НАВОЕ АЗ ҚАЪРИ АСРҲО

«Шашмақом» достони муҳташами савту калом аст, ки дар навоҳои он беҳтарин ва олитарин орзуву пиндорҳои неки аҷдодони мо таҷассум ёфтаанд. Он қаблан аз дувоздаҳ мақом иборат буд. Баъдан ба шаш мақом ҷудо шудааст, ки аз мақомҳои дугоҳ, рост, наво, сегоҳ ва ироқ иборат мебошад. Дар Самарқанду Бухоро «Шашмақом» аслан мусиқии дарбориён маҳсуб меёфт. Онро асосан шоҳону вазирон ва одамони сарватманд гӯш мекарданд. Хушбахтона, ин ҷанр то кунун обрӯву нуфузи худро нигоҳ дошта, маъруфият пайдо кардааст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Асосгузорони «Шашмақом» ро дар Тоҷикистон, бешубҳа, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев ном бурдан мумкин аст, ки барои барпо доштани ин санъати волои тоҷикӣ хизматҳои шоён кардаанд.

12‐уми майи соли 2000 барои мухлисони ин санъати воло рӯзи таърихӣ ва хурсандибахш буд. Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати махсус оид ба «Инкишофи минбаъдаи санъати «Шашмақомхонӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, шурӯъ аз он санаи муборак 12 – уми май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» сар то сари ҷумҳурӣ ботантана таҷлил мегардад. Аз он лаҳза то кунун дар вилояти Суғд 11 ансамбли мақомсароён фаъолият дошта, ҳаводорони санъати нобро бо оҳангҳои марғуб дилхуш менамоянд.

Боиси хушбахтист, ки дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Зафаробод, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Панҷакент ансамблҳои шашмақомсароӣ таъсис ва дӯстдорони онро ҷамъ овардааст. Дар ноҳияҳои Мастчоҳу Деваштич бошад, маҳфилҳои худфаъолият амал карда, устодони мусиқӣ ба шогирдон дарси ин намуди санъатро меомӯзанд. Ворисони арзандаи бузургони санъат кӯдакону наврасон ва ҷавонон низ аз ин омӯзиш дур намондаанд. Дар назди бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии “Шашмақом”фаъолият дошта, фазои фарҳангии вилоят аз ҳисоби онҳо пур гаштааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмил ва рушди минбаъдаи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва мусиқии халқи тоҷик дар заминаи арзишҳои асили мақомхонӣ, равнақ додани ҳисси зебоипарастии халқ, тарбияи мардум дар руҳияи эҳтиром нисбат ба мероси маънавии ниёгон бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 26‐уми октябри соли 2000‐ум, таҳти № 314 дар шаҳри Хуҷанд ансамбли касбии мақомхонони “Нури Хуҷанд” таъсис дода шуда, аз 1‐уми январи соли 2001 ба фаъолият пардохт.

Сарварии ансамблро Артисти Хал‐қии СССР, сарҳофизи миллат устод Ҷӯрабек Муродов ба уҳда дошта, барои ободӣ ва пешрафти кори ансамбл, тарбияи як зумра ҷавонони соҳибистеъдод саҳми босазо мегузоранд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ансамбли “Нури Хуҷанд” беҳтарин навозандагон ва овозхонони сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷамъ омадаанд, ки мутахассисони касбии соҳаи хеш маҳсуб меёбанд. Дар давоми 20 соли фаъолият ҳунармандони муассисаи давлатии ансамбли “Нури Хуҷанд” ҳамаи қисмҳои асари “Шашмақом”‐ро аз бар намуда, силсилахонии асари “Шашмақом” ро дар алоҳидагӣ ба роҳ мондаанд. Хурсандиовар он аст, ки ҳунармандони ансамбл иқдоми тозаро роҳандозӣ намуда, бори аввал сисилаи суруду таронаҳои мақоми “Ироқ”‐ро ба пуррагӣ тавассути барномаи консертӣ дар маркази Фарҳанги шаҳри Хуҷанд ва дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара барои мухлисони санъати классикӣ пешниҳод намуданд, ки хеле хуб пазироӣ гардид. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар омӯзиши асари безаволи “Шашмақом” саҳми омӯзгори ансамбл, дорандаи медали “Хизмати шоиста” Абдумавлон Дадобоев, мудири қисми бадеии он Шаҳриёр Саломов, ҳамчунин Камолиддин Ҳамдамов хеле назаррас аст, иброз дошт Ҷӯрабек Муродов.

Бале, “Нури Хуҷанд” меваи боғи Истиқлоли тоҷик аст. Дар ин боғи муҳаббат ҳунармандон беҳтарин равишҳои хониши мақомро аз устоди ин фан шодравон Боймуҳаммад Ниёзов омӯхтаанд. Боиси хурсандист, ки ҳунармандони ансамбл Насиба Омонбоева, Зумрад Самеъҷонова, Хуршед Иброҳимов, Сироҷиддин Ҷӯраев, Олимҷон Солиев, Камолиддин Ҳамдамов ба Академияи мақоми шаҳри Душанбе даъват шуда, онро бо сарбаландӣ хатм намудаанд ва имрӯз фаъолияти худро дар манотиқи гуногуни кишвар идома медиҳанд.

Садои марғуб ва дилошӯби Гулнозаву Абдуқаҳҳор – ин наврасони олами зебоиофар дар толорбудагонро ба ваҷд меовард. Кафкӯбиҳои пурмавҷи тамошобинон ва садоҳои таҳсину офарин иштирокдорони чорабинии фарҳангиро танинандоз буд. Меҳмонон ҳарчанд борҳо аз садои хуши ҳофизони номдор Абдулазизи Самарқандӣ, Содирхони Ҳофиз, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Набиеву Ҷӯрабек Муродов ва Сабоҳат Наҷмиддинова бархурдор шуда бошанд ҳам, аммо пайрави ин ҳофизони хунёгар шудани ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлолро ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар медонистанд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси ҳунармандону мутахассисон ва донишмандони соҳа, ҳамчунин дастгириву ғамхориҳои роҳбарони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар назди бахши фарҳангии шаҳр Ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии классики “Шашмақом” таъсис дода шуд.

 Мақсад аз таъсиси ин ансамбл дарёфти ҷавонону наврасони лаёқатманду мусиқишинос, таҳкими санъати иҷрокунандагӣ ва сайқал додани ҳунари волои мусиқии классикӣ, алалхусус санъати мусиқии “Шашмақом” маҳсуб меёбад. Маҳз, бо ташаббуси устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Султоналӣ Худойбердиев дар вилояти Суғд нахустин Маркази «Ҳунар» оид ба фаъолияти мактаби мусиқии бачагони боистеъдод дар заминаи суннатҳои усто‐шогирдӣ таъсис ёфт. Ба марказ беҳтарин устодони санъат, ҳунармандон ва мутахассисон даъват шуда, баҳри тарбияи шогирдони арзандаи диёр саҳмгузор шуданд. Шогирдони марказ аз Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Набиев, Мастона Эргашева, ҳофизони халқӣ Баёнқул Облоқулов, Умриҷон Баҳриев, Абдураҳим Шерматов, Тошбой Салимов, Усмонҷон Юсуфов, Абдураҳмон Ҳасанов, Ҳабиб Поччокалонов, Фурқат Шарифов, Аҳрор Ботиров, Собирҷон Исмоилов, Тоҳирҷон Аюбов ва даҳҳо соҳибкасбони мусиқии анъанавӣ дониш андӯхта, барои рушд ва густариши санъати мусиқии “Шашмақом” ҳиссаи беқиёс гузоштаанд.

Хушбахтона, имрӯз ансамбли “Шашмақомсароён” и наврас рушду такомул дорад. Барои бакамолрасии шогирдони арзанда роҳбари ансамбл, номзади илмҳои санъатшиносӣ Султоналӣ Худойбердиев кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ворисони арзандаи мақомсароёни тоҷикро созмон дода бошанд. Барои ин ӯро роҳбари бадеии ансамбли санъати мусиқии классикии “Шашмақом” Умедҷон Қодиров, роҳбари мусиқӣ Фарҳод Ёрматов, муаллими ансамбл Сардорбек Солиев ёрирасонанд. Таъсиси ансамбли “Шашмақомсароён” и наврасону ҷавонони санъати мусиқии классикӣ, ки дар назди бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад, мепиндорам, ки идомаи кори эҷодии пурсамари устодони санъат мебошад.

Имрӯз фахр дорем, ки шогирдони бовафое мисли Гулноза Fаффорӣ, Абдуқаҳҳор Ғаффоров, Гулчеҳра Раҳимова, Омадёр Султонов, Камолиддин Худоймерганов ва дигарон дорем, ки барои густариши санъати мусиқии тоҷик муаррифгари ҷаҳониён шудаанд. Боиси хушбахтиву сарфарозист, ки шогирди бовафои мо Камолиддин Худоймерганов дар соли 2020 иштирокчӣ ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардида, ҳидоятгари парвозҳои баланд шуд. Ҳамчунин, ба наздикӣ дар озмуни телевизионӣ бахшида ба 80 – солагии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ансамбли шашмақомсароёни наврасону ҷавонони санъати мусиқии классикӣ ва мақомсароёни он Бахтовар ва Абдусаид Ғаффоровҳо сазовори мақоми ифтихорӣ гардиданд, иброз дошт роҳбари ансамбл Султоналӣ Худойбердиев.

Бале, «Шашмақом» мусиқии беш аз ҳазорсолаи фарҳанги тоҷикон буда, аҳамияти он хеле бузург аст. Ин суруд моро бо таърихи бойи мусиқии суннатии орифонаи халқи тоҷик ошно месозад ва дар ин замина ба ашъори пурқимати шоирони классик шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшад. Вақти шунидани ин мусиқии гӯшнавозу суруди дилошӯби сарояндаи он кас рӯҳу илҳоми тоза ва лаззати аҷиберо эҳсос менамояд. Бошад, ки шашмақомсароёни ҷавон ҳунармандони асил, ҳофизони беҳамто ва поягузорони бузурги Борбади хунёгар ба камол расанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh