САЙЁҲӢ. СОҲА РУШД ХОҲАД КАРД

Ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани соли 2018-ум “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баъдан солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастрасии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя ва омода кардани кадрҳои болаёқат ҳанӯз соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, бо қарори дахлдори Раиси вилоят дар сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шуъбаи рушди сайёҳӣ ва дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент бахшҳои рушди сайёҳӣ таъсис дода шудаанд, ки он баҳри амалисозии сиёсати давлатӣ дар маҳалҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Мусоҳибаи мо бо мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов сурат гирифт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.

- Аз эълон шудани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аллакай муддати зиёд сипарӣ шуд. Айни замон сайёҳии кишвар самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон шудааст. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва сердаромади иқтисодиёти ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар аксари мамлакатҳо дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда мебозад. Маълум аст, ки сайёҳӣ ба инкишофи соҳаҳои асосии иқтисодиёт, ба мисли нақлиёт ва комуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва ғайра таъсири мусбат мерасонад.

Дар ин раванд Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ - рекреатсионӣ буда, барои рушди ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд. Яке аз онҳо дар ҳудуди кишвар мавҷуд будани захираҳои оби ошомиданист. Бояд гуфт, ки зиёда аз 50 фоизи захираи обии давлатҳои Осиёи Марказиро пиряхҳо, дарёҳои кӯҳӣ ва кӯлҳои Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар ҳудуди мамлакат қариб 200 чашмаи минералӣ амал мекунад, ки дар заминаи онҳо сайёҳии санаторию курортӣ инкишоф ёфтааст. Машҳуртарини онҳо курорти “Хоҷа Оби гарм”, осоишгоҳҳои “Шоҳамбарӣ”, “Оби гарм”, “Зумрад”, “Ҳавотоғ” ба шумор мераванд. Дар осоишгоҳу курортҳои Тоҷикистон барои сайёҳон ва дигар эҳтиёҷмандон хизматрасонӣ оид ба табобати бемориҳои гуногун муолиҷа пешниҳод мешавад.

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 90 меҳмонхонаю осоишгоҳ, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 2 осорхонаи вилоятӣ, 9 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 6 хона-осорхона ва мавзеъҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ҳучанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.

Солҳои охир сохтмон ва аз навсозии Осоишгоҳи «Баҳористон», Маркази истироҳатии солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» дар шаҳри Гулистон, маркази истироҳатии солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, осоишгоҳи “Авис сити” дар шаҳри Истаравшан, меҳмонхонаи «Ҳуҷанд гранд ҳотел», «Хуҷанд делюкс» дар шаҳри Хуҷанд, «Нури Раҳмон» дар ноҳияи Айнӣ, «Сипеҳр» ва «Шоҳкант» дар шаҳри Бӯстон, маркази фароғатии «Суғд», маҷмааи фаввораҳо, пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Ҳуҷанд ва ба монанди инҳо ба истифода дода шуданд, ки барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ саҳми бориз доранд.

- Ҳар сайёҳ, албатта, ёдгориҳои маданию таърихиро тамошо кардан мехоҳад. Ҳамин тавр не?

- Бале, ёдгориҳои маданию таърихӣ яке аз сарватҳои беназири мамлакат ба шумор мераванд. Вобаста ба нишонаҳои асосиашон ёдгориҳои маданию таърихиро метавон ба гурӯҳҳои таърихӣ, археологӣ, шаҳрсозӣ, санъат ва ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ ҷудо кард. Ба ёдгориҳои таърихӣ – бино, иншоот, мавзеъ ва ашёҳои хотиравие, ки ба воқеаҳои гуногуни таърихии халқу миллат вобастаанд, ворид мешаванд, ки намунаи олии он Қасри маданияти “Арбоб”-и хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад.

Намунаи ёдгории археологии кишвар дар баробари димнаҳо (боқимондаҳои осори қадима, харобаҳои биноҳои қадимаю вайрона), боқимондаи шаҳру деҳаҳои қадима, муҷассамаҳои сунъӣ, қабристонҳои қадима, ашёҳои қадима ба ҳисоб рафта, Аҷинатеппаю Саразм мисоли гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Муҷассамаҳои ороишӣ ба ёдгориҳои санъат шомил буда, саноатҳои мақомоти давлатӣ ва идоракунии ҳуҷҷатҳои хаттӣ, кинофилмҳои ҳуҷҷатию дастурҳои қадима ба гурӯҳи ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ номнавис мегарданд.

