САМАРАҲОИ СОҲИБИХТИЁРӢ

Соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишвари мо неъматҳои бебаҳо овард.Он қадар ободиҳо ба вуқӯъ пайваст, ки тайи садсолаҳо чунин нашуда буд. Оре, дар асари муаррихи варзидаи тоҷик Абдуллоҷон Мирбобоев воқеаҳои сад сол қаблина аз рӯи нишондиҳандаи омори давлатӣ оварда шуда, дар он сабт гардидааст, ки тамоми ҳавлиҳои шаҳрҳо аз лою гил‐хишт неву кулӯла ва паст‐паст буданд, ки кулба мегуфтанд. Шомгоҳон, бо ғуруби офтоб шаҳру деҳот ба зулмоти торикӣ ғарқ мегаштанд, зеро ягон намуди равшанидиҳӣ вуҷуд надошт. Танҳо дар соли ҳазору нӯҳсаду панҷум дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд се‐чаҳор адад қандил насб карданд, ки бо ҳамин аз дур рӯшноӣ монанди нуқтаи мунаввар намудор мешуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ қариб ҳар рӯз рӯзномаҳо, садову симо дар бораи амалҳои созандагиву бунёдкории мардуми диёр ҳарф мезананд, бобати ба деҳаҳои дурдаст кашида овардани хатти оби ошомиданӣ, чароғонкунии кӯчаҳо, боғоту гулгаштҳо, бунёди роҳҳои дохилишаҳриву байналмилалӣ иттилоъ медиҳанд. Бахусус, баҳри бо армуғонҳои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз манзараи шаҳру деҳоти мамлакат ба як сохтмонгоҳи азим табдил ёфтааст ва симои онҳо рӯз ба рӯз ободу зеботар мегарданд.

Тавре раиси маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент Шербой Холбоев иброз дошт, бахусус бо ибтикори соҳибкорони ватандӯсту меҳанпарвар корҳои ободониву созандагӣ дар ҳаҷдаҳ маҳаллаи шаҳр ҷараёни тоза гирифта истодааст. Ба қарибӣ дар кӯчаи ба номи Рӯдакии маҳаллаи Лаби Чашма се бинои истиқоматии дуошёна ба истифода дода шуд, ки бо ҳамин даҳҳо нафар сокинон соҳиби манзил шуданд. Дар маҳаллаи Зардолузор бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Юсуф Холбоев бинои истиқоматии нӯҳошёна бунёд ёфта истода, он рӯзҳои Иди Ваҳдати миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамин тавр, дар маҳаллаи Шафтолузор низ бинои нӯҳошёна бо тарзи замонавӣ қомат афрохта, ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза бахшидааст. Дар ин маҳалла бо иқдоми раиси он Муродилло Муқумов амалҳои бунёдкоронаву созандагӣ авҷу ҷӯши тоза доранд. Дар маҳаллаи Баққолӣ ду бинои истиқоматии нӯҳошёна ва маҳаллаи Вашанӣ як бинои нӯҳошёна бунёд ёфта истодааст.

Дар ин иншоот корҳои пардоздиҳӣ идома дошта, то ҷашни 30‐солагии Истиқлолият ба истифода дода хоҳанд шуд. Бо бунёд ёфтани иншооти истиқоматӣ, истеҳсолӣ, инфрасохторҳои иҷтимоӣ, агар аз як тараф, симои шаҳри бостонии Панҷакент ба куллӣ дигаргуну зебову ороста гардад, аз ҷониби дигар, садҳо нафар сокин соҳиби ҷойи корӣ гардидаанд, ки ризқу рӯзии аҳли хонадонашонро меёбанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки‐мегӯяд Ш. Холбоев,дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр кор бо сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, натиҷаи фаҳмонида додани моҳият ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падар ва модар дар таълиму тарбияи фарзанд аст, ки ҷудошавии оилаҳо сол аз сол коҳиш ёфта истодааст, тӯю маъракаҳо аз рӯи қонун баргузор мешаванд, маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бошад, сари вақт ва бо иҷрои пурраи нақша гузаронида мешавад. Дар бобати пойдор, мустаҳкамӣ ва намунавӣ будани оилаҳо мардуми маҳаллаҳои Лаби Чашма, Сӯзангарон, Шафтолузор, Зардолузор намунаанд.

Бонувони маҳаллаҳои шаҳр пурҳунар буда, дар пазандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ чирадастанд. Ин далелро намоиши ҳунарҳои дастии бонувони маҳаллаҳо, ки дирӯз ба истиқболи ҷашни Истиқлолият баргузор шуд, собит сохт. Эъҷози дастони занону духтарон аз он дарак медод, ки онҳо ҳунарҳои аҷдодии ин сарзамини бостон дастархонороӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ ва даҳҳо дигарҳоро то ба имрӯз ҳифз ва нигоҳдорӣ карда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин ҳунарҳо рушду нумӯи тоза бахшидаанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh