Аёдати афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

18 марти соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон ташриф оварда, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба афсарону сарбозон табрик намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи таъиноти махсуси милитсия, қисми ҳарбии Вазорати мудофиа боздид карда, фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Раиси вилоят ҳамзамон аз талошҳои Ҳукумати мамлакат барои беҳтарсозии вазъи қисмҳои ҳарбӣ ёдовар шуда, афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.

-Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона намоем, то мардуми шарифи тоҷик дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишварро дорад ва халқ метавонад, таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад,- илова намуд роҳбари вилоят.

Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қисмҳои низомӣ маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, биринҷу гӯшт дастрас гардида, барои афсарону сарбозон дастархони наврӯзӣ густарда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh