Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Шашмақом

Ҳунармандони санъати воло, навозандагону сарояндагон ва кулли шунавандагонро бо Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола 12-уми май таҷлил карда мешавад, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сидқан табрик ва муборакбод намуда, ба ҳамагон саломатӣ, барори кору фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтари эҷодиро таманно менамоям.

Дар хазинаи мадании мусиқии халқи тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, санъати шашмақом пурқиматтарин дури гаронбаҳо буда, ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо сайқал дода, ғанитар гардониданд.

Шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик «Шашмақом» асрҳои аср аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омада расидааст. «Шашмақом» силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик буда, дар як низоми муайян мураттаб гардида, мероси мусиқии мардуми тоҷик аст ва аз шашмақом- «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» мебошад. 

Мусиқии «Шашмақом», ки тайи садсолаҳо наво ва каломи тоҷикии худро гумм накарда, ба тариқи шифоҳӣ то ба замони мо омада расид, аз зумраи падидаҳои тамаддунҳои бузурги қадимаи миллати тоҷик ба шумор меравад.

Ҳар як фарди кишвари мо бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки "Шашмақом" зода ва парвардаи фарҳанги беш аз ҳазорсолаи тоҷикон аст. Ниёгони мо барои ҳифзу густариши он солҳои сол заҳмати зиёд кашидаанд.

Мардум номи ҳунармандони шинохта, санъаткоронеро, ки бо ҳунару маҳорати волои навозандагию сарояндагӣ ва офаринишу эҷод, чун Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Набиеву Ҷӯрабек Муродов ва даҳҳо дигарон ба дилу дидаи ҳазорон-ҳазор мухлисон ҷой гирифтаанд ва арзишҳои умумибашарии фарҳанги миллии санъати мусиқии классикии шашмақомро дар арсаи олам маъмулу машҳур гардондаанд, гиромӣ медорад.

 Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, минҷумла Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Деваштич ва Мастчоҳ ансамблҳои шашмақомхонон амал мекунанд. Дар маркази вилоят ансамбли овозадори «Нури Хуҷанд» таҳти сарварии Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов  ва дар назди бахши фарҳанги шаҳр ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии классикии шашмақом фаъолияти пурсамар дошта, дар тарбияи зебоипарастии мардум ва наслинаврас, тарғиби санъати мусиқии «Шашмақом» саҳми бориз мегузоранд.

Бо боварии том метавон гуфт, ки ҳунармандони вилоят минбаъд низ анъанаҳои неки санъати шашмақомхониро идома дода, барои рушду нумӯи ин ҳунари воло, тарбияву камолоти истеъдодҳои ҷавон, нерӯманд гардондани маданияту маърифати мардум қуллаҳои боз ҳам баланди эҷодиву ҳунариро фатҳ менамоянд.

Рӯзи Шашмақом муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh