Афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аёдат карда шуданд

Ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз тибқи супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони тамоми қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят аёдат карда мешаванд.

Дар ин радиф дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба чанде аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, афсарону сарбозонро бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз табрик кард.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити қисмҳои низомии мамлакат сол аз сол беҳтар гардида, Артиши миллии Тоҷикистон ба нерӯи бузурги мудофиавӣ табдил ёфтааст.

Гуфта шуд, ки Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардида, барои боз ҳам бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, мо сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмӯъ, кишвари азизамонро боз ҳам обод созем.

Сипас, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои афсарону сарбозон дастархони наврӯзӣ густарда шуда, ба қисмҳои ҳарбӣ маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орду равған ва ғайраҳо дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh