17 November 2023

Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ашт идома дорад

17 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд. 

Бояд таъкид кард, ки ноҳияи Ашт соли равон дар вилоят аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия имсол 6037 гектар пахта кишт шуда, пахтакорон бо истифодаи тухмиҳои наву серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникии кишту парвариш ҳосили хуб ба даст овардаанд. Паахтакорони ноҳия санаи 5 ноябр бо ғунучини 14231 тонна "тиллои сафед" нақшаро 100,2 фоиз иҷро карданд.

Читать далее

Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт

Имрӯз, 17 ноябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46-и Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф таъкид кард, ки дар мамлакат ба рушди ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳо даҳҳо мактабу кӯдакистон бунёд карда мешавад.

Читать далее

Қадршиносии якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ

16 ноябр дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тадбирҳои судманд амалӣ гардида, мунтазам мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир шуда истодааст. Зеро варзиш гарави саломатӣ, боиси дарозумрӣ, василаи комёбиҳост ва одамони синну соли мухталиф ва гуногункасб ҷиҳати нигоҳдории тандурустиашон пайваста ба варзиш машғул мешаванд.

Читать далее

АЖДАРХӮЙӢ ВА БАДХУЛҚИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Солҳои охир фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар самти мустаҳкам намудан дар кишварҳои Аврупо байни созмонҳои байналмилалии ҳифзи инсон, бахусус бо кӯмаки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавқеи худро пайдо карда, роҳҳои муносиби бозгашт ба ватан ва иштирок дар ҳаёти минбаъдаи сиёсии кишвар, гузаронидани пикету тазоҳуроти зидди ҳукуматиро роҳандозӣ намуданро пеша намудааст.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки санаи 28- 29 сентябри соли равон дар шаҳри Берлин, аз ҷониби худсохти наҳзатӣ -“Паймони миллӣ” ва думраваш “Гурӯҳи 24” бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон ҳамоиши эътирозӣ ташкил намуда буданд. Мо зимни изҳороту мақолаҳоямон доир ба ин ҳаводисҳо ибрози андеша намуда, онро маҳкум намуда будем. Хонандаи закӣ аз ин бохабаранд ва ҳоҷат ба баён нест!

Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо тӯдаи хоинон – роҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гурӯҳи 24“ санаҳои 16, 20, 24 сентябр ва 1 октябри соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сомонаи ифротӣ -“Ислоҳ нет“ баромадҳо намуда, бо ин васила аз ҳисоби ашхоси ноогоҳу норизо ё эътирозгар ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати зиёд кардани сафҳои тарафдорони худ кӯшиш намуданд.

Гурӯҳи аждархӯй ва бадхулқи ифротгаро бо ин васила мехоҳанд давлату миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Воқеан, рафтору гуфтори аждархӯй ва  бадхулқи ифротгаро аз даъвоҳои пучу беъманӣ иборат аст. Ин тудаи хоинон ҳамон афроде мебошанд, ки аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин кишвари азизи моро бо унвони наҳзатӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд.

Агарчи зоҳиран роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ вонамуд менамояд, ки гўё дар расидан ба истиқлолият саҳми арзанда дошта бошанд, вале ин фиреби назаре беш нест, зеро онҳо ба хотири ба қудрат расидан аз дуруштарин ва ноҷавонмардонатарин шеваҳо истифода намуда, аз усулҳои хатарбори миллаткуш истифода намуданд, ки яке аз он ба тарзи густурда ҷудоӣ андохтан байни минтақаҳои кишвар буд.

Хулоса, дар баромадҳои қаблию навбатии тӯдаи аждархӯй ва бадхулқи ифротгаро, аз ҷумла ҳамоишҳои эътирозӣ, сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ танҳо суханони беасосу бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Тӯдаи хоинон – аждархӯй ва бадхулқ бояд бидонанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ муборизаи беамон мебарем.

Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири шуъбаи кор

бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Читать далее

ЧЕҲРАИ МАНФУРИ РУБОҲИ МАККОР АЁН ГАРДИД!

Тибқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки имрӯзҳо роҳбарияту пайравони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбати давлату миллат бештар бадгумонӣ карда, тухми кинаву адоватро мекоранд. Инчунин, вақтҳои охир аз ҷониби афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта, бештар интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ вобастабуда паҳн мешаванд М.Садриддин дар аксари баромадҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун “уламои дин” муаррифӣ карда, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна наворҳои сохтаро пахш мекунад, ки ин ҳама бар хилофи мардуми тоҷик буда сар то дурӯғу сафсата мебошанд. Хулоса, амалҳои раҳбарияту пайравони наҳзатии беватан, ки онҳоро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартоянд.

Онҳо ба ин васила андешаи манфури худро баён мекунанд. Агар ҳар фард аз гуфтору рафтор ва симои бадхоҳони миллат, аз ҷумла Муҳаммадиқболро бо чашми хираду ақли ҳақиқатбинона нигоҳу таҳлил намояд, бешубҳа онҳо амиқан мисли рӯбоҳи маккоранд. Ба гузаштаи на чандон дури М.Садриддин назар андозем, дарҳол сурату сирати аслии ин махлуқ маълумамон мешавад. Намедонам хонандаи закӣ чӣ андеша доред, вале барои ман сухани шахсе, ки бо волидайнаш муносибати одамӣ надорад ва ҳатто бо падари худ ҷангиву қаҳрӣ буд, пуч асту хом. Ана ҳамин М. Садриддин аст, ки имрӯз аз худ мусалмони рақами №1 тарошида, худашро ҳомиву пуштибони дини мубини Ислом ва озодандешу мубориз мешуморад.

Тибқи далелҳои мавҷуда ва ахбори сомонаҳои иҷтимоӣ падари Муҳаммадиқбол – Қаландар Садриддинзода, ки яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати ислом буд ва ячейкаи онро дар вилояти Хатлон роҳбарӣ мекард, моҳи марти соли 2019, дар Лаҳистон (Полша) аз дунё гузашт. Муҳаммадиқбол ин вақт дар Олмон бо визаи шенген зиндагӣ мекард ва ҳуқуқи роҳат ба тамоми кишварҳои Аврупо сафар карданро дошт.

Аммо ба ҷанозаи падараш наомад ва сабабаш бо падари худ дар қаҳру ҷанг қарор доштанаш буд! Пас, ба суханҳои ҳамин гуна афрод чӣ гуна метавон бовар кард?! Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури М.Садриддин барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш, бахусус ҷавонон аз ин рубоҳи маккор кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

М. ҶӮРАЕВ,

устоди ДИС ДДТТ

Читать далее

ДИИШ ҶАВОНОНИ НООГОҲИ БЕХАРИДРО ГУМРОҲ МЕКУНАД!

Мо борҳо зимни изҳорот ва мақолаҳои хеш оид ба фаъолияти созмони террористии “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ-ДОИШ) ва ё “Давлати исломӣ” ном дорад, андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста ба фаъолияти муғризонаи ДИИШ ибрози андеша менамоем.

Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо ҷангҷӯёне, ки дар Сурияву Ироқ истифода аз аслиҳаву маводи тарканда ва усулҳои ҷангро омӯхта буданд, на танҳо дар қаламрави Афғонистон инчунин дар дигар кишварҳо ба амсоли Туркия ва Эрон низ фаъолияти пинҳониро ба роҳ монда, бо ҳар роҳ бештар ҷавнононро гумроҳ намуда, амалҳои террористиро анҷом доданашон ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳайати дастаҳои ҷанговари ДИИШ аз ҳисоби зодагону шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна аслан он нафароне қарор доранд, ки барои пул ва ё бо роҳи фиреб ҷалб шудаанд.

Чунончи тибқи расонаи хабарӣ бо номи “Sabah”-и кишвари Туркия, моҳи январи соли 2023, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар якҷоягии шаҳрванди кишвари ҳамсоя бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Ё мисоли дигар тибқи хабаргузории “Мизон“, марбут ба додгоҳи Эрон шаҳрванди кишвар Наврӯзов Раҳматулло тавасссути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ДИИШ пайваста, пас аз хатми тамриноти низомии урудгоҳи ДИИШ дар Афғонистон вориди Эрон шуда, дар паҳлуи мазори “Шоҳ Чароғ” зиндагӣ кардааст ва лақаби “Салмон Асламёр”-ро гирифтааст.

Баъдан афроди роҳгумзада тибқи дастури мубаллиғони ДИИШ 13 августи соли 2023 мазори зикршударо оташ зада, бо автомат ба зоирон тир холӣ намудааст, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, ҳафт нафар захмӣ шудаанд ва оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Эрон Наврӯзов Раҳматулло бо ҳаммаслаконаш дасгир шудааст. Дар робита ба ин созмони террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи навбатиашро интиқом барои иҷрои ҳукми қатли ду узви худ дар Эрон номид. Ёдовар мешавем, ки тибқи хабаргузории эронии “Меҳр Нюс” соли 2022 аз ҷониби ҷангҷӯёни ДИИШ дар натиҷаи амали террористӣ дар шаҳри Шероз 13 нафар ба ҳалокат расида, 27 тан захмӣ шуда буданд. Мақомоти Эрон ин ҳамларо низ ба зодаи кишварамон ашхоси роҳгумкардаи бехирад бо номи Комрони Субҳон, бо лаққаби “Абӯ Оиша”-и 23 сола аз шаҳри Ҳисор мансуб карда буданд.

Аз ин амалҳои нангин суоле ба миён меояд, ки чаро ҷавонон даст ба чунин амали паст даст мезананд?! Тибқи ақидаи коршиносон сабаби асосии амалҳои номатлуб ин надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, худро бадному гумном менамоянд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки аз ин амалҳои нангин, ҳар як фарди солимақл ба худ хулосаи зарурӣ мебарорад, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандусти ҳақиқӣ тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гуруҳҳои ифротгаро гиранд. Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъӣ гиранду аз ҳаргуна гуруҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангези ифротӣ эҳтиёт намоянд.

Ф.МАМАДҶОНОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Читать далее

Мансабхоҳию курситалошии наҳзатиён!

Хабаре паҳн гардид, ки билохир хадамоти тиббии Аврупо бо назардошти мавҷудияти хатар ба амнияти ҷомеа бо сабаби бемории шадиди савдоӣ роҳбари ташкилоти террористию экстремистии мамнӯи ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирии девонаавзоро маҷбуран дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бистарӣ кардааст. Аз натиҷаи ташхису хулосаи табибон бармеояд, ки ин маризӣ давои тӯлониро металабад, ки шояд солҳои зиёд давом ёбад.

Хулосаи табибон барои аксарияти аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати ислом айни муддао буд. Зеро, мехостанд ҳарчӣ тезтар мансаби ӯро соҳиб шаванд. Ғарази онҳо пешбурди фаъолияти ҳизб неву танҳо пайдо кардани дастрасии бевосита ба маблағҳои хоҷагони хориҷӣ буду бас. Бинобар ин, хабари бистарӣ гардидан ва бедавоии Кабирӣ тамоми наҳзатиёнро хушҳолу баҳри талоши мансабу курсӣ шӯр андохт. Аҷаб ҳангомае бархост, ки моҷарою ғавғо ва чоплусии аълояш фазои Аврупоро ноором сохт.

Бештар аз дигарон Иқболбӣ овоз баланд мекард ва таъкид дошт, ки агар ҳама дар як ҷабҳа фаъолият баранд, ӯ дуҷониба хизмат ба наҳзатиён кардааст. Муҳаммади аштиву Сайид Юнуси қассоб, наҳзатиёни дигар бошад, корнамоиҳои худро беш аз хизматҳои Кабирӣ мешумориданду бо якдигар дар баҳсу талош буданд.

Аҷоиботи кор дар он буд, ки касе аз наҳзатиёни нобакор ба ташкили ҷанозаву гӯрковӣ, маросими видоъ ва амсоли он андеша намекард. Ақаллан, ягон нафари наҳзатиёни палид ба аҳли пайвандони Кабирӣ изҳори тасаллӣ баён намекарданд. Гӯё , ягон саги бесоҳиб мурда бошаду чизе дар рӯзғорашон тағйир наёфтааст. Алалхусус, риққатовар он буд, ки кӯрнамакони наҳзатӣ аз дастархони Кабирӣ ғизо хӯрдаву аз дасташ маблағ барои хизматҳояшон мегирифтанд. Бо баробари аз байн рафтани Кабирӣ ҳамагони нонкӯр мурдаи ӯро як сӯ гузошта мансабу курситалошӣ мекарданд. Ҳатто нафарони калонсол миёнсолу ҷавононро ба риояи одоби ҷаноза даъват намекарданд. Маколи халқии “мурдаро монда тутхӯрӣ” ҳукмронии фазои наҳзатиёни худозада буду симои манфуру лаини онҳоро бори дигар инъикосу рӯё карда буд.

