Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

Дар оғози фасли зебои табиат фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба кулли сокинони шарафманди вилоят самимона табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям.

Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.

Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон  бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”.

Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст.

Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардида, барои боз ҳам бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ  мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, мо сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмӯъ, кишвари азизамонро боз ҳам обод созем.

Бо ҳамин таманниёти нек, бори дигар фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба ҳамагон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо хонаи обод, бахту иқболи нек, зиндагии орому осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон шукуфоию сарсабзӣ орзумандам.

Бигзор, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омили муттаҳидсози халқу миллатҳо ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдатдар тамоми олам бошад.

Add comment


Security code
Refresh