МУҲИДДИНИ ХОҶАЗОД: ТАРОВАТИ ШЕЪРИ ЛОИҚ ПОКУ АСЛ АСТ

Соли 2021 соли устодон Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ аст. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон хотири абармардони суханро гиромӣ дошта, дар сар то сари кишвар давоми сол чорабиниҳои бошукӯҳ ва шаби шеъру сухан баргузор менамоянд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод солҳои зиёд бо устод Лоиқ Шералӣ ҳамкору ҳамнишин буданд ва хотироти рангине аз ин дӯстиву рафоқат доранд. Муҳиддини Хоҷазод зиёд ба даргоҳи рӯзномаи мо меҳмон мешаванд. Дар яке аз суҳбатҳои пурбор сухан аз устод Лоиқ рафт, ки фишурдаи онро манзури хонандагони «Ҳақиқати Суғд» менамоем.

‐Устод Шумо саодати ҳамкорӣ ва дӯстиву бародарӣ бо устод Лоиқ Шералиро доштед.

-Бале, ман бо Лоиқ Шералӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳамкор будам, он кас аввал чун мудири шуъбаи назм ва ман чун мудири шуъбаи наср, баъдан он кас чун сармуҳаррир ва ман муовини сармуҳаррир фаъолият доштем. Бо ҳам зиёд ҳамроҳ будем, шӯхиҳои зиёд дошт.

Мегуфтанд, ки баъди маргам дуои фотиҳа аз Шумо. Мегуфтам: Лоиқ ин хел шухӣ накунед, ман аз Шумо 3 сол калон, додари хурдӣ ба додари калонӣ дуою фотеҳа мехонад. Не, мо медонем, мегуфтанд бо ханда. Он вақт чил, чилу панҷ сола будем. Ин гардиши айёмроо бинед, ки дар 59 солагӣ рафтанд, моро дуою фотеҳахон монда (бо сӯз гиря мекунанд ва идома медиҳанд). Хеле хушҳолам, ки 80 солагии Лоиқ Шералӣ ботантана истиқбол гардида истодааст ва имсол соли Мирзо Турсунзодаву Лоиқ Шералӣ аст. Мутмаинам, ки миллати тоҷик садсолагиву дусадсолагии ин абармардони суханро истиқбол мегиранд ва чун Рудакӣ арҷгузорӣ менамоянд.

Лоиқ ҷавонмарди ҳақиқӣ, шӯху закӣ буд, зиндагиву рӯзгори он кас ҳам ҳамингуна буд. Нишонаҳои бузургӣ аз ҷавонӣ дар Лоиқ аён буд. Имрӯз бузургии Лоиқ вирди забонҳост. Мирзо Турсунзода Лоиқро падарвор мепарастиданд.

УстодмуҳаббатиМирзоТурсунзодаробаустодЛоиқШумодарчӣмебинед, ҳамчуннафаре, киҳамнафасуҳамдамионзамонбуд?

- Мирзо Турсунзода дар симои Лоиқ шоири миллатро дида тавонистанд. Ҳамеша пуштибон ва дастгираш буданд. Ин гавҳаршинос будани Мирзо Турсунзодаро нишон медиҳад. Воқеан, Лоиқ дар пеши Мирзо Турсунзода хеле арзиш доштанд. Муҳаббати устод Турсунзода беандоза буд, ҳомии ҳамешагии Лоиқ буданд он кас.

Ману Лоиқ дар як рӯз аъзои Иттифоқи нависандагон шудаем. Он рӯзро хуб дар хотир дорам. Лоиқ шеъри «Модар»‐ро хонда буданд.

Аз хислатҳои роҳбарии устод мегуфтед.

- Писандидатарин хислаташон ин буд, ки бемаврид сухан намегуфтанд. Ҳама ҳарф, таҳсин ва эродашон ҷо ва мавқеъ дошт. Адолатпарвар буданд, кормандонро ҳимоя мекарданд. Муносибати «Ман роҳбару ту корманд» барояшон бегона буд. Хоксории устод андоза надошт. На танҳо кормандон, ҳатто муаллифони маҷалла аз меҳрубонии устод баҳравар буданд. Дар ин марҳала теъдоди маҷалла то панҷоҳ ҳазор нусха расида буд, ки дар ин ҷода заҳматҳои Лоиқ Шералӣ назаррас аст. Барои ман то имрӯз Лоиқ чун марди ҳақиқӣ боқӣ мондааст. Лоиқ ба Хуҷанд зиёд меомад, ҳатто зиёдтар аз мани хуҷандӣ. Дар Хуҷанд мухлисони зиёд дошт, Аҳмадҷони Раҳматзод барин сарбозони сухан садоқатмандони зиёд дошт. Ҳар ҷо ки Лоиқ Шералӣ бошад, он ҷо базми шеъру сухан танинандоз буд. Лоиқ ҳамсафари хубе буд ба Хатлону Бадахшону Суғд. Ҳамроҳашон ба кишварҳои ҳамсоя сафарҳои хотирмоне доштем.

‐Назари Шумо ба шеъри Лоиқ…

- Агар гӯям, ки бо сурудаҳои Лоиқ таровати шеъри тоҷик барқарор шуд, хато намекунам. Ин ба ҳаддест, ки то имрӯз таровати шеъри Лоиқ як зарра кам нашудааст, тамоми тоҷикон ва ҳамзабонон бо муҳаббат каломи Лоиқро зам‐зама мекунанд. Ин тароват поку асл аст.

-Кадом шеъри Лоиқро дӯст медоред?

‐Ҳама шеъри Лоиқ Шералӣ писанд аст, аммо шеъри «Китоби сангин»‐ро бештар дӯст медорам:

Ба рӯи санги қабри хоксоре,

Чунин ҳак гашта байти обдоре:

“Маро бо хоҳиши ман н‐офариданд,

Вале бо хоҳиши худ ҳам намурдам.

Ҳар он чизе, ки аз дунё гирифтам,

Ба дунё боз чун қарзаш супурдам”.

Бандиохиришеърнизхелеҷаззобаст:

Ба даври шаҳсутуни хонақоҳе,

Чунин шаҳбайт аз оқил гувоҳе:

“Намеарзад барои молу мансаб

Бародарзода бифребад бародар.

Чу мо фарзанди куҳҳои баландем,

Ба мо пастӣ намезебад, бародар!

- Чӣ хотироти ширине аз устод ҳамеша дар ёди Шумост?

- Гоҳо хона меомаданд ва дарро тақ‐тақ мекарданду мегуфтанд:

Ҳастӣ?

Мегуфтам:

-Ҳастам

Мегуфтанд:

-Чаро намастӣ?

 Мегуфтам:

-Танҳо гирифтан пастӣ.

Бо ханда мегуфтанд:

-Ту ҷони ман астӣ!

-Ташаккур устод, ба суҳбати хотирмон!

-Духтарам, ин ҳарфҳои парешони ман муште аз хирвор аст, ки ба ёд мондааст, афсӯс инсон аз ҳаштод, ки гузашт, хотирааш заиф мешудааст.

‐Устод саломат бошед, ҳарфҳои Шумо барои мо ғанимат аст.

 ‐Обод бошед!

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh