҳният мегўям.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нерӯи фавқулода, истеъдоди нодири давлатдорӣ, роҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона, иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда ва хизматҳои беназир Тоҷикистони тозаистиқлолро ба давлати пешрафта ва шукуфон табдил доданд.

Читать далее

Қитъаи чароғонкунии шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нави замонавӣ гардид

Имрӯз дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд аз ду ошёна бо таҳхонааш бунёд гардида, дорои 10 ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳамчунин биноҳои ёрирасонии хоҷагидорӣ ва ғайраҳо иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ “Авитсенна” мебошад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардиданд.

Читать далее

Ба истифода додани коргоҳҳои қолинбофии дастӣ ва коркарди меваи хушк дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ коргоҳҳои қолинбофии дастӣ ва коркарди меваи хушк ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияту сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 мавриди истифода қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин деҳа то кунун барои таълиму тарбияи хонандагон шароиту имконоти мусоид фароҳам набуд.

Читать далее

Тарабхонаи “Оилавӣ” дар кӯчаи “Сирдарё”-и шааҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд тарабхонаи “Оилавӣ” ифтитоҳ ва барои 40 нафар ятимон дастархони идона густурда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои баландошёнаи хизматрасонии “Сирдарё”, ки аз ҷониби ширкати “Евро-Сохтмон” бунёд шудааст, тарабхонаи “Оилавӣ” фаъолият менамояд. Ин тарабхона дорои 120 ҷои нишаст ва толорҳои хурди хизматрасонӣ буда, бо тарҳи муосир оро дода шуда, дар соҳили дарёи Сир воқеъ аст.

Читать далее

Дар Хуҷанд Маркази диллерии «Тойота» ифтитоҳ гардид

Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди инфрасохтори муҳими иҷтимоӣ сифати кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад. Дар ин замина дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҳудуди варзишгоҳи "20 - солагии Истиқлолият"- и шаҳри Хуҷанд Маркази диллерии «Тойота» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии «Аксон»-и ҶДММ «Наргиз»-ро мавриди истифода қарор доданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз”-ро  мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Маркази ташхису табобатии “Аксон” дар бинои сеошёна дар ҳудуди беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов баъди навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи  шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми «Арча»-ро ифтитоҳ намуданд

15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Бо мақсади зиёд намудани навъу намудҳои маҳсулот, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва тақвияти ҳаҷми содиротӣ муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” бо таъсису ба кор даровардани коргоҳи нав, ки дар он асосан курсиҳои нарм ва мебелҳои чӯбин истеҳсол мешаванд, дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррасу шоиста мегузоранд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии «Мармед»-ро ба истифода доданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии “Мармед”-ро ба истифода доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, аз 6 ошёна, таҳхона ва 36 кати хоб иборат мебошад. Муроҷиаткунандагон метавонанд дар баробари ташхису табобат ҳамзамон аз хизматрасонии ошхона ва ҳавзи шиноварӣ истифода баранд.

Читать далее