Наҳзатиёни палид ҳатто ба хотир намеоварданд, ки рӯзе ба онон низ марг мерасад ва набояд побанди нафси шайтонӣ гардид. Алалхусус, баҳсу талош, ҷанҷолу моҷаро, муноқишаҳои наҳзатӣ кафки болои мағзобае мемонд. Зеро, интихоби роҳбари нави ҳизби мамнӯи наҳзатро на аъзои палидаш, балки сармоягузорони ғояандеш – хоҷагони хориҷӣ ҳал бояд мекарданд. Ягон наҳзатии нонкӯри баднафс ақаллан ақлу тамиз, фаҳму фаросат ва зираку ҳушёр мебоист, ин нуқтаро дарк мекарду аз моҷарою талошҳо худро як сӯ мегирифт. Мутаасифона, ҳамаи наҳзатиёни палид дар ғами нафси худ буданд, гӯё мурдаи роҳбари собиқашон – Кабирии муртад аллакай хунукшуда, бекафанпеч, бетобут дар мобайни хона хоб мерафту барои ҳамсафонаш баробари мебели хона ҳам қадре надошт.

Алҳазар аз чунин маргу чунин ҳамсафон

Бигузор рӯзи наҳзатиён аз ин бадтар бодо!

Собиров М.С. – устоди ДДХ

Читать далее

АФКОРИ ҒАЛАТ, ҶОҲИЛОНА ВА КЎР-КЎРОНАИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ АЁН АСТ!

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар давоми солҳои охир роҳбарияту ҳаммаслакони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гуруҳи 24” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротии имрӯз пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар, шахсиятҳои мансабдор ба даъвати оммавӣ барои дигаргунсозии сохтори конститутсионӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд.

Масалан, дар давоми моҳи сентябр ва ҳафтаи аввали октябри соли равон зимни баромади Муҳаммадиқболи Садриддин ва Беҳруз Тағойзода чун солҳои қаблӣ, бо истифода аз дини мубини Ислом, вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сафари кории Сарвари кишварро барои манфиатҳои шахсӣ тухми ноиттифоқӣ кошта, мисли борон онро сари миллати тоҷик рехтанд. Ин амалҳои таҳрибкоронаи хоинони миллат дар либоси дифои дини Ислом ва исломият ҳаргуна ормони инсондўстиро поймол ва ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллиро танг мекунанд, сазовор ба маҳкум шудан аст.

Таъкидан ба М.Садриддин ва Б.Тағойзода гуфтанием, ки зимни баромадҳояшон оид ба масоили ҳаммаслакони роҳгумзадаашон чӣ андеша доранд?! Бояд қайд кард, ки дар давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 125 узви аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ДИИШ, “Ҳаракати исломии Ӯбекистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Гурӯҳи 24” ва амсоли инҳо барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткорона ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТЭТ ҲНИ мебошанд. Баромадҳои ифротӣ ва маълумоту оморӣ аз афкори ғалат, ҷоҳилона ва кўр-кўронаи хоинони миллат дарак медиҳад, ки ҳоҷат ба баён нест. Хулоса, рафтору гуфтор ва умуман амалҳои номатлуби хоинони миллат, ки имрўз дар либоси эътиқод ба Ислом ва Худо содир мегардад, ба кадом андешаву афкори баланду ҷаҳонсози Имоми Абўҳанифаи Аъзам, Имоми Бухорӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Ҷалолуддини Румӣ ва даҳҳо шахсиятҳои номвари дигари ҷаҳонӣ, ки фарзандони бузургвори миллати тоҷику форсанд, созгорӣ дорад? Ин хиёнат маҳз ба халқу Ватан ва оромиву суботи он аст.
Мо бояд нагузорем, ки ин хоинони миллат бо афкори ғалат, ҷоҳилона ва кўр-кўрона фикри аҳли миллат, хоса насли ҷавонро заҳрогин гардонанд. Бояд дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди меҳандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи Истиқлол, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар талош варзад.

Д. ОРИФҶОНОВА,

сармуаллими кафедраи молия

ва қарзи ДИС ДДТТ

Читать далее

Азроил тӯъма ёфтааст?

Нафаре, ки ба қудратҳои палидонаи худ иқрор асту вале, бо сабаби хуну зоти нопок ором ёфта наметавонад, ҳолати ноҳинҷор дорад. Доимо дар тарсу ҳарос, хавотирӣ мебошад, заррае бошад ҳам азоби виҷдон мекашад. Алалхусус, аз марг дар ҳарос аст. Зеро, худозада асту оқибати амалҳои палидонааш пештар фикр накардааст. Аз ин рӯ, гарчанде кибру мутаҳҳамӣ касби ӯст, дар ҳароси доимӣ аст, ки аҷал бехабар мерасаду молу мулкашро каси дигар соҳибӣ мекунад. Фарди мусалмон на чунин бошад. Чунки, бо дарки ягонагии Аллоҳи таъоло ҳар фард аз давраи таваллуд то марг дар андешаи номаи аъмоли пур аз савоб асту аз кардани гуноҳ худдорӣ мекунад. Вале, баъзе нафарони палиди симои инсонӣ дошта аз кӯдакӣ мутеи Иблис гардидаву то дами пирӣ ҳамаи кирдорҳояшон гуноҳкорӣ ва риёкорӣ мебошад. Чунин тоифаи малъунро наздик омадани маликулмавт – Азроил, агар каме ба худ надорад, дигар қудрате ба андеша надоранд.

