МУҲАББАТУ НАЗОКАТИ ЧАКАН
- Details
- Published on Friday, 23 April 2021 13:39
Дирӯз саҳни ҳавлии Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён” – и шаҳри Хуҷанд идгоҳро мемонд. Қолинҳои рангаву сӯзаниҳои густурда, косаву табақҳои сафолину кандакориҳо ва дар назди ҳар яке аз ин эҷодкориҳо занону духтарони куртаи чакан ба бару мардони ҷома ба тан ва садои мусиқии классикӣ хабар аз умри тоҷикони беш аз ҳазорсоладошта медиҳад. Назди эшон меравам ва аз офаридаҳояшон пурсон мушавам, ҳар яке аз касбу кори худ, аз таърихи косаву табақу куртаву сӯзаниҳову қуроқ, аз қадим то ба мо мерос омадан ва бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли наздик сӣ сол ҳунарҳои аҷдодиро меомӯзанду ба насли имрӯзу фардо мерос мегузоранд, бо як муҳаббати хоса ҳарф заданд.
Дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён” – и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти унвони “Сад ранги чакан” ва “ҳунар аз зар беҳтар бувад” фестивали вилоятӣ баргузор гардид. Онро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшида, аз боби солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва баргузории имрӯза чорабинӣ, ки ҳанӯз дар оғози моҳи апрели соли равон даври якуми он дар шаҳру навоҳии вилоят доир гардида буд, ёдовар шуд. Доир ба нерӯи созандаи ҷомеа - занону духтарон, нақши онон дар ободонии кишвар изҳори ақида намуда, аз суханронии Пешвои муаззами миллат ёдовар шуд: “Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд”.
- Бо иқдоми Президенти мамлакат, - қайд кард Зайнура Азимӣ куртаи чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар феҳрасти созмони ЮНЕСКО расман ба қайд гирифта шудааст. Ва баргузории Фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” ва “ҳунар аз зар беҳтар бувад” ба хотири гиромидошти фарҳанги миллӣ буда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва густариш бахшидани нақшу нигор , сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунарҳои аҷдодӣ равона гардидааст. Мақсади асосии баргузории чунин фестивалҳо баланд бардоштани эҳсоси ватандориву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг ва расму оинҳои милливу мардумӣ ва муаррифии санъати ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Натиҷаҳои истифода аз чунин имкониятҳо собит месозад, ки ҳамасола ҷудо гардидани грантҳо тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида зиёда аз 550 нафар занону духтарон бо кору омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ин натиҷаҳои назаррас баёнгари он аст, ки доираи фарогирии бонувону духтарони вилоят ба ҳунаромӯзӣ ва дӯхтан пайваста афзун мегардад. Бо ин восита шумораи бекорон коста гардида, вазъи иҷтимоии аҳолии вилоят низ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Дар доираи эълон кардани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба аҳли ҳунар як қатор имтиёзҳо дода шуд. Аз ҷумла, истеҳсоли зиёда аз 105 ҳунарҳои мардумӣ дар хона ба роҳ монда, онҳоро ба фурӯш мебароранд ва аз андоз озоданд.
- Дар баробари ин боварии комил дорем, ки, - гуфт муовини Раиси вилоят, - дар тақвияти пешниҳоди Пешвои миллат шумораи ҳунармандон боз ҳам афзун гашта, ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик, аз ҷумла, атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ, дӯзандагӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ, шонатарошӣ, тӯппидӯзӣ, заргарӣ, чармгарӣ, рассомӣ ва амсоли онҳо аз нав эҳё гашта, маҳсули дасти ҳунармандон ба маърази тамошои умум, ба бозорҳои дохиливу хориҷ пешниҳод мегарданд. Баргузории чунин фестивалҳо имкон медиҳанд, ки ҳунарҳои то ба имрӯз аз хотиррафта ва анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзӣ дар ин ё он маҳал, санъатҳои гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва нақшҳои дигари ҳунарҳои бойи миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Бонувони ҳунарманди вилоят бо як малакаву маҳорати хоса ҳунари чакандӯзии ин ё он маҳалро аз бар мекунанд ва бо ин васила шавқу рағбати занону духтаронро нисбат ба пӯшидани сару либоси миллӣ, хоса чакан бедор хоҳанд кард.
Тавре Зайнура Азимӣ ёдовар шуд, солҳои ҳунарҳои мардумӣ имкон фарҳам овард, ки ҳамагон аз ҳунари безаволи аҷдодӣ ёдовар шавем, ки он муаррификунандаи давлату миллат, рушди ҳунару ҳунармандӣ, ташаккули фарҳанги миллӣ ва дар баробари ин таъмини зиндагонии шоистаи ҳар як оила мебошад.
Шуҳратёр гардидани ҳунарҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ба куртаи чакан, аз санъати қадимтарин будани он, тибқи мушаххасоти бостоншиносон макони тавлиди онро мавзеи Фархор медонанд, садрангии куртаи чакан аз нафосату назокат ва зебоиофар будани мардуми тоҷик, ки таровати баҳори гулбасарро мемонаду чун нусхаи чаманистон ҳусни ҷаҳонро афзун мегардонад, дарак медиҳад.
Тарроҳони моҳир ба либоси кӯдаконаю бачагона ҳунари эҷодии худро наққошӣ намудаанд, ки аз садрангии он дили наврасон ба шавқ омада, аҳли нишаст ба шодии онон шодишарикии хешро бо қарсакҳои бардавом собит сохтанд. Либосҳои аврупоии омехта бо тарҳи миллӣ бошад, завқи бадеии тамошобинро бедор сохт.
Аз ҷониби ҳакамон беҳтарин тарроҳон ва ҳунармандон дар номинатсияҳои гуногун муайян карда шуданд ва дар либоси қадимаи чакан се мақоми аввал ба Наргис Абдувалиева аз шаҳри Бӯстон, Саломат Азизова - ноҳияи Мастчоҳ, Назира Пӯлодова - ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар либоси бачагона – Меҳрнӯш Бойматова - шаҳри Гулистон, Заррина Холмирзоева - ноҳияи Зафаробод, Хуршеда ҳазратқулова - шаҳри Истиқлол, дар либоси рӯзмарра - Шаҳноза Аҳмадова - ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Адолат ҳоҷиева - шаҳри Гулистон, Насиба Одинаева - ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар либоси маросимӣ ва идона Матлуба Ниёзова - шаҳри Хуҷанд, Зиёда Муҳаммадиева - шаҳри Истаравшан, Гулноза Мамадқулова - ноҳияи Шаҳристон, дар беҳтарин либоси расмӣ Мадина Абдуллоева - ноҳияи Ашт, Сабоҳат Ӯрунова - шаҳри Конибодом, Парвина Миралиева - шаҳри Исфара, ҳамчунин ба беҳтарин ҳунармандони сӯзанидӯз, дӯзанда, тоқидӯз, кандакор ва ғайра Сипосномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳо супорида шуданд.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”