«БОЛШЕВИКИ ХУҶАНД» САҲФАЕ АЗ ТАЪРИХИ «ҲАҚИҚАТИ СУҒД»

Дар ёддоштҳои худ Мирзоқосим Рустамов хотироташро оид ба тағйири ном намудани рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» зикр намуда, Қарори бюрои Комитети шаҳрии Хуҷандии ПК (б) Тоҷикистон аз 28‐уми январи соли 1935 «Дар бораи газетаи «Пролетари Хуҷанд» овардааст, ки чунин аст: «Ба муносибати барҳам хӯрдани рӯзномаи политотделии «Бо роҳи ленинӣ» ва як шудани он бо газетаи «Пролетари Хуҷанд» минбаъд «Болшевики Хуҷанд» номида шавад».

Қарори бюрои Комитети шаҳрии Хуҷандии ПК (б) Тоҷикистон «Дар бораи газетаи «Пролетари Хуҷанд», ки 28 январи соли 1935 ба тасвиб расидааст, дар рӯзномаи «Рабочий Ходжента» шумораи №17 (72) аз 3 феврали 1935 ба нашр расидааст: О газете «Пролетарий Хаджента» Постанавление Бюро ГК (б) Таж. 28 янв. 1935 г.

1. Газету «Бо рохи Ленини» леквидировать, объеденив с газетой «Пролетарий Ходжента», передав редакции «Пролетарий Ходжента» весь актив и пассив, а так же необходимый штат работников редакции «Бо рохи Ленини».

2. Предложит редакции газеты введу ликвидации газеты «Бо рохи Ленини», в каждой газете выпускать спецальний вкладыш крупным шрифтом для начинающих читатилей.

3. Довести тираж газеты до 7000 экземпляров, о чем сообщать газ. бюро для обеспечения этого тиража.

4. Поручить партгруппе горсовета утвердить смету и штат редакции связи с увеличением тиража газеты.

В связи с ликвидацией политотдельской газеты «Бо рохи Ленини» и обслуживанием газетой «Пролетарий Хаджента» на равне с промышленностью и полностью селского хозяства,назвать газету «Большевик Ходжента».(«Рабочий Ходжента» №17(72), аз 3‐юми феврали 1935) Таърихнигор С.Абдуллоев муттаҳид намудани ду рӯзномаро бо вуҷуди дастовардҳои ҷиддии матбуоти нав ба нарасидани кадрҳои соҳаи нашриёт низ нисбат дода қайд мекунад, ки «сатҳи маълумоти умумӣ ва ғоявию назариявии рӯзнома, ҳамчунин, пойгоҳи матбаа хеле суст буд. Ҳамаи инро ба эътибор гирифта, бюрои Кумитаи ҳизбии шаҳри Хуҷанд дар қарори худ аз 28 январи соли 1935 муттаҳид кардани рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ» ва «Пролетарии Хуҷанд»‐ро ба мақсад мувофиқ донист». Зимнан, бояд гуфт, ки ин муаррих замони иваз шудани номи рӯзномаро ба «Болшевики Хуҷанд» 17 январи соли 1935 гуфтааст. Аммо, мо ҳангоми омӯзиши бастаҳои мавҷудаи рӯзномаи «Болшевики Хуҷанд» маълум намудем, ки 17 январи соли 1935 рӯзнома ҳанӯз бо номи «Пролетари Хуҷанд» (№8 (509)) интишор шуда, аз 1 феврали соли 1935 бо номи «Болшевики Хуҷанд» нашр шудааст. Аммо, профессор Ғ.Ҳайдаров дар пажӯҳишоти хеш иваз шудани номи «Пролетари Хуҷанд»‐ро ба «Болшевики Хуҷанд» ба соли 1931 нисбат додааст, вале маводи дар даст доштаи мо собит месозанд, ки ин иттилоъ саҳеҳ аст. Баръакс, дар ин солҳо рӯзнома номи хешро аз «Колхозчӣ» ба «Пролетари Хуҷанд» тағйир медиҳад.

Дар ин солҳо редаксияи газетаи «Болшевики Хуҷанд» ба муваффақияти калон соҳиб гардида, воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсиву партиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии райони Ленинободро инъикос мекард. Ин нуктаро муаррих С.Абдуллоев низ қайд карда, таъкид намудааст, ки рӯзнома «дар ташкили мусобиқаи сотсиалистии корхонаву колхозҳо, мубориза баҳри коллективонӣ ғайратмандона иштирок менамуд ва барои тарзи нави ҳаёт мубориза мебурд». Соли 1935 панҷсолагии рӯзномаи «Болшевики Хуҷанд» таҷлил мешавад. Дар ин бора мақолаи махсусе, ки дар журнали КМ ВКП (б) «В помощь районной газете» шумораи январи соли 1936 чоп шуда буд, шаҳодат медиҳад. Он мақолаи Н.Жариков «Газета ба кас хурсандӣ меовард»‐ро дар бораи кори редаксия, мавқеи он дар бобати аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ мустаҳкам кардани колхозу совхозҳо, вусъати ҳаракати стахановӣ ва дигар муваффақиятҳои хуби редаксия чоп кардааст. Таърихнигорон Ҷ.Усмонов ва Усмонҷон Ғаффоров саҳми «Болшевики Хуҷанд»‐ро дар инъикоси воқеаву рухдоди замон ва тарбияи мухбирони ҷавон, ба вежа занони мухбир таъкид кардаанд.

Дар бойгонии вилоятӣ бастаи шумораҳои соли 1935 рӯзномаи «Болшевики Хуҷанд» маҳфуз аст. Он замон рӯзнома дар ҳаҷми 6 саҳифа бо тиражи 5 ҳазор нусха, бо роҳбарии сармуҳаррир Тоҷӣ Усмон нашр мешуд. Аз шумораҳои моҳи феврал ва марти «Болшевики Хуҷанд» маълум мешавад, ки дар ин фурсат С.Холматов ва Раҳим Ҷалил муҳаррири масъул будаанд. Рӯзнома бо рубрикаҳои «Сармақолаи правда», «Чорводорӣ», «Боғдорӣ», «Дар Иттифоқи шӯроҳо», «Ба диққати прокурор», «Хабарҳо аз корхонаҳои саноатӣ», «Конкурси ободонии шаҳр», «Маориф ва маданият», «Дар мамлакатҳои хориҷа», «Дар иттифоқи шӯроҳо», «Дар муассисаҳои саноатӣ», «Мевасупорӣ», «Дар саҳрои пахта», «Дар дақиқаҳои охирин», «Тайёрӣ ба ғунучини пахта», «Даракҳо аз маҳалҳои пахта», «Ҳаёти партиягӣ», «Дар шӯрои шаҳри Хучанд», «Суд», «Хабарҳо аз майдони ҷанг», «Ҷавобан ба нутқи доҳӣ», «Обзори матбуоти поёнӣ», «Доскаи ифтихорӣ», «Хроника», «Нимханда» мавод пешниҳод кардааст.

Дар саҳифаҳои «Болшевики Хуҷанд» навиштаҳои мухбирони коргару деҳқон зери рубрикаҳои «Мухбирони фаъоли мо», «Мухбирони деҳқони мо», «Мухбирони зарбдори мо», Мухбирони мо менависанд», «Мухбирони коргари мо» нашр мешуд. Рӯзнома ба шиорҳои «Шудгори оммавӣ ривоҷ дода шавад», «Намунавор гузаронидани шудгор вазифаи ҳамаи ташкилотҳои партиявӣ аст», «Шудгор кори асосии ҳозира», «Киштро бо тайёрии зӯр пешвоз мегирем», «Қувваҳо сафарбар шаванд», «Суръати чиниш баланд бардошта шавад», «Ба ташкил кардани чидан ва супоридани пахта пеш аз ҳама коммунистон ҷавобгаранд» деҳқононро ба меҳнати созандаву ривоҷи киштукор даъват мекард. «Болшевики Хуҷанд» дар соли 1935‐ум 327 мухбири коргару деҳқон дошт, ки аз онҳо 83 нафар зан, 118 колхозчӣ , 123 нафар коргар буданд. Рӯзнома «аз рӯзҳои аввалини фаъолияташ дар навиштани хабару мақолаҳо иштирок кардани занону духтарони маҳаллиро дуруст ташкил мекард. Хабарҳои онҳоро бо ҳарфҳои калон дар ҷои намоёни газета чоп менамуд». Майрам Бозорбоева, Махфират Ҳоҷибоева, Хайрӣ Усмонова, Барака Бобоева, Зӯҳро Шаҳмуродова, Наҷмӣ Набиева, Ҳалима Бадалова, Қамбар Қайюмова аз ҳаёти колхоз, заводу фабрикаҳо ва мактабу маориф хабару мақолаҳо дарҷ карда меистоданд. Навиштаҳои онҳо аз навсозии хоҷагии халқ, ҳаёти деҳот, фош намудани роҳбарони хиёнаткору бадғаразро фаро мегирифт ва маводи ин мухбирагони фаъоли «Болшевики Хуҷанд» таҳти рубрикаҳои «Мухбирони зарбдори мо», «Мухбирони фаъоли мо», «Мухбирони коргари мо» нашр мешуданд. Рӯзнома давоми се моҳи соли 1935 (феврал‐апрел) аз мухбирони коргару деҳқони худ 1711 адад мактуб гирифтааст. Мухбирони фаъоли «Болшевики Хуҷанд» Абдулло Раҳимов (Унҷӣ), Алибой Ҳакимов (Фабрикаи шоҳибофии шаҳри Хуҷанд), Ислом Бобохӯҷаев, М.Нурматов, А.Исозода (Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд), Рустам Исматӣ, Ҳоҷӣ Содиқ (колхози Коминтерн), Охунҷон Шамсӣ (колхози ба номи Фрунзе), И.Ҳотамқулов, Р.Азизӣ, Барака Бобоева (Исфисор), Рашод Махсум (аз Овчиқалъача), Ҷӯра Наврӯз, Саид Сабуров, Ҳ.Ҷарқинзода (Қистақӯз) мунтазам бо рӯзнома ҳамкорӣ намуда, хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ менавиштанд.

Рӯзнома ба тарбия ва омода намудани мухбирони коргару деҳқон аҳамияти вежа дода пайваста слётҳои мухбирони коргару деҳқононро баргузор мекард. Бояд гуфт, ки он солҳо рӯзнома барои пешрафтти матбуоти маҳаллӣ саҳми бориз гузошта, таҳти роҳбарии он чор варақаи колхозии бисёртеъдод нашр гашта, 180 рӯзномаи девории бригадавӣ таҳия шудааст. Саҳми босазои «Болшевики Хуҷанд»‐ро дар рушди журналистикаи маҳаллии солҳои 30‐уми асри ХХ дар саҳифаҳои худи рӯзнома ҳам ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh