ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ - ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» конфронси илмӣ дар мавзӯи «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ - вазифаи ҳар як шаҳрванд» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ҳифзу тарғиби объектҳои таърихӣ, ёдгориҳои моддию ғайримоддӣ, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию хештаншиносии ҷавонону наврасон ва гузоштани мероси ниёгон ба насли оянда мебошад.

Дар он бостоншиносон, намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва котибони масъули ҳифзи ёдгории шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ маърӯза карданд.

Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазору 413 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст. Аз ин шумора 2 ҳазору 408 ёдгории бостонӣ, 798 ёдгории меъморӣ ва 441 ёдгории монументалӣ мебошад.

Намояндаи Раёсати фарҳанг Фароғат Усмонова дар мавзӯи «Ёдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун» суханронӣ намуда, иштирокчиёни конфронси илмиро ба муносибати рӯзи байналмиллалии “Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ” табрик кард.

Доктори илмҳои таърих, бостоншинос, роҳбари дастаи ҳафриётии шимоли Тоҷикистон дар мавзӯи «Барномаи давлатии ҳифз ва барқарорнамоии ёдгориҳои фарҳангию таърихии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки вилояти Суғд ҷиҳати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бойтарин минтақаи кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро дар шаҳрҳои Исфараю Истаравшан теъдоди зиёди ёдгориҳои таърихӣ кашф шудааст.

- Ҳифз ва гиромидошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бозгӯи таърихи қадимаи тоҷикон ба наслҳои минбаъда маҳсуб мешавад. Ҳамасола дастаи ҳафриётии ёдгориҳои таърихӣ аз гӯшаву канори Тоҷикистон бисёр ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро кашф мекунанд, ки аксарияти онҳо аҳмияти ҷаҳонӣ низ дорад, - гуфт ӯ. 

Боиси қайд аст, ки осорхонаи таърихии вилоят тӯли фаъолияти худ, ҳазорҳо ашёи таърихӣ - фарҳангӣ ҷамъоварӣ намудааст. Алҳол дар  маъхази осорхона нигораҳои асосӣ ба миқдори 16044 адад ва нигораҳои  ёрирасон ба миқдори 8325 ададро ташкил медиҳад. Дар маъхаз ва намоишгоҳи осорхона ёдгориҳои арзишноктарин гирд оварда шудааст.

Дар конфронс ба якчанд олимону бостоншиносон, котибони масъули ҳифзи ёдгориҳои шаҳру ноҳияҳо ва кормандони осорхона Ифтихорномаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд тақдим карда шуд.   

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh