November 2023

30 November 2023

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли равған

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти як қатор корхонаҳои истеҳсоли равған шинос гардид. 

Дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашёи хом коркард шуда, бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда мешавад. Тибқи иттилои масъулин айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 30 адад корхонаи истеҳсоли равған фаъолият дошта, дар соли ҷорӣ 3724 тонна равған истеҳсол шудааст. 

Читать далее

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Амороти Муттаҳидаи Араб оғоз гардид

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ал-Мактум меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсони расмии Амороти Муттаҳидаи Араб гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Читать далее

М.САДРИДИН АЗ ГАДОИ АВРУПОӢ ФАРҚЕ НАДОРАД!

Имрўзҳо яке аз хиёнаткори миллат Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз узви паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет” дар барномаи “Минбари мухоҷир” мунтазам бо ҷалби пайравонаш баромад ташкил намуда, бо лафзбозии ифротиаш бар зидди сиёсати имрўзаи кишвари мо тўҳмату бўҳтон мезанад.

Масалан, санаи 15 ноябри соли равон мо пас аз дидани барномаи “Минбари муҳоҷир” бори дигар  бе мушкилӣ эҳсос кардем, ки М.Садриддин чун солҳои қаблӣ  машғули гапҳои сафсата шуда, худро “уламои дин ва сиёсатмадор” намоиш дода, нисбати миллату давлат суханбозӣ намуда, пешравии кишвари моро нодида мегирад. Бо баробари ин, дар ҷараёни барнома думравонаш Муҳаммад Тағоев ва афроде бо номи Ҷамшед ва Раҳматулло низ нисбат ба дастовардҳои беназири кишварамон суханбозиҳои ифротгароиро пешаи худ намудаанд. Инчунин М.Садриддин, ки шарму ҳаё надорад, дар ҷараёни барнома аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва алалхусус аз соҳибкорони ватанӣ барои пардохт намудани хароҷотҳои сомонаи “Ислоҳ.нет” гадоӣ кард. Ҳар фарди солимақл дарк мекунад, ки М.Садридин баробари вататангадоиаш аз гадоёни Аврупоӣ фарқе надорад.

Имрўз Муҳаммадиқбол ва думравонаш дар кишварҳои Аврупо қарор доранду то ҳол хулосабарорӣ накараанд ва аз вазъи сиёсӣ ва дастовардҳои беназири кишвари мо бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд. Умуман, бадхоҳони миллат аз муваффақияту сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол димоқсӯхта шуда, ба таҳлука афтодаанд. Хулоса,  М.Садриддин ва умуман паймони худсохтаи наҳзати фирорӣ ва думравонаш ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бадсириштӣ бар миллату давлат хиёнат мекунанд ва ба ғайр аз ин амал дигар коре надоранд. Такроран ёдовар шуда, тӯдаи наҳзати аҳмақнамонро хотиррасон мекунем, ки имрўз хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад.

Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли 32 сол бадастовардаи халқу ватани хешро қадр намуда, ҳамзамон ихтилофангезиву суханбозии Муҳаммадиқболи бешараф ва думравонашро, умуман хиёнаткори миллатро шадидан маҳкум менамояд.

Р.АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи

молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Читать далее

Як бор ҷастӣ малахак...

Дар олами мавҷудоти зинда ҷараёни таҳаввулот хусусиятеро ривоҷ додааст, ки ҳар ҷонзот баҳри ҳифзи ҳаёти хеш ба шароити зисти худ мутобиқ гаштаву рангу ҳаракати худ ҳамсони шароит мекунад. Масалан, малахидаштӣ ҳамсону ҳамранги хоку набототи маҳали зисташ мебошаду танҳо ҳангоми ҷаҳидан аёну маълум мешавад ва ҷаҳиши ӯ боиси тӯъмаи парандагон шуданаш мегардад. Одатан, дар макони афзоиши малах парандагон низ лона мегузоранд. Зеро, барои худ ва чӯҷаҳояшон заминаи ғизо фаровон аст. Малахи бешуур бошад, бо ҷаҳидан ҳамчунин сайди ғуку мор, ҷонзотҳои дигар мешавад. Ин ҷараёни табиатро тағйир додан амри маҳол аст. Инсон бошад, дар ин ҷараён ҳам аз нобудшавии ҳашароти зараррасони киштзор халосӣ меёбад ва ҳам мавҷудоти дигар соҳиби ғизо мешаванд.

Дар ҷомеаи башарӣ тоифаи нафаронеро низметавон вохӯрд, ки бо беқарориву ҷаҳиданҳохудро ба дигарон аён месозанду ҷомеа огоҳ аз чунин ҳашаротсонҳо мегардад. Тӯдаи наҳзатиёни ифротзадаи хоин таҳти сардории Муҳиддин Кабирии маккору айёр бар мисли малахакҳое мебошанд, ки нафъе ба ҷомеа наовардаанду бар замми он тӯъмаи хоҷагони маблағгузори хориҷӣ шудаанд. Ин ҳаромзадагони палид бо тиҳимағзиву ватанфурӯшӣ машҳур гаштаанду чун газандае аз пайи заҳрпошӣ мебошанд.

Ҳайрон мегардед, ки ин худозадагони наҳзатӣ то андозае разилу манфуранд, ки макони аслӣ, аҷдодии худро тарк кардаву то ҳол сарсону саргардон, ватангадо дар мамолики бегона зиндагонӣ доранд. Ҳоли онҳо мисли саги пири дайдуро мемонад, ки барои дарёфти қути лоямут ба чанд даст нигоҳ мекунду думи худ меҷунбонад. Зеро, замоне фаро расидааст, ки тӯдаи ифротиён дар олам зиёд гаштаву бо наҳзатиёни палид рақобат доранд. Кабириву чоплусони мурдахӯраш ҳамеша аз пайи талоши зиндагӣ бо фитнаангезиву иғвогарӣ, бӯҳтонбофӣ ва амалҳои қабеҳи дигар мехоҳанд, қадрияти худ назди хоҷагонашон нигоҳ доранд. Аз нокомии худ ба хашм омада тамоми заҳри худ ба сӯи сарзамини поки аҷдодиашон мепошанд. Ин наҳзатиёни худозада бехабаранд, ки ба тани Ватани соҳибистиқлолу тавоно, соҳибқудрату тануманди мозаҳрпошиҳои наҳзатиён заррае асар надорад. Эҳтимол меравад, ки наҳзатиёни палид низ аз нокомии худ хабардор ҳастанд. Вале, бархе ҷонзотонро табиат он аст, ки заҳрпошӣ кунанд. Вагарна, мебояд ба худ заҳр зананду нобуд шаванд. Эҳтимоланчунин лаҳзаи нешзанӣ ба худи наҳзатиён фаро расидаасту ҷомеаи инсонӣ аз ин тоифаи маълун халосӣ меёбанд. Кош ин лаҳзаҳо тезтар фаро мерасиданд!?

Лаънат ба наҳзатиёни ифротии малахаксон!!!

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – ТӮДАИ ТАНГНАЗАРОНИ ХИЁНАТКОРИ ИФРОТӢ

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ байни намояндагони ақида, арзишҳои гуногун, мусоидат карда, аз ҷониби дигар, дар дасти гурӯҳҳои нохалафи ифротӣ воситаи қавии гумроҳсозии аксарияти ҷавонон, тавассути ҷалби онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ гардидааст. Падидаи “ҷангҳои иттилоотӣ” имрӯз ба воқеият табдил ёфтааст.

Чунончи бештар дар моҳҳои октябр ва ноябри соли равон аз ҷониби раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони миллӣ” тавассути сомонаи ифрортӣ бо номи “Ислоҳ.нет” ҷангҳои иттилоотиро ба роҳ монда, тавассути ахбори санҷиданашуда ҳадафи асосии худ объектҳоеро чун роҳбарияти олии кишвар, низомҳои таъмини соҳаҳои ҳаётии муҳимтарин, инфрасохтор, аҳолӣ ва ғайра қарор доданд. Дар иртибот ба ин, мушаххасан мисол меорем, ки аз тарафи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз узви фаъоли “Паймони миллӣ”, санаҳои 12, 15 ва 19 ноябри соли ҷорӣ дар барномаи ифротӣ -“Минбари муҳоҷир”, бо ҷалби думравонашон барои расидан ба ҳадафҳои худ аз маводҳои видеоӣ, сабтҳои овозӣ ва матнӣ, далелҳои санҷиданашуда истифода намуда, дар шуур, ҷаҳонбинӣ ва психологияи мардум ҷойгузин намудани ғояи ифротӣ кушиш намуда, боз дастовардхои беназири кишварро нодида гирифт.

Пас аз гуфтору рафтори М.Садриддин пай бурдан душвор нест, ки ин тоифа афрод олами атрофи худро эҳсос карда наметавонад, вай оҷиз аст, ношунавост, вай қобил нест, ки дигаргуниҳои кишварро бубинаду шунавад ва наметавонад механизми таҳлилу хулосабарориҳоро ба кор дарорад. Ҳамчунин М.Садриддин аз виҷдони дарки умумиинсонӣ маҳрум аст. Умуман раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат гирифтори он ғоя гардидаанд, ки ба шӯру ошӯб, харобкориву хиёнат даст зада, ҷомеаро ба низои шадид гирифтор намуда, сулҳу суботи онро халалдор намоянд. Лекин, мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, бар зидди паймони худсохтаи наҳзат – тӯдаи тангназарони хиёнаткори ифротӣ муборизаи беамон бурда истодааст ва минбаъд низ хоҳад бурд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи Тоҷикистонро тира карда наметавонад!

Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Воқеан, халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

А.ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкории ДИС ДДТТ

Читать далее

Ҷаззобияти оҳанрабо!

Нафароне, ки ба ҳукми тақдиру сабабҳои мухталиф – муҳоҷирати меҳнатӣ, иҷборӣ, сафари давомноки хизматӣ, таҳсил ва ҳоказо берун аз макони зисти худ доимӣ ё муваққатан муқими маҳалли дигар шудаанд, мусофир маҳсуб меёбанду мусофират чӣ вазниниҳо дорад, хуб дарк намуда метавонанд. Дар ҷараёни мусофират фарди ватандӯсту меҳанпараст бори дигар фазои орому осуда, табиати нотакрор, забони модарӣ, аҳли пайвандон, анъанаву одатҳои миллӣ, таъомҳои лазиз ва арзишҳои гуногуни миллиро пазмон мешаваду ба қадри онҳо мерасад. Алалхусус, ҳангоме, ки атрофиён бо огоҳ гаштан аз кадом мамлакат буданатон доир ба дастовардҳои Ватанатон сухан мекунанд, ватандорро ҳисси гуворо пахш мекунад.

Хоки пок, оби зулол, ҳавои фазои созанда ва ҷанбаҳои дигари муҳити солими Ватан – Модар, чун оҳанрабо фарди солимандешро ба сӯи худ мекашаду беихтиёр майлу хоҳиши баргаштан ба оғӯши сарзамини биҳиштосоямон даҳчанд меафзояд.

Хурсандиовар аст, ки алҳол дар миқёси ҷаҳон Ватани маҳбубамон ҳамчун мамлакати ташаббускори ҳифзи захираҳои об, дорои захираҳои бойи табиӣ, табиати бемисл ва мардуми тамаддунофару фарҳангсолор муаррифӣ гаштааст, ки мояи ифтихор дар ҳалқаи ҳамкасбон аз давлатҳои дигар мебошад. Давоми будубош дар кишвари бегона эҳсосоти аҷиби меҳру муҳаббат ба Ватан аз қалб саршор мегардаду таъми лазизи оби кӯҳсорони осмонбӯсамон беҳтар аз “ганҷи Сулаймон ” метобад.

Дар радифи андешаҳои баёнгашта тамоми ҳамватанони худро ҳушдор медиҳам, ки бахту иқбол, толеи баланд зиндагонӣ дар сарзамини аҷдодӣ асту, ҷаззобияти бемисл дорад. Аз ин лиҳоз, заҳмату талошҳо баҳри ободониву сарсабзии макони зодаамон қарзи олии инсонӣ аст, ки мебояд бо ҳисси шукргузорӣ ба иҷро расад. Сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, якдилию хайрандешӣ барои расидан ба дастовардҳои нав ба нав мусоидат мекунад ва мебояд ҳамаи ҳамватанонамон дар таҳкими комёбиҳои накӯи Ватан саҳмгузор бошанд.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

АМАЛҲОИ МОҶАРОҶӮЁНАИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки майли сокинони сайёра ба гурўҳҳои ифротӣ, масъалаи доғ маҳсуб мешавад ва дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад. Аслан заҳролудсозии тафаккури созандаи мардум аз ҷониби тарғиботчиёни хориҷӣ муддати тӯлони давом ёфта, тавассути маблағгузории зиёд амалӣ мешавад.

Масалан дар иртибот ба ин, мисол меорем, ки имрӯзҳо паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони миллӣ” ва думравонаш бевосита бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, барои амалӣ намудани аҳдофи худ бештар аз иттилоот ва расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо менамоянд. Ин бадхоҳони миллат, аз ҷумла, Муҳаммдиқболи Садриддин бо ҷалби ҳаммаслаку думравонаш зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, дар барномаҳои ифротиашон «аз пашша фил месозанд».

Чунончи дар баромадҳои ифротии навбатиаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравонаш Тағоев Муҳамдад, Абдухалил Восеев ва ашхос бо номи Раҳматулло санаҳои 19 ва 22 ноябри соли равон, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” дар атрофи масоили амният, офатҳои табиӣ, ва сафари кории Сарвари кишвар дар Федератсияи Россия ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво андохтан кӯшиш намуданд. Хулоса, амалҳои моҷароҷӯёнаи паймони худсохтаи наҳзат аён аст!

Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ мардуми мо назари худро доранд. Имрӯз ҳар кадоме аз шаҳрвандони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро шадидан маҳкум менамоянд.

Имрӯз, ки мамлакат бо баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, рушд мекунад. Маҳз ба шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноил гардем. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, бахусус, таҷлили ҷашнҳои таърихӣ, аз ҷумла, ҷашни бошукуҳи Истиқлол, Ваҳдати миллӣ шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба бадхоҳони миллат ҷой нест!

Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Читать далее

Бадбахтӣ аз бадандешист!

Ҷомеаи сернуфузи сайёраи Замин дар таркиби худгурӯҳу нафаронеро дар бар мегирад, ки барои рушду ҷомеаи ҷаҳонӣ хизматҳои арзандаро анҷом додаанд ва ин ҷараёни мусбат идома ёфта истодааст. Мутафаккиру файласуфони сатҳи олам баҳри беҳбудии ҳаёти фардони ҷомеа андешаҳоисолим ва ояндабинро баёну таъкид намуда, рушди бемайлони башариятро башорат медиҳанд. Дар қатори бузургони олам даҳҳо симоҳои намоёни миллати таҳҷоии сарзамини тоҷикро метавон қайд кард.

Мутаассифона, дар ҷомеаи инсонӣ на ҳамаи фардон солимандешу накӯхоҳанд. Баъзе гумроҳон моили расонидани таъсири муайян ба тафаккури ҷомеа мебошанд, ки ғарази ниҳоии онҳо ба даст овардани манфиату маблағи муфт маҳсуб меёбад.

Дар қатори ин муртадони ҳайвонсифат метавон бидуни исбот тӯдаи наҳзатиёни ифротиро бо сардории Муҳиддин Кабирии фосиқу рӯбоҳсимо номбар намуд, ки саропо дар лойқаимуғризиву бадахлоқӣ ғӯтидаанд. Ин ифротзадагони бадбахт дар заминаи хоинию ватанфурӯши худ имрӯзҳо аз эҳсосоти гуворои ватандорӣ маҳрум шудаанду дар саҳрои Аврупо чун меш қадре надоранд. Бар замми он, аз ҷониби ин фардҳои нолоиқ боронидани санги маломат ба сӯи Ватани биҳиштосоямон ба мушоҳида мерасад, ки шаҳодати бадбахтии бадандешонронишон медиҳад. Зеро, нафари бадандеш ботини бадхоҳу бадахлоқ, фарди бемории пӯсишдошта мебошад ва намунаи воқеии онро дар мисоли наҳзатиёни ифротӣ дидан мумкин аст.

Дар ҷараёни ҳаётииҷомеа наҳзатиёни палид бо эроду эътироз, хӯрдагириҳои ноҷоя мехоҳанд, чун ақраб неш зананд. Маркабсон пойфишорӣ намоянд ва бо сабаби норасоии ақлу тамиз, фаҳму фаросат аз ҳақиқати воқеӣ рӯй тобанд. Ҳамаи ин макру фиреб, палидиву разилӣ, бӯҳтонбофиву фитнасозӣ, иғвоангезиву касифӣ ва хислатҳои дигари ифротзадагони наҳзатиро мардуми шарифи кишвар хеле хуб огоҳанду якдилона маҳкум мекунанд.

Мардуми кишвар бо шукронаи давлатдории соҳибистиқлол, оромию осудагӣ ва суботи сиёсии давлат ҳамеша омодаанд, ки бар зидди наҳзатиёни баднияти муғриз муборизаи беамон баранд. Зеро, ҳифзи арзишҳои миллӣ якпорчагӣ, обрӯву нуфузи давлат барои ҳар як тоҷикистонӣ қарзу вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ асту фардони солимандеши Ватан онро сарбаландона ба иҷро мерасонанд.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Абдухолиқзода М.А. – дотсент, декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – МУНОФИҚОНИ БЕИМОН

Имрӯз дар ҷомеаи муосир ҳаракатҳо ва ташкилотҳои арзӣ вуҷуд доранд, ки аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд, вале дар воқеъ онҳо ҳадаф ва тарҳҳои геополитикиеро татбиқ менамоянд, ки барои ноором намудани амнияти кишвар ва минтақа равона шудаанд.

Масалан раҳбарияту ҳаммаслаки паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садрриддин имрўзҳо аз имконияти васеи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”дар якҷоягии пайравонашон бо чашми ғараз баромадҳо намуда, бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Такя намудани ин қувваҳо ба омили исломӣ аз он сабаб аст, ки дин дар ҷомеаи Тоҷикистон ва тафаккури мардуми минтақа нақши муҳим дорад. Имруз торҳои паймони худсохтаи наҳзат дар кишварҳои Аврупо паҳну парешонанд. Воқеан, иғвогарии Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистонӣ аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад.

Умуман, дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар карда, омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд.

Ба Кабирию ҳаммаслаки фаъолаш М.Садриддин гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.

Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки мо ҳамавақт баромадҳои Кабирию М.Садриддин ва умуман ҳаммаслакону думравони паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони миллӣ”-ро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин мунофиқони беимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

А. ВАЛИЕВ, ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкории ДИС ДДТТ

Читать далее

Сипари боэътимоди Ватанем!

Дар шароити нави инкишофи олам, ки муборизаи абарқудратҳо шиддат гирифтааст, дарки арзишҳои соҳибистиқлолӣ, ҳифзи амнияти иҷтимоӣ, муқовимат ба экстремизм, терроризм ва радикализм муҳим аст. Солҳои охир фаъолияти давлату ҳукумат дар самти амнияти кишвар тақвият ёфта, ба ташаккули тафаккури сиёсии мардум, эҳтироми арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва болоравии ҳисси худшиносиву худогоҳӣ заминаи мусоид гузоштааст.

Татбиқи амалии нишондиҳандаҳои асосии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи амният», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошад.

Дар ин радиф ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм пешгирии паҳншавии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ҳиссагузор бошад. Инчунин, тавассути баланд бардоштани дониши сиёсӣ, динӣ ва ҳуқуқии хеш, омӯзиши осори гаронбаҳои мутафаккирони тоҷик, тарғиби эҳтироми муқаддасоти миллӣ, хизмати софдилона ба Ватан-модар, ҳифзи ду кохи бузурги давлат Истиқлолият ва Ваҳдат сипари боэътимоди меҳан аз ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ гардем.

Дар чунин рӯҳия тарбия намудани наврасону ҷавонони кишвар барои теша ба решаи зуҳуроти бегонапарастӣ задан мусоидат менамояд. Раванди пуртазоди ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, неруи хешро ба муҳофизати якпорчагиву суботи кишвар равона созем.

Х.М.Шамсидинов,

Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи ДДХ

Читать далее