Дар радифи гуфтаҳои зикргардида бо итминони комил метавон мисоли ҳаётӣ овард, ки ба тоифаи номбурдаи ҳамсафони шайтони лаин -аъзои ташкилоти террористию экстремистии мамнӯ – ҳизби наҳзати ислом бо сардории Муҳиддин Кабирии мунофиқи маккор шомиланд. Ин бадкирдорони хоину ватанфурӯш дар саҳрои олудаи ҳамҷинсгароии Аврупо ҷилва мезананду доимо сангпартоӣ ба сӯи хоки аҷдодиро шуғли доимӣ қарор додаанд. Гӯё дигар коре аз дасташон намеомада бошад? Амалҳои ифротонаашон ба авҷи аъло расидаасту ба синни калонсолӣ расидаанд ва баъзан ёде аз охирату дами марг мекунанд.

Дар байни ин афроди нопоки наҳзатӣ нафарони пир низ мавҷуданд, ки бо қавле пояшон ба лаби гӯр расидааст. Яқин аст, ки ба қарибӣ бо Азроил рӯбарӯ мешаванд. Бояд хуб донанд, ки Азроилро бо маблағ, нолаву зорӣ ё чораи дигар аз иҷрои вазифа боздошта намешавад. Азроил танҳо ба назди касе ҳозир мегардад, ки аллакай номаи аъмолаш пӯшида шудаасту аз дафтари зиндаҳо ба китоби мурдаҳо кӯчонида шудааст.

Фарорасии лаҳзаҳои омад – омади Азроил ва талвосаи ҷон барои наҳзатиёни палид, чӣ қадар боровару вазнин бошад, ҳатто ба тасаввурот намеғунҷад. Вале, итминони қавӣ дорам, ки азобу уқубати бехудоии онҳо хеле вазнин асту ҳайҳот то ҳанӯз дарк накардаанд!

Тавба кун Кабирӣ!

Аз мардуми оддии озордида бахшиш пурс!

Гумроҳсозии ҷавононро хотима деҳ, Кабирии ношуд!

Собиров М.С. – дотсент ДДХ

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

МАЪЛУМОТҲОИ СОХТАКОРОНАИ ХОИНОН АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки солҳои охир раҳбарияту ҳаммаслакони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ”, ки ба хориҷи кишвар фирор намудаанд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд.

Яке аз чунин афрод Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бештар тавассути сомонаи “ISLOH TV” баромадҳо намуда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолро нодида гирифта, Ҳукумати кишварро беасос ба ҳаргуна гуноҳҳо айбдор менамояд.

Масалан, дар давоми моҳҳои сентябр ва октябри соли равон Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакону думраваш дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир баромад намуд. Ин афрод айби худ, амиқтараш бешарифиашро руйпуш намуда, бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч, умуман бо маълумотҳои бардурӯғи бедалел ва сафасатаҳои номуайянро паҳн карда, худро бегуноҳ нишон медиҳад. Ин қабил ашхос ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Хулоса, имрӯз роҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон дар арсаи байналхалқӣ шаъну шарафи кишварамонро паст задан кӯшиш доранд. Умуман маълумотҳои сохтакоронаи хоинон аён аст!

Мо борҳо зимни андешаамон гуфта будем, боз мегӯем, ки кӯшишҳои навбатии хоинони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ҳар фарди борору номуси миллат, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

Ҷавонони даврони соҳибистиқлол минбаъд аз дируза дида имруз бояд кӯшиш намоянд, ки кишвари ободгаштаистодаи хешро боз ҳам ободтар намуда, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созанд. Ин ҳама навиштани андешаро мо аз рӯи ҳавову ҳавасе не, аз рӯи васфу лагандбардорӣ бар касе не, балки аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаему, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем, зеро ин худ неъмати Иллоҳиву бебаҳоест, ки мо миллати тоҷикро бо рушду тарақиёти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаамон ба қуллаҳои баланд бурда мерасонад.

Д. ШАРИПОВ,

сармуаллими кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Читать далее