ТАҶАЛЛИИ ОРЗУ ВА АМАЛҲОИ НЕК

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагон, авлодони хирадманди мо мебошад. Наврӯз таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ буда, имрӯз ҷаҳонӣ гаштааст.

Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар баҳори Истиқлолияти милливу давлатиамон, бешак, омилисулҳу субот, ваҳдату якдилии миллати хирадпешаву тамаддунофари тоҷик бо мардуми кулли сайёра ҳамчун ҷашни байналмилалӣ гардида, азму иродаи мардуми шарифи Точикистонро дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос менамояд.

Маҳз, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мамлакатҳои дигар Созмони Милали Муттаҳид дар Ассамблеяи генералии худ қарор кабул намуд, ки Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Аз ин рӯ, имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон ин иди байналмилалӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имкониятҳои бештаре фароҳам омадаанд. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд”.

Бале, Наврӯз таҷаллии орзуҳову амалҳоинек аст. Дар ҳақиқат Наврӯз рӯзи нав аст. Зеро табиат дар омадомади Наврӯз зинда гардида, нафосату назокати беназире ба худ касб менамояд. Аз ин рӯ, Наврӯз яке аз писандидатарин, ҷолибтарин иди мардуми Машриқзамин буда, бо анъанаҳои неки худ, накӯкорӣ, покдиливу хушҳолӣ ва эҳтирому арҷгузорӣба ҳамдигар ҳамчун дастоварди пешқадами инсонӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Боиси хурсандист, ки маҳз ба туфайли Истиқлолияти миллӣ Наврӯз аз нав эҳё гардиду дар арсаи ҷаҳон шуҳратёр гашт. Он куҳантарин оини миллӣ ба шумор рафта, мардум бо оростани дастархони Наврузӣ онро пешвоз мегиранд.

Ховар НАЗАРЗОДА,

судяи Суди вилоят

Add comment


Security code
Refresh