Алҳол ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур ба ҳалли масъалаҳои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ба роҳ мондани муколама ва шарикии давлату бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкориҳои самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ ва ба сайёҳон алоқаманд, тақвият бахшидан ба фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, коркард ва интишори маводи иттилоотӣ ва тарғибу ташвиқи он, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори сарироҳӣ, инчунин тарбияи мутахассисон барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ диққати зарурӣ дода шудааст.

Имрӯз дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 10 ширкат, Панҷакент 23, Айнӣ ва Истаравшан 2 тогӣ ва Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон , Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон -1 ширкатӣ фаъолият мебаранд.

- Оё дурнамои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст?

- Соҳаи сайёҳӣ дар марҳалаи муосир аз рукнҳои ҷараёни ҳамгироии ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имкон дорад, равобити судманди байни кишварҳоро таъмин намояд. Маъмулан, сайёҳӣ ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ; табодули мол, ҳамлу нақл, хизматрасонии марбут ба сармоягузорӣ, равобити илмиву технологӣ ва иттиолотӣ мусоидат карда, ба дипломатияи мардумӣ тақвият мебахшад ва дар натиҷа ба наздикшавии маънавӣ ва фарҳангии миллатҳо замина мегузорад.

Самтҳои ояндадори соҳаи сайёҳӣ дар кишвар сайёҳии тиббӣ (табобат ва истироҳат дар осоишгоҳу дармонгоҳҳо); кӯҳнавардӣ, сайёҳии варзишӣ ва экологӣ; сайёҳии таърихӣ ва этнографӣ ва рафтинг, варзиши лиҷаронӣ дар кӯҳистон ва шикор буда, дар мамлакат алалхусус, сайёҳии экологӣ рӯ ба рушд дорад. Зеро 22 фисади масоҳати ҷумҳурӣ минтақаҳои табиии махсусҳифзшаванда мебошанд. Ҳар гиёҳу парандаи ин мавзеъҳо барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб хоҳад буд.

- Оид ба намуд ва хусусиятҳои сайёҳӣ чанд сухан мегуфтед?

- Дар ҳама гуна кишвар намудҳои сайёҳӣ ба хусусиятҳои инъикоси натиҷаҳои молиявӣ ба буҷети мамлакат ё минтақаҳои он вобаста аст. Аз рӯи ин аломат ду намуди сайёҳӣ – сайёҳии фаъол ва ғайрифаъол муайян карда шудааст. Сафари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ё сайёҳони ватанӣ ба минтақаи муайян сайёҳии фаъол ба шумор рафта, боиси воридоти маблағи муайян ба мамлакат ё минтақа хоҳад шуд. Сафари сокинони як мамлакат ба давлати дигар ва ба саёҳат рафтани сайёҳон аз як минтақаи мамлакат сайёҳии ғайрифаъол номида мешавад.

Барои он ғайрифаъол аст, ки ба баровардани маблағи муайян аз мамлакат ё минтақа мусоидат мекунад. Шаклҳои сайёҳӣ боз ба навъҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Ба онҳо ҳадафи асосии сафар, хусусияти ташкили он, шумораи сайёҳон, давомоти он, хусусияти синнусолии сайёҳон, истифодаи навъҳои нақлиёт ва усулҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мансубанд. Ҳамчунин, навъҳои гуногуни сайёҳӣ вобаста ба ҳадафҳои асосии он ба сафару саёҳат бо мақсадҳои истироҳату табобат, сайёҳии маърифатӣ, илмӣ ва тиҷоратӣ тақсим мешаванд, ки ҳар яке хусусият ва мақсадҳои гуногунро дорост. Инчунин, сайёҳӣ вобаста ба миқдори фурӯши роҳхатҳои сайёҳӣ ба сайёҳии мавсимӣ ва доимӣ ҷудо карда мешаванд.

Сафару саёҳати нисбатан мунтазами сайёҳон ба минтақаҳо ифодагари мафҳуми сайёҳии доимӣ мебошад. Дар мавриди сайру саёҳат ва сайёҳӣ метавон соатҳо ҳарф зад. Имрӯз мутахассисони ширкатҳои сайёҳӣ доир ба ҳар як намуди сайёҳӣ маълумоти муфассалеро ба ҳар як сайёҳ дода метавонанд. Зиёда аз ин дастури муфассалеро бо унвони “Сайёҳӣ: имконият, шароит ва дурнамо” омода ва ба тамоми ширкатҳои сайёҳӣ дастрас намудаем.

Китоби мазкур самтҳои асосии рушди соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба сайёҳон, роҳҳои ташкили саёҳатҳои мухталиф баҳс мекунад ва дастури рӯимизии тамоми кормандони шуъбаю бахшҳои сайёҳӣ, ширкату ҷамъиятҳо хоҳад буд.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Мусоҳиб
Шоира КАРИМЗОДА

Add comment


Security code
Refresh