«БОҒИ РЎДАКӢ» - ТУҲФАИ ҶАШНӢ
- Details
- Published on Monday, 07 June 2021 11:03
Фарҳанг яке аз соҳаҳои муҳимтарин дар зиндагии ҳаррӯзаи ҳаёти мардум ба шумор рафта, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ барои рушди маънавиёт, такомули ахлоқи зеҳнӣ, соҳибадабу хушахлоқ тарбия ёфтани ҳамагон, бахусус ҷавонону наврасон мададрасон аст. Агар яке аз намоишномаҳои театрӣ ба худ сабақ гирад, дигаре бо мутолиаи китобҳои бадеию асарҳои пурмазмун, савумӣ аз тамошои барномаҳои рангини санъаткорону чаҳорумӣ аз дидани нигораю экспонатҳои дар осорхонаҳо гузошташуда баҳраманд мегардад.
Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷиҳати таъмини иҷрои нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишоти Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд пурсамар фаъолият намуда, дар ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва роҳандозӣ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Кормандони понздаҳ клубу хонаҳои фарҳанги шаҳр чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро ба маърази тамошо гузошта, хотири тамошобинону сокинони шаҳрро шод гардонданд. Бояд гуфт, ки фарҳангиёни шаҳр дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» иштирок ва ғолибият ба даст оварда, ифтихори кишвар гардиданд. Агар дар номинатсияи оҳангсозӣ, жанри академӣ Азиз Акбаров, дар жанри анъанавӣ Нодир Тошматов, жанри эстрадӣ Азиз Ғаниев сазовори мақоми аввал гашта бошанд, дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри академӣ Дилшод Ҳомидов, дар жанри анъанавӣ Собирҷон Шамсиев ва дар жанри эстрадӣ Дилноза Бобоҷонова соҳиби ҷои аввал, дар номинатсияи навозандагӣ, жанри академӣ Умед Қодиров, дар жанри анъанавӣ Аҳадҷон Болтаев ва дар жанри эстрадӣ О.Шарофов ба гирифтани мақоми ифтихорӣ сазовор гаштанд.
Ҳамасола бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҳукми анъана даромадааст. Бо назардошти ин дастури Пешвои миллат дар баробари омода намудани хонандагон китобдорон низ ҷиҳати иштирок ба озмун тамоми имкониятҳои касбии худро равона намуда, ҳамчунин корҳои тарғиботиро дар байни муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондаанд. Бо мақсади дастрасӣ доштани сокинон ба китоб аз ҷониби китобдорон 12 маротиба китобхонаи сайёр таъсис ёфта, дар 61 нуқта китобҳои гуногун пешкаши муштариён гардонда шуд. Боиси хурсандист, ки давоми семоҳаи аввали соли 2021 китобхонаи марказии шаҳр дар озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии сол» иштирок карда, ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф гардид.
Ҳамчунин, бахшида ба 110 – солагии шоири номвари тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода намоишҳои китобӣ ва дар китобхона – филиалҳо шабҳои адабӣ – бадеӣ таҳти шиори «Вассофи сулҳу дӯстӣ» доир гардид. Дар он хонандагони фаъоли китобхона аз ашъори шоир шеърҳо хонда, руҳи Мирзо Турсунзодаро шод гардониданд. Аҳли ҳунари Театри драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳр бо намоишномаҳои рангини худ хотири тамошобинонро болида гардониданд. Ҷиҳати пешгирии бемории сироятии «КОВИД 19» ҳунармандони театр таҳияи намоишномаҳоро ба тарзи онлайнӣ ба роҳ монда, намоишномаи «Садои қу»‐ро дар таҳияи коргардон Авлиёқули Хӯҷақулӣ ба намоиш гузоштанд, ки писанди дӯстдорони фарҳанг гардид. Шоистаи зикр аст, ки ин намоишнома дар Фестивали онлайнии шаҳри Лондони Англия иштирок ва сазовори баҳои баланди мутахассисону мухлисони бурунмарзӣ гардид. «Садои қу» ро ҳамчунин мухлисони санъати театрии театрҳои мухталифи маркази ватан – шаҳри Душанбе низ ба хубӣ пазируфтанд. Боиси хурсандиву сарфарозист, ки намоишномаи «Садои қу» ба қарибӣ дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту 2021» сазовори Шоҳҷоиза гашта, ҳунармандони театр номбардору парчамбардори Ватан гаштанд.
Имрӯз фарҳангиёни шаҳр барои таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Ҳанӯз аз оғози сол дар ҳудуди боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида шуда, ин иқдом то рӯзи ҷашн идома хоҳад ёфт. Дар ҳудуди боғи истироҳатии кунунӣ боғи дигари навбунёде бо номи «Боғи Рӯдакӣ» дар арафаи анҷомёбист, ки ба иншооти ҷашнӣ мансуб аст. Боғи навбунёд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шуда, бо нишостгоҳҳои замонавӣ, фаввораҳои зебо, гулу буттаҳои ороишӣ ва атраксионҳои замонавӣ таъмин хоҳад шуд.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»