«ГӮШВОРИ ГЕЛОС»

«Гӯшвори гелос» барги сабзе маҷмӯаи чакидаҳои кӯтоҳи шоири хушқареҳа Сурайё Ҳасансултон бо таҳияи номзади илмҳои филолгӣ Сабур Носиров нашр шуд, ки беҳтарин сурудаҳои кӯтоҳи муаллифро дар бар мегирад ва барои дӯстдорони ашъори дилангези шоир метавонад, туҳфаи хубе бошад. Маҷмӯа ба рӯҳи поки дӯсти муштараки муаллиф ва мураттиб Иқбол Илёсзода бахшида шуда, он дар матбааи ЭР-граф – и Душанбе чоп шудааст.

Китоб бо хати - сирилик ва форсӣ пешниҳоди хонанда шудааст. Бояд гуфт, ки то ин дам ашъори дилангези Сурайё Ҳасансултон дар чаҳор маҷмӯа бо номҳои «Даричаи умед», «Даст ба дасти орзу», «Хаёли обии Сайҳун», «Чил дарси камол» пешкаши хонандагону ҳаводорон гардидааст. Чакидаҳои ин бонуи сухан дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр шудаанд.

Шеърҳояш аз қалби поку беолоиш ва ботини комилу болиғи ӯ бархоста, ба дилҳо менишинад, қалби ӯ саршор аз муҳаббат, дарди ишқ, зиндагӣ ва ҷомеа аст. Сурайё Ҳасансултон чӣ дар қолабҳои суннатии арӯзӣ ва чӣ дар қолабҳои нав зебову гуворо шеър мегӯяд. Ғазал, мухаммас, рубоӣ, дубайтӣ ва шеърҳои сафеду чакидаҳои кӯтоҳи шоир ҳамагӣ латифу дилпазиранд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh