ХУНЁГАРИ САНЪАТИ АСИЛ

Садои марғуб ва дилошӯби Гулнозабону – ин ҷавонзани олами зебоиофар дар толорбудагонро ба ваҷд меовард. Кафкӯбиҳои пурмавҷи тамошобинон ва садоҳои таҳсину офарин иштирокдорони чорабинии фарҳангиро ҳаяҷонзада мекард. Меҳмонон ҳарчанд борҳо аз садои хуши ҳофизони номдор - Абдулазизи Самарқандӣ, Содирхони Ҳофиз, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев ва Сабоҳат Наҷмиддинова бархурдор шуда бошанд ҳам, аммо пайрави ин ҳофизони хунёгар шудани ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлолро ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар медонистанд. Суруди “Ҷононае”, ки бар оҳанги Михаил Толмасов ва шеъри Аҳмади Ҷомӣ сароида шуд, аз ҳама бештар тасхиргари қалби тамошобинон гашта буд.

Гулноза андармони андешаҳои худ ҳеҷ бовар надошт, ки Шоҳҷоиза дар озмуни ҷумҳуриявӣ насиби ӯ мегардад. Охир, теъдоди иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» хеле зиёд буданду ҳар яке истеъдоди нотакрор дошт. Гулноза ҳарчанд омодагии ҳамаҷиҳата дида буду бовар дошт, ки мақоми аввал насибаш мегардад, аммо изтиробу ҳаяҷонираднопазире вуҷудашро ба ларза меовард. Яке овози ровии хушсадо эълон дошт, ки «дар номинатсияи сарояндагии анъанавӣ Шоҳҷоиза насиби се ҳунарманд: ҳунарманди ансамбли наврасон ва ҷавонони «Шашмақом»- и назди бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Гулноза Ғаффорӣ, Салоҳиддинхон Ҷалолиддинхонов аз ноҳияи Спитамен дар номинатсияи композиторӣ ва Иброҳим Бобоев аз шаҳри Душанбе дар номинатсияи навозандагӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд».

Кафкӯбиҳои пурмавҷи мухлисон, ки ҳидоятгари ба саҳна баромадану соҳиби Ҷоми ғолибияту Диплом гардидани Гулнозаву дигар ғолибони озмун буданд, толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро ба ларза овард. Ашки шодӣ рӯяшро мешусту бори дигар бовар кард, ки халқ дар ҳақиқат санъатдӯст асту ба истеъдоди нотакрору хориқулоддааш баҳои ҳаққонӣ доданд. Гулнозаро ишораи бародараш Абдуқаҳҳор, ки ӯ ҳамсанъаткор буду дар озмун ин духтараки санъатдӯстро ҳамроҳӣ мекард, ба мобайни саҳна овард. Аз дасти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода гирифтани Ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ барояш боиси ифтихор ва шодмонӣ буд. Аслан Гулноза мехост омӯзгори синфҳои ибтидоӣ шуда ба шогирдон машқу таълим диҳад. Аз овони хурдсолӣ ҳангоми боғчарав буданаш дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ иштирок мекард. Айёми мактабхонӣ истеъдоди фавқулоддааш сайқал меёфту худ хабар надошт.

Чун дар сари дастархони оилавӣ сухан дар бораи дар оянда чӣ касбу кореро соҳиб шудани Гулноза рафт, амакаш Абдушукур Ғаффоров гуфт: - Духтараки ширини мо. Ту медонӣ, дар вуҷудат истеъдоди нотакроре нуҳуфтааст, ки онро бояд сайқал диҳӣ. Ту давомдиҳандаи авлоди санъаткорон хоҳӣ гашт. Ҳарчанд суханони пурмеҳри Абдушукур – амак қалби духтараки санъатдӯстро андаке ба ҷунбиш оварда бошанд ҳам, аммо ӯ аз орзуи деринаи худ – муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шудан даст кашида наметавонист. Воқеае сабаб шудупайроҳаизиндагии Гулноза муайян гашт.

Дар машварати августии кормандони соҳаи маориф духтараки синфи нуҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳаштуми Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Гулноза Ғаффорӣ сурудҳои машҳури «Хуҷандиям» ва «Бар лаби дарё биё» - ро сароид. Тамошобинон мафтуниҳунари санъати асил шуданд. Баъдан Гулноза дар барномаи консертие, ки дар фарҷоми Фестивали атласу адрас намоиш дода шуд, маҳорати ҳунариашро нишон дод. Ин буд, ки роҳи пурмаҳсулу пурэъҷод, пуршарафу пурмасъулият, аммо ифтихории ҷодаи санъат давомдиҳандаи авлоди санъаткорон гардид.

–Шукри ҳастии волидайни дуогӯю пайвандонам, шукри устодии устодонам, шукри дастгирии давлату Ҳукумат, шукри ободию сарсабзии диёри биҳиштосоям – Тоҷикистон, шукри иқдомҳои некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар саргаҳи санъати волои тоҷик қарор дорам. Тавассути ҳунарам борҳо ба кишварҳои ҳамсоя сафар кардам, дар тамоми манотиқи Тоҷикистони азизам сурудаҳоямро бо хушҳолӣ истиқбол гирифтанд, дар Фестивали ҷавонону наврасони «Мақом», ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, сурудиозарӣ хондам, ҳамроҳи санъаткорони кишвари ҳамсояи ба мо дӯсту бародар – Ӯзбекистон будам.

Дастоварди навбатиам – соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» - ро бошад, ғолибияти тамоми мардуми кишвар, хоса дӯстдорони санъату ҳунар медонам, зеро бидуни онҳо ман наметавонистам муаррифгару парчамбардори Ватан бошам, - андешаҳояшро иброз дошт Гулноза Ғаффорӣ.

Бале, Гулнозаи зебоиофару Шашмақомхон ҳамроҳи аҳли оила – Абдусаиду Бахтовар, Абдуқаҳҳору ФирдавсҷонваБиназокат идомадиҳандаи ҳунари волои сарояндагию навозандагиянд. Сарояндаи ҷавон ояндаи худро дар олами мусиқию ҳунар – пешаи аз ҳама душвори сарояндагӣ “Шашмақом” мебинад. Суханони  устоди Шашмақом Боймуҳаммад Ниёзов «дар суруд се чиз бояд мутобиқи ҳам бошад: мусиқӣ, садои ҳофиз ва матнибаланд» - ро сармашқи кори худ қарор дода, дар ин ҷода устуворона қадам заданист. Зиёда аз ин устодонаш Абдураҳим Шерматов, Султоналӣ Худойбердиев, Аҳрор Ботиров ва дигарон ҳамеша ёвару мадагори ӯ ҳастанд.

- Ин муваффақият на танҳо аз они ман, балки ҳамаи онҳое, ки маро ҳамроҳӣ доштанд, мебошад. Агар Салимҷони ғижжакнавозу Беҳзодҷони доиразан, Фарҳодҷони рубобнавозу Шуҳраҷони найнавоз, Дилмурод-акои уднавоз намебуданд, ман дар саҳнаи ҳунар худро муаррифӣ карда наметавонистам, - изтироби ниҳониашро нигоҳ дошта наметавонад Гулнозахон. Ба донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҷавонзани хушодобу хоксор, модари фарзанди дӯстрӯ бо номи Фариштамоҳ, номбардориоилаиҒаффоровҳо Гулноза Ғаффорӣ барор мехоҳем. Бошад, ки дар фазои гулшукуфти Тоҷикистон сафи чунин дӯстдорони санъати асил афзояд.

Ба қавли академик Бобоҷон Ғафуров «Шашмақом моли халқ аст. Ин ганҷи халқ аст, ки дар эҷоду ҷамъ овардани он беҳтарин зебописандони мо ҳазорон сол ақлу хиради худро сарф карда, бо ҳарорати дили худ онро обутоб дода, ба ин ҳусну ҷамол расонидаанд. Ин ганҷ дар ҳолати нопайдо гаштан буд. Инро одамони ҷоннисор дар мудҳиштарин рӯзҳоикишвари мо ба ин шакли пурҳашамат даровардаанд.

Ин олиҳаи завқи баланди халқ парастишро металабад». Бешак, Гулнозабонуи ҷоннисор сазовори ин боварии устодонаш хоҳад гашт.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh