Фестивал-аксия "Театр барои кӯдакон"
- Details
- Published on Wednesday, 02 June 2021 11:47
Бори нахуст Фестивал-аксия "Театр барои кӯдакон" дар шаҳри Конибодом роҳандозӣ гардид. Ташаббускорон ҳадафи ин падидаи муҳими фарҳангиро ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба театр, бахусус тарбияи насли нав дар руҳияи худшиносӣ ва дӯстдории санъати театрӣ арзёбӣ мекунанд. Фестивал-аксияи "Театр барои кӯдакон" бо ибтикори Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Дар рӯзи нахустини баргузории фестивал-аксия дар Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тўҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба фестивали мазкур оғози расмӣ бахшида шуд. Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди санъати театрӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Баргузории ҷашнвораи театрӣ шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки доир гардидани фестивал-аксияи театрӣ барои кӯдакон дар рушди соҳаи театр саҳм мегузорад.
Дар идома аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба сокинони Канди куҳан намоишномаи "Гушдарози ҳилагар" намоиш дода шуд. Тамошобинон, ки дар қатори наврасон калонсолон низ буданд, намоишномаро бо таваҷҷуҳи зиёд тамошо мекарданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ҷомеа ба намоишномаҳои хубу диданӣ мароқи бештар дорад. Аз ин ҷост, ки намоишномаи "Гушдарози ҳилагар" хуш пазироӣ гардид.
Рӯзи дуюми Фестивал-аксияи театр барои кӯдакон бо гузоштанинамоишномаи "Маликаи шӯх" оғоз ёфт. Намоишномаи мазкурро ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе пешниҳоди тамошобинон намуданд. Ҷанбаҳои тарбиявии намоишномаҳои театрӣ барои тарбияи кӯдакон таъсири амиқ мерасонад. Зеро театр қудрати бузурги таъсиррасонӣ ба шахсияти инсонӣ дониста мешавад. Рафтан ба театр ва гирифтани ғизои маънавӣ аз намоишномаҳо дар гузашта роиҷ буд ва ин раванд имрӯз дубора эҳё мешавад.
Ёдовар мешавем, ки фестивал-аксияи "Театр барои кӯдакон" аз 1-ум то 4-уми июн идома меёбад.
Дар ин муддат ҳунармандони Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ва Театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон намоишномаҳои театриро пешниҳоди тамошобин менамоянд.