УМРИ БОБАРАКАТИ СОҲИБҚАЛАМ

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хоса дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабии «Суханварони Суғд» бахшида ба эҷодиёти нависандаи боистеъдод ва шинохтаи тоҷик, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигори барҷаста Додохони Эгамзод дар Кохи «Суғдиён»‐и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Маҳфилро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Шоири халқии Тоҷикистон давоми суханронӣ афзуд, ки Додохони Эгамзод яке аз чеҳраҳои намоёни матбуоти тоҷик буда, аз муассисони рӯзномаҳои зиёд барои наврасону кӯдакон, барои аҳли тиб, аҳли фарҳанг, аз муассисони «Чойхонаи дилкушо»‐и телевизиони Тоҷикистон, адиби дӯстдоштаи ҳамаи мост ва маҳфили хотирмон дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ва адабӣ, ки бахшида ба пешвози 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, баргузор мешавад. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, доктори илмҳои суханшиносӣ Тоҷибой Султонзода сараввал ташрифи меҳмононро аз шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфт.

Баъдан соҳибҷашнро аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муборакбод намуда, аз ҷумла афзуд, ки хизматҳои софдилонаи Шумо, Додохони Эгамзод бо ордени «Шараф», дараҷаи 2, медали ҷашнии «100‐солагии матбуоти тоҷик», нишони «Боргоҳи сухан», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои ҷурналистӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил қадрдонӣ гардидааст.

Бо ташриф ва суханронии меҳмонони олиқадр, аз ҷумла шоирону нависандагону рӯзноманигорон аз пойтахт ва ҳам маркази вилоят Аскар Ҳаким, Фарзона, Абдунабӣ Сатторзода, Камол Насрулло, Акбар Абдулло, Ҳафиз Раҳмон, Бахтиёр Ҳамдам, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ҳамсабақон, шогирдону ҳамкорон ва ҳунармандон чорабинӣ бо шукӯҳу шаҳомати нотакрор ҷашн гирифта шуд. Рақсу тарона ва сурудҳои дилнишин бахшида ба ҷашни нависанда аз ҷониби санъаткорони вилоят бо як маҳорати баланди эҷодӣ ба самъи бинандагон расонида шуд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh