«ЛОЛАИ БОМИ ВАТАН»

Шоир Нусратулло Бобоев, ки бо тахаллуси "Тилло" шеър мегӯяд, китоби савуми худро бо номи "Лолаи боми Ватан" рӯйи чоп овард. Бояд гуфт, ки китоби нахустини ӯ бо номи “Соянури офтоб” соли 2003 ва китоби дувум бо номи “Дабистони Ишқ” соли 2015 рӯйи чоп омадаанд.

Дар китоб асосан шеърҳо оид ба ватану ватандӯстӣ чой дода шудааст. Агар ба мазмуну муҳтавоҳои шеърҳои китоб назар афканем дарк мекунем, ки муаллиф дар ғарибӣ мебошад, вале дар қалби ӯ фақат як калима ҷой дорад, ки воҷаи "Ватан" аст:

Ба ростӣ, ки Ватан як биҳишти дастрас аст.

Зи кулли даҳр маро кунҷаки диёр бас аст.

Басо, ки гулшану гулгашт дидаам, бар ман,

Роҳи Ватан бинамоед, гарчӣ хору хас аст.

Чунин мисраъҳо дар китоби Нусратулло Бобоев хеле ва хеле зиёданд ва ҳар чакида, дар китоби мазкур дардҳои дили шоири муҳоҷир мебошанд.

Нушервон АШӮРОВ,

донишҷӯи шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh