ОЗАРАХШ: ШЕЪРИ ЛОИҚ ДАР НАБЗИ МИЛЛАТ МЕТАПАД

Ба истиқболи 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ

Соли 2021 воқеан, соли таърихист, соли арҷгузориҳо, соли пур аз ифтихори миллӣ! Дар баробари омодагиҳо ба тантанаи бошукӯҳи 30-солагии  Истиқлолияти давлатӣ мо чанд ҷашнҳои бошукӯҳ дорем, ки 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аз ин шумор мебошанд.

 Ба истиқболи 80-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ суҳбате доштем бо Шоири халкии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш, ки фишурдаи суҳбату хотиротро манзури хонандагони  рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» менамоем.

-Ҷашни 80-солагии зодрӯзи абарустодро бароятон муборакбод мегӯем лутфан бигӯед, ки  номи Лоиқ дар зиндагии Шумо нақше дошт?

  -Ташаккур барои Шумо низ муборак! Барои Ватан, барои миллат муборак бод.

Исми Лоиқ дар зиндагии ман мисли он аст, ки Лоиқ  дар адабиёти муосири тоҷик ва ҷаҳон мавқеъ дорад. Лоиқ шоирест, ки исмашро ба забон мегиред ва як адабиётро ба ёд меоред. Дар қатори беҳтарин шоиру нависандагони адабиёти ҷаҳон.

Дар ҳаёти шахсиам монанди исми Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Қутбӣ Киром, Мастон ШералӣУбайд Раҷаб, ки мо аз кӯдакӣ бо номи онҳо ошноем ва ҳамеша орзуи диданашро доштем, азиз аст. Аз кӯдакӣ орзу доштем, ки устод Лоиқро бубинем, ба дидорашон бирасем.

Аввалин вохӯрие, ки бо устод доштам, замоне сурат гирифт, ки бо падарам менишастем ва аз радиои ҷумҳурӣ садои гирояшон мерафт, ки аз «Хонаи дил»-ашон ғазал мехонданд. Вақте ғазал ба поён расид, падарам сӯям нигаристанду гуфтанд: «бачам, ман орзу дорам, ки ту ҳам замоне  аз тариқи радиои ҷумҳурӣ шеърҳоятро монанди Лоиқ бихонӣ». Бояд бигӯям, ки ман аввалин шеъргунаҳоямро он замон танҳо ба падарам  нишон медодам. Ин нахустин мулоқоти ман бо устод Лоиқ буд.

Замони донишҷӯӣ барои  маҷаллаи «Садои Шарқ» ду шеър бурдам назди устод Гулназар. Он кас мудири бахши назми маҷалла буданд. Шеърҳоро гирифтанд ва ба номам нигаристанду гуфтанд: Толиб Каримов чи қадар номат барҷаста, агар Толиб Карим шавад ва «ов»-ашро хат заданд.

Яке аз ду шеърро хуш истиқбол намуданд ва гуфтанд, ки онро нашр хоҳанд кард. Он шеър  «Беди маҷнун» ном дошт. Пас аз ҳафтае ҳанӯз шеър нашр нашуда, дар як маҳфили донишгоҳӣ устод Гулназар маро дида гуфтанд:

-Толиб, шеъратро ба устод Лоиқ пешниҳод намудам, хуш қабул карданд.

Хуш пазируфтани шеърам аз ҷониби Лоиқ барои ман хеле давлати бузург буд ва ин дидори дувуми ман бо устод буд.

Албатта, баъдан дар маҳфилҳо устодро зиёд медидам ва соядасташонро ба китобҳояшон мегирифтам, аммо ҷасорати суҳбат карданро надоштам.

Дидори рӯ ба рӯ  бо устод дар арафаи  туйи хонадоршавии мо сурат гирифтааст.  Он касро ба туй даъват кардем ва Лоиқ  аз Душанбе ба Хуҷанд ба туйи мо  омаданд.

-Устод дар ҳамин маврид мехоҳам аз Шумо пурсон шавам, ки дар бастани паймони муҳаббат бо Фарзона устод Лоиқ чӣ нақше доранд? Мегӯянд, ки ба ин иттиҳод Лоиқ мусоидат кардаанд, то куҷо ин ҳарфҳо ҳақиқат доранд?      

- Устод Лоиқ падари маънавӣ ва устоди рӯ ба рӯи Фарзона буданд.

-Устод, дар ин ҷо як суоли дигар пайдо мешавад, ки  Шумо ва Фарзона  бо ҳам чӣ тур  ошно шудед, кай қарор додед, ки риштаи муҳаббатро ҷовидони пайванд занед?

- Мо тавассути саҳифаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо ҳам вохӯрдем (механданд). Шеъри Фарзона дар ин ҷарида нашр шуд ва ин  аввалин ошноии ман бо исми ӯ буд.  Сипас дар машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ бо ҳам ошно шудем.  Мо дар бағали шеъру адабиёт бо ҳам омадем.

Пеш аз хонадоршавӣ,   албатта, маслиҳати устодро гирифтаанд. Баъдан устод гуфтанд, ки ман бовар доштам, ки ин интихоб беҳтарин аст.

Лоиқ дар туйи арӯсии мо садри маҳфил буданд, суҳбатҳову шеърхонӣ ва рақси Лоиқонаашон дар ёдҳо ҷовидонӣ мондааст.

Суҳбати мо ҳамчун шогирд ва устод хеле ҷиддӣ мегузашт мо фосиларо хеле нигаҳ медоштем, воқеан хоксор, бошаҳомат ва бузург буданд. Ҷуръати шеър хондан, ҳатто суҳбат намудан кам буд. Бештари о ман аз устод меомӯхтам, аз суҳбатҳояшон, аз  мактаби шоирӣ  дарс мегирифтам.

-Дар ин робита мегуфтед, ки ҳамчун шоир ва шахсият устод Лоиқ дар Шумо чӣ чизеро тағйир доданд?

- Устод натанҳо дар ман, балки дар адабиёти тоҷик тозакориҳо оварданд. Агар падидаҳои  шеъри муосиру модерн аз устод Айнӣ оғоз шуда, бо навиштаҳои  Абулқосим Лоҳутиву Мирзо Турсунзода ва сипас Аминҷон Шукӯҳиву Қутби Киром зина ба зина рушд ёфта бошад, инқилобро ба шеъри муосири мо устод Лоиқ оварданд.

Ман аз хурдӣ  хеле зиёд шеърашонро аз ёд медонистам ва бисёр сурудҳоямро эҷодиёти эшон мехондам. Албатта, ин муҳаббат ва ошноӣ ба шеърам, ба худам таъсиргузор буд. Вақте ба сафари ҳунарӣ бо ансамбли «Наврӯз»-и донишгоҳ ба Кобул рафтем, шеърҳои Лоиқ, ки ман онҳоро бо оҳанг сароидам, истиқболи гарм ёфт. Ровии консерт Амон Ашкрез ба ашъори Лоиқ дил баст ва дар оғози ҳар як  консерт як ғазали устод Лоиқро аз «Хонаи дил», ки барояш ҳадя намуда будам, мехонд. Мардуми Афғонистон бо шуру шавқи зиёд ин ғазалҳоро истиқбол менамуданд. Ин муҳаббат ва самимияти мардум ба ашъори шоири тоҷик, воқеан, дар замони Шӯравӣ аз шаҳомати ҳунари шоири мо дарак медод, ки ин ҳам бароям дарс буд.

Лоиқ Шералӣ бо шеърашон дар руҳу ҷони ман пайванд шуданд. Нафаси тозаи шеъри муосир, ки аз ҷониби Лоиқ мевазид, бароям илҳомбахш буд. Воқеан сабки хуросонӣ, ки ҳазорсолаҳои таърихро паси сар кардааст дар шеъри Лоиқ боз ҳам ҷилои нав пайдо кард. Устод  пайванде буданд аз Рӯдакӣ то имрӯз. Устод хоса дилдодаи  ашъори Соиб буданд. Маснавии Мавлоно Румиро мушикофона мехонданду муаррифгари «Девони Шамс» буданд. Гавҳаршинос буданд. ҳамеша ҳамроҳашон дафтарчаи луғат доштанд, ҳар воҷаи наверо, ки мешуниданд, ҳатман қайд мекарданд.  Дар густаришу такомули забони тоҷикӣ саҳми беандоза доштанд, корҳои зиёде дар навсозии забон карданд. Воҷаҳои нав  сохтанд, қадам ба қадам зиндагишон шоирона буд. Шеърашон ҳам самимӣ буд, ин аст, ки ба муҳаббат ва садоқати мардум сазовор шуданд.

-Шумо аз гавҳаршиносии устод ёд кардед, дар ин робита мехостам дар мавриди хайрхоҳии Лоиқ нисбат ба истеъдодҳои ҷавон, тарбияи шогирдон ва мактаби устод пурсон шавам. Андешаи Шумо ба ин мавзӯъ чигуна аст?  

-Мутаассифона, инсон дар замонаш намефаҳмад, аммо баъди устод Лоиқ ман сахт дарк кардам, ки мо дар адабиёт бепадар мондем. Устод бо вуҷуди сахтгир будан ба ҷавонон хайрхоҳ буданд. Гапи дурӯғ надоштанд. Агар  шеър суст бошад, рӯирост изҳор медоштанд. Имрӯз дар даргоҳи шеър рӯбинии зиёд аст.

Албатта, далели гаваршиносиашон муаррифии Фарзона, Сиёвушу Суруш барин соҳибистеъдодҳо ба адбиёти тоҷик  мебошад. Устод Лоиқ ҷавҳари пургуҳари ин ҷавононро дида тавонистанд.

Дуои устод баҳри ман низ дар ин ҷода бисёр мададгор аст. Ёд дорам ғазали «Хез модар, ки мусофирписарат омадааст»-ро хеле хуб ва бо эҳсос қабул карданд ва гуфтанд, ки баъди ин бояд сурудаҳои ман ҷиддӣ ва дар сатҳи аз ин боло бошанд. ҳар бор Хуҷанд меомаданд аз фурсат истифода карда, ҳангоми ҳамроҳ қадам задан ё дар мошин барояшон шеър мехондам. Бояд бигӯям, ки ба шеърхонӣ ҷалб кардани устод осон набуд. Аммо ман нози шогирдона мекардам, магнитафонро мегузоштаму устодро хоҳиш мекардам то шеър хонанд, хушбахтона, он сабтҳо, садоҳоро дорам, ки бароям ганҷинаи бебаҳоянд.

Боре устод аз Душанбе китоб оварданд. Солҳои аввали истиқлол буд. «Фарёди бефарёдрас» 50 дона. Гуфтанд бачам инҳоро мефурӯшем. Нақл карданд, ки «дар замони шӯравӣ ҳам дар Душанбе, ҳам дар Москва  аз шоирони пулдортарин ман будам. ҳар бор Маскав мерафтам, аз ягон нашриёт ҳаққи қалами китобамро мегирифтам ва пули калон ҳам медоданд».

«Аз китоб фурӯхтан шарм надор, аммо ба одамони суханшинос, ба онҳое, ки суханро қадр мекунанд, деҳ».

 Маблағи китобҳоро дӯстам, соҳибкор Ёрмалики Қайюмзод пардохт ва мо он китобҳоро ба ҳаводорони ашъори Лоиқ ҳадя кардем.

- Охирин дидоратон бо устод, аз он рӯз  чӣ хотироте доред?

 -Воқеан ёд овардани охирин дидор бароям сахт аст. Ҷашни вилояти Ленинобод буд. Як гурӯҳ адибон ба ин тантана омада буданд. Устод саломатиашон камтар ноҷӯр набуд, бинобарин ба чораббинӣ рафта натавонистанд. Дар осоишгоҳи шаҳри Гулистон буданд.  Ман то субҳ пеши устод будам. То дамидани субҳ ҳамроҳ суҳбат доштем. ҳамон шаб тамоми саргузашти хешро бароям нақл карданд ва баъд маълум шуд, ки саргузашташонро ба чанд нафари наздикашон низ нақл карда будаанд, зеро он хотирот қисм-қисм нашр шуд.

ҳамон шаб дар мавриди адабиёт ҳам маслиҳатҳошона гуфта буданд. Гуфтанд, адабиётро маҳалгаро накунед, адабиётро лаҳҷагӣ насозед.

 «Агар  ту бо ҷодаи шеър рафтанӣ ҳастӣ аз ёдат набарор, забони мо забони Рӯдакӣ аст. забони Садриддин Айнӣ аст, забони Турсунзода аст. ҳаргиз бо шева шеър нагӯй».

Аммо, мутаасифона, имрӯз мебинем, ки сурудҳои мо шевагӣ шудааст, забони рекломҳо шевагӣ аст. Дар Хуҷанду Хатлону Душанбе ҳама ба шеваи хеш реклом омода мекунанд. Мо дар ин самт бояд хеле кор кунем.

 Он шаб як байт ҳам гуфтанду илова карданд:

 -Писарам, инро навис, ин байти санги мазори ман.  Ман ба Ромиш ҳам гуфтам, ки ин байтро дар компютераш сабт кунад.

 Он байт чунин буд:

Дар рӯи ҷаҳон намонд маъман,

Эй гӯр, дуруд бодат аз ман!

Гуфтам:- устод Шумо чаро аз байти санги мазор сухан мегӯед. Охир, соли оянда 60-солагиатонро ҷашн мегирем.

Воқеан шогирдону пайвандон  ва ҳаводорони бешумори устод маслиҳат намуда буданд, ки дар ҷашни 60-солагӣ дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе шаст дег ош мемонем ва тамоми ҳаводорони Лоиқро ба ин тантана даъват мекунем.

Аммо он шаб устод байти санги мазор гуфтанд.

ҳамон шаб соатҳои бисту се буд, ки овозхони маҳбуби кишвар Афзалшоҳ Шодиев омада бо шодмонӣ гуфтанд «Устод, номи Ленинобод Суғд шуд, муборак бод». Шодиҳои устодро канор набуд, ки таклифашон амалӣ гардида

Баъди як ҳафта бо бону Фарзона  ба Қазоқистон сафар доштем. Дар он ҷо шунидем, ки устод Лоиқ сахт беморанд. Омадем,  то ба дидорашон бирасем, вале худи ҳамон шаб хабари марги устодро шунидем.

- Устод мутмаинем, ки номи Лоиқ дар адабиёти тоҷик ва дар дили мардуми Тоҷикистон ҷовидонист ва шуҳрати шоири миллат рӯз афзун.

-Бале, ҳамин тавр аст, бубинед чӣ қадар маҳбубияти шоир сол аз сол афзун мешавад, китобҳои шоир ҳазорҳо маротиба бознашр шуданду мешаванд, шуҳраташ миёни форсизабонон низ фузуда.

Ёдам меояд вақте бо Фарзона дар шаҳри Лондони Британияи Кабир будем, як оилаи эронӣ моро ба меҳмонӣ даъват кард ва дар он маҳфил аз устод Лоиқ зиёд таъриф карданд.  Ин оила шарафи ҳамсуҳбат шудан бо устодро доштаанд. Соҳибхоназан бароямон як хотироти хешро нақл кард:

-Лоиқро ба меҳмонӣ даъват карда будем, хеле суҳбати зебову қашанге доштанд. Ман гуфтам-устод ин қадар забони зебои форсиро аз куҷо омӯхтед?

Он кас ҷавоб доданд:

-Аз модарам!

Воқеан, устод Лоиқ посдорандаи забони модарӣ буданд ва ҳастанд. Шеърашон ҳар субҳ бароямон паёму саломи нав мегӯяд ва хоҳад гуфт. Воқеан шеъри Лоиқ дар набзи миллат метапад.

-Ташаккур устод барои суҳбати самимӣ ва хотироти рангин!

-Саломат бошед, бонуҷон!

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh