December 2023
07 December 2023
М.САДРИДДИН ВА ДУМРАВОНАШ БА ҒАЙР АЗ ИҒВО ВА ФИТНААНДОХТАН КОРӢ ДИГАР НАДОРАНД!
- Подробности статьи
Тайи чанд моҳҳои соли охир яке аз узви паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” ва думравонаш бо ҳар роҳу восита, алалхусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар, шахсиятҳои мансабдор ба даъвати оммавӣ барои дигаргунсозии соттори конститутсионӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд.
Масалан, санаҳои 8, 11, 15, 19, 22, 26 ва 28 ноябри соли равон соли равон, М.Садриддин ва думравашонаш зимни баромадҳои навбатиашон дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” боз чун солҳои қаблӣ, бо истифода аз дини мубини Ислом, барои манфиатҳои шахсӣ тухми ноиттифоқӣ андохта, мисли борон онро сари миллати тоҷик рехтанд. Бояд қайд кард, ки баромадҳои қаблию навбатиашон, умуман сабтҳои видеоӣ ва аудиоии онҳо танҳо суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос.
Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки дар барномаҳои ифротии “Минбари муҳоҷир” омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки М.Садриддин ва думравонаш ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Умуман, хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Хулоса, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд бар зидди амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм мубориза мебарем.
Дар интиҳои андешаи хеш бояд қайд кард, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро сарбаландона иҷро намояд.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ
Читать далееБА ИГВОИ ФИРЕБГАРОН ДОДА НАШАВЕМ
- Подробности статьи
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол зимни изҳороти хеш борҳо вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи раҳбарияту пайравони собиқ ҲНИ, ки алҳол аксарияташон дар кишварҳои Аврупо бо дастгирии хоҷагонашон ташкилоти дигареро ба унвони “Паймони миллӣ..” таъсис додаанд, бо далелҳои раднашаванда амалҳои муғризонашонро шадидан маҳкум намуда будем.
Бояд қайд кард, ки раҳбарияту пайравони “Паймони миллӣ”(калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ кардан зарурият нест) кӯшиш доранд, ба мисли ҳаводисҳои солҳои навадуми қарни гузашта, бо фитнаангезиву дасисабозии навбатиашон зиндагии орому осудаи онро халалдор намуда, халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ бо ровигии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат мебошад, асосан тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” худро “уламои дин” шуморида, баромадҳо иғвоангезаро пеша намуд.
Масалан, санаи 27 ноябри соли равон ин бадхоҳи миллат, бо ҷалби ҳаммаслаку думравонаш, аз ҷумла Салим Султонзода, Муҳаммад Тағоев, Абдухалил Восеев ва афроде бо номи Ҷамшед дар барномаи “Минбари муҳоҷир”таҳти унвони “Муҳоҷирон чи паёме ба муборизон доред!” бо навбат баромади ифротӣ намуданд, ки ба ягон қолаб рост намеояд. Бо намоиши видеоӣ зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, «аз пашша фил месозанд».
Ҳар фарди солимақл бе мушкилӣ дарк мекунад, ки ин бадхоҳони миллат бе асоси воқеӣ ҳар гуна ҳиллаҳо бофта мардумро ба иғвою мубориза даъват менамоянд. Аз баромадҳои ифротии бадҳохони миллат ба хулосае омадем, ки пушти ин ҳама амалҳо кӣ меистодаасту, ин тоифаи камхираду ифроткор чӣ ҳадаферо дунболагирӣ мекардаанд. Бинобар ин, ҷавонони боору номуси кишвар биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин хоинони миллат муборизаи беамон барем ва нагузорем, ки ин бадхоҳони миллат Тоҷикистони биҳиштосоямонро ноором созанд.
ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ
Читать далееХОИНОН БА МАКСАД НАМЕРАСАНД
- Подробности статьи
Мо кормандони шуъбаи кор бо ҷавонон зимни изҳороти навбати хеш мехоҳем диққати мардуми кишвар, алалхусус ҷавононро ба муҳимтарин масъалае, ки имрўз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ҷалб намоем.
Пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ифротӣ иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Воқеияти имрӯза собит менамояд, ки дар шароити бархурдории сар то сарии мардум ба интернет ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ қувваҳои муайяни ифротгаро кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои интернетро ҳамчун технологияи деструктивӣ, барои тарғиби ғояҳои радикалии динию сиёсӣ, ҷудоиандозӣ ва ғайра истифода баранд. Агар ба рақамҳо рӯй орем, мувофиқи омори Оҷонсии таҳлилии “We Are Social”, дар соли 2018 бештар аз 4 миллиард сокинони сайёра аз интернет истифода намудаанд. Танҳо дар соли 2017 беш аз 250 млн. нафар ба интернет пайваст шудаанд. Миқдори умумии истифодабарандагони шабакаи интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 4, 5 млн. нафарро ташкил медиҳад. Дар муддати 1 рўз 6 соати истифодабарандагони интернет, тавре мегӯянд, дар дунёи виртуалӣ (ё худ маҷозӣ) сарф мешавад. Дар як сония 11 истифодабарандаи нав ба интернет шомил мегардад.
Бояд зикр кард, ки аз соли 2007 дар фазои интернетии ҷаҳон 10 ҳазор сайтҳои электронии экстремистӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар гузаштаи на чандон дур барои таблиғи маводи ифротгароёна ва моҷароҷӯёна истифодаи маҷаллаю рўзномаҳо, радио ва телевизион низ истифода мешуданд. Масалан хоинони миллат – собиқ ҳизби наҳзати ислом, алҳол паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони миллӣ”мебошад, ки бештар сўиистифода аз дини мубини Ислом бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ, бахусус тавассути сомонаи “Исолҳ.нет”, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” баромад намуда истодаанд. Бояд қайд кард, ки яке аз узви паймони худсохтаи наҳзат, афроди бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва дар умум дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда бо ҷалби думравонаш баромадҳои ифротӣ менамояд. Масалан, дар давоми моҳи октябр ва ноябр, аз ҷумла, санаи 29 ноябри соли 2023 таҳти унвони “Ислоҳ чӣ таъсире дар Шумо ва ҷомеаи имрӯза гузошт” бо ҷалби яке аз думраваш афроде бо номи Сулаймон баромади ифротӣ намуд. Ин бадхоҳони зархариди носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки бо ин васила фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Хулоса, сомонаи “Ислоҳ.нет” минбари ифротии паймони худсохтаи наҳзат аст ва мардуми тоҷик аз нияти бадхоҳон ва хоинони миллат огоҳ ҳастанд, ки онҳо ба чандин амалҳои ҷиноятӣ даст зада, барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум даст ба чунин зиштиву иғвоандозиву туҳмату тавҳин зада истодаанд. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош меварзанд.
Дар интиҳои изҳороти хеш мо М.Садридини иғвогар ва думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонаашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари азизамон сухан гӯянд!
ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ
Читать далееБАДНОМКУНИҲОИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ ШАБЕҲИ ТУҲМАТҲОИ ҚАБЛӢ ҲАСТ, АММО БО ШАКЛИ ДИГАР!
- Подробности статьи
Мушоҳидаву таҳлилҳо собит месозанд, ки моҳҳои охири соли равон бархе аз кӯрнамакон, амиқтараш яке аз аъзои паймони худсохтаи наҳзат Муҳамадиқболи Садриддини бешараф бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла, Салим Султонзода Муҳаммад Тағоев, Абдухалил Восеев ва афроде бо номи Сулаймону Раҳматулло тавассути сомонаи ифротӣ “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо менамоянд. Зимни ҷараёни баромадҳои ифротӣ бо мақсади ба миёни мардуми кишвар шӯру фитна ангехтан наворҳои сохтаи бардурӯғро нишон дода, бо ин васила вазъи кунунии кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созанд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ин гуруҳи паймони худсохта аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд.
Мо аз баромадҳои ҳаммаслакону думравони “Паймони миллӣ” хулосабарорӣ намуда, такрор ба такрор мегуфтем ва имрӯз низ мегӯем, ки тӯдаи паймони худсохта дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд! Ҳар як фарди солимақл бо чашмони худ дидаву бо гушҳои худ борҳо шунидааст, ки ин тӯдаи хоинон тавассути шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронаду мардумро ба майдонҳо даъват мекунанд. Боварӣ ба мардуми бедор ва зираку ҳушёри кишварамон, махсусан ҳаммиллатону ҳамватанони берунмарзиамон дорем, ки боз ҳам тири ин қабил хоинони миллат хок хоҳад хӯрд.
Зеро ҳамеша ҳамватанони азизу маҳбуби мо, куҷое, ки набошем, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда, зиндагию кори худро идома дода, умуман, ба иғвоҳои хоинону мазҳабфурӯшон, намояндаҳои ташкилотҳои террористию эктремистӣ ва ифротиён набояд дода шавем. Хулоса, фаъолияти паймони худсохтаи наҳзатро дар хориҷи кишвар маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба шахсони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи раҳбарияту ҳаммасалакони “Паймони миллӣ” ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад.
Дар робита ба ин, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд.
Имрўз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд, аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд.
М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ
Читать далееЧАШМОНИ РАҲБАРИЯТУ ПАЙРАВОНИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТРО ПАРДАИ ҒАРАЗ КЎР КАРДААСТ…!
- Подробности статьи
Мо имрӯз ҳам шоҳиди чунин равандҳо ҳастем, бархе созмону гуруҳҳои ифротӣ, ба мисоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” зери ниқоби ислом амал намуда, кӯшиш мекунад дар асоси ғояҳои ифротӣ низоми ҳуқуқии мавҷударо бо роҳи тадриҷан заҳролуд кардани зеҳни ҷавонон ба эътидол оранд ва тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматро ташкил кунанд, гарчанде бар хилофи дини мубини Ислом аст.
Раҳбарияту ҳаммаслакони созмони мазкур, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин тибқи супориши хоҷагонаш дар давоми моҳҳои октябру ноябр ва ҳафтаи аввали декабри соли равон бо ҷалби пайравонаш тариқи сомонаи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо намуда, бо суханҳои беасос ва подарҳовои, мехоҳад ба ҳаёти осоиштаву муназзами кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонад. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки воқеан мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ношукрӣ ва хоинии роҳбаряту ҳаммаслакони имруза паймони худсохтаи наҳзат хуб огоҳ ҳастанд ва ҳаргиз ба суханҳои ифротии ин тудаи хиёнаткорони шайтони одамсиришт бовар нахоҳанд кард.
Вале, боиси шармандагист, ки М.Садриддин ва думравонаш, аз ҷумла, Абухалил Восеев, Салим Султонзода, Муҳаммад Тағоев ва афроде бо номи Ҷамшед имрўз дар хориҷи кишвар қарор дошта, нисбати Тоҷикистони азиз, ки бо нону намак ва обу ҳавои ин диёр ба воя расидаанд, нисбат ба миллату давлат суханҳои бардурӯғ ва сиёҳкунанда мезананд. Боробари ин, бояд қайд кард, ки Ҷамшеди ақлбохта, санаи 3 декабри соли равон, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, ба М.Садридидин таассубу тақлид намуда, чун ровӣ баромад намуд ва либосҳои ба миллат хос набударо ба бар намудааст. Ҳар фарди солимақл баъд аз дидани наворҳо, ба худ хулосаи зарурӣ мебарорад! Натанҳо оид ба масоли либоспӯшӣ, инчунин аз рафтору гуфтор ва чашмони онҳо пай мебарад, ки онҳо аз дастовардҳои беназири кишвар ба таҳлука афтодаанд ва ба бемории руҳи гирифторанд.
Ватангадоёни зикршуда аз пушти ким кадом хоҷагони хориҷӣ истода, ба самти Тоҷикистон санг мепартоянд, ки ин хиёнат аст! Умуман рафтору кирдор ва гуфтори паймони худсохтаи наҳзат аз бадбинӣ ва нафрату хиёнат иборат аст. Хулоса, таблиғотгароии ин гуруҳи хоинон, бахусус М.Садриддин ва думравонаш собит менамоянд, ки чашмони онҳоро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд. М.Садриддин дар бештари баромадҳои худ бо эҳсос оид ба мафҳумҳои «ҷудоиандозӣ» ва «ноҷавонмардӣ» ва нисбати шаҳрвандони одии кишвар суханҳои қабеҳ мегӯяд. Вале, мо намефаҳмем, ки ин таъкидҳо бо кадом ченакҳо ҳисоб карда шудаанд?! Оё истифодаи вожаи муқаддаси «Ислом» ва бо ин васила фишор овардан ба ирода ва беихтиёр чалб кардани ашхоси мусулмон ба ҷонибдории паймони худсохтаи наҳзат ин ҷудоиандозӣ ва ноҷавонмардӣ нест? Хуб медонем, ки чунин ҳизбҳои мухолиф танҳо зери танқид гирифтани ҳукукматро доранду халос!
Натиҷаҳои нохалафиву ватанфурўшии ин гурӯҳи хоинон бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангези хиёнаткор набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем.
Баробари ин мо ҷавонони тоҷик бояд кӯшиш намоем, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоему баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду ҷаҳд созем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!
Ф. Қурбонов,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
Читать далееНишони бенишонӣ!
- Подробности статьи
Дар доираи сафарҳои хизматӣ, сайру сайёҳат ва мақсадҳои дигар эҳсос мегардад, ки мардуми кишварҳои дигар аз ҳаёту зиндагии мардуми Тоҷикистон, талошҳои собитқадамонаироҳбарияти олии кишварамон хеле хуб огоҳанд. Ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолиямон қоиланду ҳаваси дидорбинӣ, сайру саёҳат ба сарзамини моро мепарваранд. Зеро, хуб медонанд, ки табиати нотакрор, амну осудагӣ, фаровонӣ дар бозор, анвои дигар онҳоро интизор асту мардуми меҳмоннавоз истиқболи хуш мекунанд.
Мушоҳида мегардад, ки хориҷиён аз ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёт аз шабакаҳои иттилоотӣ бохабаранду ному насаб, хизматҳои шоёни сиёсатмадорони моро хуб мешиносанд. Хушбахтона аксарияти ҷаҳониён ҳатто гумон надоранд, ки нохалафе нисбати давлати мо, ҳарфи носазое гӯянд. Аммо, мо тоҷикистониён хуб медонем, ки тӯдаи муғризони наҳзатӣ бо нидои хоҷагони хориҷии маблағгузорашон кинаю адоват, бадхоҳиву бадзиштӣ бар зидди Ватани мо мепарваранд.
Аҷибу гуворо аст, ки мардуми кишварҳои дигар Кабириву чоплусони ифротзадаи худобехабарро намешиносанд. Ҳатто, аз донистани хоиниву ватанфурӯшӣ, мазҳабфурӯшӣ, ҳамоишу даъватҳои беақлонаи наҳзатиён дар хашм меомаданду тавқи лаънат ба ин тоифа меборониданд.
Мусаллам аст, ки солимандешони олам ифротиёни шайтонсифати наҳзатиро ақалан ба забон намеоваранду номаи аъмоли онҳоро шоистаи шиносоӣ қарор намедиҳанд. Зеро, ифротгароӣ худ балои бедаво асту нафари ифротиро намуд одамист, вале ботин чун деги сиёҳ асту сиёҳии худ мехоҳад ба дигарон олуда бошад.
Нафарони наҳзатӣ гирифтори балои бади ифротгароиву террористӣ ҳаёти бебақоро соҳибанд ва аз фардҳои солимақли хайрандеш дар ҳаросанд. Мефаҳманд, ки алҳол дар талвосаи ҷон ҳастанду маргу фавташон дур намепояд. Шояд ин ҳолат онҳоро девонаавзоъ, бахилу ҳасудхур сохтааст, ки аз созандагиву бунёдкорӣ айбе мекобанду намеёбанд. Кофтукоби “чирки зери нохун” ҳолати зишттарини одамист, ки насиби наҳзатиёни палид будаасту ботини онҳо ғайр аз марг дигар тадбири тозанамоӣ мавҷуд нест.
Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
Читать далееДУРӮҒУ БУҲТОНИ НАВБАТИИ ҲАММАСЛАКОН ВА ДУМРАВОНИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ АЁН АСТ!
- Подробности статьи
Мушоҳидаву таҳлилҳои моҳҳои охири соли ҷорӣ нишон медиҳанд, ки яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш Абдухалил Восеев, Муҳаммад Тағоев, Салим Султонзода ва умуман, бо ҷалби ҷавонони ноогоҳу бесавод,афроде бо номи Ҷамшед агар рўзе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бар муқобили Тоҷикистон ва ё нисбати роҳбарияту мақомоти кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд. Ҳарчанд ин афрод зодаи кишвари мо бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватану миллат доранд.
Ин қабили гуруҳи хоинон имрузҳо асосан бо номи “Паймони миллӣ” намоён мешаванд ва аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, ки чун солҳои қаблӣ аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Аз баромадҳои ифротии М.Садриддин дар моҳҳои октябр, ноябр ва ҳафтаи аввали декабри соли равон дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ҳар кас эҳсос мекунад, ки ӯ худро “уламои дин, адолатхоҳ” вонамуд карда, машѓули гапҳои беҳуда шуда, нисбати миллату давлат, бо ҳамроҳии думравонаш бо навбат иѓвоангезӣ менамоянд. Ба М.Садриддини бешараф суол дода мешавад, ки барномаи таъсисдодааш оид ба масоили муҳоҷирони меҳнатӣ аст ва ё барои инъикоси айбҳои мардуми кишвар ва зишт нишон додани миллати тоҷик ё дигар масъалаҳо?! Ба ин суол, бе ягон мушкилӣ посух медиҳем, ки М.Садриддин бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад.
Бо ин бозии навбатиашон бадхоҳони миллат барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кўшиш доранд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Хуллас, мақсади навбатии наҳзатиёни фирорӣ, бахусус М.Садриддин ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуддаст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд. Хулоса, ба қадри неъмате чун истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа мебошад.
М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ
Читать далееБадхоҳон ҳаргиз ба мақсад нарасанд!
- Подробности статьи
Дар дини мубини Ислом, китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони карим ва аҳкоми шариати пок оид ба одобу ахлоқи қавми Лут ва оқибати шуми онон ахбороти муфассали фиқҳӣ инъикос ёфтааст, ки ҷомеа ва фардҳои он меъёрҳои башариро хуб донанду риоя намоянд. Нагузоранд, ки бархе аз фардҳои гирифтори хислатҳои иблисона таҳкурсии босуботи маънавиёти мусалмононро халалдор созанд.
Мутаассифона, то ҳанӯз дар ҷомеа нафарони беинсоф вомехӯранд, ки ТТЭ ҲНИ ифротгароёни мисоли аёни онҳо мебошанд. Ин хоинони ватанфурӯш, ҳамчун қувваи иртиҷоӣ ва хилофи рушду инкишоф ба оламиён шинохта шудаанду аз ҳисоби хоҷагони хориҷӣ, зиндагӣ доранд. Ин тоифаи ифротӣ тавони дидани ҷомеаи мутамаддин, шахсони солимфикру заҳматқаринро надоранд.
Зеро, саропо мағзу майнаи онҳо олудаи ғояҳои ифротӣ гаштааст. Онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи санги маломат ҳаво додан ба зодгоҳи худ ҳастанд. Худи ин сифати хислатҳои номбурдаи онон далолат медиҳад, ки ин нафарони нокасу касиф, фитнабозу иғвоангез мебошанд.
Дар сафи ифротгароёни хиёнатпешаву ватангадо Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки гуфтору рафтор, кирдорҳои ӯ аз шайтонсифатиаш далолат медиҳад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста дар ҳаққи кишвари хеш буҳтону туҳмат мебофад.
Итминони қавӣ дорам, ки аҳли ҷомеаи озодандешу солимфикри Тоҷикистон огаҳ аз макру фиреби ин ифротиён ҳеҷ вақт фирефтаи макру найрангҳои онон намешаванд. Бо иродаю матонат Ватани маҳбуби худро содиқона ҳифз менамоянд. Дар атрофи сипари боэътимоди сулҳу осоиштагӣ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид, пайваста ба заҳмати созандаю бунёдкорӣ машғул мешаванд.
М.СОБИРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров
Читать далееФирефтаи ифротиён набошем
- Подробности статьи
Мисоли аёни тафсири нафарони бадсиришт бидуни шубҳа тоифаи ифротгароёни ТТЭ ҲНИ мебошанд. Зеро, дар Аврупо бо маблағи куффор зиндагӣ доранду луқмаи ҳалоли заҳматқаринони макони зодгоҳашонро маззамат кардаву санги маломат ҳаво медиҳанд. Дар асл, ин гумроҳон лоиқи таваҷҷуҳу эътибор ҳам нестанд. Вале, баҳри ҳифзи дастовардҳои миллии даврони соҳибистиқлолӣ месазад, ки ба ин тоифаи хиёнатпешаи ватангадо муқовимат кард.
Ҳангоми мутолиаи ахбороти тоза дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳибватане бо завқи том ҳикояте ривоят намудааст, ки бардоштани хулосаи маънӣ бар дӯшу ҳаволаи виҷдони фарди солимандешу ватандӯст мебошад. Чун, моёнро касе, ки луқмаи нон бидиҳад, ҳаргиз ва ҳеҷ вақт хиёнат нахоҳем кард. Аммо, хоинони ватан хуб медонанд, ки Ватан баробари Модар аст, арзиши эҳтиром ба онон нангу номус аст, вале боз хиёнат мекунанд, санги маломат ба сӯи Ватан – Модар ҳаво медиҳанд.
Яқин аст, ки ин ифротиён дар кадом кунҷи сайёра набошанд, душмани марзу буми ватанӣ, мардуми заҳматпешаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд. Бинобар ин, мардуми кишвар, алалхусус, насли ҷавон бояд фирефтаи макру фиреб, найрангу ҳиллаҳои ин хоинон нашаванд, қадршиноси арзишҳои муқаддас – ватандӯстиву меҳанпарастӣ бошанд.
Мурод СОБИР,
шаҳри Хуҷанд
Читать далееТАНГНАЗАРОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД
- Подробности статьи
Мувофиқ ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 5-уми сентябр дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз 3 нафар террористон, ки бо мақсади анҷоми амалҳои террористӣ ғайриқонунӣ ба қаламрави кишвар ворид шуда буданд, безарар гардонида шуданд. Аз теъдоди зиёди яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангие, ки дар ҷои ҳодиса дарёфт карда шуд, хулоса кардан мумкин аст, ки ин гурӯҳи террористиро нерӯҳои муайяни хориҷӣ, душманони тинҷиву оромии Тоҷикистон бо силоҳу муҳиммот, маводи тарканда таъмин ва ҳамчунон маблағгузорӣ мекунанд.
Ҳодисаи мазкур бори дигар собит намуд, ки нигарониҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба хатарҳои аз қаламрави ҳамсоякишварамон Афғонистон таҳдиддошта беасос нестанд ва ҳамаи моро ҳушдор медиҳад, ки ягон лаҳза ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба таври доимӣ дар доираи имкону тавон аз фазои орому осудаи Ватан дифоъ кунем.
Албатта, дар ин нукта нахуст бояд ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, афсарону аскарони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати мудофиаи кишвар ва дигар сохторҳои қудратӣ арзи сипосу шукргузорӣ намоем, ки шабу рӯз дар ҷабҳаи дифоъ аз ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷонбозиҳо мекунанд.
Аммо бояд тазаккур дод, ки дар шароити имрӯза таъмини амнияти давлату миллат танҳо дар хатти сарҳади давлатӣ маҳдуд намешавад. Зеро кунун ғолибан душманони Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ақли ҷавонони ноогоҳу камсаводро медузданд ва ба кирдорҳои ҷиноятиву хиёнаткорона водор мекунанд.
Чунонки маълум гардид, ин се нафари дар ноҳияи наздимарзӣ безараргардонидашуда на шаҳрвандони кишвари дигаре, балки ҳамватани мо, зода ва парвардаи ҳамин обу хок буданд, ки то дирӯз байни мо зиндагӣ доштанд. Аммо маҳз дар пайи бетарафию бехабарии мо атрофиён онҳо таҳти таъсири нерӯҳои ҷинояткори ифротӣ афтода, нахуст ба қатли мардуми кишварҳои дигар ва имрӯз бо яроқу аслиҳа бо мақсади куштор ба сари мо омада, ба ин бадбахтӣ гирифтор шуданд.
Ин фоҷеа тақозои онро дорад, ки агар хоҳем, ки давлати мо мисли кишварҳои пешрафта рушд намояду фарзандонамон саодатёр бошанд, мавқеи бетарафиро тарк намуда, қаламрави орияту номус, дӯстдории Ватану масъулият ба тақдири насли ояндаи ҷамъиятро ихтиёр намоем. Саривақт наврасону ҷавононро, сарфи назар аз он, ки фарзанди мост ё ҳамсоя, ё худ аз маҳалла ва деҳаи дигар аз пой ниҳодан ба роҳи нодуруст боздорем.
Бояд ба хубӣ дарк кунем, ки паси ин гурӯҳакҳои террористиву экстемистӣ, ки дар асл дар бунёди худ ба давлату миллат нафъе надоранд, нерӯҳои ғаразноки сармоядор ва қудратҳои азими ҷаҳонӣ меистанд ва онҳо тавассути фарзандони ноогоҳи мо вазъи сиёсиву ҷамъиятиро дар кишвар муташанниҷ сохта, мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро дар Тоҷикистон ва минтақа амалӣ гардонанд.
Вақте ки ҷиҳати таъмини амнияти давлату миллат сарҳадбонони тоҷик шабу рӯз ҷонбозиҳо мекунанду намегузоранд, ки нақши пои террористон ҳатто ваҷабе аз хоки поки Ватанро олуда созад, ҳар яки мо, онҳое, ки паси бозувони нерӯманди марзбонони ҷасур зиндагии орому осуда мебарем, вазифадор ҳастем, ки фазои иттилоотии Ватанро аз садои фитнаву иғвои хоинон дифоъ намоем ва нагузорем, ки дигарбора ҷавонон фирефтаи ифротиҳо шуда, бо силоҳ ватани мо оянд.
Бале, фазои иттилоотӣ ҳам марзи давлатист ва ҳар шахси дӯстдори падару модар, зану фарзанд, деҳаву шаҳр ва Ватан бояд масъулияти посбонии худро эҳсос ва рисолати меҳандориашро дар ин ҷода иҷро намояд!
Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ,
узви ИЖТ
Читать далее