ҚАБУЛИ ТАРҲИ НАВИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚӢ
- Details
- Published on Friday, 07 May 2021 10:39
Конфронс бахшида ба «Рӯзи байналмилалии озодии баён» ва ҷаласаи умумии ҳисоботӣ – интихоботии солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Хаят»-и шаҳри Душанбе бо иштироки рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо далели маҳдудиятҳо иштироки ҳамаи аъзои худро дар кори конфронс ва ҷаласаи солона таъмин намуда, барои ширкати фосилавӣ – онлайнӣ тавассути платформаи ZOOM шароит муҳайё намуд.
Раиси Шӯрои воситаҳои ахбори омма Бахтиёр Ҳамдамов нахуст иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс ифтитоҳ бахшид ва аз муваффақияту норасоиҳои солонаи шӯро гузориш дод.
Иршод Сулаймонӣ – узви Раёсати Шӯрои воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти ҷурналистӣ аз ҷониби ВАО», раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев дар мавзӯи «Вазъи имрӯзаи ВАО: дурнамо ва мушкилот» сухан гуфтанд. Маълум гардид, ки мушкилоти имрӯзаи намояндагони васоити ахбори омма дастрасӣ ба иттилоот аст. Дар конфронс ҳамчунин Президенти Прессклуби Еревании Ҷумҳурии Арманистон Борис Наварсардян дар мавзӯи «Шаклҳои худтанзимкунии ВАО дар Арманистон ва таҷрибаи баррасии шикоятҳо нисбат ба рӯзноманигорон», раиси Иттифоқи ҷурналистони Ҷумҳурии Литва дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти ҷурналистӣ дар Тоҷикистон: зарурияти тағйиру иловаҳо ба он» баромад намуда, фикру ақидаҳои худро иброз доштанд. Баъдан раиси комиссия Шаҳло Акобирова тарҳи нави Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти ҷурналистиро муаррифӣ ва баррасӣ намуд. Иброз гардид, ки барои омода сохтани тарҳи нави меъёрҳои ахлоқии фаъолияти ҷурналистӣ аъзои шӯро беш аз як сол заҳмат кашида, ба он тағйиру иловаҳо ворид сохтанд.
Дар конфронс ҷоизаи «Эътимод» - и Шӯрои воситаҳои ахбори омма насиби рӯзноманигорон Раҷаби Мирзо, Фаридуни Фарҳодзод ва Қодиршо Муруватов гардид.
Иштирокдорон ёде аз соҳибқалами варзида Иқбол Тешаев карда, ҷоизаеро бо унвони «Сухангӯи беҳтарин» таъсис ва нахустин гирандаи он - сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаби Мирзо Эҳсони Хушбахтро сазовори он донистанд. Ҳамчунин, мукофоти пулӣ ба аҳли оилаи Иқбол Тешаев тақдим карда шуд. Соҳибқаламон Мазҳаб Ҷумъаев, Ёқуб Ҳалим, Далер Мерганов, Ҷамшед Маъруф ва Абдулло Ғурбатиро барои соҳиб шудан бо ҷоизаҳои «Ҷасорат ва рисолати касбӣ» ва «Отахон Латифӣ» таҳният гуфтанд.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»