«СУРУДИ НОСУРУДА» - ФИЛМИ НАВИ «СУҒДСИНАМО»

Дар шаҳри Конибодом бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ва рӯзноманигорон нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов баргузор гардид. Директори муассисаи мазкур Муҳиддини Музаффар бобати филми наве, ки аз ҷониби муассисаи болозикр дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва маркази продюсерии «Футура магнум» ба навор гирифта шудааст, қайд намуд, ки филми мазкур «Суруди носуруда» ном дошта, он дар муддати беш аз 48 рӯз наворгирӣ шудааст.

Бино ба гуфти масъулин, муҳтавои филми мазкур драмаи тезу тунди иҷтимоии тақдири ду рафиқ Қаҳҳор ва Маннонро дар пасманзараи солҳои 90 – уми асри гузашта дар бар мегирад. Ҳамчунин, маълум гардид, ки дар ин филми нави Муҳиддини Музаффар ҳунармандони маъруфи кишвар, аз ҷумлаи Мавлона Наҷмиддинова, Салоҳиддин Шукурзода, Абдулмуъмин Шарифӣ, Сӯҳроб Ҷанҷолов ва дигарон нақшофарӣ намудаанд. Салоҳиддин Шукурзода аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки бори аввал бо коргардон Муҳиддини Музаффар ҳамкории худро ба роҳ мондааст.

Мавсуф зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки бори аввал дар филми ин коргардони ҷавон дар нақши марказӣ ҳунарнамоӣ менамояд. Филм аз лиҳози мазмуну муҳтаво хуб буда, умедворем, ки пас аз рӯи экран баромаданаш аз ҷониби мухлисон хуб қабул мегардад. Зеро муддати зиёд мо, ҳунармандон, дар саҳнаҳои ҷолиби ин филм нақшофарӣ намудем.

Бино ба иттилои Шӯҳратҷон Камолов рассоми либос, дар ин филм, ки инъикосгари вазъи солҳои 90 – ум ба ҳисоб меравад, дарёфти либосҳои таърихӣ мушкил буд. Новобаста ба ин ба мо лозим омад, ки аз театру муассисаҳои филмофарӣ либосҳои ҳамон замонро дарёфт намоем. Дар ин филм беш аз 3 ҳазор либос истифода шудааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки филми мазкур дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара наворбардорӣ шуда, коргардон дар филми худ ҳаёти солҳои 90 – уми сокинони Тоҷикистонро рӯи навор овардааст. Муҳиддини Музаффар иттилоъ дод, ки дар арафаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов ду филми нав «Суруди носуруда» ва «Пайроҳаи муррабӣ» ро барои тамошобинон ва дӯстдорони синамои кишвар ба намоиш хоҳад гузошт.

Лозим ба ёдоварист, ки Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов аз замони фаъолияти худ то ин дам 16 филми ҳунариро рӯи навор овардааст, ки аксарияти онҳо аз ҷониби мухлисон хуб қабул гардида, то имрӯз ҳаводорони худро гум накардааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh