ҶАШНИ НАВРЎЗ ДАР АСАРҲО
- Details
- Published on Saturday, 19 March 2022 11:10
Мардуми тоҷик асрҳо инҷониб ба ҷашни маросими ниёгони хеш эҳтироми бепоён доранд ва онро бо меҳру садоқат идома дода, ба он ҳусну таровати тоза мебахшанд. Гиромӣ доштани ин расму оинҳои мардумӣ, ёдовар шудан аз хислатҳои наҷиби гузаштагонамон аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, дар давраи қадим ба шаклҳои гуногун қайд мешуд.
Дар “Наврўзнома”-и Умари Хайём ба Наврўзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рў ба рў мешавем ва аз бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем, он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рўзу рубъе аз шабонарўз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рўз, ки рафта буд, бадин дақиқа натавонад омадан. Чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад.
Чун Ҷамшед он рўзро дарёфт, «Наврўз» ном ниҳод ва ба ҷашн оин овард. Пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ў иқтидо карданд. Қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардум онро бидонанд. Каюмарс ин рўзро оғози таърих кард, чун як даври Офтоб бигзашт, солро дар муддати сесаду шаступанҷ рўз ба дувоздаҳ қисмат кард. Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шаступанҷ рўзу рубъе аз шабонарўзӣ аст, «соле бузург» ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврўзи бузургу нав гаштани аҳволи олам бошад.
Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврўз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рўзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рўзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рўзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рўзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рўзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рўзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст.
Дар тамоми рўзҳои наврўзӣ навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин ҳам як суннати таҷлили Наврўз дар он давраҳо ба шумор мерафт. Инчунин об пошидан ба ҳамдигар яке аз анъанаҳои иди Наврўзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли пешомад файзбор шавад. Аввалин шоҳе, ки Наврўзи омма ва хосаро бо ҳам омехта, рўзи мобайни онро рўзи ҷашн эълон кард, шоҳи сосонӣ Ҳурмузд-писари Шопур (соли ҳукмрониаш 272-274) будааст. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ал-тафҳим» овардааст, ки чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳоро аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рўзро, ки рўзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз он ҳам Наврўз бузургу муаззам буд.
Бояд зикр намуд, ки аз осори Умари Хайём ва Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишмандон ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврўз сухан гуфтаанд. Дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози ойинҳо ва маросимҳои гуногун ва ганҷинаҳои кўҳанро ба рўи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд. Омӯзиши осори таърихии Наврўз дар маҷмўъ ба омилҳои гуногун ва арзишҳои маънавию эстетикӣ ҳамчун бахши муҳими фарҳанги маънавии тоҷикон ба раванди таърихӣ мебошад.
Манзура ХОЛОВА,
омўзгори МТМУ №30,
шаҳри Панҷакент